Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақсади омӯзиши фанни таърихи бонкҳо яке аз фанҳои ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои иқтисодии мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ оид ба таърихи пайдоиши аввалин бонкҳо, таърихи бонкҳои Дунёи Қадим, бонкҳои байналмилалӣ, бонкҳои тамоми давалтҳои борасмият аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун давлат шинохта шудааст, ва бонкҳои муосир бонкҳои электронӣ, бонкҳои инвеститсонӣ.

Дар шароити иқтисоди бозоргони нақши бонкҳо дар фаъолияти хоҷагии халқ вазифаи муҳимро иҷро менамоянд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол барои муайян намудани низоми пулӣ бояд бонкҳои марказӣ ташкил намояд. Таҷрибаҳои дигар бонкҳои давлатҳои тараққикарадаи дунёро ҳамчун намуна бояд қабул кард.

1.2. Марҳилаҳои пайдоиши бонкҳо дар ҷаҳон

Дар пайдоиши марҳилаҳои бонкӣ ақидаҳои зиёде ба назар мерасанд, ки аз тарафаи олимони иқтисодшинос онҳо ба ду маҳрила ҷудо шуданд;

1. Олимони иқтисодии аввалин пайдоиши бонкҳоро дар шароити манофактуравӣ, яъне дар давраи пайдоиши капиталистӣ,ба асрҳои XIV–XV-и солшумории мелодӣ мансуб медонанд.

2. Қисми дигари олимони иқтисодшиносон бар он ақиданд, ки аввалин бонкҳо дар давраҳои пештар аз капитализм, яъне дар давраҳои феодализм ба вуҷуд омадаю. Алакай дар давраи феодализм талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои миёнаравӣ дар пардохтҳо пайдо шуда буд.

пешина
аз 42
навбатӣ