Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Задам умре аз бемисолон масал,
Сурудам ба васфи ғизолон ғазал…
Ба қасди қасоид шудам тезгом,
Баромад ба назми муаммом ном.
Зи бечорагиҳо дар ин чорсӯй
Ба назми рубоӣ шудам чораҷӯй.
Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ,
Диҳам маснавиро либоси навӣ.11
Ҷомӣ
Нагӯӣ, ҳаме дар фани маснавӣ
Суханро диҳам зинати хусравӣ.
Ба ҳар шева, к-аз назм кардам алам,
Ситонам зи дасти Уторид қалам…
Диҳам дар қасоид бад-он сон нидо,
Ки Хоқонӣ он ҷо кунад ҷон фидо…
Тариқи ғазалро бидонад, ки чист?
Кадом аст Хусрав, Ҳасан низ кист?12
Ҳотифӣ
Ҳар ду айёми зиндагиашон шӯҳрат ёфтаанд. Ҳар ду нисбат ба шоирони маддоҳу томеъ, лаффозу дурӯғбоф, ки «ҳирро аз бир» намедонистанд, аммо мардумро гӯл мезаданд, нафрат доранд ва эшонро маҳкум кардаанд:
Шеър дар нафси худ бад нест,
Пеши аҳли дил ин сухан рад нест…
Нолаи ман зи хиссати шуракост,
Тан чу нолам зи шарри эшон кост…
Кист шоир кунун? Яке мудбир,
Ки надонад зи ҷаҳл ҳир аз бир.
Ҳиммати ӯ хасису табъи лаим,
Ҳама офоқро ҳарифу надим.
Рӯзу шаб кӯ ба кӯю ҷой ба ҷой
Медавад чун сагони сӯхтапой.
То куҷо бӯ барад, ки як-ду-се кас
Гашта ҷамъ аз сари ҳавову ҳавас…
Афканад хешро ба макру дурӯғ
Пеши он ҷамъ чун магас дар дӯғ…
Жож хояд, зарофат ангорад,
Ҳарза гӯяд, латифа пиндорад.
Баски ояд аз он гурӯҳи дурушт
Силияш бар қафову бар рӯ мушт…
Гашта з-ин гуна хиссату ибром
Шеър мазмум, шоирон бадном…
Ҳар ки маҳзул, хосираш хонанд,
Хуштар ояд, ки шоираш хонанд.
Лафзи шоир, агарчи мухтасар аст,
Ҷомеи сад ҳазор шайну шар аст…13
Ҷомӣ
Ман, ки аз фазли Эзади бе чун
Нукта рондам зи «Лайлию Маҷнун»…
Гуфтам он гаҳ ҳикояти дерин
Ҳама дар васфи «Хусраву Ширин»…
Доштам аз фалак ҳазорон дард,
Будам аз кори хештан дилсард.
Шуда қавме ба хуни ман ташна,
Тез карда ба куштанам дашна…
Пеши он қавм беш дошт ҳисоб
Байзаи мокиён зи дурри хушоб.
Наздашон буд мурғи мушкинбол
Хуштар аз тӯтии хуҷастамақол.
Шерашон баҳри туъма дар такутоз,
Гурба бар хонашон ба неъмату ноз.
Буд бечорае дар он айём
Туҳмати назм кардааш бадном.
Ӯ аз он кор бегуноҳ басе,
Буд аз ӯ то ба назм роҳ басе.
Он чунон буд пои азмаш ланг,
Ки ба даҳ рӯз рафт нуҳ фарсанг.
Майли рафтору қуввати по не,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор