Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абрӯ дар хаёл омад,
Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад.
Дигар он ки:
Лабам аз шуълаи шавқ обилаи пурхун зад,
Баҳри побӯси ту ҷон хайма зи тан берун зад».3
Воқеан, Дарвеши Деҳакӣ на танҳо ба ин ду матлаи Ҷомӣ, ки ба ӯ «хуш омада», балки ба ғазалҳои дигари ӯ низ ҷавоб навиштааст. Аммо мо дар ин мавқеъ фақат бо овардани як ғазали ҷавобияи ӯ ба ғазали Ҷомӣ иктифо менамоем:
Аз Ҷомӣ:
Дар либоси нилгун то ҷилва кардӣ, эй парӣ,
Маҳ дигар нанмуд рух з-ин пардаи нилуфарӣ…
Қадри ҳуснат Ҷомии соҳибназар донисту бас,
Қимати ҷавҳар касе нашносад, илло ҷавҳарӣ.4
Аз Дарвеш:
Васфи рухсори ту бар авроқи девон, эй парӣ,
Ҳаст пеши ман ба сад маънӣ беҳ аз суратгарӣ…
Шеърат, эй Дарвеш, беҳтар мешиносад аз ту ёр,
Нест шак, дур беҳтар аз дарё шиносад ҷавҳарӣ.5
Албатта, ба ғазалҳои Ҷомӣ, ки дар ин маркази пурнуфузу машҳури адабии он замон интишор доштааст, на танҳо Дарвеши Деҳакӣ, балки шоирони дигар низ пайравӣ намудаанд ва ашъори истиқболӣ сурудаанд. Аз ҷумла Фиғонӣ, ки муддати мадиде дар доираи адабии Табрез қарор дошт ва шоире дорои сабки хос буд. Бинобар ин, дар девони Фиғонӣ ба ғазалҳое дучор мешавем, ки онҳо аз лиҳози мазмуну вазну қофияву радиф ба ғазалҳои Ҷомӣ монандӣ доранд ва ин, албатта, аз алоқаи эҷодии ин ду шоири бузург дарак медиҳад. Ҳамин ҳамсонӣ ва ҳамоҳангиро дар байни ғазалҳои Ҷомию Фиғонӣ ба мушоҳида гирифта, яке аз муҳаққиқони маъруфи осори Ҷомӣ-Аълохон Афсаҳзод дар китоби «Ҷомӣ-шоири ғазалсаро» ба таҳлил ва муқоисаи ду ғазали Ҷомӣ ва Фиғонӣ мепардозад, ки нақли онҳо дар ин маврид, ки рӯи сухани мо ба Ҷомию Фиғонӣ нигаронида шудааст, бесуд нахоҳад буд. Ба қавли ӯ, «Бобо Фиғонӣ низ дар татаббӯи ғазалҳои Ҷомӣ ғазалҳои зиёд дорад. Бо вуҷуди он ки сабки Фиғониро хос ва барои аҳли адаби Ҳирот нописанд пиндоштаанд, ҳангоми татаббӯи ғазалҳои Ҷомӣ вай аз талаботи ин услуби эҷодӣ дур намеравад ва ғазалҳои ҷавобияашро асосан аз масолеҳи ғазалҳои Ҷомӣ бо шеваи ӯ месозад. Бинобар ҳамин наздикии ғазалҳои ҷавобияи ӯ ба ғазалҳои Ҷомӣ, ки сармашқ қарор гирифтаанд, басо возеҳ ҳувайдо мегардад. Як ғазали истиқболияи Фиғонӣ ва ғазали сармашқи онро аз эҷодиёти Ҷомӣ аз назар мегузаронем:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор