Зеҳн
Ҷомӣ – шоири таъсирпазир ва таъсиргузор

Дар рисола роҷеъ ба таъсирпазирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз адибони пешин (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳасани Деҳлавӣ) ва таъсиргузориаш ба гӯяндагони пасин (Фиғонӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Ҳилолӣ, Иқбол, Айнӣ, Турсунзода) изҳори назар шудааст. Китоб барои олимон, донишҷӯён ва оммаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 16 ноябри 2026 · 86 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Зулми шоҳон зи ҳад гузашт имрӯз,
Ҳаст бар мо ҳазор шукр ҳанӯз,
Ки не дар хӯша, балки дар хирман
Гандуми мо намешавад арзан».22

Воқеан, намунаҳое, ки ӯ аз «Тӯҳфат-ул-аҳрор», «Лайлию Маҷнун» ва дигар осори ӯ меорад ва баррасӣ менамояд, бо сароҳат нишон медиҳад, ки вай ба осори Ҷомӣ, ба вижа «Ҳафт авранг»-и ӯ ошноии зиёд доштааст:

Наёбад ҳеҷ кас умри дубора,
Ба илме рав, к-азонат нест чора.
Чу касби илм кардӣ, дар амал кӯш,
Ки илми беамал заҳрест бе нӯш.
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.23


Ёре, ки кунад ба ёр пайванд,
Нахли амалаш шавад барӯманд.
Ёр аст калиди ганҷи уммед,
Ёр аст навиди айши ҷовид.
Хосса, ки ба боғи ошноӣ,
Бар шохи вафо бувад Навоӣ…24

Устод Турсунзода дар бораи дӯстии Ҷомию Навоӣ сухан ронда, ин ду суханварро ба ду уқоби баландпарвоз, ки яке ба форсии тоҷикӣ, дигаре ба туркӣ доди суханро додаанд, монанд менамояд ва мегӯяд: «Дар асри XV Ҳирот ба маркази илму маданият ва санъату адабиёти ҳамон замон табдил ёфта буд. Дар он ҷо олимон ва файласуфон, адибон ва наққошони шаҳир зиндагӣ ба сар мебурданд, лекин дар миёни онҳо ду симои бузург, ду адиби ба ҳамаи забонҳо матлуб, шоири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ ва шоири форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ шукӯҳи машриқи куҳанро меафзуданд. Ин ду суханвар, ду уқоби баландпарвоз, яке ба забони туркии қадимӣ ва дигаре ба забони форсӣ доди суханро медоданд, китоб-китоб достону ғазал ва фалсафаву ахлоқ менавиштанд. «Хамса»-и Навоӣ ва «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ монанди дурдонаҳои камёфт ба хазинаи маданияти ҷаҳонӣ дохил шудаанд. Навоӣ ва Ҷомӣ, бо ҳамдигар, чунонки тоҷикон мегӯянд, дӯстони нонӣ не, балки дӯстони ҷонӣ гардидаанд. Онҳоро назм ба ҳамдигар маҳкам пайваст, фикру ақидаи ягона, чи дар назария ва чи дар бардошти обрӯю эътибори назм, чи дар инкишофи илму маданият яктан ва якҷоя намуд».25 Ҳамзамон, устод Турсунзода дар мақолааш ба мақоми ҷаҳонии Ҷомӣ низ таъкид намуда, аз ғояи баланду пешқадамонаи осори ӯ ва тарҷумаю нашри онҳо дар ҷаҳон бо ифтихори саршор ва қаноатмандии бешумор мефармоянд: «Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҳамин ақида ва ғояҳои пешқадамонаи худ ба асри нави мо дохил шуд ва дар қатори симоҳои бузургтарини тамаддун ва адабиёти ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро ишғол намуд. Асарҳои Ҷомӣ пас аз панҷ қарн имрӯз на танҳо ба забони модарии ӯ, балки ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон интишор ёфтаанд ва башарияти тараққипарвар ёд ва эҳтироми ин машъали тобони назм ва сарояндаи дӯстӣ ва бародариро пос медорад».26

пешина
аз 86
навбатӣ