Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пайдоиши бонкҳои байналхалқӣ

Дар шароити тағир ёфтани ҷараёнҳои гуногуни иқтисодю сиёсӣ ва вазъияти мураккаби сайёра аз тарафи созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои ҳали мушкилотҳо ташкилотҳои байналмилалии қарздиҳӣ ташкил карда шудааст.

1. Бонки ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ – (Bank for International Settlements, BIS), соли 1930 аз ҷониби кишварҳои аврупоӣ таъсис дода шудааст. Мақсади ташкили он мусоидат ба ҳамкори байни бонкҳои марказӣ, таҳлилу назорати иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҳисоббаробаркуниҳои молиявии байналхалқӣ, омӯзишу коркарди стандартҳои ягонаи назорати бонкӣ ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи муносибатҳои пулию қарзи мебошад.Қароргоҳи он дар шаҳри Базел (Швейтсария) ҷойгир аст.

2. Бонки Умумиҷаҳонӣ – (World Bank), соли 1944 бо имзои шартномаи Бреттон Вудс таъсис дода шудааст. Намаояндагон ва вакилони он аз 45 давлатҳо иборат буданд.Вазифаи асосии он мусоидат ба пешрафти иқтисодиёти кишварҳои қафомонда ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бонки Умумиҷаҳонӣ ин вазифаҳои худро бо роҳҳои зерин амалӣ мегардонад: гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои сохтори давлатӣ, маорифу тандурустӣ, савдо ва хусусигардонии моликияит.

3. Бонки байналхалқии таҷдид ва тараққиёт – (BATR) бонкӣ аврупоии таҷдид ва рушд механизми сармоягузорӣ, ки соли 1991 аз ҷониби 61 мамлакат ва ду ташкилоти байналмилалӣ барои дастгирии иқтисоди бозоргонӣ ва демократия дар 34 мамлакати Аврупои Марказӣ ва Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. Ҳамчун ташкилоти байналмилалӣ имтиёзҳои зиёд, ба мисли дахлнопазирии ҳуқуқии кормандонро дорад.

4. Бонки байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ – (International Bank for Economic Co-Operation, IBEC) ББҲИ, 22- уми октябри соли 1963 аз ҷониби ҳукуматҳои Булғория, Венгрия, Ҷумҳурии Демакратии Олмон, Муғлистон, Руминия ва СССР бо мақсади мусоидати рушди ҳамкории иқтисодӣ пеш аз ҳама савдои муштарак, инчуни ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо таъсис дода шудааст.

5. Бонки байналхалқии бозсозӣ ва рушд – (International Bank for Reconstruction and Development), ки соли 1946 ба фаъолият шурӯъ намуд, мақсади ташкил намудани Бонки байналхалқии бозсозӣ ва рушд:

– Фаъолияти сармоягузорӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ.

–Фаъолияти таҳлилӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.

– Миёнаравӣ дар қисми захираҳо баёни кишварҳои пешрафтаю қафомонда.

6.Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ – соли 1956 таъсис шудааст. Мақсади асосиаш дастгири намудани сектори хусуси мебошад. Қароргоҳи асоси дар шаҳри Вашингтон (ИМА) ҷойгир аст. 174 мамалакат аъзои комилҳуқуқи он мебошанд.

7.Бонки Аврупоии инвеститсионӣ – (БСА) соли 1958 мутобиқи Созишномаи Рим оид ба таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо таъсис дода шудааст. Мақсади асосии он барои барқарорсозии иқтисодии бозоргонӣ ва демократияи 29 мамлакати Аврупои Марказӣ ва Осиёи Марказӣ истифода бурда мешавад.

8.Бонки марказии Аврупоӣ – соли 1956 таъсис дода шудааст. Мақсади асосӣ ташкили бозорӣ ягона барои зиёда аз 370 млн. аврупоён мебошад, ки барои таъмини гардиши озодӣ одамон, мол, хизматрасониҳо ва сармоя мусоидат менамояд.

9. Кумитаи Базелӣ оид ба назорати бонкӣ – Созишномаи Basel ll аввалин маротиба соли 1988 аз ҷониби Кумитаи Базелӣ оид ба назорати бонкӣ таъсис дода шудааст. Мақсади асоси Кумитаи Базелӣ назорат кардани сармояи бонки мебошад.

пешина
аз 42
навбатӣ