Зеҳн
Драмаи «Говгум»

Алексей Дударев яке аз драмнависони машҳури шўравӣ ва имрўз аст, ки тавассути дарку баёни дилраси мавзўъҳои мубрами замон маҳбуби хонандагони китобу бинандагони театр шудааст. Асарҳои ўро бисёр театрҳои ҷаҳон рўи саҳна овардаанд. Аз ҷумла, ду пйесааш дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобин шудааст.

Китобдор · 28 ноябри 2024 · 9 саҳифа

Фарҳанг

Драмаи «Говгум»-ро коргардони маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Мирзоватан Миров ба муносибати 50-солагии Ғалаба бар фашизм дар Театри академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҳия карда буд. Дар он ансамбли камназири актёрон – Ато Муҳаммадҷонов (Леонов), Ҳабибулло Абдураззоқов

(Старсев), Марям Исоева (Мария) ва Муҳаббат Сатторова (София) бисёр барҷаставу бемонанд нақш мебозид.

Асар драмаи тезутунди ҳаёту мамоти собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тағйироти шадиду сўзандаи замону одамон, бархурди ногузири наслҳоро бисёр воқеиву муассир тасвир карда, хонандаву тамошобинро перомуни қимати умр, қарзи инсониву шаҳрвандӣ, оини ватандорӣ ва арзишҳои накоҳандаи башарӣ ба андешаи амиқи созанда водор менамояд.

Боз як тирамоҳ омад. Тирамоҳи тирарўю пуррутубат. Боғи тиҳиоғўш дастони шохаҳояшро сўи осмони тира афрохтааст. Баргаке хазон ба шишаи тиреза часпида. Утоқе дар Хонаи Қаҳрамонон. Мебели куҳансохт, ду кат, телевизор. Рўи ҷевонча - иконачае, назди он - шамъаке фурўзон.

Мария ба зону задааст.

МАРИЯ (дастонашро ба сундуқи дил фишурда). Эй пуштибони муқаддас! Илтиҷо дорам аз ту… тарк накун моро… Дар умри пурмушкили худ имон доштем, ки бе Худо низ сазовор метавон зист… ончунон зист, ки ҳама хушрўз бошанд… Ҳар чӣ падарон васият карданд, ба ҷо овардем… Тарк накун моро… Тамоми умр сўи ту баргаштан мехостам, вале мадорам намерасид… Тарк накун моро… Охир, модарӣ ту, модарӣ, ки мебахшӣ беақлиҳои фарзандонатро. Аз ҷону дил илтиҷо мекунам: тарк накун моро…

Касе боадабона ангушт ба дар мезанад. Мария, ба худ омада, иконачаро зери болишт мемонад, шамъро куштаву бо даст дудашро парешида, пинҳон мекунад ва сўи дар меравад.

Ҳозир, ҳозир…

Старсев медарояд.

СТАРСЕВ. Чӣ аз саҳари мардон даратонро бастаед?

МАРИЯ. Хонаро ба тартиб биёрам гуфтам… Гузаред.

СТАРСЕВ. Ҷаноби Леонов куҷост?

МАРИЯ. Субҳидам, байрақашро уту карда, эътирозбаёнкунӣ рафт.

СТАРСЕВ. Ҳазор бор гуфтамаш, ки кори намешуданӣ…

Байрақ чӣ лозим будааст? мекунад мардак.МАРИЯ. Маълум шавад, ки манфиати давлатро пуштибонӣ

СТАРСЕВ. Дигар кор надорад! Сарашро ба сангҳо занад ҳам, мекўчонанд. Ман аллакай лашу лўшамро ғундоштам. Шумо ҳам ғундоред, вагарна шаҳбозҳои ОМОН меғундоранд…

МАРИЯ. Каме сабр мекарданд, намешуд? Чанди дигар мондааст аз умри мо?

СТАРСЕВ. Э-э, нагўед… Агар кафолат медодем, ки баъди ду, хайр ана се моҳ, якдилонаву сарҷамъ роҳи манзилҳои охирини хешро пеш мегирем, шояд… ба ин кори ифлос даст намезаданд…

Вале… раваду дарозумре бошад дар байни мо. Муносиботи байналмилалӣ расво шуд гуфтан гир.

МАРИЯ. Чӣ хел? Кадом муносиботи байналмилалӣ?

СТАРСЕВ. Ин ҷо консулхона мешавад! Фаҳмо? Ғарибхона не, консулхонаи давлати хориҷӣ!

МАРИЯ. Охир, ин Хонаи Қаҳрамонҳост.

СТАРСЕВ. Ғарибхона гўю мон. Қаҳрамонат кай меояд?

МАРИЯ. Намедонам.

СТАРСЕВ. Навакак аз газит хондам, ки имрўз аз ҷиҳати геофизикӣ чандон рўзи хуб нест. Касалиҳое, ки ба боду ҳаво вобастаанд, хурўҷ ме- кунанд. Азбаски ману ў – ҳарду касалем ва касалҳоямон аз боду ҳаво вобаста аст, бояд… бинўшем.

МАРИЯ. Ў наменўшад. Мумкин нест.

СТАРСЕВ. Хайр, нанўшад, резад, ман менўшам. Як пули пўчак нест дар ҷайбам. Эҳ, дунё! Қаҳрамон бошиву як тинат набошад…

Пештар... Эҳ-ҳе-е…

Пагонҳояш – тилоӣ,

Орденҳояш – чун қандил…

Чаро дучораш шудӣ,

Эй духтари содадил…

Бо як сўм… як сўм-а! Нағзакак хўрдану нўшидан мумкин буд.

Арақ - ду сўму ҳаштодуҳафт тин! Сари ҳар қадам буфетчидухтарони хушсимо роҳатро мегирифтанд: «Рафиқ афсар! Рафиқ афсар!»…

Як-ду сўм медодед, Мария, қарз, бармегардондам.

МАРИЯ. (Баъди фосилае). Надорем…

СТАРСЕВ Шумо ҳам надоред?

МАРИЯ. Надорем.

СТАРСЕВ. Имрўз-пагоҳ нафақа. Медиҳам қарзатона.

МАРИЯ. Ин чӣ гап? Наход гумон кунед, ки дорему дилам намешавад диҳам? (Фосила.) Надорем.

СТАРСЕВ. Ҳа-а… Натанҳо муҷаррадқаҳрамон бенавост.

Қаҳрамононхонадон низ рўзи баде дорад. Ана, ба куҷо расидем…

Хайр, ман-ку… як сараму сояам… на холаам ҳасту на молаам…

Шумо чӣ, охир… Духтаратон як либосҳое мепўшад, ки… Наход ёрдам накунад?

МАРИЯ. Мардак намемонад.

СТАРСЕВ. Ва бо ҳамон хел мардак зиндагӣ дорад духтаратон?

МАРИЯ. Мардаки ў не. Мардаки ман манъ кардааст ёрдамаша…

СТАРСЕВ. Намефаҳмам.

МАРИЯ. Мегўяд, ки пули ў дуздист. Бо нафақаи ҳалоли худамон зиндагӣ мекунем.

СТАРСЕВ. Ана, ноқисулақл, ана, ношукрбанда.

МАРИЯ. Аз дасти ҳамин мардак ба Хонаи Қаҳрамонҳо задем.

Нав кушода шуда буд, ки аризаашро давонду хонаамонро, ки дар маркази шаҳр буд, ба давлат супурд.

СТАРСЕВ. Бепул?

МАРИЯ. Бепул. Ҳатто ба духтарамон надод. Гуфт, ки «Ҳама чизамонро мо бо заҳмати худ ёфтаем, бигузор ў ҳам худаш заҳмат кашида биёбад.» Аз гиря қариб як чиз шуда будам.

СТАРСЕВ. Ҳа-а… аз афти кор, хуб дўсташ медоред, ки гапашро ду накарда, аз пасаш омадед…

МАРИЯ. Дўсташ медорам.

СТАРСЕВ. Бесаранҷом хоҷае доред, хонум. Лев Толстой низ ҳамин хел бесаранҷом шуда буд пеш аз марг… Вале ў граф буд.

(Фосила.) Бўи чӣ аст дар хонаатон? Бўи мурда барин.

МАРИЯ. Ҳушёред?

СТАРСЕВ. Бешўхӣ мегўям… Ким-чӣ хел бўи рўҳонӣ…

Испанд-ку нест?

МАРИЯ. Медонед, испанд чӣ бўе дорад?

СТАРСЕВ. Намедонам. (Ба тиреза менигарад.) Мошинсаворе омад.

София ва Данка медароянд. Дар дасти Данка - ғиҷакдон.

МАРИЯ. Софияҷон! Набераяки ширинам!

Оғўшу бўсобўс мекунанд.

аз 9
навбатӣ