Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.
Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа
Хонаамонро ройгон супурдӣ… Уболаки ман… Панҷоҳ сол боз ҳеҷ аз ҷанг баргашта наметавонӣ...
ЛЕОНОВ. Барои чӣ-а? Барои чӣ? Наход тамоми умри ман ба як гўшаяки орому осуда наарзад, наход он ҳама заҳматҳо ҳамбаҳои як пора хилватгоҳе набошад, ки истиқболгоҳи пириву марги ман бигардад? Барои чӣ маро ба кадом як Қабристонҷо меронанд?
МАРИЯ. Шояд ҳоло ҳам ягон илоҷ ёфтан мумкин бошад? Ба газета нависем-чӣ?
ЛЕОНОВ. Менависӣ, мехонӣ, дод мегўӣ, фарёд мекунӣ - фоида надорад. Аллакай пулро гирифтаанд. Натанҳо гирифтаанд, сарф ҳам кардаанд… Барои мо, пиракиҳо, доруворӣ харидаанд… Аз худашон харидаанд, то он захмҳоеро, ки як вақтҳо эшон ба тану ҷони мо дода буданд, даво кунанд… Доруи хориҷӣ гирифтанду Хонаи
Қаҳрамононро доданд… Чист ин? Хоби мудҳише… Хазёни ноқисулақле… (Мекалавад.)
МАРИЯ. Оҳиста, оҳиста… Ором шав… Як дору бихўр… Худоё, куҷост доруҳо? Данка! Очаатро ҷеғ зан! Бишин, биё, борониатро барорам…
ДАНКА. (Овозаш аз пушти дар.) Оча! Оча! Духтур ҷеғ зан!
Бобом касал шуд! Шушаш шамол хўрдааст!
МАРИЯ. Ана, аҳмақча! (Дору медиҳад.) Фурў бар… ҷангараи пир.
ЛЕОНОВ. Лозим не, беҳтар шудам…
МАРИЯ. Нашунидӣ-чӣ! Ана, ҳамин хел! Худоё! Кош ягон кас медонист, ки чӣ азобҳо кашидаам аз дасти ту…
ЛЕОНОВ. Партофтан даркор буд…
МАРИЯ. Як умр ният мекардам, ки партоямат.
ЛЕОНОВ. Ҳоло ҳам дер нашудааст.
МАРИЯ. Девона.
ЛЕОНОВ. Кӣ?
МАРИЯ. Пушкин.
ЛЕОНОВ. Худатӣ девона. Бо аҳмақе чун ман танҳо девона зиста метавонад. (Фосила.) Медонӣ, Маша, гўё ҳама дунё ба ман хашм гирифтааст. Ҳамин ҳозир дар троллейбус меомадам, пеш аз ман ду мундуқак меистоданд. Дар назди кинотеатр пурсидам, ки «Дар
«Ватан» мефуроед?» Кинотеатри «Ватан»-ро дар назар доштам.
Якеаш баргашта зеридандонӣ ҳақорат кард, дигараш писханд зад:
«Канӣ Ватан? Ватанат тамом шуд!»
София давида меояд. Дар ҳаяҷон аст.
СОФИЯ. Чӣ шуд? Чӣ шуд?..
МАРИЯ. Ҳеҷ чиз не… Дили падарат каме фишурд…
СОФИЯ. Ҳозир духтур ҷеғ мезанам. (Телефон мебарорад.)
ЛЕОНОВ. Лозим не, хуб шуд ҳолам.
СОФИЯ. Оча!..
МАРИЯ. Лозим не. Гузашт…
СОФИЯ. Заҳракафам кард Данкаи аҳмақ. «Бобом мурд, мегўяд, бобом мурд!» (Фосила.) Дору мехурад?
МАРИЯ. Тамом шуданд доруҳояш.
СОФИЯ. Чӣ хел тамом шуданд? Барои се моҳ оварда будам-ку! Аз меъёр зиёд хурдӣ? Оча! Гуфтам, ки қатъиян ҳар рўз седонагӣ хўрад. Седонагӣ! Аз зиёдаш мурдан мумкин.
МАРИЯ. Ором шав, зиёд нахўрдааст, ҳамаашро ба ҷўраҳояш тақсим кард.
СОФИЯ. Чӣ хел… тақсим кард? Ба кӣ?
МАРИЯ. Ба инаш… ба вайаш… яктагӣ… сетаӣ, панҷтаӣ…
Дар ин ҷо ҳама дилкасал…
София механдад.
СОФИЯ. Тақсим кардӣ?
ЛЕОНОВ. Тақсим кардам. Дили ҳама дардманд. Ҳама эҳтиёҷ доранд.
СОФИЯ. Эҳ, нинича… Содаяк…
МАРИЯ. Сония!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё