ТАЪРИХИ БОНКҲО

Таърихи бонкҳо яке аз фанни ҳатмӣ барои омӯзиш дар ихтисосҳои бонкдори дар мактабҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба ҳисоб рафта ва барои мустаҳкам намудани дониши иқтисодӣ пеш аз ҳама ба моҳияти фан ва усулҳои омӯзиши таърихи бонкҳо, таърихи бонкҳо дар дунёи Қадим, пайдоиши бонкҳо дар давлатҳои Аврупо, Осиё, Африқо, Амрико, таърихи пайдоиш ва инкишофи истифодаи кортҳои пластикӣ дар низоми босуботи бонкӣ, зарурият ва аҳамияти иноватсия дар бонкҳо бахшида шудаанд, ки аҳамияти таълимию илмӣ доранд, дарҷ гардидааст.
Зеҳн · 21 июли 2026 · 42 саҳифа
Вилиам Петерсон аз ҳукумати Англия аз худ кардани қурби асъори қонунии муомилотиро талаб намуд. Ҳукумати Британия ин пешниҳодро рад карда, инро “азҳадгузаронӣ” ном бурд, вале Парлумон Бонки навро имтиёзи дар худ нигоҳ доштани амонатҳои давлатӣ ва баровардани қоғазҳои нави қиматбаҳоро барои пардохти қарзи давлат дод. Бонки Англия зуд пулҳои нав ба маблағи 760000 фунт-стерлинг баровард, ки барои пардохти қарзи давлат буд.
Соли 1696 Бонки Англия, ки магнатҳои ҳизби сиёсии Whig роҳбарӣ мекарданд, ба хатари рақобатпазирӣ мубтало гашт. Ҳизби Тори кӯшиш намуд, ки National Land Bank-ро ташкил кунад, вале натавонист. Дар соли оянда Парлумони қонуни нав дар бораи қатъиян манъ будани ташкили бонкҳои бузург дар Англияро қабул кард.
Дар мувофиқа ба ин қонун, қалбакӣ сохтани пули Бонки Англия зарбаи марговар хӯрд. Дар соли 1798 ин қонун боз ҳам сахтар гардид. Акнун барориши ғайриқонунии векселдорандагон (ҳуқуқи мазкурро танҳо Бонки Англия дошт) ва ташкили ширкат, ки зиёда аз 6 аъзо (шарик) дошта бошад, инчунин, пешниҳод намудани қарзҳои кӯтоҳмуддат то 6 моҳ манъ гашт. Бо чунин ҳолат рақибони Бонки Англия танҳо бонкҳои хурд аз ҳисоби аъзоёни оилаҳои хурд шуда метавонист. Новобаста аз ин шарт, Бонки Англия аз ду сар ба рақобати роқибони пурқувватар аз тарафи Ҳизби Тори, дар давраи ҳукмронии малика Анна дучор шуд. Соли 1711 ширкати Баҳри Ҷанубӣ (South Sea Company) таъсис ёфт, ки роҳбарии онро сарвазири Англия Роберт Харлей ба уҳда дошт ва он аз рақибони пурқуввати Бонки Англия ба ҳисоб мерафт, вале баъди 9 сол он низ муфлис шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё