Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.
Сапеду симрада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун з-он, ҳама бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд?- Ҳамоно ки наҳси Кайвон буд.
На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд? -Ман-т бигӯям:-Қазои Яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,
Ҳамеша, то бувад ойин-ш, гирдгардон буд…
Ҳаме чӣ донӣ, ай моҳрӯи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?..
Дилам хизонаи пурганҷ буду ганҷ сухан,
Нишони номаи мо муҳру шеър унвон буд…
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам.
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.31

Дар анҷом бояд гуфт, ки дар бораи таассури Ҷомӣ аз Рӯдакӣ бархе аз донишмандон низ изҳори ақида намудаанд, аммо дар ин замина эшон бо овардани мисоле иктифо кардаанд. Аз ҷумла устод Аълохон Афсаҳзод дар китоби «Ҷомӣ-шоири ғазалсаро» аз 85 ғазали ҷавобии Ҷомӣ, ки дар татаббӯи ғазалҳои Заҳир, Саъдӣ, Ҳумом, Низомӣ, Хусрав, Ҳасан, Хоҷу, Имод, Салмон, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Неъматуллоҳи Валӣ, Котибӣ, Исмат, Амиршоҳӣ ва ғайра, ки Фахрии Ҳиравӣ дар «Радоиф-ул-ашъор» овардааст, ёдовар шуда, зимнан аз мазмуни як шеъри Рӯдакӣ мустафид будани Ҷомиро ҳам гӯшрас намуда ва гуфтааст: «Ҳамчунин Абдураҳмони Ҷомӣ аз Аттор, Хоқонӣ, Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар ғазалҳояш ном бурда, дар ғазале қофияву радиф, вазн ва мазмуну мавзӯи байти оғози «Маснавии маънавӣ»-ро тазмин мекунад. Дар байте мазмуни як байти Рӯдакӣ, ки Ҷомӣ бо саргузашт ва эҷодиёти ӯ ошноии кофӣ дошт, ба назар мерасад:

Ҷомӣ:
Бори ҳиҷрони ту кӯҳ аст, ин тани лоғар чу коҳ,
Тоқати кӯҳе чунон то кай бувад ин коҳро?
Рӯдакӣ:
Тани ман арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ соӣ зери кӯҳе арзанеро?».32

Аммо инро ҳам бубояд гуфт, ки таассури Ҷомӣ аз Рӯдакӣ бо мисолҳое, ки мо овардем ва ин намунае, ки устод Аълохон Афсаҳзод зикр кардаанд, поён намепазирад. Агар мо дар ин замина ба ковиши худ идома бидиҳем, боз ҳам метавонем мисол пайдо бинамоем, лекин аз ҳамин мисолҳои андак дармеёбем, ки Ҷомӣ ба осори бозмондаи устод Рӯдакӣ хуб ошно будааст ва аз он дар мавридҳои зарурӣ суд ҷустааст ва бад-ин тартиб меросбари бузурги гузаштагон, аз ҷумла Рӯдакӣ, будани худро исбот намудааст. Ба қавли дигар, «Ҷомӣ чи дар маснависароӣ ва чи дар ғазалгӯӣ силсилаи классикони бузурги асримиёнагии форсу тоҷикро ба анҷом расонида, аз падари шоирон Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ сар карда, то Камоли Хуҷандӣ, беҳтарин анъанаҳои онҳоро давом додааст»33. Ин андешаро худи шоир низ тасдиқ менамояд ва мегӯяд:

пешина
аз 86
навбатӣ