Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

БОБИ ЯКУМ

РӮДАКӢ ВА ҶОМӢ

Ба ибрат зи пешиниён ёд кун,
Дил аз ёди пешиниён шод кун!
Ҷомӣ

Баъди суқути давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани давлатҳои ғайримиллии Ғазнавиён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Манғитиён ва ғайра ва рӯҳи мазҳабию ирфонӣ гирифтани ҷомеа шоирони миллии мо мавриди фишору бемеҳрӣ қарор мегиранд. Хусусан, баъди ҳуҷуми муғул нуфузи осори шоирони миллии мо дар арсаи зиндагӣ хеле кам мегардад ва рӯ ба коҳиш меорад. Ҳамин рӯҳи мазҳабию ирфонӣ дар ҷомеа боис мешавад, ки осори шоирони миллии мо аз барномаҳои мактабу мадорис берун андохта шаванд. Ин ҳол то асри гузашта идома меёбад. Танҳо баъди ғалабаи Инқилоби Октябр (1917) ва Бухоро (1920) шоирони миллии мо имкони ба барномаи таълиму омӯзиш ворид шуданро пайдо менамоянд. Аммо дар асри XV, асре, ки Ҷомӣ дар он мезист ва эҷод мекард ва мо дар борааш сухан гуфтан мехоҳем, осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Фахруддини Гургонӣ, Адиб Собир ва ғайра омӯхтаву тарғибу ташвиқ намешуд, зеро, тавре ки гуфтем, рӯҳи миллӣ ба заъф гароида, рӯҳи мазҳабию ирфонию тасаввуфӣ ҷойгузини он гардида буд. Хусусан, адабиёт бештар дар қаламрави шариату тариқату ҳақиқат ҳаракат мекард ва дар мактабу мадрасаҳо бештар осори шоирони мазҳабӣ ва сӯфиву ориф омӯхта мешуданд. Хусусан, баъди ҳуҷуми Ғазолӣ ва пайравони афкори ӯ бар зидди аҳли илму адаб, аз ҷумла Ибни Синову Закариёи Розию Фахри Розӣ, илму ҳикмати Юнон ва равшанфикрон, бештари аҳли қалам ба таҳқири илму дониш, фалсафаву ҳикмат ва намояндагони он мепардозанд ва рӯирост аз илму ақлгароӣ ҷилавгирӣ менамоянд. Аз ин хотир, агар то давраи муғул шоирони миллии мо, аз ҷумла Рӯдакӣ, дар осори шоирон номбар шуда, шеъраш мавриди тақлиду пайравию тазмини гӯяндагон қарор гирифта бошад, пас аз ҳуҷуми онҳо ба номи ин шоир ба нудрат дар осори шоирон рӯ ба рӯ мешавем. Танҳо дар тазкираву ҷунгҳо ба исми ин шоир дучор мешавем, ки ин бори дигар аз боло рафтани рӯҳи мазҳабию ирфонӣ дар ҷомеа дарак медиҳад. Ба сухани дигар, агар Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Адиб Собир, Хоқонӣ ва дигарон, ки то давраи муғул зистаанд, дар осори хеш мустақиман аз Рӯдакӣ ном бурдаву ашъорашро мавриди татаббӯву тазмин қарор дода бошанд, минбаъд, яъне дар асрҳои XIII, XIV, Рӯдакӣ дар осори шоирон қариб, ки ёд намешавад, балки, тавре ки гуфтем, фақат дар тазкираву фарҳангҳо ному осори шоир оварда мешаваду бас. Баръакси ин, пайравӣ ба осори шоирону нависандагони ғайримиллию ғайримасъул ва суфиву ориф авҷ мегирад ва адибон тез-тез дар ашъорашон номи онҳоро зикр менамоянд. Аммо дар асри XV, асре ки Ҷомӣ зиндагию эҷод кардааст, ин гуна рӯҳия, яъне рӯҳияи мазҳабию орифонаву суфиёна дар ҷомеа, боз ҳам боло мегирад. Бинобар ин, мо дар осори адибони ин аср низ ба номи Рӯдакӣ хеле кам рӯ ба рӯ мешавем. Осораш низ нуфузи чандоне надорад, аз девонаш низ дараке нест, зеро зоҳиран дар замони ҳуҷуми муғул ва ҳатто шояд пеш аз он аз байн рафтааст. Аз ин хотир, осораш нуфузи асрҳои пешинро (X, XI, XII-ро) надорад. Аз ӯ бештар дар тазкира ва китобҳои луғату адабиётшиносию таърих, аз ҷумла дар «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ ёд мешавад. Инак, маълумоти дар равзаи ҳафтум овардаи Ҷомиро аз «Баҳористон», ки дар бораи Рӯдакӣ додааст, ба хониш мегирем: «Вай аз Мовароуннаҳр аст ва аз модар нобино зодааст. Аммо чунон закию тезфаҳм будааст, ки дар ҳаштсолагӣ Қуръонро ба тамом ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт. Ва ба воситаи ҳусни савт дар мутрибӣ афтоду ӯд биёмӯхту дар он моҳир шуд. Ва Наср бинни Аҳмади Сомонӣ ӯро тарбият кард. Гӯянд, ки ӯро дувист ғулом буд ва чаҳорсад шутур дар зери рахту бори ӯ мерафт ва баъд аз вай ҳеҷ шоирро ин макнат набуда. Ва ашъори вай, ал-ӯҳдату ала-р-ровӣ сад дафтар баромадааст. Ва дар «Шарҳи Яминӣ» мазкур аст, ки ашъори вай ҳазор ҳазору сесад байт будааст ва аз суханони вай аст дар сифати шароб:

пешина
аз 86
навбатӣ