Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
ПАЙРАВОНИ ХУДРО ЧӢ ТАВР ҚАДРДОНӢ КАРДАН ЗАРУР АСТ
Муайян кардани намуд ва андозаи мукофот ба ӯҳдадории сарвар дохил мешавад. Аз ин дида, масоили мураккабу душвор ва печ дар печ фикр карда баровардан, мушкил аст. Ҳар як ташкилот кормандони худро бо усулҳои гуногун бо мукофот сарфароз мегардонад, вале сарвар дар ин кор метавонад принсипҳои зеринро истифода барад.
Мақсадҳои муайяну равшан гузоред Сарварони хуб зимни масъалагузорӣ ба кормандон ба аниқу дақиқияти гузоштани мақсадҳо аҳамияти калон медиҳанд. Нахуст, онҳо супоришҳои мушаххас медиҳанд ва масъулияти иҷрои онро ба зердастон вогузор мекунанд.
Сипас, самаранокии иҷрои ин супоришҳоро арзёбӣ менамоянд. Ва ниҳоят, барои муайян кардани андозаи мукофот ба натиҷаи фаъолият баҳо медиҳанд. Намунаи тасвири хуби ин ҷараён қадамзании босуръат ба Сидзугатакэ шуда метавонад.
Мустаҳкам кардани ҳокимият ва ҳимояи қабилаи Ода барои ман баъд аз вафоти княз Нобунага дар соли 1582 яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа гардид. Яке аз қадамҳои нахустини ман ин бунёди ду қалъача, ки даромадгоҳҳои ҷанубии пойтахт, шаҳри Киоторо пӯшида нигоҳ медошт ва дар он қароргоҳи худро ҷойгир кардам, ба шумор рафт.
Вале ҳарифи пешинаи ман, генерал Сибата ва лухтаки вай Нобутака, тамаъкор ва писари ғайриникоҳии княз Нобунага амалҳои маро нишонаи маккорӣ ҳисобиданд.
Таҳти қаҳру ғазаби зиёд онҳо ба ман паёми таҳдидомез фиристоданд.
– Истеҳкомҳоро вайрон кунед, – навиштанд онҳо, – дар акси ҳол ба ҷойи шумо мо ин корро анҷом медиҳем.
Барои он ки ин таҳдидро дар амал татбиқ намояд, Сибата бояд интизор мешуд, то ки барфҳо дар вилояти Этидзэн об шаванд. Заминҳои Этидзэн дар шимолу шарқи Киото қарор дошта, бо дарраҳои ҷуқур ва бо нишебиҳои кӯҳии ҷаридор иҳота карда шудаанд, ки аз он ҷо ҳатто дар обу ҳавои хуб гузаштан, хатарнок аст. Зимистон бошад, онҳо қариб касногузар мебошанд.
Аммо зимистон ба охир расида истода буд ва ман медонистам, ки вақти бо ин ё он тариқ ҳаллу фасл кардани ихтилоф фаро расидааст.
Ман мунтазири омадани шумо ҳастам, – навиштам ман дар ҷавоб. – Танҳо яке аз мо метавонад дар ин замин ҳукмронӣ кунад, дуюмӣ бояд абадан дар он бихобад. Умедворам, барои пайдо кардани оромӣ, Шумо омода ҳастед.
Акнун ягон дақиқаро аз даст додан мумкин набуд.
Ҳамин, ки дарёҳо аз барфҳои обшудаистодаи аз кӯҳҳо ҷоришаванда ба пуршавӣ оғоз карданд, ман гурӯҳҳои аскаронро барои таҳкими горнизонҳо, ки дар қад-қади роҳи эҳтимолии ҳаракат кардани Сибата қарор доштанд, равон кардам.
Дар оғози баҳор хабар расид, ки Сибата қароргоҳи худро тарк карда, ба тарафи ҷануб равон аст. Ман фавран қувваҳои иловагиро ба Сидзугатакэ, ба яке аз қалъаҳои шимолӣ фиристодам ва нақша доштам Сибатаро, ки баъди роҳи дуру дарози кӯҳӣ бисёр хунук хӯрда буд, истиқболи гарму ҷӯшон ташкил намоям.
Сибата устоди пешбурди роҳу усули ҷанг дар минтақаи кӯҳӣ буд ва қушунҳои худро дар нишебиҳои ҷаридори шимолтари қалъа ҷойгир намуд. Ман ҷанг кардан дар замини ҳамворро авлотар донистам ва қувваҳои худро каме ҷанубтар аз водии поён дарозкашида, ҷойгир намудам.
Масофа дар байни хатҳои пешоҳанги мо ҳамагӣ се километрро ташкил менамуд. Қушуни панҷоҳҳазорнафараи ман бо беқарорӣ ба артиши бистҳазорнафараи Сибата чашм медухт, самурайҳои ҳарду ҷониб бошанд, тахмин мекарданд, ки кадоме аз онҳо якумин шуда, теғи худро бо душмани кушташуда лолагун месозад ва кӣ якумин шуда, ҳалок мегардад.
Ба назар чунин мерасид, ки Сибата барои аввалин шуда ҳамла кардан, ҷуръат намекард. Ман намедонистам, ки чаро вай вақтро кашол медиҳад, вале ҳис кардам ин чӣ гапе ҳаст. Барои эҳтиёт қарор додам, ҷиҳати иҷрои тағйири самти муҳориба артиши худро дар ҳолати омодабоши пуррагӣ, нигоҳ дорам. То он вақте ки қувваҳои асосии ман ҳуҷуми генерал Сибатаро ба Сидзугатакэ мунтазир мешуданд, душманон метавонистанд дар ҷойи дигар ба мо ҳамла намоянд. Ҳодисаҳои баъдӣ оқилона будани қарори маро оид ба дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани артиш, тасдиқ намуданд. Қосид хабар овард, ки сарбозони Нобутака ба тарафи горнизонҳои мо дар вилояти Гифа, воқеъ дар шимолу шарқ, раҳсипор гаштаанд. Барои ҳимоя як қисми қушунро дар Сидзугатакэ монда, қисмати асосии артишро ба Гифа бурдам, то ки бо писари саркаши княз Нобунага ҳисобро баробар кунам. Мо қариб панҷоҳ километр роҳро тай карда будем, ки хатрасон бо номаи таъҷилӣ расида омад: қалъаи хурди қабилаи Ода дар шимоли Сидзугатакэ аз ҷониби Моримаса, ҷияни Сибата ғасб карда шудааст.
Акнун қувваҳои Маримаса барои кумак расонидан ба Сибата ба тарафи Сидзугатакэ равон шудаанд!
Ман фавран фармон додам: “Ба қафо чарх зада, ба пеш ҳаракат намоед”. Барои пешвоз гирифтани Нобутака дар Гифа як қисми қушунро монда, понздаҳ ҳазор нафар артиши савораро ҳамроҳи худ гирифта, бо суръати баланд ба ҷониби Сидзугатакэ шитофтем. Масофаи панҷоҳ километрро мо дар муддати панҷ соат паси сар кардем:
таърихнигорон ин ҳаракати қушун аз як ҷо ба ҷойи дигарро яке аз босуръаттарин юришҳо дар таърихи Ҷопон номиданд.
Ба хастагии аз ҳад зиёди одамон нигоҳ накарда, ман онҳоро даъват кардам, ки наистанд ва дафъатан ба душман ҳамла намоянд. Мо онҳоро субҳгоҳон вақте пойкӯбии аспҳои размӣ фазои оромии пагоҳиро ба ларза овард, ногаҳон ғофилгир кардем.
Задухӯрд то нимарӯзӣ – то он вақте ки “ҳафт найза”, ҳафт самурайи савораи интихобӣ аз гвардияи ман ба қалби сафи душман зада даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар сари роҳашон пайдо мешуданд, несту нобуд накарданд, пурҷушу хурӯш идома ёфт. Сафҳои душман омехта шуданд ва аскарони он рӯ ба гурези бетартибона оварда, дар байни нишебиҳои кӯҳҳои пур аз хун бо умеди наҷот ёфтан найзаю мушкет, шамшер ва ҳатто либосҳои ҷангии худро партофта мегурехтанд. Мо Сидзугатакэро наҷот додем!
Таърихнависони ҳарбӣ дар ҳайратанд, ки чӣ гуна артиши понздаҳҳазорнафара дар торикистони шаб тавонистанд аз тариқи тезонидани юриши лашкар панҷоҳ километрро ба ин зудӣ тай намоянд. Омили ҳалкунандаи комёбии мо на аз азоби тоқатшикан дар ҳолатҳои хатарнок, балки вазифагузории аниқ ва назорат аз болои иҷрои он ба даст омад.
Қабл аз он ки мавқеи худро дар Сидзугатакэ барои аз байн бурдани Нобутака дар Гифа тарк намоем, ба мо ҷиҳати дар вақти набуданамон пешгирӣ намудани ҳамлаи эҳтимолии қувваҳои Сибата, нақшаи эҳтиётӣ зарур буд.
Ман ба Митсунарӣ, яке аз сарвассалҳои худ фаҳмондам, ки вай вазифадор аст, дар сурати зарурӣ имконияти ба таври зуд аз Гифа ба Сидзугатакэ баргаштани моро таъмин намояд. Митсунарӣ чӣ гуна ин супоришро иҷро карданӣ буд, ба ман дахл надошт. Вазифаи ман ба таври аниқ гузоштани супориш ва дигар ба он мудохила накардан буд.
Митсунарӣ ва одамони вай шабакаи дастрасонии захираҳоро ташкил намуда, тамоми роҳи пешакӣ муайяншударо аз Гифа то Сидзугатакэ тай карданд ва дар тамоми деҳаҳои назди роҳ, ки сокинони он супориш гирифта буданд саққочаҳои биринҷӣ ва машъалҳои қатронӣ захира намоянд, муваққатан таваққуф карданд. Дар натиҷа, аскарони дар ҷараёни ҳаракатбуда, ғизо ва машъалҳоро бидуни ист мегирифтанд ва барои равшан кардани роҳи худ дар торикӣ истифода мебурданд.
Захираи хӯрокворӣ барои понздаҳ ҳазор одам ва аспҳо масъалаи мушкили таъмини моддию техникӣ ба шумор мерафт, вале барои иҷрои он ба одамони ман танҳо вазифагузории анику дақиқ зарур буд. Митсунарӣ ва ёрдамчиёни вай подоши саховатмандона гирифтанд.
Дар ба даст овардани ин ғалабаи ҳалкунанда ба мо “асрори масъулият”: мақсадҳои муайяну равшан гузоред, кумак кард.
Баробари пайдо шудани имконият, одамонро ҳавасманд намоед Муҳориба дар назди Сидзугатакэ на танҳо мақоми сарварии маро устувор кард. Ба туфайли вай дар луғати забони ҷопонӣ ифодаи нав – “ҳафт найза” пайдо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё