Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Ҷомӣ:
Вуҷудат зи ҳар офат обод бод,
Зи ақлат ҷаҳон ҳикматобод бод!50
Фирдавсӣ:
Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш
Ба бад тез маштобу бар бад макӯш.
Зи модар сухан дарпазиру марав,
Ба рою хирад панди модар шунав.51
Ҷомӣ:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Хок шав зери пои ӯ, ки биҳишт
Дар қадамгоҳи модарон бошад.52
Фирдавсӣ:
Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт
В-агар аз ҷӯйи Хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резию шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.53
Ҷомӣ:
Агар афъиеро бигирӣ зи дашт,
Ба ҷаннатсарояш диҳӣ сайру гашт,
Ба ҳар ҷои марғуб ҷояш диҳӣ,
Миёни гул оромгоҳаш диҳӣ.
Ғизояш гар аз решаи ҷон диҳӣ
В-агар обаш аз оби ҳайвон диҳӣ,
Нагардад бад-ин тарбият роми ту,
Ки охир кунад заҳр дар коми ту.54

Ҳамин тариқ, Ҷомӣ дар «Ҳафт авранг», ба вижа «Хирадномаи Искандарӣ», дар баробари пайравӣ аз Низомиву Хусрав, аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ таъсир пазируфтаву суд ҷустааст. Мо инро аз рӯйи бархе ҳамсониҳо дар ин достон ва дигар достонҳояш бо «Шоҳнома» ба вузӯҳ мушоҳида менамоем. Ҳамзамон, шеъри Фирдавсиро барои имтиҳон ба Абдуллоҳи Ҳотифӣ пешниҳод намудан, ёдкарди вай дар «Силсилат-уз-заҳаб» ва маълумот додани вай дар равзаи ҳафтуми «Баҳористон» дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ равшан нишон медиҳад, ки Ҷомӣ ба Фирдавсӣ ва шоҳкори ҷовидонии вай-«Шоҳнома» назари нек дорад ва тибқи имкониятҳои маҳдуде, ки замони зиндагӣ ва фазои сиёсиву иҷтимоии рӯзгораш ба вай иҷозат медоданд, аз он истифода менамояд, зеро ӯ дар замон ва фазое зиндагӣ менамояд, ки ҳама чиз дар тарозуи дину мазҳаб ва ирфону тасаввуф санҷида мешавад ва амалӣ мегардад. Лиҳозо, ҳузури рӯҳи миллӣ, ки Фирдавсӣ ба дунболи он мегардад, дар асри Ҷомӣ хеле камранг аст, зеро дар ин замона на аз давлати миллӣ нишон аст ва на аз сиёсати миллӣ. Шариат, тариқат, ҳақиқат дар ҷомеа ҳукмронӣ менамояд. Аммо, ба ҳар ҳол, барои Ҷомӣ, ки зоҳиран сӯфимашрабу ориф аст, адолат маҳаки асосӣ мебошад, на дину мазҳаб. Аз ин хотир, ӯ барҳақ мегӯяд:

Нуктае хуш гуфтааст он дурбин:
Адл дорад мулкро қоим, на дин.
Куфркеше, к-ӯ ба адл ояд фареҳ,
Мулкро аз золими диндор беҳ.55

пешина
аз 86
навбатӣ