Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Гузашта аз ин, ӯ ҳамчун адиби гуманист на танҳо бо арзишҳои диниву мазҳабӣ, балки миллию инсонӣ низ арҷ мениҳад ва хусусан ба таърихи гузаштаи миллати мо бо ифтихори вижа муносибат менамояд, зеро ниёгони мо мардуми мутамаддину одил буданд ва ҷаҳонро бо ақлу хирад ва илму дониш ва адлу дод обод карда буданд ва дар ин боб дар байни мардуми олам зарбулмасал гашта буданд. Аз ин рӯ, Ҷомӣ дар равзаи сеюми «Баҳористон», ки «Дар баёни шукуфтани шукуфаҳои боғистони ҳукумат ва иёлат, ки мутазаммини меваҳои насафат ва адолат аст» ном дорад, чунин менависад: «Дар таворих чунон мастур аст, ки панҷ ҳазор сол салтанати одам тааллуқ ба габрону муғон дошт ва ин давлат дар хонадони эшон буд, зеро ки бо раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд. Дар хабар аст, ки Худои таоло ба Довуд, алайҳиссалом, ваҳй кард, ки қавми хешро бигӯй, ки подшоҳони Аҷамро бад нагӯянду дашном надиҳанд, ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд, то бандагони ман дар вай зиндагонӣ кунанд:
Адлу инсоф дон, на куфру на дин,
Он чӣ дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро
Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст».56
Ба ҳарфи дигар, Ҷомӣ ҳар ҷо ки маҷоли баён меёбад, аз гузаштагон, аз мардону риҷоли бузурги Эрони бостон, аз ҷумла Зардушт, подшоҳони Аҷам, шахсиятҳои таърихӣ ва паҳлавонони асотирӣ ва ашхоси миллӣ, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадаанд ва васфу ситоиш шудаанд, ба некӣ ёд менамояд ва бад-ин тартиб рӯҳи миллию инсонии худро ба намоиш мегузорад ва дур аз ҳар гуна таассуб қарор доштани хешро собит менамояд. Чунончи:
Шунидам, ки дар аҳди Нӯшервон,
Ки гетӣ чу тан буду адлаш равон…57
Косаи май хур, ки хоҳад косаи сар хок хӯрд,
Буд нақши косаи зар ин сухан Ковусро.58
Бикшой гӯши ҳуш, ки ин таштро танин
Овозаи Сикандару афсонаи Ҷам аст.59
Ба ҳикмат чу Луқмон, ба ҳашмат Сулаймон,
Ба савлат Фаридун, ба давлат Сикандар.60
Зиҳӣ, ишқи туро бар куфру дин пушт,
Рухат оташ зада бар ҷони Зардушт.61
ПАЙНАВИШТҲО:
- Х. Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик, к. 1(11), Душанбе, Маориф, 1989, с. 213.
- Низомии Ганҷавӣ. Куллиёт, ҷ. 4, Душанбе, Ирфон, 1984, с. 58.
- Ҳамон ҷо, с. 200-203.
- Аълохон Афсаҳзод. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дувуми асри 15. Душанбе, Дониш, 1987, с. 192-193.
- Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёти Эрон, ҷ. 3, Теҳрон, 1388, с. 78-79.
- Соммирзои Сафавӣ. Тӯҳфаи Сомӣ. Теҳрон 1389, с. 140.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, Душанбе, Адиб, 1989, с. 444-447.
- Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. Душанбе, 1999, с. 27.
- Ҳамон ҷо, ҳамон с.
- Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ, Душанбе, Шӯҷоиён, 2010, с. 141-142.
- Ҳамон ҷо, с. 167.
- Девони Шайх Озарӣ. Теҳрон, 1389, с. 10.
- Ҳамон ҷо, с. 11.
- Абдураҳмони Ҷомӣ Осор, ҷ. 3, Душанбе, Адиб, 1987, с. 156.
- Х. Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик, к. 1(11), с. 301.
- Абдураҳмони Ҷомӣ Осор, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 123-124.
- Ҳамон ҷо, с. 90.
- Ҳамон ҷо, с. 115.
- Ҷамолиддин Саидзода. Ҷомӣ-«Хотамушшуаро». Душанбе, Ирфон, 2013, с. 22.
- Абдулҳусайни Зарринкӯб. Аз гузаштаи адабии Эрон. Теҳрон, 1375, с. 388.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, Душанбе, Адиб, 1988, с. 261.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 7, Душанбе, Адиб, 1989, с. 9.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 382.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 6, Душанбе, Адиб, 1989, с. 509.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 272.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 1, Душанбе, Адиб, 1987, с. 165.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 280.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 267.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 263.
- Ҳамон ҷо, с. 297.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 1, с. 26.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 311.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 2, Душанбе, Адиб, 1987, с. 17.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 56.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 3, Душанбе, Адиб, 1988, с. 97.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 184.
- Ҳамон ҷо, с. 315.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 7, с. 165.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 377.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 5, Душанбе, Адиб, 1989, с. 25.
- Ҳамон ҷо, ҳамон с.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, с. 102.
- Ҳамон ҷо, с. 212.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 5, с. 267.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, с. 220.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 1, с. 130.
- Ҳамон ҷо, с. 97.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, с. 184.
- Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ. 4, с. 65.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 300.
- Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». Душанбе, Адиб, 1990, с. 113.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Панду ҳикматҳо. Душанбе, Ирфон, 1989, с. 144.
- Шоҳбайтҳои «Шоҳнома», с. 206-207.
- Абдулғанӣ Мирзоев. Биноӣ. Нашр. дав. Тоҷ., Сталинобод, 1957, с. 445.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 3, с. 183.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 7, с. 361.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 5, с. 331.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 122.
- Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 6, Душанбе, Адиб, с. 19.
- Ҳамон ҷо, с. 44.
- Ҳамон ҷо, с. 92.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор