Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа
Ҳаббазо, шоирони мидҳатсанҷ,
Бурда дар мадҳи шаҳриёрон ранҷ.
Номи эшон зи ҷунбиши ақлом
Сабт карда ба дафтари айём.
Гар намондаст чашмашон зинда,
Номашон зиндаест поянда.
Рӯдакӣ, он ки дур ҳамесуфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳамегуфтӣ.
Чун ба он қавм ҳамсафар мерафт,
На ба оини мухтасар мерафт.
Силаи назмҳои ҳамчу дураш
Буд дар бори чорсад шутураш.
Чун шутур з-ин работ берун ронд,
Бар замин ғайри шеър ҳеҷ намонд.
Номи ӯро, ки мебаранд имрӯз,
Ҳаст аз он шеъри анҷуманафрӯз.
Ҳамчунин номи оли Сомонро
Неккорону некномонро
Зинда ба назми хеш медорад
В-аз паси парда пеш меорад…2
Мусаллам аст, ки Ҷомӣ на танҳо дорои осори зиёди адабӣ, балки илмию ирфониву тасаввуфию адабиётшиносӣ низ мебошад, осоре мисли «Нафаҳот-ул-унс», «Рисолаи қофия», «Рисолаи мусиқӣ», «Шарҳи рубоиёт» ва ғайра. Ӯ дар ин осораш низ оид ба шуарову удабо, аҳли илму ирфону тасаввуф маълумоти гуногун медиҳад ва аз осорашон намунаҳо нақл менамояд. Масалан, вай дар «Рисолаи арӯз» дар бораи ченакҳои воҳиди шеърӣ, таърифи каломи мавзуну зиҳоф ва аҳамияти баҳру вазнҳо ва доираҳои онҳо маълумоти сода, аммо хеле муҳим медиҳад ва ҳамзамон, аз эҷодиёти шоирон, аз ҷумла Рӯдакӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофизу Камол, ки аз аркони муҳими шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб меёбанд, мисолҳо меорад. Чунончи, ӯ ҳангоми зикри баҳри мутадорик ду байти Рӯдакиро (бо зикри номаш) аз як ғазали ӯ дар вазни мақбузи аслам меорад ва бо санъати саҷъ оро додани онро гӯшрас менамояд ва мегӯяд: «Ва Рӯдакӣ бар вазни мақбузи аслам ғазале гуфтааст ва дар он саҷъ нигоҳ доштааст ва ин ду байт аз он аст:
Гули баҳорӣ, бути таторӣ,
Набид дорӣ, чаро наёрӣ?
Фаӯлу фаълун фаӯлу фаълун
Набиди равшан чу абри баҳман
Ба тарфи гулшан чаро наборӣ?».3
Ҷомӣ дар бахши «Баҳри хафифи махбун» низ мисоле аз Рӯдакӣ меорад ва менависад: «Рӯдакӣ бар мусаммани ин баҳр ғазале гуфтааст ва матлааш ин аст:
Гар кунад ёрие маро ба ғами ишқ он санам,
Фоилотун мафоилун фаилотун мафоилун
Битавонад зидуд з-ин дили ғамхора занги ғам.
Фаилотун мафоилун фаилотун мафоилун».4
Мо медонем, ки Ҷомӣ, пеш аз ҳама, бо ғазалу маснавӣ ва «Баҳористон»-аш иштиҳор дорад. Агарчи Рӯдакӣ низ дар сурудани ғазалу маснавӣ шӯҳрат дорад, аммо аз онҳо хеле кам боқӣ мондааст. Аз ин хотир, пайравӣ ба ғазалҳои Рӯдакӣ дар осори Ҷомӣ нисбат ба ғазалсароёни сутург хеле маҳдуд ва камранг аст. Аммо, ба ҳар ҳол, дар байни анбӯҳи ғазалиёти Ҷомӣ ба ғазалҳое дучор мешавем, ки шоир онҳоро бо ҳамон шаклу вазну қофияи ғазалҳои ба номи Рӯдакӣ бозмонда сурудааст. Аз ҷумла ғазалҳои зерро:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор