Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Ғазалҳои дигар, ки танҳо матлаи онҳо зикр мешаванд:
Аз Ҷомӣ:
Соқӣ, биёр бода, деҳ акнун, ки фурсат аст,
Мутриб бизан тарона, ки фурсат ғанимат аст.9
Аз Фиғонӣ:
Борону мавҷи обу маю рӯзи ишрат аст,
Аз ҳар тараф, ки менигарам, доми сӯҳбат аст.10
Аз Ҷомӣ:
Эй зи мушки турраат дар ҳар диле банде дигар,
Риштаи ҷонро ба ҳар мӯи ту пайванде дигар.11
Аз Фиғонӣ:
Эй маро ҳар зарра бо меҳри ту пайванде дигар,
Ҳар сари мӯе ба васлат орзуманде дигар.12
Аз Ҷомӣ:
Ману хаёли ту шабҳову кунҷи хонаи хеш,
Суруди бехудию оҳи ошиқонаи хеш.13
Аз Фиғонӣ:
Ба бистар афтаму мурдан кунам баҳонаи хеш,
Бад-ин баҳона магар орамаш ба хонаи хеш.14
Аз Ҷомӣ:
Аз лаби майгуни ту парҳезгоронро чӣ ҳаз?
Лаззати май маст донад, ҳушёронро чӣ ҳаз?15
Аз Фиғонӣ:
Тарки ёрӣ кардӣ, аз васли ту ёронро чӣ ҳаз?
Душмани аҳбоб гаштӣ, дӯстдоронро чӣ ҳаз?16
Аз Ҷомӣ:
Ҷон доғи ту дорад, ҷигари ғарқа ба хун ҳам,
Тороҷи ғамат шуд дилу дин, сабру сукун ҳам.17
Аз Фиғонӣ:
Шавад дар гулшанам дил чоку дар маҷлис ҷигар хун ҳам,
Фиғон аз ахтари бадҳолу аз бахти дигаргун ҳам.18
Аз Ҷомӣ:
Чу натвонам, ки бар хоки кафи пояш ҷабин молам,
Зи дураш бинаму рӯи тазаллум бар замин молам.19
Аз Фиғонӣ:
Хуш он масте, ки чун бар остони ӯ ҷабин молам,
Гаҳе хоки раҳаш бӯсам, гаҳе рух бар замин молам.20
Аз Ҷомӣ:
Диҳӣ шароб, ки бар нағмаи рубоб хӯрам.
Чу ман хароби рубобам, чаро шароб хӯрам?21
Аз Фиғонӣ:
Маро, ки дил нагзорад, ки бе ту об хӯрам,
Мурод чист, ки дар вақти гул шароб хӯрам?22
Аз Ҷомӣ:
Бемори ғаматро нафаси бозпас аст ин,
Поси нафасаш дор, ки охир нафас аст ин.23
Аз Фиғонӣ:
Гар дам ба ҳаво рафт, чӣ гулгун фарас аст ин,
Хун мекунаду меравад, оё чӣ кас аст ин?24
Аз Ҷомӣ:
Чархи ахзар, к-аз ду чашмам хост мавҷи хун дар ӯ,
Шишаи сабз аст, ашкам бодаи гулгун дар ӯ.25
Аз Фиғонӣ:
Чашми гирёнам, ки мегардад зи шавқат хун дар ӯ,
Ҷо надорад ҷуз хаёли он лаби майгун дар ӯ.26
Аз Ҷомӣ:
Ҳар кас, ки нест зинда ба ишқи ту, мурда беҳ,
Худ мурда пеши зиндадилон аз фасурда беҳ.27
Аз Фиғонӣ:
Ҷони шаҳиди ишқ ба ҷонон супурда беҳ,
Ҳар зиндае, ки куштаи ӯ нест, мурда беҳ!28
Аз Ҷомӣ:
З-оташи ишқат алам зад риштаи ҷонам чу шамъ,
Ашк шуд аксар танам в-аз дида меронам чу шамъ.29

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор