Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
“Ташкилоти зеҳнӣ”-ро ташкил намоед Сарваре, ки кӯшиш дорад таъсири худро пурқувваттар намояд, вазифадор аст, манзараи ояндаи хешро наққошӣ кунад ва ҷодаи расидан ба онро интихоб намояд. Барои он ки ин супориш иҷро шавад, зарур аст “ташкилоти зеҳнӣ” – доираи маҳдуди мушовирони боэътимод, бофаҳм, ки ба ҳама кор ҷиҳати иҷрои вазифаи шумо омода ҳастанд, ташкил карда шавад. Яке аз одамоне, ки ба доираи наздики ман дохил шуд, Митсунарӣ буд. Дигараш Камбэй шуд.
Камбэй фаъолияти кории худро ба сифати вассали яке аз шохаҳои қабилаи бонуфузи Сатсумӣ, ки минтақаи Тюгокуро дар қисмати ғарбии ҷазираи Хонсю идора мекард, оғоз кардааст. Вақте Камбэй мақсади княз Нобунагаро оид ба зада даромадан ба Тюгокуро пай бурд, ӯ кӯшиш кард ҷанобашро мутмаин созад, ки бо қабилаи Ода созишнома бандад. Бо ин амали худ Камбэй маҳорати ҳис кардани вазиши замонро нишон дод!
Сипас, Камбэй пазироии княз Нобунагаро ба даст овард. Дар ҷараёни мулоқот ӯ дар бораи вазъ дар Тюгоку сухан ронда, ба княз дар мавриди чӣ гуна ишғол кардани мавзеи мавриди назар маслиҳат дод ва хоҳиш намуд, ки вайро ба дастаи пешсаф шомил намоянд.
Баъдтар ин вассали собиқи Сатсума ба княз Нобунага ба ҳайси роҳнамо дар раванди фатҳи вилояти Бансю, воқеъ дар ҷанубу ғарбии Киото, хизмати хуб анҷом дод.
Ӯ дар бораи душманон маълумоти мукаммали кашшофӣ ҷамъоварӣ ва ба таври дақиқ таҳлил намуда, диққати асосиро ба муборизаи дохилӣ барои ҳокимият ва низоъҳо дар байни гурӯҳҳо равона сохт. Мо ин далелу арқомро барои ихтилоф андохтан дар урдугоҳи душман ва ба ҷониби худ ҷалб кардани норозиён истифода бурдем. То соли 1577 қариб тамоми Бансю то як дараҷае ба туфайли кумаки Камбэй ба дасти княз Нобунага гузашт.
Пас аз музаффарияти мо дар Бансю ман ба княз Нобунага маслиҳат додам, ки мақоми Камбэйро то дараҷаи даймё баланд бардошта, ба вай мулки калони меросӣ ҳадя намояд. Дар якҷоягӣ бо як гурӯҳи дигари мушовирони боэтимод Камбэй дар яке аз лаҳзаҳои хатарноктарини ҳаёт ва фаъолияти кории ман – дар рӯзҳои аввали баъд аз куштори княз Нобунага дар паҳлӯи ман мавзеъ гирифт ва дастгириам кард. Қабилаи Ода ба киштие монанд шуда буд, ки капитанашро аз даст дода, бе чанбар, аз рӯйи ҷараёни об шино мекунад. Ғаму ноумедӣ маро то андозае фаро гирифта буданд, ки қариб буд ақлро аз даст диҳам.
Аммо Камбэй якҷоя бо дӯсти роҳзани қадимаам Короку маро бовар кунониданд, ки аз лаҳзаи қулай истифода бурда, киштии Одаро ба макони бехавф берун барорам.
– Худи тақдир ба Шумо ин имкониятро фароҳам оварда истодааст, – бо садои паст ба гӯшам гуфт Камбэй. – Вақти он расидааст, ки Шумо идораи кишварро ба дасти худ бигиред.
Суханони вай ба ман кумак карданд ҷуръат пайдо намоям ва аввалин гомҳоро ба ҷониби сарварии олӣ гузорам. Ҳамаи он чизе, ки баъд аз он ба амал омад, тавре дар урфият мегӯянд, кори фаннӣ буд.
Камбэй иҷрои ҳар як супоришро аз омодагии ҳаматарафа ва бо ҷидду ҷаҳд оғоз мекард. Ман рӯзеро, ки мо сарҳади Бансюро убур кардем, ба ёд меорам. Дар болои қуллаи теппа истода, аз паси қушунҳо наззора мекардам.
Ба қисмҳои пешоҳанг нигоҳ карда, бо тааҷҷуб алвонҷхӯрии байрақҳои низомии қабилаҳои Морӣ ва Укитаро ошкор сохтам.
– Барои чӣ қушунҳои ман таҳти ин байрақҳо баромад мекунанд? – пурсидам ман аз самурайҳое, ки дар паҳлӯи ман истода буданд. Касе ҷавоб дода натавонист ва ман супориш додам, ки Камбэйро даъват намоянд.
– Ман дар ёд надорам, ки маҷбур шуда, аз оилаҳои Морӣ ва Укита барои ин муҳориба фиристодани одамонашонро хоҳиш карда бошам, – гуфтам ман.
– Чаро байрақҳои онҳо дар ин ҷо пайдо шуданд?
– Баъд аз анҷом ёфтани музокироти сулҳ бо Морӣ, ман ба худ ҷуръат пайдо карда пурсидам, ки оё мо метавонем барои як муддат чанд адад байрақҳои ҷангиро бигирем, – ҷавоб дод Камбэй. – Дар мавриди байрақҳои Укита бошад, якчанд вассалҳои ин қабила бо лутфу эҳтиром ба мо имкон доданд, ки аз онҳо истифода барем. Эҳтимол, ин байрақҳо душманро ба он мутмаин месозанд, ки қувваҳои мо бешуморанд ва аз ин рӯ, бо мо набояд муқобилият кунанд ва мо ба он ноил хоҳем гашт, ки тарафи муқобил бе ҷанг таслим хоҳад шуд. Ҳеҷ набошад, онҳо хоҳиши ҷанг кардани душманро суст мекунад.
Баъд аз барои дурандешӣ таъриф кардани Камбэй, сарвассалҳоро ба назди худ даъват кардам.
– Ҳамаи шумо бояд суханони маро бодиққат гӯш карда, онҳоро дар қалбҳои худ ҳифз намоед! – бо тамоми овозам фарёд кардам ман. – Дар замони ҷанг ӯҳдабароӣ моҳияти аввалиндараҷа дорад! Маҳорати ҷанг кардан ҳамеша дуюмдараҷа мебошад. Ба ҷойи он ки шамшерҳои худро барои буридани сари душман истифода баред, сарҳои худро барои ғалаба ба шамшерҳои душман истифода баред! Худи Сун–тсзӣ метавонист ба ботадбирию зиракии стратегии Камбэй, ки имрӯз нишон дод, ҳасад барад.
Камбэй қодир буд дилхоҳ супоришро иҷро намояд.
Аз муҳориба дар назди Ямадзакӣ сар карда, то муҳосираи қалъаи Одавара, ӯ ҳар дафъа усулҳои беҳтарини стратегиро ихтироъ мекард, ки ба ман дар муттаҳид кардани кишвар кумак кардаанд. Ба сифати яке аз мушовирони ман, вай дар амалӣ гаштани ин миссияи таърихӣ саҳми бебаҳо гузошт.
Шумо умед бар он доред, ки дар нақши сарвар ба қуллаҳои бузург ноил мегардед? Барои иҷрои ин мақсад “асрори доираи наздик”: “ташкилоти зеҳнӣ” ташкил намоедро, истифода баред.
Қарзи худро дар назди ҷомеа адо намоед То соли 1585 ман қариб тамоми Ҷопонро муттаҳид намудам ва фикр кардам, ки ин корнамоии ман барои сёгун ё ҳокими олии низомӣ шудан кифоя аст. Ман ба Ёсиакии сарнагунгашта, вале то ҳанӯз ба ном сёгун, бо хоҳиши ба ман додани унвонаш муроҷиат кардам, аммо ӯ дархости маро рад кард. Сарфи назар аз он ки ман бар ҳамаи ҳарифонам зафар ёфтам, вале ба ман барои ноил шудан ба ин мансаб надоштани аслу насаби ашрофзодагӣ садди роҳ шуда буд. Дар он вақт яке аз мушовиронам пешниҳод кард, ки вазифаи ноибуссалтанаи императорро ишғол намоям.
Ман намедонистам, ки ин унвон чӣ ваколатҳо дорад, вале вақте ба ман хабар доданд, ки ноибуссалтана баъди император одами дуюм ба шумор меравад, ин хабар маро ниҳоят хурсанд кард. Император Гоёдзэй ноибуссалтанаи пешинаро аз кор гирифта, ба ҷойи вай маро таъин намуд.
Ҳамин тариқ, дар таърихи Ҷопон ман аввалин ноибуссалтанае шудам, ки дар вуҷудаш як қатра ҳам хуни асилзода набуд. Ба ин вазифа таъин шудани ман дар доираҳои ашрофзодагон шӯру ғавғоро ба миён овард, вале ман ба норозиҳо аҳамият надодам. Маро ҳамчун одаме, ки дар вуҷудам хуни деҳконзода ҷорӣ буд, ҳамеша бештар аз ҳама на аслу насаби ашрофзодагӣ, балки комёбиҳо ба ваҷд меоварданд. Новобаста аз ин, барои он ки дар ҷамъияти асилзодаҳо одами ҷоҳил нанамоям, ба гирифтани дарсҳои одоби муоширати дарборӣ оғоз кардам!
Яке аз аввалин навовариҳое, ки ман дар вазифаи ноибуссалтана ба роҳ мондам, ин таъсиси шӯрои панҷ ваколатдорон мебошад: онҳо аъзои доираи наздики ман буданд, ки ба идораи корҳои кишвар машғул мешуданд.
Ман аз онҳо талаб кардам, ки зимни иҷрои вазифаҳои худ талаботи аҳкоми зеринро сармашқи кори худ намоянд:
1. Аз илтифоти сарватмандон истифода набаранд ва камбағалонро таҳқир накунанд.
2. Пора нагиранд.
3. Ба худ на дӯстонро пайдо кунанду на душманонро.
4. Ягон корро бе асоси зарурӣ ба таъхир нагузоранд.
Ман “асрори айнан ба вуҷуд овардани амсоли худро” истифода бурдам ва ба ин сарварон имконият додам, ки истеъдодҳои худро нишон диҳанд. Бо вуҷуди он ки ман ба масъалаҳои маъмурӣ майлу рағбат зиёд нишон медодам, панҷ ваколатдор ба ман имконият фароҳам оварданд, ки диққати худро ба муттаҳидсозии минбаъдаи кишвар равона созам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё