«Гулбонги Истиқлол»

Маҷмўаи дастҷамъӣ буда, шеърҳои дар ситоиши Ватан, Истиқлол, Сулҳ, ваҳдат ва дўстӣ бахшидаи шоирони муосири тоҷикро фаро гирифтааст.
Валиев Султон · 27 ноябри 2024 · 63 саҳифа
Ато Мирхоҷаи НЕРЎ
ИН ТУӢ САНГИ САБУРИ ДАҲР
Тоҷикистон!
Танга-танга киштзорони заринат як ба як музди ҳалоли волидони мост.
Говсандуқи куҳистони баринат бонки рушди ҷовидони мост.
Тоҷикистон!
Эй падар, эй марди нуронӣ! марди ботақво, марди хушсуҳбат, марди шоъиртабъ, марди пурфарзанд, марди меҳмондўст, марди заҳматкаш, марди қуръонӣ!
Тоҷикистон!
Модарам, эй модари ширин!
Дар ду чашмат рўҳ, дар ду дастат ҷон,
Дар ду гўшат ишқ, дар рухат ҷаннат, дар дилат покӣ, дар лабат омин.
Тоҷикистон!
Ман зи тақдири ту донистам: некиву инсоф коре бас гарон аст, порсо будан дар ин дунё на осон аст.
Ҳар ки дорад некиву инсоф, дар ҷаҳони ҷангалу гургӣ дар шумори гўсфандон аст.
Сарпаноҳи охиринаш сангзорони куҳистон аст.
Тоҷикистон!
Сарзамини ҷабрҳо аз сабр, сарзамини сабрҳо аз ҷабр, ҷабри сангин кўҳ шуд, гаштӣ ту кўҳистон, сабри сангин кўҳ шуд, гаштӣ ту кўҳистон.
Ин туӣ балъида дар худ шарру шўри даҳр, ин туӣ санги сабури даҳр…
Тоҷикистон!
То кунун кўҳат ба кўҳат мерасид, аммо одамат бар одамат кай мерасид осон?
Чун расид одам ба одам, одамӣ шуд кўҳ, чун расид одам ба одам, кўҳ шуд талқон!
Тоҷикистон!
Баъд аз ин аз пушти ҳар санги куҳистон дар шумори чашмаҳоят ҷўш зан!
Бархез!
Дар шумори некиву инсофи худ бар рўйи дунё рез!
Дар шумори ахтарони шеъру фарҳангат ба фарҳанги ҷаҳон омез!
ХОКИ ДУШАНБЕ
Модарам вақте ки меҳмони ман омад аз Бадахшон,
Меҳрубоние, ки дид андар Душанбе,
Меҳрубоние чу лутфи
Боғҳои атрогину
Хиёбонҳои пургул,
Кард мафтунаш,
Хоки зархези Душанбе
Бо чинори паҳлавону
Санҷиди рақсону
Сарви нознозону
Булути пуртавону
Арчаи пахмоқкокул
Кард афсунаш.
Модари афсурдаам аз меҳнати қишлоқ,
Ё ки аз дурии фарзандони ширинаш,
Дар Душанбе ҷони нав бигрифт.
Гуфт рўзе бо забони шаккаринаш:
«Чўби хушке ҳам дар ин хоки Душанбе сабз мегардад».
Қиблагоҳиам замоне монд бедандон,
Нони пайдокарда бо ранҷи алими хешро хўрдан наметонист.
То ки хояд луқмаашро дар дами пирии худ осон,
Ў Душанбе омаду дандонҳои мисли дур биншод.
Баъд аз ин ҳар луқмааш оши танаш гардид.
Қиблагоҳи пири ман гўё зи нав сабзид.
Шукри Яздонро баҷо оварду қад ёзонд.
Гуфто:
«Чўби хушке ҳам дар ин хоки Душанбе сабз мегардад».
Як бародар дорам, ў шахси китоб аст,
Мехонад, мехонад, мехонад…
Ғайри илми касби худ омўхта бас илм,
Медонад, медонад, медонад…
Чанд сол, аммо китоби нав ба қишлоқаш намеояд,
З-ин сабаб ўро аҷаб ҳоли харобе аст.
Шуд бемор.
То ки дардашро даво ёбад,
Пизишкони Душанберо ба ёрӣ хонд,
Лек ташхиси пизишкон буд беҳуда,
Сирри дардашро касе нашкофт
Чўби хушке гашта буд аз дард.
Боре, аммо
Чун гузораш бар дукони марказии пуркитоби пойтахт афтод,
Аз фаровонии ҳар гуна китоби тоза ҳайрон монд.
Ҳар китоби нав барои ў ту гўӣ нўшдору буд,
Дарди ў гум шуд.
Ҳамчу шохи гул шукуфту гуфт:
«Чўби хушке ҳам дар ин хоки Душанбе сабз мегардад».
Қаҳрамони миллати тоҷик
Шириншоҳи Шотемур
Бо амри Сталин омад аз Маскав Душанбе,
Пойтахти тоҷиконро то бисозад андар ин деҳ.
(Чун Бухоро рафта буд аз даст).
Ин уқоби ориёӣ
Ончунон ки хонаи худро таконад рўзи Наврўз,
Ў Душанберо таконд, орову торо дод.
Ҳамчунон наврўзгоҳаш баст озин.
Чун ба ин наврўзгаҳ бо ғунчаи уммед по бинҳод,
Гуфто: «Дар Бухоро гар дарахти сабзи ман хушкид,
Боке нест,
Чўби хушке ҳам дар ин хоки Душанбе сабз мегардад».
Қаҳрамони миллати ман,
Он, ки шуд аз хомаи ў миллатам барно,
Он, ки фарҳангам шуда аз ақли ў барпо,
Он, ки гардид аз дуъояш дини ман эҳё,
Яъне, шоъири исонафас Айнии рўйинтан,
Такя дигар чун ба девори Бухорояш наёрист ў,
Дар Самарқанди азизаш
Бо забони мисли қандаш чун напоист ў,
Бо яди Мўсоии худ бар асояш такя карда,
Раҳсипори пойтахти нав–Душанбе шуд.
В-ин асояш низ сеҳре дошт монанди асои Мўсии Имрон.
Тоҷиконро маҳди бахти нав Душанбе шуд.
Бо асояш сабз шуд пойи қаламгардидаи тоҷик.
Бо асояш хуни мо сабзиду аз нав кард туғён!
Сабз шуд пас ҳам асои қомати хамгаштаи Айнӣ,
Ҳам асои қомати хамгаштаи тоҷик шукуфон гашт.
Оре, оре,
Ҳар дақиқа решаи поки Душанбе сабз мегардад,
Чўби хушке ҳам дар ин хоки Душанбе сабз мегардад!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё