Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз Фиғонӣ:

Имшаб аз оҳам машав гарму масӯзонам чу шамъ,
Соате биншин, ки дар базми ту меҳмонам чу шамъ.30

Ҳамсониҳои мавзӯиву маъноӣ низ дар ғазалҳои Ҷомиву Фиғонӣ ба дида мерасанд. Чунончи:

Ҷаҳониён ҳама дар ҷустуҷӯй мебинам,
Надонам ин таку пӯй аз кай асту то ба кай аст!31
Ҷомӣ
Он ки ин номаи сарбаста навиштаст нахуст,
Гираҳе сахт ба сарриштаи мазмун задааст.32

Хулоса, агарчи шеъри Фиғонӣ бо шеъри шоирони ҳавзаи адабии Ҳирот, ки Ҷомӣ сарварии онро ба ӯҳда дошт, ноҳамгун буд, ихтилоф дошт ва шоирони он сомон шеъри ӯро «фиғониёна» ва ё «зиқ» унвон карда буданд, аммо шеъри вай чандон аз шеъри шоирони ин ҳавза фосила намегирифт, балки андаке инҳироф дошт. Лиҳозо, ба қавли муаллифи «Шамъи анҷуман» («Баҳористони сухан»), «шеъри ӯ назди Мавлоно дараҷае қабул ва истеҳсон ёфт».33 Аммо каломи Фиғонӣ асосан баъди ба доираи адабии Табрез, яъне Султон Яъқуб пайвастанаш, такмил ёфт, тараққӣ намуд ва ӯ маҳз дар ҳамин ҷо ба унвони «Бобои шуарои замон» мушарраф гардид ва дар силки шоирони маъруфи аср, аз ҷумла Ҷомӣ қарор гирифт. Беҳуда Абдулҳусайни Зарринкӯб нагуфта: «Даврони Ҷомиро бидуни ишорае ба ду шоири дигари ин аср наметавон ба поён бурд: Ҳотифии Харҷурдӣ, хоҳарзодаи Ҷомӣ, ки то ҳадде аз вай тарбият ёфтааст ва Бобо Фиғонии Шерозӣ, ки он чӣ баъдҳо дар ғазал забони вуқӯъ хонда шуд ва сабки ҳиндӣ аз он ба вуҷуд омад, бар тарзи ӯ мубтанӣ буд. Шеъраш дар асри Сафавӣ ғолибан мавзӯи тарҳ ва тақлиди шоирон воқеъ шуд ва содагии баён ва нозукии хаёлаш дар шеъри мутааххирин таъсири қобили мулоҳиза ниҳод».34 Аз ин хотир, «бархе Ҷомӣ ва Бобо Фиғониро аз пешгомони сабки ҳиндӣ донистаанд, зеро дар осори онон гоҳ абёти наздик ба сабки ҳиндӣ дида мешавад. Ҳақиқат ин аст, ки Ҷомӣ ва Бобо ба наҳве аз шоирони давраи таҳаввул ба сабки дигар (ҳиндӣ) мебошанд ва аз ин рӯ, албатта, нишонаҳое аз сабки ҷадидро нишон медиҳанд…».35 Дар воқеъ, «борикандешӣ, мазмунофаринӣ, хаёлбофӣ, тамсилгароӣ, бозӣ бо калимот, ки аз вижагиҳои сабки ҳиндист, нишонаҳо дар шеъри шоирони мактаби Ҳирот, аз ҷумла Ҷомӣ, ки бузургтарин гӯяндаи ин мактаб аст, дорад. Агарчи мактаби Ҳирот ибтидои сабки ҳиндӣ нест, зеро ибтидои он аз мактаби шуарои Исфаҳон шурӯъ мешавад ва Назирию Урфию Толиб бунёдгузорони он маҳсуб меёбанд, ба ҳар ҳол, осори намояндагони мактаби Ҳирот, ба вижа Ҷомиро метавон ба сифати шеъри заминасоз барои гузаштан аз сабки ироқӣ ба мактаби вуқӯъ ва сабки ҳиндӣ пазируфт ва муаррифӣ кард. Ҳамчунон ки шеъри Бобо Фиғониро, ки аз пайгирони Ҷомист, муаррифӣ менамоянд ва мепазиранд. Мисол:

пешина
аз 86
навбатӣ