Самурае, ки шамшер надорад

Асари нависандаи Ҷопон Китами Масао. Дар он сирру асрори сарвари хирадманд, арбоби таърихию машҳур ва афсонавии Ҷопони асри XVI Тоётоми Хидэёсӣ, ки имкон дорад бо муваффақият дар асри ХХІ мавриди истифода қарор дода шаванд, ба таври содда ва оммафаҳм баён гардидаанд. Асари Китами Масао барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Барномасоз · 16 сентябри 2026 · 30 саҳифа
Танҳо бо доштани боигарӣ соҳиби иззату эҳтиром гаштан имконнопазир аст. Аз таҷрибаи кору пайкори ман баҳра бардоред. Бо истифода аз “асрори фурӯтанӣ”:
аз худситоӣ худдорӣ намоед, ба худатон имконият надиҳед, ки аз роҳи ақли солим бадар равед.
Бо қатъият идора намоед ва ба низоъ роҳ надиҳед Баъд аз муттаҳид намудани Ҷопон дар дохили кишвари мо дигар душман намонда буд, аммо баъзе аз пайравони ман дар байни худ баҳсу талош мекарданд. Инро мебоист интизор шуд, агар ман ба сарвассалҳои худ диққати бештар медодам, зиддияти феълиро пешгирӣ кардан мумкин буд.
Норозигии пайравони ман дар он зоҳир мегардид, ки баъди барқарор гардидани тартибот мудирони ғайринизомӣ назар ба самурайҳо ӯҳдадориҳои ниҳоят муҳимро иҷро мекарданд. Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иҷтимоӣ, аз қабили ҷорӣ намудани кадастри замин ба кишвар на аскарон бо найзаю шамшерҳои тез, балки менеҷерҳо бо зеҳни хуб зарур буданд. Ин кор ба баланд шудани шиддатнокӣ дар байни табақаи низомиён ва мансабдорони шаҳрвандӣ оварда расонид ва ман бояд онро бо андешидани чораҳои катъӣ паст мекардам. Ба ҷойи ин, ман ба захм имкон додам, ки чирк бигирад, зеро ман бо қонеъ гардонидани лаззати шахсӣ ва дарёфти шӯҳрат дар он тарафи баҳрҳо машғул будам.
Кӯшиши ман барои дар байни вассалҳо нигоҳ доштани маъруфият вазъиятро бадтар кард. Ман ба ҳар як ҳамкори худ эҳтиром доштам, ки наметавонистам муҷозоташон кунам, заминҳояшонро кашида гирам ё нисбаташон дигар чораҳои қатъиро раво бинам. Ман мехостам, ки онҳо ҳама маро сарвари хуб ҳисоб намоянд. Вале беқобилиятӣ дар самти ба ҷойи аслиашон нишононданӣ онҳо, фаро расидани фалокатро тезонид.
Сарварони ҳақиқӣ дар амалиёти худ аз “асрори устуворӣ”: бо қатъият идора намоед ва ба низоъ роҳ надиҳед, истифода мебаранд.
Аз ҳиссиёти мафтункунанда ва ҳамаро фурӯбаранда эҳтиёт намоед Баъд аз шоҳиди ҷазои хунин шудан дар қабилаи Ода, ки бар асари қатли ногаҳонии княз Нобунага ба амал омад, ман умедвор будам ворисеро ба дунё биоварам, ки баъд аз сари ман ин кишварро идора намояд. Мутаассифона, ман наметавонистам аз ҳамсарам Нэнэ соҳиби фарзанд шавам. Гузашта аз ин, ба ҳама кӯшишҳои чандинсола нигоҳ накарда, ягон нафар аз канизакҳои ман бароям ворисро тӯҳфа накард.
Ва ниҳоят, соли 1589 хонум Ёдо, маъшуқаи дӯстдоштаи ман аввалин фарзанди маро ба дунё овард. Дар ин вақт ман аллакай 53 сол доштам.
Таваллуди Тсуруматсу барои ман яке аз ҳодисаҳои хушбахттарин дар ҳаётам ба шумор мерафт. Ман аз хушбахтии беандоза худро гум карда будам. Аммо марги писари дӯстдоштатаринам дар синни дусолагӣ маро ба чунин дарду алам гирифтор кард, ки дигар умеди шифо ёфтанро дар дил намепарваридам. Сипас, Ёдо ногаҳон дубора ҳомиладор шуд ва соли 1593 барои ман писари дигар, Хидэёриро ба дунё овард.
Хидэёрӣ барои ман дар ин олам аз ҳама арзишмандтарин шахс ба шумор мерафт. Ҳама шавқу завқам ба писарам васл гардида буд, ман ӯро то он андозае дӯст медоштам, ки бо ин кори худ ҳамзамононро дар ҳайрат гузошта будам. Дӯстон мегуфтанд, ки ин ҳиссиёти ҳамаро фурӯбаранда маро тамоман одами дигар кардааст. Ва, воқеан, аз лаҳзаи ба дунё омадан Хидэёрӣ нуқтаи марказии ҳаёти ман гардид ва дар мавҷи пуртуғёни муҳаббати ба вай доштаам, ғутавар гардида, нисбат ба иҷрои ӯҳдадориҳои сарварӣ беэътиноӣ мекардам. Ҳеҷ гоҳ набояд нисбати манфиатҳои оила беэътиной кард, вале ҳамчунин баръакси он дуруст аст: набояд имкон дод, ки манфиатҳои оила шуморо ончунон фурӯ баранд, ки он дар ҷодаи ғамхорӣ намудан ба ташкилоти худ, халал расонанд.
Бо таваллуд шудани Хидэёрӣ орзуи деринаи ман оид ба меросхӯр ҷомаи амал пӯшид, вале аз ҷониби дигар, ин маро маҷбур кард, ки қарори даҳшатнок қабул намоям. То пайдо шудани Хидэёрӣ фикр мекардам, ки ман дигар ҳеҷ гоҳ соҳиби писар намешавам, бинобар ин, бо мақсади вориси худ кардан писари бистусесолаи хоҳарам Хидэтсугуро ба писархондӣ қабул намудам. Ман ҳатто Хидэтсугуро ба мартабаи ноибуссалтанаи император боло бардоштам, худам бошам, ба мартабаи ноибуссалтанаи мустаъфии артиш қаноат кардам. Вале баъд аз таваллуди Хидэёрӣ пушаймон шудам, ки Хидэтсугуро ба ин андоза боло бардоштам, зеро вазнинии ҳокимияти бузург барои вай гаронӣ мекунад. Вай ба хунрезии бознадоштанӣ завқ зоҳир мекард ва барои ҳамин ба вай лақаби Хидэтсугуи сангдил ва Ноибуссалтана – Қассобро доданд. Барои ман тасвир кардани шавқи ваҳшиёнаи ӯ ончунон ногувор аст, ки ман суханони мубаллиғи португалӣ Луис Фройсро иқтибос меорам:
Вай дар куштори одамон барои худ ҳузуру ҳаловати аҷоиб ва вақтхушӣ пайдо карда буд. Хун рехтан барои вай ончунон маъқул буд, ки гӯё вай ин майлу рағбати ҳайвониро бо шири модараш макида гирифта бошад.
Вай баъди тамошои чӣ гуна куштани одамон ва ваҳшиёна азоб додани камбағалон ҳаловати махсусро аз сар мегузаронид. Барои вақтхушӣ вай ҳар рӯз вазифаи ҷаллодро иҷро мекард ва бо дастони худ маҳкумшудагонро ба қатл мерасонид. Ӯ ба бинои махсуси барои ин кор муайяншуда, ки дар наздикии қасри худаш қарор дошт, мерафт. Дар он ҷо чизе ба монанди миз истода буд ва ба болои он ҷинояткорро мехобониданд ва вай онро ба қисмҳо бурида, майда мекард. Баъзан ӯ маҷбур мекард, ки онҳоро ба пой рост нигоҳ доранд ва ҳар якеро ду тақсим мекард. Аз ҳама бештар ба вай буридани дасту пойи одамон маъқул буд. Ба ин кор вай ба мисли одамоне, ки пой ва қаноти паррандаҳои кушташударо бурида мегиранд, машғул мешуд. Гоҳо ӯ маҳкумшудагонро ба сифати нишонӣ барои тирпаронӣ аз найза ё милтиқ истифода мебурд. Баъзан ба мисли императори Рим Нерон дар ҷавонӣ, вай барои аз назар гузаронидани узвҳои дохилӣ ва олатҳои таносулӣ ҷасадҳои занонро бурида, чок мекард.
Дере нагузашта, баъди таваллуди писарам, қарор додам Хидэёриро вориси худ эълон намоям. Барои ин кор маро зарур буд ҳама чиз ва тамоми касонеро, ки метавонистанд садди роҳи амалӣ гаштани ин мақсад шаванд, бартараф созам. Аммо ин ният бо фоҷиа анҷом ёфт.
Як шаб ҳисси пешакии марги даҳшатнок маро маҷбур кард бовар намоям, ки баъд аз сари ман Хидэтсугуи хунхор кӯшиш хоҳад кард, ки писарам ва модари ӯро ба қатл расонад. Ҳамаи ин хаёлоти даҳшатангез маро бехуд карда буданд ва қарор додам, он чизеро, ки ба назари ман акнун тухмиҳои нешзадаи шайтонӣ нооромиҳои оянда менамуданд, решакан намоям: ба Хидэтсугу фармон додам худкушӣ намояд ва ҳамзамон тамоми аъзои оилаи вайро ба қатл маҳкум кардам.
Баъд аз он ки ман якчанд маротиба бо мартабаи баланди худ таваккал кардам, зеро чунин меҳисобидам, ки зуроварӣ бояд охирин воситаи ҳалли мушкилот бошад, вале ба ин нигоҳ накарда, ба ҷӯшу хурӯш дода шуда, ба куштори вазнин ҷуръат кардам. Бешубҳа, Хидэтсугу махлуқи бадҳайбат буд, вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ дурустии фармони маро оид ба қатл расонидани тамоми аъзои оилаи вай собит намекунад. Ҳатто имрӯз, ман наметавонам то охир сабабҳои ин рафторамро дарк намоям. Дар содир шудани ин фалокат ман метавонам танҳо муҳаббати бепоён ба писари хурдсолам Хидэёрӣ, ки ишқи вай маро ончунон мафтун карда буд, ки ба хотири ояндаи ӯ ба ин ҷиноят даст задам, гунаҳгор ҳисобам.
Барои нигоҳ доштани муносибатҳои солим чӣ дар оила ва чӣ дар ташкилот, сарварон бояд “асрори ботамкинӣ”:
аз ҳиссиёти ҳамаро фурӯбаранда эҳтиёт намоедро, истифода баранд.
Ман якчанд маротиба ноком шудам, вале касе, ки доимо дар бораи иштибоҳҳо фикр мекунад, боз як бори дигар хато менамояд. Рӯҳафтодагӣ – ин стратегияи бохтан аст.
Сарвар бояд дорои боварӣ ва некбинӣ бошад. Маҳз ҳамин 10. Огоҳӣ ба сарварон сифатҳо ба ман имкон доданд, ки дар кишвар мавқеи баландро ишғол намоям.
Ман ҳеҷ гоҳ мутолиа карданро дӯст намедоштам, аз ин рӯ, сарчашмаи асосии андӯхтани дониш бароям на калимаи чопӣ, балки таҷриба гардид. Вале, ба ҳар сурат, дар сарчашмаҳои хаттии қадим, ки то даврони мо омада расидаанд, бароям муяссар гардид якчанд ҳақиқатро, ки моҳияти ақидаҳои маро мекушоянд, пайдо намоям. Ман онҳоро аҳкоми самурае, ки шамшер надорад, меномам:
• Аскари беҳтарин ҳамла намекунад.
• Ҷанговари беҳтарин бе истифода аз зӯроварӣ, ба комёбӣ ноил мегардад.
• Бузургтарин истилогар ғалабаро бе мубориза ба даст меорад.
Лашкаркаши оқил ҷанг карданро дӯст намедорад.
Ҷанговари бомаҳорат куштанро дӯст намедорад. Касе, ки метавонад ғалаба ба даст оварад, аввалин шуда ҳамла намекунад. Шахсе, ки одамонро идора карда метавонад, таҳқир намекунад.
Вақти ман ба охир расида истодааст, субҳи рӯзи нав фаро мерасад. Асри ҷангҳо ба охир расид. Аксарияти шумо, ки суханони маро хонда истодаед, минбаъд на бо пайроҳаи ҷанговарон меравед, балки аз тоҷирон ё маъмурон пайравӣ хоҳед кард. Вале, дар ҳама ҳолат, қоидаҳои самурае, ки шамшер надорад, дар дилхоҳ касб ва давру замон метавонанд мавриди истифода қарор дода шаванд.
Қабл аз он ки майдонро тарк намоям, мехоҳам асрори охиринро ба шумо ошкор созам.
Асоси гап дар он аст, ки ягон гуна асрор вуҷуд надорад.
Ҳастию фаъолияти худро ба сарвари хеш бубахшед.
Аз кори вазнин ҳазар нанамоед. Дар кори хайру сипосгузорӣ хасисӣ накунед. Бо қатъият амал намоед. Ягон нафар метавонад ба бемаззагии ин маслиҳатҳо хурдагирӣ кунад – ҳақ ба ҷониб хоҳад буд. Ин маслиҳатҳои забонзада бо назардошти ақли солим манзур карда шудаанд. Аммо дидани он ки онҳо чӣ гуна муваффақона дар амал татбиқ мегарданд, ниҳоят кам муяссар мешавад. Ва умедворам, бароям муяссар гардид бароятон нишон диҳам, ки ҳатто хоки оддӣ метавонад сарварони бузургро ба дунё оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё