Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, ҷомигароии устод бо ин мақолаи пурарзиши ӯ, ки ба таҷлили 550-солагии Ҷомӣ ихтисос мегирад, хотима намеёбад, балки дар мавридҳои мухталиф, бо шаклҳои гуногун, идома мекунад. Бад-ин маънӣ, мо ба зикру ёдкардҳои зиёде аз Ҷомӣ дар мақолаҳои «Андешаҳо дар бораи лирикаи гражданӣ», «Дар хизмати халқу Ватан», «Таъсири файзбахши адабиёти рус ба адабиёти советии тоҷик» ва ғайра рӯ ба рӯ мешавем, ки аз мақоми шомиху волои шоир дар зеҳну андешаи устод Турсунзода дарак медиҳанд. Масалан, вай дар мақолаи «Салом, сарзамини муқаддаси рус» дар бораи душвории назм, ки анъанаи дурахшони классикӣ дорад, сухан ронда, бад-ин маънӣ нақли аҷибу омӯзандае менамояд, ки ба хониш гирифтани он дар анҷоми калом гуфтаҳои моро дар мавриди ҷомигароии ӯ ба хубӣ тасдиқ менамоянд: «Дар хусуси назм бошад, ҳарчанд ин ҳайратовар бошад ҳам, лекин бояд эътироф намуд, ки мавҷуд будани анъанаи олиҷаноби гузаштагони бузург шароити шоирони моро назар ба насрнависон душвор мегардонад. Ёд дорам, боре як шоири навқалам дар деҳаи кӯҳие ба мардум шеърҳои худро хонда дод. Нохост пирамарди ҳафтодсолае аз байни издиҳом хеста, бо сӯзу ҷӯши дил ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҷомиро хонду таъкидан ба шоири ҷавони даступохӯрда чунин гуфт: «Шоир бошед, ана ин хел нависед, писарам!».27

ПАЙНАВИШТҲО:

  1. Мирзо Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 3, Душанбе, Ирфон, 1979, с. 98-99.
  2. Ю. Бобоев. Доир ба масъалаи анъана ва навоварӣ.-Ҳаёт ва адабиёт. Сталинобод, 1958, с. 59-60
  3. Ҳамон ҷо, с. 67-68.
  4. Хуршеда Отахонова. Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик. Душанбе, Дониш, 1983, с. 73.
  5. Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 8, Душанбе, Ирфон, 1981, с. 289.
  6. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 77.
  7. Садриддин Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 8, Душанбе, 1981, с. 293.
  8. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1986, с. 444.
  9. Абдураҳмони Ҷомӣ. Осор, ҷ. 4, Душанбе, Адиб, 1988, с. 108.
  10. Мирзо Турсунзода. Шеърҳо, ҷ. 1, Душанбе, Ирфон, 1981, с. 162.
  11. Ҷомӣ. Панду ҳикматҳо. Душанбе, Ирфон,,1989, с. 10.
  12. Мирзо Турсунзода. Шеърҳо, ҷ. 1, с. 146.
  13. Ҷомӣ. Панду ҳикматҳо, с. 26-27.
  14. Мирзо Турсунзода. Шеърҳо, ҷ, 1, с. 77.
  15. Ҷомӣ. Панду ҳикматҳо, с. 118-119.
  16. Мирзо Турсунзода. Шеърҳо, ҷ. 2, Душанбе, Ирфон, 1981, с. 260.
  17. Ҷомӣ. Панду ҳикматҳо, с. 136.
  18. Мирзо Турсунзода. Шеърҳо, ҷ1, с. 142.
  19. Ҷомӣ. Панду ҳикматҳо, с. 41.
  20. Мирзо Турсунзода. Шеърҳо, ҷ. 2, с. 287.
  21. Мирзо Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 3, с. 55-56.
  22. Ҳамон ҷо, с. 56.
  23. Ҳамон ҷо, ҳамон с.
  24. Ҳамон ҷо, с. 58.
  25. Ҳамон ҷо, с. 57.
  26. Ҳамон ҷо, с. 58-59.
  27. Мирзо Турсунзода. Куллиёт, ҷ. 4, Душанбе, Ирфон, 1985, с. 116.
пешина
аз 86