Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт

Дар шароити дигаргуншавии ҷараёниҳои иқтисодии ва рушди тараққиёти мамлакатҳо фаъолияти муътадили низоми бонкӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодӣ ба шумор меравад.

Рушду равнақи иқтисодиёти бозорӣ аз донистани таърихи инкишоф ва рушди минбаъдаи бонкҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рў, фаъолияти бонкҳо низ дар инкишофу тараққиёт мебошад ва вобаста ба давру замонҳо бо мафҳумҳои наву донишҳои муосир арзи ҳастӣ мекунад. Барои мо ва махсусан иқтисодчиён, донистани таърихи инкишоф ва рушди минбаъдаи бонкҳо ва аз рӯи қонуниятҳои он амал намудан як омили ба рушди иқтисодиёт мусоидаткунанда ба шумор меравад, ки дар айни ҳол оид ба баъзе аз таърихи пайдоиши бонкҳо ба таври кофӣ иттилоот надорем.

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ рушди ҷамияти ягон давлат то имруза бе хизматрасонису бонкӣ вуҷуд дошта наметавонад, онҳо барои амалӣ гардонидани талаботи инсонҳо равона гардидаанд.

Ба ин хотир таҳияи васоити таълимии таърихӣ бонкҳо бо забони давлатӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад,ки истифодаи он бо мақсади баланд бардоштани самаранокии азхудкунии куллӣ, омӯзиши ҳамаҷониба, шиносоӣ бо таърихи бонкҳо, ва низоми бонкии мамлакатҳо ва ҷойгиршавии бонкҳои байналмилалӣ аз рӯӣ минтақаҳои ҷуғрофӣ ва равнақи кори ва тақвияти ҷустӯҷӯи эҷодии донишҷӯён, магистрон, аспирантҳо нигаронида шудааст.

Ин васоити таълимӣ барои шиносоии мутахассисони соҳо замина гардида, дар асоси маводи он метавон нозукиҳои амалиётҳои иқтисолӣ дар бонкҳо инчунин хусусияти онҳоро аз худ намуд.

аз 42
навбатӣ