Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Он ақиқӣ мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт.
Ҳар ду як ҷавҳаранд, лек ба табъ
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак андар тохт.
Ва дар насиҳат гӯяд:
Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чун накӯ бингарӣ, ҳама панд аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махӯр зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Ва дар баъзе таворих чунин мазкур аст, ки Наср бинни Аҳмад аз Бухоро омад ва ба Марви Шоҳҷон нузул фармуда буд ва муддати макси вай он ҷо мутамодӣ шуд. Аркони давлатро хотири Бухорову қусур ва басотини он мекашид. Аз Рӯдакӣ чизи бисёре тақаббул карданд, то байте чанд мушаввиқу мурағғиби вай ба Бухоро бигӯяд ва дар маҳалле муносиб бар оҳанги ӯд бар он тараннум кунад. Ва дар саҳарӣ, ки подшоҳ сабӯҳӣ карда буд, ин абётро бар оҳанги ӯд соз карду бихонд. Қитъа:
Боди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Бӯи ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштиҳои ӯ
Зери по чун парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳуну шигарфҳои ӯ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Шоҳ наздат меҳмон ояд ҳаме.
Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Шоҳ сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме.
Чунон дар нафси вай таъсир кард, ки бо шиққаи хосу кашф савор шуд ва як манзил бирафт. Ва дар баъзе таворих ин ҳикоятро ба султон Санҷару амир Муиззӣ нисбат кардаанд. Валлоҳу таоло аълам».1
Тавре ки мебинем, Ҷомӣ дар бораи аз Мовароуннаҳр будани Рӯдакӣ, ҳадди фазлу заковат, бархурдорӣ аз мусиқӣ, ҳофизи қуръонхону ӯднавози моҳир ва қарини Наср бинни Аҳмади Сомонӣ (914-943) будан, ғулому амволи зиёд доштан, сарватмандӣ, инъоми зиёд гирифтан, ашъори зиёд доштан ва кӯри модарзод будани ӯ сареҳан хабар медиҳад. Албатта, ӯ дар овардани ин маълумот ба манбаъҳои пешин, аз ҷумла осори Дақиқӣ, Носири Хусрав, Абӯзироаи Гургонӣ, тазкираи Авфӣ ва ғайра, такя менамояд. Мо ин гуна маълумотро бо андак тағйире дар тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ ва тазкираи Алишери Навоӣ, ки аз рӯи тасаввуроти роиҷ дар асри XV эҷод шудаанд, низ мебинем. Аммо Ҷомӣ доир ба Рӯдакӣ на фақат дар фасли ҳафтуми «Баҳористон», балки дар осори дигараш, аз ҷумла «Силсилат-уз-заҳаб», дар фасли «Ишорат ба баъзе шуарои мутақаддим…» низ маълумот медиҳад. Ӯ дар ин асари худ, ки як навъ маълумоти дар «Баҳористон» додаи худро тақвият мебахшад, тавассути осори шоирон, аз ҷумла Рӯдакӣ ҷовидонагӣ ёфтани номи подшоҳону дудмонҳои давлатӣ, ба вижа Сомониёнро дар сафҳаи зиндагӣ таъкид ва таъйид менамояд. Чунончи, ӯ мегӯяд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор