Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва дигар аз шоири номаълум, ки бархеҳо онро ба Ҷомӣ нисбат медиҳанд, аммо он дар осори Ҷомӣ вуҷуд надорад:

Дар шеър се тан паямбаронанд,
Ҳарчанд ки «лонабию баъдӣ».
Авсофу қасидаву ғазалро
Фирдавсию Анварию Саъдӣ.9

Мо ҳоло имкони қазоват карданро дар бораи дурустиву нодурустии маълумоте, ки Давлатшоҳ дар «Тазкират-уш-шуаро» ва Ҷомӣ дар равзаи ҳафтуми «Баҳористон» додаанд, дар даст надорем, зеро ин мавзӯи баҳси дигар аст. Аз ин рӯ, мо дар ин маврид танҳо ҳаминро мегӯем, ки ҳам маълумоти батафсили Ҷомӣ ва ҳам Давлатшоҳ мерасонанд, ки аҳли илму адаби асри 15 аз мақоми арҷманди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва тақдири талхи сарояндаи он ба хубӣ огоҳӣ доштаанд. Беҳуда нест, ки вайро ба масобаи як шоири беназир ва осорашро осори мондагор дониставу васф кардаанд. Воқеан, дар ҳамин аср аст, ки Бойсунғур матни муқоисавии «Шоҳнома»-ро тадвин мекунад ва ба майдон меорад, ки ҳам ҷанбаи манфӣ дошт ва ҳам мусбат. Хусусан, муқаддимаи он, ки бар зарари Фирдавсӣ ва рӯҳи миллӣ буд, зеро ӯ дар ҳамин муқаддима достонеро ба номи «Юсуфу Зулайхо» ба Фирдавсӣ нисбат медиҳад, ки тибқи он гӯё Фирдавсӣ аз тарси Маҳмуд аввал ба Табаристон ва баъд аз он ҷо ба Бағдод рафта, дар он ҷо қиссаи Юсуфро ба риштаи назм мекашад, ки ин, албатта, дурӯғи маҳз ва як ҳикояти бофтаву сохта аст, ки ҳоҷат ба овардани далел нест, зеро муҳаққиқон бебунёдии ин қазияро собит ва аз Фирдавсӣ набудани онро, хушбахтона, солҳо аз ин пеш ошкор кардаанд. Дар натиҷа маълум гардид, ки манзумаро шоире бо номи Шамсӣ баъд аз 70-80 соли марги Фирдавсӣ суруда ба Шамсиддин Туғоншоҳи Салҷуқӣ бахшидааст, аммо баъдан Шарафуддини Яздӣ онро ба номи Фирдавсӣ баста ва ин ҳама ҷаълу таълисро ба муқаддимаи Бойсунғурӣ дохил намуда ва муҷиби ин ҳама сару садову сардаргумиҳо гардидааст. Муҳаммадамини Риёҳӣ-муаллифи китоби «Фирдавсӣ» гӯяд: «Шарафуддини Яздӣ «Зафарнома»-и худро дар соли 828 ҳиҷрӣ дар ситоиши ҷангҳову хунрезиҳову тороҷгариҳои амир Темури Курагонӣ таълиф карда, як сол баъд дар соли 829 ҳиҷрӣ муқаддимаи «Шоҳнома»-и Бойсунғурӣ таҳрир шудааст ва дурӯғе, ки дар бораи назми «Юсуфу Зулайхо» ба қасди чоплусӣ ба бозмондагони Темур дар «Зафарнома» ҷаъл шуда буд, дар он муқаддима бо тафсили бештар ҷой гирифта, ки хулосаи онро меоварем: «Чун Фирдавсиро назди халифа оварданд, ҳазор байт дар мадҳи халифа изофаи «Шоҳнома» карда, ба арз расонид! Халифа мисол фармуд, ки шаст ҳазор динору хилъате бад-ӯ доданд. Чун Фирдавсӣ дар Бағдод рахти иқомат бияндохт ва китоби «Шоҳнома»-ро халифа ва аҳли Бағдод ба ҷиҳати он ки мадҳи мулуки Аҷам буду эшон оташпарасту маҷус буданд, айб мекарданд. Фирдавсӣ қиссаи «Юсуф ва Зулайхо»-ро, ки дар Қуръони маҷид дар як сура мазкур аст, ба назм даровард… Чун қиссаи Юсуфро ба арз расонид, халифа ва аҳли Бағдодро бағоят хуш омад ва ба тарбияти ӯ бияфзуданд».10 Ҳамин «Шоҳнома»-и Бойсунғурӣ ва алалхусус муқаддимаи дуруғину бо мазҳабу сиёсат омехта боиси он шуд, ки ба номи Фирдавсӣ бастани достони сохтаву пардохтаи «Юсуфу Зулайхо» ба номи ӯ баста гардид. Аз ин хотир, «агарчи матну муқаддимаи Бойсунғурӣ аз назари илмӣ мутлақан арзише надоранд, аммо арзиши ин иқдоми Бойсунғур дар ин буд, ки иззату ҳурмати «Шоҳнома»-ро, ки аз заволи хилофат оғоз шуда буд, ба авҷ расонид ва пуштвонаи эътибори он гардид».11 Агарчи сиёсати мазҳабию судҷӯёнаи ҳукмронони замон имкон намедод, ки бозори ин шоҳкории миллии ориёиён гарм бошад, аммо ҳам тӯдаҳои мардум ва ҳам аҳли адабу фарҳанг бо роҳҳои мухталиф ба «Шоҳнома» ва худованди он арҷ мениҳоданд ва аз мазмуну мавзӯъву муҳтавои он истифода менамуданд. Гузашта аз ин, худи ҳамон муаллифони Темурномаҳо, агарчи онҳо ба шоҳони Темурӣ, ҷангу ҷидол ва хунрезиҳои онҳо ихтисос дода шуда буданд ва ба дур аз ғояҳои олӣ ва лоязолӣ, ки дар «Шоҳнома» тараннум мешуданд, қарор доштанд, боз ҳам ба «Шоҳнома» назар доштанд ва ҳароина аз он мутаассир мешуданд. Чунончи, Ҳамдуллоҳи Муставфӣ, ки «Зафарнома»-и худро дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ сурудааст, дар оғози асараш гуфта:

пешина
аз 86
навбатӣ