Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бадтарини онҳо аз роҳзанони роҳи калон фарқе надоштанд.

Каме поёнтар мақоми иҷтимоии ронинҳо, самурайҳои озод, ки ҷаноб надоштанд, ҷойгир шуда буданд. Шумораи ронинҳо аз ҳисоби асилзодагони камбағалгашта ё аз ҷумлаи онҳое, ки баъди муфлис шудан ё дар задухӯрдҳо шикаст хӯрдани ҷанобашон корро аз даст додаанд, зиёд мегашт.

Дар байни ронинҳо ҳам сипоҳиёни бовиҷдон ва ҳам роҳзанҳо зиёд буданд. Намояндагони ин гурӯҳи иҷтимой – аз ҷумлаи охиринҳоянд, ки ҳуқуқи доштани ному насабро доштанд; одамони оддӣ чунин имтиёзро надоштанд. Дар асоси аҳроми иҷтимой шаҳрвандон, ҳунармандон, тоҷирон ва деҳконон – халқи меҳнаткаш, ки қисми бештари аҳолии кишварро ташкил мекарданд, ҷойгир карда шуда буданд.

Ин одамон унвон надошта, танҳо соҳиби номе буданд, ки баъди таваллуд шудан, ба онҳо дода буданд. Ба ғайр аз ин, онҳо ягона шаҳрвандони Ҷопон ба шумор мерафтаанд, ки муваззаф буданд, андоз супоранд.

Дар ин манзараи сернақшу нигори табақаҳо самурайҳо аз ҳама симоҳои машҳур ва марказии таърихи Ҷопон, шахсони хаёлпараст, ки ба сипоҳиёни асрҳои миёнаи Аврупо ва ё ковбойҳои Ғарби ваҳшӣ муқоисашаванда буданд, ба шумор мерафтанд. Вале баъди марги Хидэёсӣ нақши самурайҳо ба таври катъӣ тағйир ёфт. Бо барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвар, талабот ба низомиёни касбӣ якбора кам шуд. Баъд аз ин, самурайҳо ба омодагии низомӣ камтар машғул шуда, бештар диққати худро ба рушди маънавиёт, маориф ва санъатҳои зебоию нафиса равона менамуданд.

Соли 1857, вақте ки бо худ доштани шамшер дар ҷойҳо ҷамъиятӣ қонунан манъ гардид ва табақаи ҷанговарон барҳам дода шуд, онҳо ба самурайҳои бе шамшер мубаддал гаштанд, ки Хидэёсӣ аллакай қариб се аср пеш чунин тарзи зиндагиро пешаи худ карда буд.

Ба ин нигоҳ накарда, мероси онҳо кумак намуд, ки Ҷопон баъд аз ИМА ба як кишвари қудратманди саноатии дунё мубаддал гардад. Комёбиҳои корпоратсияҳои Ҷопон аз бисёр ҷиҳат ба туфайли анъанаҳои накӯкории низомӣ, вафодорию садоқат ва бозии софдилона ба даст омадаанд, сохтори ҷамъияти муосири Ҷопон бошад, ба образи сарвари эгалитарӣ, ки Хидэёсӣ эҷод карда буд, мутобиқат менамояд.

Шарҳу эзоҳ ба матн Бо вуҷуди он ки Хидэёсӣ баъди худ ҳазорҳо мактуб ва дигар ҳуҷҷатҳо ба мерос мондааст, олимон оид ба чунин оддитарин воқеоти зиндагии вай, аз қабили соли таваллуд баҳсҳоро идома медиҳанд (ва ин ҷойи тааҷҷуб нест, зеро ӯ чоряк аср пештар аз Уилям Шекспир ба дунё омадааст).

Муаррихон то имрӯз дақиққияти баъзе аз қаҳрамониҳои вайро зери шубҳа қарор медиҳанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сабабҳои махфии аксарияти аҳдҳои аз ҷониби ӯ оид ба иттиҳодҳои сиёсӣ басташударо, муайян намоянд.

Новобаста аз ин, тарҳи умумии ҳаёти Хидэёсӣ ва дастовардҳои калидӣ бо арқому далелҳо эътироф шудаанд.

Хонанда бояд дарк намояд, ки санадҳои таърихӣ, ки дар онҳо Хидэёсӣ ҳадди сарвариро тасвият медиҳад, вуҷуд надоранд. Онҳо аз ҷониби муаллиф аз «Тайкокӣ», аз ҳодисаҳои воқеӣ, аз ҳамаи он чизе, ки дар бораи шахсияти Хидэёсӣ дар мактубҳо ва дигар санадҳо дида мешаванд, имтидод карда шудаанд.

Сарфи назар аз шаҳодати аёнӣ дар бораи он ки дар солҳои охири зиндагияш ӯ такаббур ва худписандии аз ҳад зиёд нишон медод, ман тамоми қувваи тасаввуроти худро истифода бурдам, то ки дар ҷойҳои зарурӣ ба садои Хидэёсӣ оҳанги андешамандӣ ва пушаймонӣ ҷой диҳам (баъзе муҳаққиқони таърих чунин мешуморанд, ки дар пиронсолӣ вазъи саломатияш хуб набуд ва ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуда буд). Бо мақсади ба даст овардани дарси сарварӣ аз ҳаёти ӯ, маро зарур омад тасаввур намоям, ки шоҳ-Маймун дар рӯзҳои охири ҳаёти худ қарор дод, ғарқи андешаҳо шавад ва панду насиҳатҳои оқилонаи худро, ки дар асоси баҳои воқеъбинонаи комёбиҳои ниҳоят зиёди худӣ ва нокомиҳои ҳалокатовар ҷамъ оварда шудаанд, ба наслҳои оянда манзур намояд.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям маро барои чунин ҷуръат ва ё бебокии ноҷо бубахшед.

Шарҳу эзоҳ оид ба тарҷума “Самурае, ки шамшер надорад“ – ин китоби нависанда Китами Масао “Курси идоракунии Тоётоми Хидэёсӣ” («Toyotomi Hideyoshi no Keiei Juku») мебошад. Одамоне, ки забони ҷопониро медонанд, мебинанд, ки ба матни аслӣ баъзе тағйирот ворид карда шудаанд. Ман ин корро бо се сабаб анҷом додам.

Аввалан, масъалаҳои идоракунӣ, ки дар китоби Китами Масао тавсиф карда шудаанд ва онҳоро Хидэёсӣ ҳал мекард, ба анъанаҳои иҷтимоӣ ва усулҳои пешбурди соҳибкории хоси Ҷопон зич алоқаманд буданд, вале барои аксарияти хонандагон ношинос мебошанд. Маҳз бо ин сабаб, дар ин нашр ман баъзе чизҳоро кӯтоҳ намуда, диққати асосиро ба мавзӯи сарварӣ, ки намояндагони фарҳангҳои мухталиф як хел дарк мекунанд, равона намудам.

Дуюмин, ҳамаи ҷопониҳо медонанд, ки Хидэёсӣ кӣ буд, бисёриҳо аз синни кӯдакӣ саргузаштҳои ӯро борҳо шунидаанд, дар ҳоле ки бисёре аз хонандагони “Самурае, ки шамшер надорад“, гумон аст, дар бораи қаҳрамони асосии мо ё қаҳрамониҳои вай дар даврони задухурдҳои музофотҳо маълумоте дошта бошанд. Барои пур кардани ин холигиҳое, ки Китамӣ оромона метавонист сарфи назар намояд, маро зарур омад аз якчанд ҳуҷҷатҳои таърихӣ, тарҷумаҳои ҳол ва тадқиқотҳои илмӣ истифода барам.

Сеюмин, ман Хидэёсиро “Самурае, ки шамшер надорад“ ном мебарам. Албатта, баъзеҳо бо назардошти оқибатҳои бади баъзе амалҳои қаҳрамони мо метавонанд норозигӣ баён намоянд ва изҳор кунанд, ки ӯ лоиқи чунин тахаллус нест. Вале ман чунин мепиндорам, ки дар ин ибора ноӯҳдабароии вай ҳангоми истифода аз санъати ҳарбӣ ва саъю кӯшиши зафар ёфтан бар душман бо оромӣ ба таври дақиқ ифода ёфтааст. Хонандагон бояд донанд, ки номи “Самурае, ки шамшер надорад“-ро ман махсус барои қаду қомати Хидэёсӣ фикр карда мондаам; он барои тамоми табақаи самурайҳои сулҳдӯст мисол шуда наметавонад, дар матни Китамӣ истифода намешавад ва дар забони ҷопонӣ монандӣ надорад.

Воқеан, дар бораи забон. Ман мехостам нусхаи англисиашро барои доираи васеи хонандагон шавқовар ва илҳомбахш намоям, вале барои ин ман ҳамчун муаллиф ва тарҷумон бояд ба созиш розӣ шавам. Ман номҳои ҷопониро бо тартиби даркорӣ (аввал насаб, баъд ном)-ро пешниҳод менамоям, вале барои осонии кор як қисми номи пурраи қаҳрамонро, ки барои дар хотири хонанда монданаш осон аст, истифода мебарам.

Дар натиҷа Хатидзука Короку зимни истифодаи ман Короку мешавад, Сибата Катсуиэ бошад, Сибата навишта мешавад (фикр мекунам, ба бештари хонандагон бе ин ҳам дар хотир нигоҳ доштан ва фарқ кардани номҳои ғайриодатӣ ва монанд, аз қабили Митсунарӣ и Митсухидэ, Масанорӣ ва Масамунэ ва ғайра, душвор хоҳад буд). Бинобар ин, барои он ки матн душворфаҳм нашавад, ман қаҳрамонҳои дуюмдараҷаро беном мондам ва истифодаи номҳои архаистии ҷуғрофии асри шонздаҳро, ки бештари онҳо ҳатто ба соҳибони маҳаллии забон шинос нестанд, ба андозаи ҳадди ақал кам кардам.

Боз як мушкилоти дигар бо номи қаҳрамони асосии мо алоқаманд аст. Ба туфайли болоравӣ дар касбу вазифа номи Хидэёсӣ ончунон тез-тез иваз мешуд, ки ҳатто ба хонандагони ҷопонӣ дар хотир нигоҳ доштани номҳои ӯ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ мушкил буд. Ман корро осон кардам, яъне дар китоб фақат як номро, ки ҳангоми таваллуд шуданаш – Хидэёсӣ ба ӯ дода буданд, истифода бурдам. Ман муддати зиёд аз ин ва дигар мушкилот азоб кашидам, вале дар ниҳояти кор қарор додам, ки мутобиқати дақиқ ба маълумотҳои илмӣ ин китобро ба ғайр аз ҳаводорони оташини таърихи Ҷопон, ниҳоят дилгиркунанда хоҳад кард. Умедворам, шумо аз натиҷаи кори мо қаноатманд хоҳед шуд.

Ва ниҳоят, мехоҳам ба Китами Масао барои он ки имкон дод, китоби мазкурро барои хонандагони англисзабон мутобиқ намоям; ба агенти худам Марте Ҷуэтт барои маслиҳатҳои арзишманд ва дастгирии пайвастаи ин лоиҳа ва ҳамчунин ба Джеймс Рейд Харрисон барои кумак дар таҳрири асар изҳори миннатдорӣ намоям.

Тим Кларк, Токио, Ҷопон ва Портленд, иолати Орегон, августи соли 2006.

СИПОСГУЗОРӢ, МЕҲНАТИ СУБОТКОРОНА, ҚАТЪИЯТ ДАР АМАЛ ВА САДОҚАТ Мақсади ту, ҷавон, ин аст, ки мехоҳӣ ба ман хизмат кунӣ?

Савораи асп, ки дар сар тоскулоҳи шохдор дошт, дар пасманзари осмони кабуди тира, сияҳнамо ба назар мерасид, гӯё мисли деви бузург болои сари ман намудор шуд, ман бошам, бо ду зону дар дохили обу лой назди вай истода будам. Ман наметавонистам ба чеҳраи вай назар кунам, вале аз гулдурроси овози вай фақат салобат эҳсос мегардид, дар саволаш бошад, ҳатто ишорае аз тамасхур дида намешуд.

Ман кӯшиш кардам чизе бигӯям, вале аз гулӯям фақат хир-хири суст баромаду халос. Даҳонам ончунон хушк шуда буд, ки гӯё аз ташнагии шадид мурда истода будам.

Вале ҷавоб додан зарур буд. Зеро аз ҷавоб ба саволи вай на танҳо тақдири ман, балки қисмати ояндаи тамоми Ҷопон низ вобаста буд, вале он вақт ман инро намедонистам.

Сарамро ба он андозае боло кардам, то ки тамоми қаду қомати девмонандашро фаро гирам, дидам, ки ӯ ба ман мисли заған, ки омодааст бо чанголҳои тези худ муши саҳроиро дастгир намояд, нигоҳ мекард.

Вақте ман тавонистам сухан гӯям, овози ман тозаю ором буд ва бо ҳар як калимаи навбатӣ дар он боварӣ илова мешуд. Бале, чунин ният дорам, княз Нобунага, – тасдиқ намудам ман. – Мехоҳам.

Ин кор дар авҷи даврони тираю пурошуби ҷангҳои дохилӣ: “асри ҷангҳо”, вақте ки замин ғарқи хун гашта буду ягона қонун, қонуни шамшер ба шумор мерафт, рух дод. Ман ҷавони наврас будам ва тани танҳо барои ҷустуҷӯӣ хушбахтӣ, бо кисаҳои холӣ аз як деҳа ба деҳаи дигар овораю саргардон мегаштам. Вале, ҳатто ҳамон вақт ман мехостам сарвар шавам ва одамонро аз паси худ барам, ҳол он ки тахмин карда наметавонистам, ки ин хоҳишам маро то ба куҷоҳо мебарад.

Номи ман Тоётоми Хидэёсӣ. Имрӯз ман ҳокими олии тамоми Ҷопон, якумин деҳконе ҳастам, ки ягон вақте ба қуллаҳои баланди ҳокимият расидаам1. Ман ягона княз аз байни бештар аз дусад даймё, ки кишварро дар байни худ тақсим карда буданд, мебошам, ки мавқеи худро дар ҷамъият на аз рӯйи ҳуқуқи таваллуд ва бо имтиёзи дар қонун тасдиқшуда, балки бо меҳнати суботкорона ба даст овардаам. Ман аз қашшоқию бенавой баланд шудаам, то ки кишвари бузургро идора ва ба садҳо ҳазор самурай ҳукмфармоӣ намоям. Ин лаҳза ман ба навиштани ин калимаҳо машғул ҳастам ва умедворам, ки таърихи ман дар қалби одамон шавқу рағбати ривоҷ додани сифати сарвариро бедор менамояд.

1. Дар солҳои охири зиндагияш Хидоёсӣ вазифаи тайко ё регенти император дар истеъфоро ишғол мекард. Сарфи назар аз бознишаста будан, мақоми тайко аз кампаку ва регенти император баландтар буд. Ба ном ҳам тайко ва ҳам кампаку ба император тобеъ буданд, вале ҳокимияти император рамзӣ буд. Дар амал ҳокими олии Ҷопон Хидэёсӣ ба шумор мерафт.

пешина
аз 30
навбатӣ