Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Агарчи сабки сухани Фиғонӣ, ба вижа ғазали вай ҳамон сабки роиҷи шуарои Хуросон ва суннати адабии мактаби Ҳироту Табрез буд, аммо аз баъзе ҷиҳот тозагиҳо низ дошт, ки ӯро аз муосирон мумтоз месохт. Ин, қабл аз ҳама, ба содагию равшанӣ, мӯъҷазу ширин будан, вуқӯъгӯӣ ва сурати нав доштани сувари хаёли ӯ ихтисос мегирад. Ба ҳарфи дигар, эъҷози сухан ва содагию равшанӣ, сӯзу гудоз, диққату риққати калом, борикандешӣ, лутфи баён, маънии зиёдро дар лафзи андак гунҷондан, воқеанигорӣ, ки роҳро барои аз сабки ироқӣ ба ҳиндӣ гузаштан ҳамвор мекард, аз мухтассоти шеваи Фиғонӣ ба ҳисоб мерафт. Азбаски фаъолияти эҷодии ӯ дар доираи адабии Табрез гузашта буд, аз ин рӯ, каломаш аз каломи шоирони Хуросон фосила мегирифт. Аммо, бо ин ҳама, ӯ ба осори шоирони ин маркази муҳими адабии давр, ки Ҷомӣ саромади он буд, беалоқа набуд, зеро осори Ҷомӣ дар ин давра на танҳо дар Ҳироту Табрез, балки кулли сарзаминҳои порсигӯ аз шӯҳрати беандоза бархурдор буд. На фақат шоирон, балки ҳокимони сарзаминҳои мухталиф ба ӯ ва шеъраш арҷу эҳтироми фаровон мегузоштанд. Муносибати наздики Ҷомиро бо Султон Яъқуб аз қасидае, ки дар ҷавоби номаи ӯ навишта ва ба номаш иншо кардани «Саломон ва Абсол» ва дар «Силсилат-уз-заҳаб» аз вафоти вай таассуф хӯрдану аз бародараш ёд кардани шоир бармало дида метавонем. Воқеан, муҳаққиқон, аз нусхаи куллиёти ӯ, ки ба Табрез фиристода будааст, хабар медиҳанд. Бо як сухан, Ҷомӣ ва шеъраш дар Табрез аз шуҳрати зиёд бархурдор будааст. Аз ин хотир, шоирони ин доираи адабӣ, ба вижа Қозӣ Исо, Дарвеши Деҳакӣ, Бобо Фиғонӣ ва дигарон, ба Ҷомӣ ихлоси зиёд доштаанд ва ашъорашро мавриди пайравию истиқбол қарор медодаанд. Ин гуфтаи моро маълумоти зерини Восифӣ, ки дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» овардааст ва ба сафари Биноӣ ба ин шаҳр ва вохӯрии ӯ бо шоири машҳур Дарвеши Деҳакӣ ихтисос мегирад, низ тасбит менамояд. Биноӣ мегӯяд, ки дар Деҳак ба мулозимати Дарвеш рафтем. «Чун даромадем, дар коргоҳи ҷулоҳагӣ нишаста буданд ва бофандагӣ мекарданд. Чун моро диданд, бар пой хостанд ва таъзим ба ҷой оварда, ишорат ба ҷулус карданд, ки «хайра мақдам аз куҷо ташриф меоред?». Гуфтам: «Аз қуббатулисломи Хуросон». Гуфт: «Аз пеши Пири Ҷом меоед?». Гуфтам: «Оре». Гуфт: «Ҳазрати эшонро суханони хубу марғуб бисёр аст, аммо моро ду матлаъи эшон хуш омада ва ҳирзи ҷон гардида, яке он ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор