Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки авввалин бор дар ҷаҳон бонк дар асрҳои миѐна дар Сан-Ҷораҷ ба вуҷуд омадааст, ки ташкилоти молиявӣ, чаҳор вакили муносибатҳои дўстона ва ѐ бо оилаи генуэзкие аристократҳо хешованди дошта идора мекарданд. Бо ҳамин сабаб ба бонк маблағгузорӣ мекардан. Дар Қрим аз соли 1415 то 1478 бонк фаъолият дошт. Баъди барҳам хўрдани бонк констатинполия моликияти Гэнуездро дар Корсик ва Газарӣ бе восита идора мекард. Соли 1419 намояндагони ин бонк шаҳри Аячаро марказ намуданд.

Оилаи Гизолфӣ аз соли 1419 то 1482 колигияи Матрегаро дар нимҷазираи Томанс идора мекарданд. Дар давраи рушди бонк ба мисли подшоҳ ва императори католики Карл IV бо хушҳолӣ ба мардум қарз медод. Эҳтимолан яке аз мизоҷони маъруфи бонк Христафор Колумб ба ҳисоб мерафт. Фаъолияти бонкро соли 1805 Напалеон қатъ кард.

Калимаи бонк аз калимаи итолявӣ «BANKO» гирифта шуда, маънояш «Мизи ивазкунӣ» мебошад. Аввалин бонкҳо дар соли 1407 дар шарҳои калон тиҷорати Италия (Венетсия ва Генуя), ки дар ҳамон солҳо маркази савдои Аврупо буданд, пайдо шудааст. Дар бозорҳо ва марказҳои савдо, мизҳо буданд, ки дар онҳо тангаҳои гуногун чида шуда буданд. Дар назди миз як нафар намояндаи қарор дошт, ки як намуди тангаро ба дигар танга иваз мекард. Намоянда вазифаи мубодилаи пулро иҷро мекард, ки ин миз номбурда мешуд бонк маҳфуми бонк аз ин ҷой пайдо шудааст.

1.3. Пайдоиши низоми бонкҳо дар ҷаҳон

Аввалин низоми бонкӣ дар Олмон соли 1871 пайдо шудааст.

Низоми бонки гуфта, кулли ташкилотҳои молиявию қарзиеро меноманд, ки дар бозори қарзӣ амал карда, бо ҷамъкунӣ ва тақсимкунӣ сармояи пулӣ машғул мебошанд.

Низоми бонкӣ яке аз хусусиятҳои асосии иқтисоди давлат ба шумор рафта, давлат бе низоми бонкӣ вуҷуд дошта наметавонад.

пешина
аз 42
навбатӣ