Зеҳн
Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Беҳтарин стратеги ҳарбии он замон Хамбэй ба ҳисоб мерафт ва қарор додам ӯро ба ташкилоти худ ҷалб кунам.

Вале ҷустуҷӯ ва пайдо кардани Хамбэй як тараф истад, моил кунонидани вай ба тарафи мо гузаштан, кори ниҳоят мушкил буд. Ӯ як одами асроромез ба шумор мерафт. Вай аз хунрезиҳои дар гирду атроф ҳукмрон, ҳисси танаффур нисбат ба фисқу фуҷур фурӯ рафтани сарвари қабилаи Сайто Татсуока хаста шуда, аз корҳои зиндагӣ канор рафт.

Касе намедонист, ки вай дар куҷо маскун гирифтааст.

Дар ниҳояти кор, бо кумаки ҷосусҳо бароям муяссар гардид аниқ намоям, ки вай дар нишебии кӯҳи Курихара, дар қалби вилояти Мино ҳаёти зоҳидиро ба худ касб намудааст. Ин ҷо қаламрави қабилаи Сайто, душмани ашадди мо ба шумор мерафт. Сафар ба он тараф бо худ хатари зиёд дошт, вале вазифаи ба ҷониби худ ҷалб кардани чунин як мушовири барҷастаро ба ягон миёнарав ё нукар бовар карда наметавонистам. Барои он ки диққати дигаронро ба ин вазифа ҷалб накунам, маро зарур буд, ки танҳо сафар намоям.

Ҳамчун ронини камбағал, бе душворӣ тавонистам то кӯҳҳои Курихара бирасам ва ба кулбаи хоксоронаи зоҳид ҳозир шудам. Вале Хамбэй дафъатан маро ифшо намуд.

– Ҷосусе, ки аз ҷониби Нобунага фиристода шудай!

Шумо бошед, эҳтимол он одаме ҳастед бо чеҳраи маймун, ки дар бораатон бисёр шунидаам, – гуфт вай. Агар чунин аст, ба ҷаноби худ бигӯед, ки ман намехоҳам на бо ӯ ва на бо лагандбардорони вай кори умумӣ дошта бошам. Ман фаҳмондам, ки ба ин ҷо на ба сифати ҷосус ва на ба ҳайси намояндаи махсуси махфии княз Нобунага омадаам, балки ин роҳи дурур дарозро бо хоҳиши худ тай кардаам. Аммо вай дар ҳама ҳолат ба суханони ман гӯш накард. Бароям аён гашт, ки бовар кунонидани Хамбэй барои ба тарафи мо гузаштан, осон нахоҳад буд, бинобар ин, бо эҳтиром манзили ӯро тарк кардам. Вале такрор ба такрор аз вай хабар гирифтанро идома медодам, ба манзили кӯҳияш меомадам ва ҳар дафъа бо эҳтиром коҳишу сарзаниши тезутунди ӯро гӯш мекардам.

– Хоҳиш мекунам, ба ман имконият диҳед, фикру андешаҳои худро баён намоям, – илтиҷо мекардам ман. – Ман ба кумаке ниёз дорам, ки онро танҳо Шумо метавонед, иҷро намоед. Ҳар вохӯрии навбатӣ бо ҷавоби инкор анҷом меёфт. Аммо баъди ташрифи шашум, Хамбэй аз истодагарии ман ба ҳайрат афтода, каме мулоим шуд.

Дувоздаҳ маротиба! Ман ба назди вай дувоздаҳ маротиба ҳозир шудам. Ман бо исрор аз таслим шудан даст мекашидам, ончуноне, ки вай аз гӯш кардан ва дарки далелҳои ман худдорӣ мекард.

– Шумо Татсуокаро одами арзанда меҳисобед? – пурсидам ман аз вай рӯзе. Вале, агар Шумо дар бораи вай чунин фикр мекунад, пас чаро барои кумак кардан ба вай аз тамоми имкониятҳо истифода намебаред?

Аммо агар шумо ӯро лоиқ намешуморед, пас чаро ба муқобили вай баромад намекунед? Ба Шумо аён аст, ки князатон танбал ва хасис аст, аз вай вассалҳо канорагирӣ карда истодаанд, ӯро деҳқонон дӯст намедоранд ва ҳеч чиз вайро аз шикаст халос намекунад. Пас, чаро ба ҷойи ба одами маҳкумшуда хизмат кардан, ба хизмати ҷаноби лоиқтар гузаштанро беҳтар намедонед?

Қувваи мантиқи ман баҳснопазир буд ва Хамбэйи хашмгин, аз афташ, омода буд, гузашт намояд – аққалан ба хотири он ки аз меҳмони дилбазани нохонда халос шавад.

– Таассуфовар хоҳад шуд, агар истеъдодҳои барҷастаи шумо, ба ҷойи он ки ба тамоми дунё манфиат оваранд, бо ҳамроҳии шумо дар ин кӯҳҳо ба хок супорида шаванд, – идома дода, гуфтам ман.

Якчанд дақиқаҳои тӯлонӣ Хамбэй хомӯш истод ва сипас пурсид:

– Дар сурати розӣ шуданам, чӣ қадар маош ба ман пешниҳод карданӣ ҳастед?

Ин аксуламали деринтизор барои як лаҳзае маро аз сухан гуфтан маҳрум сохт, зеро барои посух ба ин савол ман ҳанӯз омода набудам! Даромади худи ман ниҳоят хоксорона буд ва наметавонистам барои вай маоши зиёд пешниҳод кунам. Аммо ман ногаҳон “асрори мубодила”-ро ба хотир овардам: барои он ки чизе ба даст орӣ, аввал бояд чизе диҳӣ – ва дарк намудам, ки ҷавоб бояд якто бошад.

– Ман тамоми маоши ҳармоҳаи худро, ки аз княз Нобунага мегирам, ба Шумо медиҳам, – ваъда додам ба ӯ.

Хамбэй ҳайратзада буд. Вай танҳо ҳамин лаҳза дарк карда буд, ки барои он ки ман ӯро ба сифати мушовир ба даст оварам, ба чӣ корҳое қодир ҳастам. Баъд аз танаффуси тӯлонӣ ман аз вай суханонеро шунидам, ки чанд ҳафта боз аз ӯ интизор будам.

– Агар ба ин ҷо худи Нобунага меомад, – оҳиста талаффуз намуд Хамбэй, – вай бо дасти холӣ бармегашт. Вале истодагарӣ ва неруи хислати шумо маро тасхир намуданд.

Ман ба хизмати шумо ҳозир мешавам ва ба муқобили Татсуока ҷанг хоҳам кард.

Дар роҳи бозгашт ба хона ман вақти зиёд доштам, то дар бораи он ки баъди тамоми маошамро ба як корманд ваъда кардам, зиндагии худро чӣ гуна пеш хоҳам бурд, фикр кунам. Ба ман муяссар гардид Хамбэйро розӣ кунонам, вале бар ивази чӣ? Шояд, мо нақшҳои худро иваз кардаем? Эҳтимол кор бо он анҷом хоҳад ёфт, ки ман маҷбур мешавам ҷойи он зоҳиди камбағал аз нишебии кӯҳи Курихараро ишғол намоям.

Ман то он вақте, ки Хамбэй бароям дар бораи стратегия дарс мегуфт ва худро ҳақиқатан ҳам дар дарки санъати пешбурди ҷанг назар ба ҷаноби нави камсавод ва дилхоҳ мушовири княз Нобунага беҳтар медонад, кӯшиш мекардам ин фикрҳои маъюсонаро дар худ нигаҳ дорам.

Хушбахтона, вақте мо ба қалъаи Киёсу расидем, муваффақияти ҳайати ман оид ба ҷалби чунин як стратеги барҷаста княз Нобунагаро ончунон хурсанд кард, ки маоши маро хеле баланд намуд ва бо ин иқдомаш маро дар оянда аз нодорӣ халос кард. Вақте ман барои ифода кардани миннатдории хеш рӯ ба таъзим мерафтам, фикри ногаҳон ба сарам омода оид ба чӣ андоза омад кардани корам, қариб буд хандаи ноҷою бемаънӣ мекардам. Бо мушкилоти зиёд тавонистам ҷиддияти худро нигоҳ дорам, аммо княз Нобунага бо чашмони нимпӯш ба ман нигоҳ карда, гӯё аз кори нобоб шубҳа карда бошад, гуфт:

– Аҳволат хуб аст, Маймун? – мароқ зоҳир намуд вай.

– Бале ҷанобам, – ҷавоб додам ман.

– Ҳеҷ гоҳ худро аз ин беҳтар ҳис накарда будам.

– Ин хуб аст. Вале ту каме... нохуб ба назар мерасӣ. Аз афташ, ту бояд истироҳат кунӣ.

– Бале, ҷанобам. Ҳозир меравам ва ғелида хоб меравам.

Гузариши Хамбэй ба урдугоҳи мо паллаи тарозуро ба ҷониби мо майл намуд ва имкон дод, ки истилои вилояти Мино ба охир расонида шавад. Ба даст овардани ғалаба, аз бисёр ҷиҳат, мо ба шарофати дурандешӣ ва санъати ҳарбии вай ноил гардидем. Вале доираи татбиқи истеъдоди стратегии мушовири нав танҳо бо нақшаҳои амалиётҳои низомӣ маҳдуд намегардид. Баъд аз он, ки княз Нобунага вазифаи ноиби сёгунро соҳиб шуд, Хамбэй дар яке аз сӯҳбатҳои тасодуфӣ пешниҳоде кард, ки он ба таври қатъӣ тақдири маро тағйир дод.

– Акнун, вақте ки инони идораи ҳокимият ба ихтиёри княз Нобунага омадааст, – гуфт Хамбэй, – вай одами дигар шуд. Аз ин лаҳза сар карда, муносибати шубҳаомези вай нисбат ба ниятҳои дигарон якбора зиёдтар мешавад.

Агар мо мехоҳем дар қабилаи Ода бимонем ва сарҳои худро эмин нигаҳ дорем, кӯшиши худро бояд ба он равона созем, то ки нисбати садоқати мо ягон шубҳаи вай пайдо нашавад. Хидэёсӣ, шуморо зарур аст, ки падархонди яке аз фарзандони вай шавед.

пешина
аз 30
навбатӣ