Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳар мамлакат ба мавҷудияти низоми бонкии боэътибор ва устувор эҳтиёҷ дорад. Эҳтиёҷмандии давлат ба мавҷудияти низоми бонкии устувор чанд сабаб дорад.

Якум, барои роҳ надодан ба суст шудан ва ё вайрон гардидани низоми (системаи) пардохтии мамлакат, зеро қисми зиёди пардохтҳои пулӣ тавассути бонкҳо сурат мегиранд ва амалиёти пардохтӣ таҳти назорати онҳо амалӣ мегардад. Вайроншавии низоми пардохт ба иқтисодиёти мамлакат зарари калон мерасонад.

Дуюм, барои дар бонкҳо зиёд намудани пасандозу амонатҳо ва таъмини кафолати баргардонидани онҳо. Зеро афзоиши пасандозҳои аҳолӣ ва депозити (амонати) субъектҳои хоҷагидорӣ иқтидори маблағгузории бонкҳоро зиёд мекунад ва боиси болоравии иқтисодиёти мамлакат мегардад.

Сабаби сеюм аз он иборат аст, ки низоми бонкии боэътибор ва устувор самаранокии маблағгузориҳоро дар мамлакат таъмин менамояд ва ба болоравии сатҳи иқтисодиёт мусоидат мекунад.

Дар охир, Ҳукумат метавонад, ки пасандозҳои нисбатан ками аҳолиро ҳимоя намояд ва барои ин, ҳаҷми ҳадди ақаллӣ сармояи хусусии бонкҳоро муайян кунад.

Ӯзбекистон

Бонки бузури тиҷоративу саҳҳомии ӯзбекӣ –. (ӯзб.

O'zbekiston Respublikasi Davlat-Tijorat "Xalq banki", Ўзбекистон Республикаси Давлат-тижорат "Халқ банки") Бо қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон 4 октябри соли 1995 таҳти No386 “Дар бораи азнавсозии Узамонатбонк ва Бонки мардумии Ҷумҳурии Ӯзбекистон” таъсис ёфт. Сабаби асосии таъсиси бонк назорати низоми бонкӣ, ҷалб намудани мардум барои гузоштани пулҳои худ дар бонкҳо ҳамчун амонат, қарз додан ба мардум ва рушди соҳаҳои хоҷагӣ буд. Бинои марказии бонк дар шаҳри Тошкент ҷойгир аст.

Бонки пули мардумро ҳамчун амонат гиранда, яке аз куҳнатарин муассисаҳои бонкӣ ба ҳисоб меравад. Аввалин намуди ин бонкҳо – хазинаи амонатӣ, соли 1875 дар Тошкент кушода шуд. Аз соли 1896 хазинаҳои амонатӣ дар бисёре аз шаҳрҳои бузурги Туркистон, аз қабили Самарқанд, Бухоро, Хева, Қуқанд, Марғелон ва ғайра кушода шуданд. Вазифаи асосии онҳо ҳар чи зиёд ҷалб кардани амонати аҳолӣ буд.

Бонки амонатии Ўзбекистон (Узамонатбонк) дар мувофиқа бо қонун “Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ” таҳти No205 аз тарафи Шӯрои Олии ҶШС Узбекистон 15 январи соли 1991 таъсис ёфтааст. Узамонатбонк давоми бевоситаи шӯъбаи Ўзбекистонии Амонатбонки ИҶШС мебошад.

Соли 1995 бо Қарори Шӯрои Вазирони Узбекистон дар зимни Бонки мардумии Узбекистон фонди захиравӣ бо маблағи 100 миллион сум таъсис шуд. 51%-и саҳмияи бонк аз вазорати молияи Ӯзбекситон ва 49%-аш аз Бонки марказӣ буд.

Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз 16 октябри соли 2008 “Дар бораи андозаи болобардории сармоягузори дар оянда ва рушди фаъолияти инвестсионии Бонки халқии тиҷоратшо-давлатии Ӯзбекистон” сармояи захиравии Бонки мардумӣ то 200 млрд. сум боло рафт.

Соли 2014-ум бонк ба қатори панҷгонаи беҳтарини бонкҳои Узбекистон шомил гашт.

пешина
аз 42
навбатӣ