Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пайдоиши хазинаҳои байналхалқӣ

Хазинаҳои молиявӣ дар ҳамкориҳои ба ташкилотҳои молиявӣ ва Созмони Миллали Муттаҳид, таъмин намудани ягонагиро суботи хоҷагии ҷаҳонӣ ташкил карда мешаванд.

1. Хазинаи байналлмилалии Асъор – (International Monetary Fund, ХБА) соли 1944 аз ҷониби 28 мамалакати ҷаҳон тасис дода шудааст. Мақсади асосии инкишофи ҳамкорӣ, таъмини ягонагӣ ва суботи хоҷагии ҷаҳонӣ, ташкилотҳои байналхалқии асъорию қарзӣ ва молиявӣ ташкил карда шудааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Вашингтони (ИМА) ҷойгир мебошад.

2. Хазинаи арабии асъор – (Arab Monetary Fund) соли 1976 аз ҷониби 20 мамалакати арабзабон таъсис дода шудааст. Мақсади асосии ташкили ин хазина таъмини устувории асъорҳои кишварҳои араб мебошад. Қароргоҳи он дар шаҳри Раббати (Манакко) мебошад.

пешина
аз 42
навбатӣ