Зеҳн
ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.

Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа

МолияИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои инитсиатсия намудани фаъолияти инноватсионии идорашаванда, ки ба рушди фаъолияти босуботи бонк ва офаридани шароити мусоиди амалишавии он равона карда шудааст, бо принсипҳои зерин амал кардан зарур аст:

– ба вуҷуд овардани омилҳо барои падидоркунии тамоилҳо ва табаллури (кристализатсия) фикру ақидаҳо, ки иқтидоран барои коркардҳои инноватсионӣ заминаҳо мебошанд (ин принсип асосан ба амалҳои ҳайати роҳбарикунандаи бонк дахл дорад);

– бошуурона пурра накардани иқтидори зеҳнии бонк ба ҳисоби тадриҷан ба вуҷуд омадани фикру ақидаҳо ва пешниҳодҳо, ки метавонанд ба рушди растаи озуқавории бонк таъсири хуб расонад;

– муносибгардонии сатҳи идоракунӣ (ҷониби камшавӣ) бо мақсади вусъат додани доираи ҳар як ҷараёни инноватсионӣ;

– ба ҳадди ақал расонидани мӯҳлати коркард ва татбиқи маҳсулоти бонкӣ на бо роҳи кам кардани миқдори доираҳои ҷараёни инноватсионӣ, балки ҳамоҳанг намудани якчанд ҷараёнҳои баробар рафтаистода барои пешгирӣ кардани самараи «эстафетӣ»;

– нигаронидани ҳамаи фаъолияти инноватсионии бонк ба истеъмолгари маҳсулоти бонкӣ бо имконияти назорати умумӣ аз рӯи қадамҳои аввалини татбиқи инноватсия.

Бунёди механизми идоракунӣ бо фаъолияти инноватсионии бонк бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамаи фаъолияти бонк, ба принсипҳои мақбули умуми идоракунӣ бо корхонаҳо асос меёбад, ки бо принсипҳои тамаркузи ташкилии фикру ақидаҳои инноватсионӣ ва принсипи маҳдудияти лоиҳаи инноватсионӣ дар вақт илова карда шудаанд. Моҳияти принсипи идоракунии мутобиқи тиҷорати бонкӣ адаптатсияшуда дар ҷадвали 4 нишон дода шудааст.

Дар амал иҷро намудани принсипҳои самаранокӣ бо зарурияти таъсиси системаи нишондиҳандаҳо алоқаманд аст, ки бо ёрии он самаранокии фаъолияти бонкро арзёбӣ намудан мумкин аст.

пешина
аз 42