Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баъзеи аз шумо аллакай аз паси худ пайравони хешро ба пеш бурда истодаед. Баъзеҳо ба наздикӣ ба ҷодаи сарварӣ қадам ниҳодаанд. Дигарон бошанд, аз паси касе равонанд, вале орзу доранд, худашон дар сафи пеш бошанд.

Нобоваста ба ҷой ва мақоми шумо дар зиндагӣ, сирру асрорҳои нагузарандае, ки дар ин саҳифаҳо кушода шудаанд, ба шумо хизмати хуб хоҳанд кард, зеро онҳо ҳам барои касоне, ки худашон тобеъ мебошанд ва ҳам барои шахсоне, ки ба онҳо тобеъ ҳастанд, якранг судманд мебошанд.

Одамон маро барои табиати шух доштан ва ҳамчунин барои гӯшҳои чапарак, каллаи бузургу тани бемадор доштанам бо лақаби Маймун сарфароз гардонидаанд. Қади ман паст буда, бадафт мебошам. Касоне, ки маро бори аввал мебинанд, симои ман онҳоро ҳайратзада мекунад – онҳо интизори он набуданд, ки одами аз ҳама тавонои мамлакат метавонад тоссар, бадафт ва пакана бошад. Баъзеҳо маро бадафттарин сарвар дар таърихи Ҷопон ном мебаранд!

Бигузор ҳарчӣ мехоҳанд, гӯянд. Сарфи назар аз шӯҳрати баднамотарин ҳокими олӣ, дар ҳаёти ман, одамони зиёде буданд, ки содиқона ба ман хизмат мекарданд, барои он ки ман низ ба онҳо сидқан хизмат менамудам. Ин аст “сирри садоқату вафодорӣ”, ки дар бораи он баъдтар ҳикоят хоҳам кард.

Эҳтимол шуморо он ҳодиса дар бораи он ки роҳи муваффақонаи ман ба қуллаҳои сарварӣ дар асоси мафҳумҳои ибтидоии садоқат, сипосгузорӣ, меҳнати суботкорона ва қатъият дар амал сохта шудааст, ба ҳайрат оварад. Ин принсипҳо то андозае тривиалӣ ба назар мерасанд, ки дар нигоҳи аввал “сиру асрор” ҳисобида намешаванд. Вале кам касоне пайдо мешаванд, ки қувваи аслии онҳоро дарк намоянд ва камтар аз ин одамон медонанд, ки онҳо асоси кодекси самурай, маҷмуаи қоидаҳои рафторро, ки садҳо сол боз эҳтиром мекунанд, ташаккул медиҳанд. Кодекси самурай на танҳо бахши муносибат бо яроқро фаро мегирад, ки ман аз ин беҳад миннатдорам, зеро дар таърихи Ҷопон ҳамчун бадтарин ҷанговар шӯҳрат доштам! Вале дар аслиҳахонаи ман яроқи дигар, ки дар ҳақиқат дорои қувваи даҳшатнок мебошад ва номи он – ақлу идроки ман аст, вуҷуд дорад. Ва маҳз барои ҳамин, шумо метавонед маро самурае, ки шамшер надорад, ном баред.

Дар тамоми роҳҳои расидан ба қуллаҳои сарварӣ ман ин қоидаҳоро бечуну чаро иҷро мекардам, онҳо беҳтарин ёрдамчиёни ман буданд. Дарсҳои сарварӣ, ки ман он замон азхуд кардам, то ҳанӯз моҳияти худро гум накардаанд, кодекси самурай бошад, ба талаботи сарварон дар Ҷопон ва берун аз сарҳадоти он ҷавобгӯ мебошад.

Ман дар оилаи деҳқони камбагал дар деҳаи Накамура1, воқеъ дар вилояти Оварӣ ба дунё омадаам. Беаслу насаб, бадафт, ки ба маймуни камбағал шабоҳат дорад, – ин манам: Хидэёсӣ, писарбача маймун. Падарам дар синни ҷавонӣ ин дунёро тарк кард. Бо падари угай мо доимо ҷанҷол мекардем.

Ман маълумот гирифта натавонистам, барои гирифтани ягон касб омӯзонида нашудам ва аз ягон бартарию имтиёзҳои табақаҳои асилзода бархӯрдор набудам. Вале ман ба андозаи ҳадди аксар кӯшиш мекардам, ки аз он камтарин хубиҳое, ки насибам гардида буд, истифода барам. Бартарияти ман ин камбағалӣ буд, зеро маҳз он бароям кумак кард, ки моҳияти мубориза барои зиндагиро, ки одами табақаи поёнӣ маҷбур аст, пеш барад, дарк 1. Имрӯз Накамура, ин ноҳияи шаҳри Нагоя, яке аз марказҳои бузурги Ҷопон ба шумор меравад, ки дар он дафтари асосии корпоратсияи «Toyota» ҷойгир аст.

намоям. Наваду панҷ фоизи онҳое, ки дар ин муҳориба иштирок мекунанд, аскари пиёда, одамоне мебошанд, ки дар зинаҳои поёни ҷамъият қарор доранд. Ман ба хубӣ дарк менамоям, ки онҳо худро чӣ гуна ҳис мекунанд ва дар бораи чӣ фикр мекунанд, зеро худам ҳам як замоне яке аз онҳо будам. Маҳз барои ҳамин, ман тавонистам моҳирона вафодории онҳоро ба даст орам, шавқу завқи онҳоро бедор намоям ва онҳо бо хушнудӣ ба хотири ман ба ҳама кор омода ҳастанд. Дар ин ҷода ягон ҷаноби асилзода баробар шуда наметавонад. Оё онҳое, ки доимо хӯрок ва сарулибос ва сарпаноҳ доштанд, метавонанд онҳоеро, ки ин ҳама чизҳоро ҳеҷ вақт надоштанд, дарк намоянд?

Камбудиҳои аз ҳама калонтарини ман (дар аввал ман чунин мепиндоштам) ин кади паст ва бадани бемадор ба шумор мерафтанд. Дар овони ҷавонӣ аз ҳама бештар мехостам самурай шавам, вале барои ин ба ман қувваю чолокӣ намерасид. Дар асри ҷангҳои тӯлонӣ ҳар як княз барои ҳимояи ҳокимияти худ маҷбуд буд артиши хешро ташкил намояд, бинобар ин, аксаран аскаронро аз ҳисоби деҳконон ҷамъ мекарданд. Онҳое, ки аз ҷумлаи мо бо қувваи хуби чисмонӣ фарқ намекарданд, ба артиш шомил шудан мушкил буд. Ман ҳеҷ гоҳ аз шамшер моҳирона истифода бурда наметавонистам. Дилхоҳ ронини1 лоғар ба осонӣ метавонист дар задухӯрдҳои кӯчагӣ косахонаи сари маро зада шиканад! Бинобар ин, ман базудӣ дарк кардам, ки агар мехоҳам сари худро дар болои китфонам нигаҳ дорам, на бадани худро, балки бояд шуури худро инкишоф диҳам. Барои ҳамин ман самурае шудам, ки бисёртар ба ақл умед мебандад, на ба силоҳ. Ман аз шамшер дида, санъати роҳбарӣ ва аз найза дида, мантиқро авлотар донистам. Муносибати ман ба сарварӣ бароям имконият дод, ки бар ҳарифонам ғолиб оям. Ҳазорон самурайҳо аз паси ман бе дудилагӣ худро ба обу оташ заданд, барои ман ҳам аҳли табақаи поёнӣ ва ҳам асилзодаҳо ҳаёти худро дареғ надоштанд. Ман ба ҳамаи онҳо барои қурбониҳояшон бениҳоят сипосгузорам. Миннатдорӣ бошад, тавре шумо мебинед, асоси сарварии бомуваффақиятро ташкил медиҳад.

Сарварон бояд сипосгузор бошанд Таърихи зиндагии ман оғози хоксорона дорад. Дар баробари нодорию камбағалӣ, бесаводӣ ва аз нажоди номдор набудан, ман пастқомат, заиф ва бадафт будам. Вале ман нагузоштам, ки ин камбудиҳо тақдири маро муайян намоянд. Маро чунин як хоҳиши пурҳарорати зиндагӣ фаро гирифта буд, ки шабеҳи онро ками андар кам дар дунё вохӯрдан мумкин аст.

Сарфи назар аз он ки ман дар оилаи чоряккор таваллуд шудаам, кӯшиш мекардам сарвар шавам ва ният доштам нагузорам, ки номукаммалиям садди роҳам гарданд. Дар замири дил ҳамеша медонистам, ки имкониятҳои ман зиёдтар аз он аст, ки дигарон дар бораи он фикр мекунанд.

Падарам дар аввал деҳқон буд, баъд дар артиши қабилаи Ода аскари пиёда шуд ва сипас дар муҳорибае ӯро маъюб карданд. Барои он ки зиндагонии хоксоронаро пеш барад, модарам маҷбур шуд ҳамчун мардикор кор кунад.

Баъди вафоти падар, вақте ман ҳафтсола будам, модар ба марде бо номи Тикуами, ки аввал деҳкон ва баъдтар аскари Ода шуда буд, ба шавҳар баромад.

Ман модари худро, ки ҳаёти вай занҷираи имтиҳонҳои сангин буд, ниҳоят дӯст медоштам. Ҳатто ҳангоми бачаи хурд буданам, ман сангинии азиятҳои ӯро ҳис мекардам ва тақдири маро кушишҳо барои сабук кардани бори ғаму ташвиши вай муайян намуд, вале танҳо баъд аз он ки ман бори дигар сабабгори расонидани дарди бештаре шудам.

Гап дар сари он меравад, ки ман бачаи шӯху ҷангара будам. Ман мактабро бад медидам, санг партофтану ҷангбозиро дӯст медоштам. Ба модарам назорат кардан аз болои ман ниҳоят мушкил буд, барои ҳамин ғамхорӣ оид ба тарбия ва донишомӯзиро ба роҳибҳои маъбади буддой ба умеде, ки дар он ҷо интизомам беҳтар мешавад, вогузор намуд. Вале ман насиҳатҳои муаллимонро сарфи назар карда, рӯзҳои дароз дар кӯчаҳо овора шуда, мегаштам, бо найзаҳои аз дарахти бамбук сохташуда гурбаҳои бемаконро шикор намуда, бо шамшери чӯбин бо шапалакҳо ҷанг мекардам. Дере нагузашта, роҳибҳо аз баҳри ман гузаштанд. Онҳо гуфтанд, ки ҳатто худи Буддо тоқати назорат бурдан аз болои Хидэёсиро надорад ва маро ба хонаамон фиристоданд.

Баъди баргаштан ба оила ман алаф медаравидам ва ба моҳигирӣ машғул шудам, то ки ба модарам барои таъмини рӯзгор кумак расонам, вале бисёр вақт гуруснагӣ мекашидем. Бадии кор дар он буд, ки ман бо падарандарам, ки маро аз рӯйи одат химча меномид, муносибати хуб надоштам. Дар яке аз рӯзҳо модарам қарор дод, ки ба ин феълу рафтори ман дигар тоқат кардан наметавонад.

Хидэёсӣ, – гуфт ӯ, – чун ту намехоҳӣ дарс хонӣ ва роҳибҳо дигар намехоҳанд бо ту машғул шаванд, ман бо ҳамсояҳо маслиҳат кардам, ки туро ба шогирдӣ қабул намоянд, то ки аққалан ягон касбро аз худ намоӣ.

Ман ба шунидаҳои худ бовар накардам, зеро модарамро ягона ҳамфикри худ меҳисобидам.

Ту чӣ гуна метавонӣ бо ман чунин рафтор намоӣ? – пурсидам ман. Баъди шунидани ин суханон, ӯ гиря намуд ва маро ончунон сахт ба оғӯш гирифт, ки қариб буд нафасгир шавам.

Ман тарс аз он дорам, ки агар минбаъд низ ту ба падархондат эрод гирӣ, натиҷааш ба хубӣ анҷом намеёбад.

Ягон рӯз вай худро идора карда наметавонад ва туро то мурданат мезанад. Ман дигар ин гуна рафтору муносибати шуморо тақат карда наметавонам. Аз барои Худо, аз ту илтимос мекунам, ин хонаро тарк намо. Ман бо тамоми вуҷудам, дилу ҷонам пазмонат мешавам, вале ту бояд равӣ.

Не! Ман рафтан намехоҳам! Модар, ман туро дӯст медорам!

Хидэёсӣ, маро бодиққат гӯш кун, – бо садои гиряолуд гуфт ӯ.

Барои он ки дар ин дунё зиндагӣ намоӣ, бояд замин ва пул дошта бошӣ. Ман намехостам бори дигар ба шавҳар бароям, вале моро зарур буд, ки зинда монем. Акнун ту бояд худат ғамхорӣ худ бошӣ.

Ин охирин маротибае набуд, ки ман маҷбур будам хонаи бароям азизро ба талаби модарам барои таҳсил, тарк намоям. Манзараҳои ба ин монанд борҳо такрор шудаанд ва ҳар дафъа бо натиҷаҳои якхела анҷом ёфтаанд.

Модар зораю тавалло мекард, ки барои худам ҷойи хубро пайдо намоям. Барои омӯзиши касби нав ман ба оилаи дигар мерафтам, вале ба гузашти якчанд моҳ маро аз он ҷо пеш мекарданд ва боз ба хона бармегаштам. Модар маро таънаю маломат мекард ва аз маъюсию ноумедӣ ашки талх мерехт. Вале ин ҳама панду насиҳатҳои ӯ аз як гӯш даромада, аз гӯши дигар баромада мерафтанд ва орзу мекардам, ки хизматгори самурай шавам.

Рӯзе ман қарори қатъӣ қабул намудам.

Модар, ман барои ёфтани роҳи худ дар зиндагӣ ба таври доимӣ хонаро тарк мекунам, гуфтам ман.

То он вақте ки шуҳратманд нашавам, ба хона барнамегардам.

Сарфи назар аз он ки он вақт ман ҳамагӣ понздаҳ сол доштам, қатъияти дар чашмонам бударо дида, модарам ба беҳӯда будани эътирозаш боварӣ ҳосил кард.

Ҳангоме, ки бо чашмони пурашк маро гусел мекард, ӯ ба ман халтаи вазнини пур аз тангаҳои мисинро дод, ки он барои харидории биринҷ барои як сол басанда буд.

Модарам ба хубӣ медонист, ки ба навҷавоне, ки дар танҳоӣ дар кишвар овораю саргардон мешавад, чи гуна хатарҳо таъқиб мекунанд ва тарс аз он дошт, дигар ҳеҷ гоҳ бо ҳам вонамехӯрем. Бинобар ин, вай тамоми пулҳоеро, ки барои мерос ба ман пешбинӣ шуда буданд, ба ман дод. Ин маблағ назар ба он пулҳое, ки деҳқонони соҳиби корбуда, ба фарзандонашон медоданд, зиёдтар буд. Ӯ барои сарфа кардани ҳар як пули сиёҳ, аз бароварда сохтани кучактарин хоҳишу талаботи худ даст мекашид. Банохост барои худ дарк кардам, ки то чӣ андоза вай маро дӯст медорад ва барои ин чӣ қурбониҳое накардааст. Барои аввалин бор маро ҳисси сипосгузории самимона фаро гирифт. Ҳамон рӯз ман бо роҳи ноҳамвор, ки маро аз деҳаи худамон ба берун аз он мебурд ва ман ҳеҷ гоҳ он ҷо набудам, қарор қатъӣ қабул кардам, ки барои осон кардани зиндагии модарам тамоми корро анҷом медиҳам. Ман ба зинаҳои боло роҳ меёбам ва ӯро аз азоби меҳнати пурмаққат дар саҳро озод намуда, барояш чунин шароите муҳайё хоҳам сохт, ки дар бораи он танҳо орзу мекард.

Сипосгузорӣ дар вуҷуди ман чунин майлу хоҳиши боздоштанашавандаеро бедор кард, ки худ ба қуллаҳо бирасам ва ба дигарон кумак намоям. Сарфи назар аз ақидаи маъмулӣ, моҳияти сарварӣ аз ин иборат аст, ки ба дигар одамон хизмат намоӣ, на ин ки аз хидмати дигарон истифода барӣ. Ба онҳое, ки кӯшиш доранд дигаронро барои аз қафояшон рафтан ҷалб намоянд, зарур аст, “асрори сипосгузорӣ”-ро азхуд намоянд: сарварон бояд сипосгузор бошанд.

Сарварон бояд аз дигарон бештар кор кунанд Рафтан аз хонаи волидайн аз оғози ҳаёти нав ва ҷустуҷӯи кор далолат медод. Дар Киёсу, аввалин нуқтаи истгоҳ дар ҷараёни сафар, ман қисми зиёди маблағи меросро барои хариди сузан барои дӯхтани матоъҳои пахтагин сарф намудам. Сӯзанҳо нархи гарон доштанд, вале бурдани онҳо назар ба халтаи тангаҳо осон буд ва ҳамеша ба онҳо харидор ёфтан мумкин буд. Дар он замон Ҷопон ба матоъҳои пахтагин талаботи зиёд дошт – онҳо на танҳо барои дӯхтани либос истифода мешуданд, балки барои таъмини талаботи низомӣ равона карда мешуданд. Ман ният доштам, ки сузанҳоро ба дӯзандагони деҳотӣ ва оилаҳои самурайҳо фурӯшам.

Ҳаёти савдогари майдафурӯши оворагард, махсусан барои навҷавони понздаҳсола сангин аст. Баъди чанде охирин пасандози худро сарф кардам ва ҳама гуна корро – фаррошӣ, аробакашӣ ва ғайраро маҳз ба хотири шикамро бо ғизо пур кардан, иҷро менамудам. Ман дар зери осмони кушод хоб мекардам ва рӯзҳои дароз чизе намехӯрдам.

Баъзан ман ҳатто гадоӣ мекардам!

Гоҳ-гоҳе бароям муяссар мегашт, ки барои муддати кутоҳ ва бар ивази маблағи ночизе кор ёбам. Худро дар даҳҳо шуғл озмудам, ба ҳайси дуредгар, чалаксоз, моҳигир, маъдангудоз, даравгар, ёрдамчии ангиштсӯз, савдогари равған, чархчӣ ва дигар касбҳо, ки ҳоло дар ёдам нест, кор кардам. Ман ба таври мукаммал санъати бозори тиҷоратро азбар кардам, фаҳмидан ва дарки хоҳиши харидорон ва корфармоён, пай бурдани кайфияти оммаро ёд гирифтам.

Ба ман муяссар гашт, ки шоҳиди олиҳимматӣ ва хасисӣ, сипосгузорӣ ва палидӣ, ҷавонмардӣ ва аҳдшиканӣ гардам.

Рафтори одамонро дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ, аз ҷумла тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ мушоҳида намуда, маҳорати хешро дар самти шинохтани хислати онҳо фасеҳ ва мукаммал мекардам. Бо мурури замон маҳорати ворид шудан ба асроргоҳи замири инсонӣ баланд гардид ва муайян намудани талаботи намояндагони табақаҳоро ёд гирифтам ва боварии онҳоро ба даст овардам.

пешина
аз 30
навбатӣ