МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА

МУҲАББАТИ ДУМБУРИДА ё худ тафсири ишқи гулдухтар ва гулписар
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 14 саҳифа
Ба Восид «хуб» гуфта, аммо аз рўи донисти худ амал кардам. Баъди гузаштани мавзўи нав муаллими фанни «Меъмории миллӣ» Таннозаро ба минбар баровард.
Вай чун ҳамеша гапро ғоз дода, мавзўи пешинаро хоид-хоиду дар фароварди суханаш аз ҷумла гуфт, ки «дар иморатҳои пойтахт ороишоти миллӣ ками дар кам ба назар мерасад». Рости гапро гўем, ин эрод комилан дуруст буду агар вақти дигар мешуд, ба як даҳи дигар илова карда, суханашро саду панҷоҳ фоиз ҳақ мебаровардам. Лекин ҳоло баръакс, ниқорталабона, амал кардам: қариб чоряк соат даҳон кафк кунонда, қатор-қатор мисолу мисолчаҳо оварда, исбот кардам, ки тамоми биноҳои назарраси пойтахт пурра аз рўи меъмории миллӣ сохта ва оро дода шудаанд! Ҷўшу хурўш, дастҷунбонию нинакалокунӣ ва далелу бурҳонҳои паёпай овардаам, ҳатто муаллимро ҳам гаранг кард: вай ғайр аз «Аҷоиб-ку! Наход ҳамин хел бошад?
Аҷоиб-ку!» дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонисту ба ман баҳои «хуб» гузошт.
Ин ҳуҷуми баръало ба Танноза бетаъсир намонд. Вай баъди дарс пеши роҳамро дошта «Азизуф! Як дақиқа ист! Ба ту гап дорам!» гўён маро ба қафои будкаи телефон бурд ва бо ҳеҷ муқаддима гуфт: — Ҳакимча! Гўш дор: умуман, ман бо ту муносибатамро вайрон карданӣ не! Лекин агар ягон қасду ғараз дошта бошӣ, пас дониста мон: ман аз ту наметарсам!
Фаҳмидӣ! На-ме-тар-сам!!!
«Ту» гуфта бо дўғу даранг гап задани Танноза ғашамро овард. Ба духтараки шаттоҳ ҷавоби сазовори мардона гардонданӣ будам, ки... дари будкаи телефон тараққас кушода шуду Исо Маънавӣ ҳуштакзанон берун баромад ва пои маро қасдан бо пошнаи туфлиаш зер карда, аммо худро ба нодонӣ зада, тарафи Танноза гузашту бо овози манқа пурсид: — Ҳа, шогирд, чӣ гап?
— Ничево, устод! — Таннозаи омўхтшуда зуд дасташро ба оринҷи Исо ҳалқа андохт.— Баъзеҳо ҷо-о каттача шудагӣ... Камтар лаҷомашро кашида мондам...
— Неужели?
Ку падажди, шогирд! Ман... худам...
— Ненада, устод! Рафтем. Агар як бори дигар соя кунад, патом...
— Харашо шогирд! Рафтем...
«Устоду шогирд» майда-майда қадам зада, ба оҳистагӣ аз назар ғоиб шуданд. Аммо ман мадори аз ҷой ҷунбидан надоштам. Зеро дар давоми умри бистуяксолаи худ аз ягон кас ягон бор дамхўр нашуда будаму ба бахти бадам, «бар хурўсак ғолиб омад мокиён» шуд ва Таннозаи пиртокӣ бо як нўлзанӣ ба синаам сад захми корӣ расонда, дар назди Исои даеу далус шармандаам кард...
Ҳамон шаб косахонаи сарам аз фикру андешаҳои бесару нўк лиқ-лиқ пур шуд.
Беист даст бар сар зада, дарун-дарун месўхтам... Оқибат ба чунин қарор омадам, ки «аз бало-ҳазар!» гўён ба ҳар ҳол, минбаъд эҳтиёткорона амал мекунам. Аммо мавридаш ояд, Таннозаро бе ҳой-ҳой метакконам! Сахтакак метакконам...
Дере нагузашта, пайти интиқомситонӣ расид: бо супориши деканат аъзоёни штаби «Прожектори комсомолӣ» се руз пай дар пай рейд гузаронда, -давомоти студентонро тафтиш карданд. Ман, ки кўчактарин қаламбадасти ин штаб будам, ҳар саҳар дафтарча дар даст, назди -даромадгоҳ ҷуғз барин ноҷунбон истода, ҳатто чанд сония ба дарс дер омадани студентҳои курси якумро ба ҳисоб мегирифтам.
Чашмам ба дигарону ҳушам ба Танноза буд: дер меомада бошад ё-не?
«Шикор»-и рўзи аввал барор накард...
Рўзи дуюм низ бенатиҷа анҷомид...
Фақат рўзи сеюм «моҳии тилло» ба шаст афтид: Танноза баъди дуюним дақиқаи оғози машғулият аз дар даромад.
Дарҳол сабаб пурсидам. Вай жвачкахоиро лаҳзае қатъ накарда, каҷмакаҷак сўям нигаристу нописандона гуфт: — Дар ними роҳ бензини троллейбус тамом шуд. Барои ҳамин дер кардам...
Ана баҳонаю мана баҳона! Дермониаш — як гуноҳ, шаттоҳияш сад гуноҳ! Ва оё барои интиқомситонӣ аз ин муносибтар мавриде мешавад?
Албатта, не! Фурсатро аз даст надода, аз рўи мақоли «то танўр гарм аст, нон мебояд баст» амал карда, даррав ба газетаи хаҷвии «Тезгазак»-и прожекторчиён хабарчаи сермурчу қаламфурноке навиштам: «Танноза Нодирова студенткаи эркачаи курси якуми шўъбаи меъморӣ аст. Ин шоираи нозпарвард вақтҳои охир хеле аз худ рафтааст. Муаллимонро писанд накарда, ба дарс дер меояд. Масалан, дирўз аз ҳама қафо омад. Аъзоёни штаби «Прожектори комсомолӣ» сабаб пурсанд, гуфт, ки «бензини троллейбус дар ними роҳ тамом шуду барои ҳамин дер омадам».
Чунин ҷавоб аломати худписандист. Он зуҳуроти бевиҷдонӣ аст ва ба шаъни шоира намезебад! Хайфи ту, студенткаи хоболуд!» Хабарчаро ҳадаҳа тозанавис карда, ба «Тезгазак»-часпонидаму бо табассуми ҳаловатбахш манзараи рўзи ояндаро пеши назар овардам: ҳама газетаро хонда, қоҳ- қоҳ механданду ба овози баланд «Шоира боб шуд!. Сад ҳайф! Ҳайф!» Ҳайф!
мегўянд. Ин ҳам дарди бахайр: роҳбарияти факултет ўро аз донишгоҳ пеш карданӣ мешаванд. Он гоҳ Таннозаи гирёнчак тозон назди ман омада, зораю тавалло мекунад, аз гуфта пушаймон мешавад ва гаштаю баргашта «Азизуфҷон! Як илоҷ.
кунед! Маро бубахшед, ҷонам!» мегўяд...
Ҳа, ҳангоми часпонидани хабар хаёлоти ширине доштам.
Аммо фалаки каҷрафтор дар дигар хаёл будааст: «Тезгазак»-ро ба девор часпондан ҳамон маро котиби ташкилоти комсомолӣ ба тоб гирифт. «Шароф Афсаров ба дарс ду соат дер омад. Вале ту вайро нею Таннозаи ду дакиқа дермондаро танқиду масхара кардӣ... Барои чӣ?
Даррав абисненӣ навис» — гуфта расо сиёсат кард.
— Баъд декан ба кабинеташ ҷеғам зад.
— Дар факултети мо духтар тухми анқо, писар!— бо овози гўшхарош панду насиҳат оғоз кард ин тоссари айнакӣ. — Аммо ту, прожекторчӣ, аз мо як даҳан напурсида, бо калонҳо як сари мў маслиҳат накарда, чунин як духтараки фаъоларо сип-сияҳ кардӣ... Ҳай-ҳай-ҳай! Ин корат нағз не, писар... Ин номаъқулиро дигар асло такрор накун! Духтар гунаҳкор бошад ҳам, гўшро ба карию чашмро ба кўрӣ зан! Агар ҳамин хел кунӣ, асло пешпо намехўрӣ! Ғайр аз ин...
Аз кабинети декан шип-шилта арақшор шуда, бо ҳавоси парешон берун баромадам. Лек, кош асло аз он ҷо намебаромадам. Зеро дар кўча...
— Ҳўй сағера! Иди сюда!!!
Аз фарёди таҳдидомез як қад парида, ҷонҳавлӣ тарафи ростро нигаристам ва Исо Маънавиро дидам, ки айнаки Фаронса дар чашму сигори Амрико дар кунҷи лаб бо имои ангуштчаи канории дасти чап маро наздаш ҷеғ мезад. Андаке дуртар аз ў чор ғўладинги хомфарбеҳ бо овози баланд дар бораи приёмҳои боксу каратэ гап мезаданд. Яқин, ки онҳо шарикони Исо буданду агар ишорае шавад...
Рўй додани ҳодисаи нохушеро ҳис карда, суст-муст шудам. Вуҷудам дир-дир ба ларза даромад. Рўю гўшам тасфиду кому забонам ғиппӣ гирифт. Ҳалқам қоқ, лекин... шимам тар шуд.
— Ну-ка, прожектористи ношуд, гап зан! — Исо бо ду ангушт манаҳи ларзонамро боло бардошт. — Вай хабарчая кадом даст катӣ навиштӣ?
Дар урфият «кори мори думбурида нест кори сарсарӣ» мегўянд. Яъне, Танноза нақшаи қасосгириро чуқур фикр кардаасту Исо ва ёронаш на фақат дастамро, балки гарданамро низ эҳтимол бишкананд. Бо мулоҳизаи он, ки дар ҳама давру замонҳо ба дарафш мушт задан аҳмақист, оҷизона лабу дандон хоида, бо нотавонии худ тан додаму аз рўи мақоли «дасте ки натавон бурид— бояд ки бўсид» амал кардам.
— Айб аз ман гузашт, ако! — гуфтам гиряолуд.— Маро бубахшед, акоҷон!! Ҳазор бор тавба кардам!!
— Ҳе пакана-е! Ҷонатро осонакак халос карданӣ-а?! —Исо ангушти ишоратии дасти росташро қат карда, кўрбигиз сохту шиками маро сахтакак хала зад ва бо истеҳзо гапашро давом дод: — Не, фиссин, ин найрангат намегузарад! Худи ҳозир назди Танноза рафта, дузону нишаста, узр мепурсӣ, Фаҳмо?
— Фаҳмо, ақаҷон! Фаҳмо! Худи ҳозир ба хобгоҳ рафта...
— Хобгоҳ зачем?
— дағалона гапамро бурид Исо.— Танноза ҳамин ҷо. Ҳу ана! Дидӣ?
Танноза шоҳдухтари ҳақиқӣ барин пойҳояшро баҳузур дароз карда, донаҳои марҷони сеҳазорсўмаи тиру камонро мисли тасбеҳ гардонда, бо карру фарру савлату салтанати олӣ дар хараки пеши дарвоза менишаст. Вай, албатта, ин саҳнаи ғайриоддиро аз аввал наззора дошту оқибати онро пешакӣ медонист. Бинобар ҳамин, наздик омадани финалро ҳис карда, аз.ҷой хесту ҷониби роҳи калон, назди анбўҳи одамон, равона шуд. Аз ин амали шайтони мўзасурхак ҳайрон шуда, саволомез Исоро нигаристам.
— Чӣ карахт истодаӣ?
— Ба кўчаи калон равам??
— Канечна! Ту, питтонча, моя кӣ гумон кардй?
Мо ту барин гўсола не, баъзе чизҳоя мефаҳмем. Дар ин ҷо извиненӣ пурсидани ту як пули пуччак фоида надорад!
Сиравно ҳеҷ кас намебинад... Так что дар кўчаи калон извиненӣ мепурсӣ! Дузону истода. Панятна?
Агар не, сию ду дандоната шикаста, гўшти ҳаромата ба лошахўри зоопарк мепартоем...
Сар то поямро арақи хунук зер кард. Азбаски тарс бародари марг аст, мисли заргўшаки ба гург вохўрда дарақ-дарақ ларзида, хостам худро ба иҷрои ин фармони разилона омода созам. Аммо нашуд! Мақоли «мард набвад он, ки афтад зери зан»-ро ба ёд оварда, зери лаб «Ҳаким! Гард бошӣ ҳам, мард бош!» гуфтаму мисл« кунда ноҷунбон истодам.
—-Раҳ гард, охир! — дандон ба ҳам совид Исо.— Э, бачаҳо, ку биёед...
Гарчанде ки ғаж-ғажи дандони Исо дил мешикасту чор ғўладинг дар як мижазанӣ маро ба иҳота гирифтанд, бо вуҷуди ин, роҳи сулҳу салоҳ ҷустам: — Ба кўчаи калон равам?
— Акаҷон! Ҳазор бор тавба кардам! Аз ин пас гарди пои Таннозая ба мижаҳом мерўбам...
— Бас! — Исо буду шуди овозашро сар дода, наъра кашид.
— Баъд аз тобу тез — қайла куну рез! Пеш даро питтонча!
— Шеф! — яке аз барзангиҳо бо овози хирросӣ ба Исо муроҷиат кард— Биҷй-биҷй карда мешинем-мй Давайте, футбол...
— Давайте, шеф! — ба гап ҳамроҳ шуд хирси дуюм.— Пахан доим мегўд, ки агар чўби тару мушту лагад набошад, гову хар ҷиннӣ мешад. Так что, ягон!
Қадбаланд гапашро тамом нақарда, борони мушту лагад ба сарам борид. Мисли он ки гурбаи ноумедшуда ба шер чанг мезанад, ман ҳам дар лаҳзаи аввал як-ду бор Исоро мушт задам. Лекин... дар ним нафас танам аз зарбу лат суст шуду парў афтодам. Авбошҳо ба тахтапушту биқин ва байни пойҳоям ягон бист ҳазор лагад зада, як дасту чанд дандонамро шикаста, рўямро кафонда, мани нимҷонро ба пушти буттаҳо ҳаво доданду худ як кўча шуда, савлаткунон, ҷониби Таноза рафтанд...
Сари кафидаро зери тоқӣ ниҳон кардам. Доғи сип-сиёҳи кабудчатоби гирди чашмро сабзайнак пўшонд. Дандони лахта-лахта даруни даҳон пинҳон монд. Аммо ҳарчанд кардам, дасти шикаста ба остин надаромад. Ноилоҷ онро ба рўймолчаи шакарчирк ба гардан кашол карда, кебида-кебида ба синф даромадам. Дар як мижазанӣ атрофамро шарикдарсон печонда гирифтанду (фақат Танноза худро ба нодонӣ зада, аз тиреза берунро тамошо мекард) қиючувкунон баробар ба таҳпурсӣ даромаданд.
— Шаб ба дасти авбошҳо ғалтидам. Дар назди ресторани «Ситора» чор барзангӣ маро иҳота карда...
Қиссаи дурўғинчакро бо обу ранги зиёд андозу пардоз карда, кунҷковона тарафи Танноза нигаристам: вай ҳолати исташро тағйир надода буд, вале лабонаш пир-пир мепариданду сандуқи синааш мисли дами оҳангарӣ зудозуд болою поён мешуд...
Чун қисса ба поён расид, Танноза оҳиста сўи ман нигарист. Тири нигоҳи ў бо теғи нигоҳи ман бархўрд ва мо бегапу бесадо саволу ҷавоб кардем: «— Хўш Таннозахон, ба мақсади нопокат расидӣ?» «— Ҳа».
«— Дилаки кинахоҳат ором шуд?» «— Ҳа».
«— Йсою сагбачаҳояшро боз ба сари ман киш-киш медиҳӣ?» «— Инаш ба худат вобаста...» Дар соли дуюми таҳсил аълохон будани маро ба инобат гирифта, калонҳои факултет, ба тариқи истисно, барои дар хобгоҳ зистан ба ман ордер доданд.
Дарвоқеъ, то ҳол хобгоҳи худамон ва «қасри ошиқон»-и назди онро тасвир накардаам-а?
Хўш, ки бошад, хобгоҳи мо як бинои чорошьёнаи чоркунҷа буда, саҳл кам 200 фоиз ба қуттии гўгирд монанд аст: яъне, ғайр аз чор девори суфта ақаллан ягон балкончаи якметра ҳам надорад! Умуман, тамоми биноҳои ин маҳаллаи навбунёди шаҳр мисли карчи харбуза хеле ба ҳам монанд буда, устокалонҳои на он қадар миришкор дар ҳар куҷое, ки хушашон ояд, куттичаҳои якхелаи оҳану бетонй аз худ ёдгор мондаанд. Ҳатто биноҳои омўзишгоҳи ветеринарӣ ва техникуми савдо низ ҳамин рангу ҳамин қолиб асту шахси дақиқназар ҳам бо як дидан хобгоҳро аз омўзишгоҳ фарқ карда наметавонад. Ман низ соли гузашта ду карат ба бинои техникум ва боре ба хобгоҳи духтаронаи омўзишгоҳ даромада, шарманда шуда будам. Баъд дурустакак зеҳн монда, нишонаи фарқкунандаи хобгоҳамонро ёфтам: дар саҳни он нишастгоҳи рангпаридае буд, ки аз ду-се шиферлахтак соябончаи лиққонак дошт. Омўзгорон ин сағонаи вайронаро «доғи хобгоҳ» меҳисобиданд.
Аммо донишҷўён онро «қасри ошиқон» ном монда буданду барои шабҳангом ин ҷо нишастан байни дилдодаҳои бесарпаноҳ зуд-зуд ҷангу ҷидол ҳам ба амал меомад.
Рости гап, пештаракҳо Исою Таннозаро ду-се бор дар ин ҷо нўлбанўл дида аз рашку ҳасрат ниммурда шуда будам. Аммо баъди ягон моҳи ба хобгоҳ кўчидан. ман ҳам қасрнишин шудам! Бо ягон маъшуқа ё ҷононаи афсонавӣ не, балки бо ҳамдеҳаам Назокат, ки дар омўзишгоҳ мехонд, он ҷо менишастам. Агар махраҷдор карда гўем, «қасри ошиқон»-ро якка карда, аз ҳар боб сўҳбат доштем. Баногоҳ касе аз боло як коса оби хунукро тарафи мо пошиду кайфамонро парронд. Саросема ба ошёнаҳои боло нигариста, паси яке аз тирезаҳо... Таннозаро дидам. Вай дар пушти парда пинҳон истода, дуздида-дуздида сўи мо нигоҳ мекард. Беихтиёр хандаам омад: маълум мешавад, ки акнун ў аз рашку ҳасад ба худ мепечад... Ва бигзор аз алам дилаш ҷаз-ҷаз сўзад! Сарашу равғанаш!
Аз чунин андешаи ширин дарруннокӣ завқ бурда, Назокати бесаранҷомшударо дарҳол ором кардам. Сўҳбати мо аз нав ба маҷрои аввала даромад. Вале Танноза ором нашуд. Пас аз лаҳзае дари хобгоҳро бо нўки пой тараққас кушода, дар суфачаи цементии назди баромадгоҳ қарор истод ва сар то пои Назокатро каҷ-каҷ нигарист! Баъд зери лаб сурудеро замзамакунон, кокулҳои дарозашро ҷунбонда- ҷунбонда, Назокати бекокулро «сўзонда-сўзонда» ҷониби магазин роҳ пеш гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё