Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Пои рафтор балки асло не.
Даъвияш он, ки ӯ зи Ҷомӣ беҳ,
Сад раҳ аз Хусраву Низомӣ беҳ…
Дод аз ин ҷоҳилони беинсоф,
Ки надонанд ғайри лофу газоф…14
Ҳотифӣ
Маълум аст, ки Ҷомӣ на фақат ба кори эҷодӣ, хондани китоб сахт ҳарису шавқманд буд ва пайваста меҳнати фикрӣ мекард, балки аз меҳнати ҷисмонӣ низ рӯ наметофт. Онҳое, ки дар бораи ӯ рисолаву китоб навиштаанд, хабар медиҳанд, ки Ҷомӣ ҳангоми фориғ аз кори эҷодӣ пайваста ба меҳнати ҷисмонӣ, ба вижа ба нигоҳубини боғ, иштиғол меварзид. Воқеан, ӯ махсус ба дарборе нарафта буд ва дар гӯшаи қаноату инзиво ба сар мебурд ва марде олиҳиммат, саховатманд буда, хусусан ба фуқаро ёрии худро дареғ намедоштааст. Ҳотифӣ низ аз ҳамин гуна сифот бархурдор буд. Забеҳуллоҳ Сафо гӯяд: «Ҳотифӣ бештар авқоти худро ба корҳои кишоварзӣ ва эҷоди боғҳои мева мегузаронид ва ба дарбори шоҳону мадҳи онон барои касби рӯзӣ таваҷҷӯҳе надошт. Дар тариқат пайрави машоихи тариқи силсилаи кубровия буд ва канори боғи худ хонақоҳе сохта ва дар он ба ибодат ва муроқибати нафс пардохт».15
Сухани ҳар ду якдасту дуруст ва содаву равон ва холӣ аз айбҳои лафзиву маънавӣ мебошад. Чунончи, донишмандон дар бораи каломи Ҳотифӣ гуфтаанд: «Суханаш якдасту холӣ аз айбҳои лафзӣ ва ба рӯи ҳам пазируфтанӣ ва мақрун ба завқ аст…, «дар маснавӣ гӯйи мусобақат аз амсолу ақрон рабуда».16 Ба эҷодиёти ҳар ду аҳли китоб ва тазкира баҳои баланд додаанд. Ҳар ду аз ҳиммати воло бархурдор будаанд ва маҳз барои чизе, инъоме ба даст овардан мадҳи касе накардаанд, баръакс амирону ҳокимонро ҳамвора панд додаанд, то ба мардум адлу инсоф намоянд:
Ҷомӣ:
Ман он наям, ки забонро ба ҳарза олоям,
Ба мадҳу замми хасон нуки хома фарсоям.17
Ҳотифӣ:
Ба кас аҷзе нагуфтам чун забунон,
Нагаштам гирди ҳар дар ҳамчу дунон.18
Ҷомӣ на танҳо дар кори эҷодӣ Ҳотифиро раҳнамоӣ мекард, балки дар парвариш ва ташаккули шахсияти инсонию ахлоқии ӯ низ саҳм мегирифт. Ба ҳарфи дигар, Ҳотифӣ бисёре аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва ахлоқи волоро аз вай омӯхтаву ба мерос гирифтаву кор бастааст. Ӯ ҳам дар сухан, ҳам дар амал ва ҳам дар ахлоқу одоб пайрави шоистаи Ҷомӣ буд ва Ҷомӣ дар ин роҳ тарбиятгару дастурдиҳандаи бемузду миннат барояш маҳсуб меёфт. Тавре ки худ дар ин бора дар маснавии «Ширин ва Хусрав» мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор