Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
«Зафарнома» кун ном ин номаро,
Бад-ин тоза кун расми «Шаҳнома»-ро.12
Ё бигирем Қосими Гунободиро, ки дар футӯҳоти Шоҳрухи Темурӣ «Темурнома» ва дар футӯҳоти шоҳ Исмоил ва шоҳ Таҳмосби Сафавӣ «Исмоилнома» ва «Таҳмосбнома» сохтааст, чунин даъво ва иддао менамояд:
Агар гуфт Фирдавсии номдор
Ҳикоёти ҷамъе зи дин барканор,
Ман имрӯз устоди Фирдавсиам,
Чӣ ҳоҷат, ки гардун ниҳад курсиам.13
Маълум аст, ки Ҷомӣ ҳангоми зикри шуаро дар «Силсилат-уз-заҳаб» Рӯдакӣ, Унсурӣ, Муиззӣ, Анварӣ, Саъдӣ, Саноӣ, Низомӣ, Заҳир ва Салмонро номбар мекунад, аммо аз Фирдавсӣ ном намебарад:
Рӯдакӣ, он ки дур ҳамесуфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳамегуфтӣ…
Чун ба он қавм ҳамсафар мерафт,
На ба оини мухтасар мерафт.
Силаи назмҳои ҳамчу дураш
Буд дар бори чорсад шутураш.
Чун шутур аз ин работ берун ронд,
Бар замин ғайри шеър ҳеҷ намонд.
Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.
Ҳамчунин номи оли Сомонро,
Неккорону некномонро
Зинда аз назми хеш медорад
В-аз паси парда пеш меорад…14
Аз ин рӯ, ба қавли устод Холиқ Мирзозода, «дар рӯйхат номбар нашудани Фирдавсӣ, Аттор, Амир Хусрав, Ҷалолиддини Балхии Румӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз маънои махсусе дорад: Аввалан, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» қаҳрамонҳои халқӣ ва аристократияи форс-тоҷикро тавсиф намуда, ҳукмронии бегонагон, махсусан аристократияи турку муғулро, ки дар асри 15 ҳам ҳукмрон буд, эътироф намекард. Ғайр аз ин, аристократияи Эрон, ки рӯҳияи вай «Шоҳнома»-ро тақозо мекард, кайҳо аз саҳнаи таърих рафта буд. Бинобар ин, ин асарро на аристократияи турку муғул меписандид ва на аз ин рӯ шоирони маддоҳ ба он рӯ меоварданд. Илова бар ин, қаҳрамонони маҷусро таърифу тавсиф кардани шоирони мусулмон гуноҳ буд. Аммо «Шоҳнома» ғайр аз санъати баланди бадеӣ ва панду ҳикматҳояш, дар симои подшоҳони одил намунаи ибрати подшоҳони замон шуда метавонист».15 Хушбахтона, Ҷомӣ дар маснавии «Субҳат-ул-аброр» ин тақсири хешро гӯё ҷуброн менамояд ва дар иқди нуҳум, ки дар «Насиҳати нафси худ» унвон дорад, дар қатори номҳои Низомӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Заҳир, Камоли Исмоилу Камоли Хуҷандӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хусраву Ҳасани Деҳлавӣ (вобаста ба ҳолати хештан) аввалқадам аз Фирдавсӣ ёд мекунад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор