ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Субъектҳои бозорӣ, муомилоти кортҳои пластикӣ ва ташкили ҳисобу китобҳо
Субъектҳои бозори муомилоти кортҳои пластикӣ ба ду намуд – асосӣ ва ёрирасон тақсим мешаванд. Ба субъектҳои асосии бозор инҳо дохил мешаванд:
1. Эмитент – «шахсе, ки дар ҳудуди фаъолияти касбиаш дар асоси шартнома ба ихтиёри мизоҷаш воситаи пардохткунӣ медиҳад».
Тавсияҳои 88/590/Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз 17 ноябри соли 1988). Эмитент – шахсест, ки корт интишор медиҳад. Чунин шахс метавонад, муассисаи тиҷоратӣ ё муассисае бошад, ки асоси фаъолияташ эмиссияи кортҳо, инчунин ташкилоти бонкӣ ё кредитӣ бошанд. Баъзан як намуди кортҳоро субъектҳои гуногуни як мамлакат паҳн мекунанд.
2. Доранда ё истифодабарандаи кортҳо «шахсе мебошад, ки дар асоси шартномааш бо эмитент воситаи пардохткунӣ дорад» (моддаи 1 Замима, Тавсияҳои 88/590/Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо). Истифодабарандаи корт инчунин шахсе метавонад бошад, ки шартнома надорад (масалан, кортҳои корпоративӣ ё оилавӣ).
3.Ташкилотҳои тиҷоратӣ, муассисаҳо (фукрӯшандаҳо) – шахсони мол ё хизмат пешниҳодкунанда, ки онҳо ба воситаи корт маблағашонро пардохт мекунанд. Чунин шахс метавонад, ҳангоми истифодабарии корти бонк барои гирифтани маблағ аз банкомат худи эмитент бошад. Ҳангоми истифодабарии кортҳои тиҷоратӣ, вақте, ки эмитент муассисаи фурӯшанда мебошад, айнан чунин ҳолат ба амал меояд.
Субъектҳои ёрирасон инҳо мебошанд:
1. Истифодабарандае, ки ҳангоми истифода бурдани кортҳои корпоративӣ ё оилавӣ шахси шартномабаста нест.
2. Кафил – дар баъзе ҳолатҳо шахси сеюм, метавонад барои пардохт ба соҳиби корт ҳамчун кафил (аввал) баромад кунад. Ҳангоми таҳлили схемаҳои пардохтии ташкилоте, ки бо ташкилоти савдо робита дорад, барои он амалиётҳоро анҷом медиҳад, ки онро «эквайр» меноманд.
Ҳамин тариқ, ба қатори иштирокчиёни асосии системаҳои ҳисобу китоб инҳо дохил мешаванд:
Соҳиби корт (мизоҷ) – шахсе, ки ба ӯ корт дода мешавад;
Бонк-эмитент – бонке, ки эмиссияи кортҳоро ба амал мебарорад;
Бонк-эквайр (бонки хизматрасон) – бонке, ки ба соҳибони кортҳо хизмат мерасонад ва аз ҳисоби маблағҳои худаш бо муассисаҳои савдо амалиёти ҳисобу китоб ба амал мебарорад;
Муассисаҳои савдо ё соҳаи хизматрасонӣ (мерчант);
Маркази проиессингӣ – ширкати технологие, ки робитаи иттилоотии байни иштирокчиёни системаро таъмин мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё