Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

БОБИ ДУВУМ

ҶОМӢ ВА ФИҒОНӢ

Ин бас маро, ки шуд садафи дурри шоҳвор
Гӯши замона аз гуҳари назми дилкашам.
Ҷомӣ

Бобо Фиғонӣ дар аввали нимаи дуюми асри XV дар Шероз таваллуд шудааст. Ибтидо, ӯ ба кордсозӣ дар назди бародараш мепардозад. Ҳамзамон, бо тахаллуси «Саккокӣ» даст ба эҷоди шеър низ мезанад, аммо бо ин тахаллус дар девонаш шеъре ба назар намерасад. Шояд дар девони аввалаш бо ин тахаллус шеър будааст, аммо он девон, мутаассифона, мафқуд шудааст.

Рӯзгори Фиғонӣ дар Шероз асосан дар майкадаҳо сипарӣ шудааст. Ӯ дар ин ҷо бо гулрухони симандом ишқварзӣ мекард ва бо риндиву бехудӣ ҳаёт мегузаронид. Воқеан, вай аз оғоз ҳамин гуна шеваи зиндагиро баргузида буд ва бо ҳамин маю майхорагию риндию бехудӣ ба сар мебурд ва кораш майнӯшию ҷояш майхонаҳо буд. Ба қавли худаш:

Аз гӯшаҳои майкада ҷӯем сафои вақт,
К-он ҷо ҳазор оина дар гил ниҳодаанд.1

Фиғонӣ тақрибан баъд аз сисолагӣ роҳи сафарро пеш мегирад. Аввал, ба Ҳирот, ки аз марказҳои муҳими адабии он рӯзгорон ба ҳисоб мерафт, меояд. Ӯ бо шоирону адибони ин сомон, аз ҷумла Ҷомӣ мулоқот менамояд ва ба қавле, шеъри ӯ назди Мавлоно Ҷомӣ «дараҷаи қабул ва истеҳсон» меёбад, аммо, ба андешаи Тақиуддини Авҳадӣ, «чун шуарои Хуросон вайро диданд, тарзу равише, ки мухолифи эшон буд, аз вай мушоҳида намуданд, онро написандиданд. Чун бағоят ғайримуқаррар ва аҷиб ба назари идроки эшон ҷилва кард. Лизо, забони таън ба вай гушода, суханони баландмартабаи ӯро бемаънӣ фаҳмиданд ва дар ин маънӣ зарбулмасал шуд. Чунонки муддатҳо ашъори зиқро мегуфтанд, ки фиғониёна аст ва ин суханон чандон аҷиб ва ғариб нест. Чӣ дар он замон ҳеҷ кас мутаваҷҷеҳи шеъри қудамо ва тарзу равиши эшон набуд ва ҳама бар равише, ки мутаорифи он замон шуда буд, шеър мегуфтанд ва ҷамеъро тасаввури ботил он ки тамоми тарзу равишҳо, ҳатто равиши қудамо дар ҷанби тарзи хоси эшон мансух хоҳад буд ва чун эшон маҳзуз аз равиши устодони қадим нестанд, ҳеҷ кас нахоҳад буд ва шеваи эшон носихи тарзҳост».2 Аз ин рӯ, Фиғонӣ ба Озарбойҷон меравад ва ба дарбори Султон Яъқуб роҳ меёбад ва муддати мадид дар он ҷо мемонад. Кори ӯ дар шеъру шоирӣ дар ин ҷо рӯ ба тараққӣ меорад ва дар ҳамин сомон аст, ки ӯ ба унвони «Бобои шуарои замон» мушарраф мегардад. Аммо баъд аз қатли Султон Яъқуб Фиғонӣ ба зодгоҳаш Шероз меояд ва баъд аз муддате роҳии Хуросон мешавад. Аввал, дар Абевард ва пасон, дар Машҳад маскан мегузинад. Охируламр, дар ҳамон ҷо, яъне Машҳад, олами ҳастиро падруд мегӯяд.

пешина
аз 86
навбатӣ