Зеҳн
МАҶМӮАИ ДИКТАНТҲО

Дастуруламал барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст. Дар қисми аввали он мухтасаран дар бораи хелҳои диктант, мавқеи онҳо дар таълими ибтидоӣ, ҳаҷм ва усулҳои гузаронидани онҳо сухан ронда шуда бошад, дар қисми дуюми он маҷмӯаи диктантҳо барои синфҳои I-IV дохил гардидааст. Диктантҳо мувофиқи дастур ва мавзуоти китобҳои дарсӣ интихоб ва ҷобаҷо гузошта шудаанд.

Барномасоз · 17 сентябри 2026 · 20 саҳифа

Таҳсилот
Аз аввал хондан

Асад Гулзодаи Бухороӣ Диктанти худамро месанҷам Тест 1. Ҳарфҳои хурди алифбои забони модарӣ аз рӯи навишташон ба қаторҳо ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд?

а) ба ду гурӯҳ б) ба се гурӯҳ в) ба чаҳор гурӯҳ 2. Дар кадом банд ҳарфҳои хурди дар мобайни қатор навишташаванда навишта шудааст?

а) а, г, ғ , е, ж, и, к, л, м, н, о, п, с, т, х, ч, ш, ъ, э, ю, я б) д, й, з, ӯ, р, у, ф,ҷ, ч в) б, в, ё й, ў 3. Фикрҳои алоқаманди аз чумлаҳо таркибёфта чӣ ном дорад?

а) ибора б) ҷумла в) матн 4. Ҳиссаи нутқе, ки номи паррандаю ҳайвонҳо, одамон, рӯзномаю маҷаллаҳо, кӯчаю деҳаҳо, ноҳияву шаҳрҳо, ҳавзаҳою дарёҳо, ағбаҳо ва ғайраро ифодакунандаи ба саволҳои кӣ?, чӣ?, киҳо?, чиҳо? ҷавобшаванда чӣ ном дорад ?

а) исм б) сифат в) шумора 5. Дар кадом банд исмҳои хоси ифодакунандаи номи шоирони барои бачагони хурдсол эҷодкунанда навишта шудааст?

а) Маҳбуба Неъматзода, Асад Гулзода, Зебунисои Тоҳириён б) Самарқанд, Бухоро, Тошканд в) шоир, шеър, эҷод, ашъор Диктанти санҷишӣ Бо қувваи умумӣ Мӯрча як дона гандум ¸фт. Лекин вай хеле вазнин буд.

Мӯрча вайро аз ҷояш ҷунбонида натавонист. Вай рафиқонашро ба ¸рӣ даъват намуд. Онҳо якҷоя шуда, донаи гандумро ба осонӣ гирифта рафтанд.

Мӯрчаҳо бо ҳамдигар ¸рӣ мерасонанд. Ғами зимистонро дар фасли тобистон мехӯранд. (45 калима) Сифат Диктанти интихобӣ 1. Шамоли сахт мевазад.

2. Меҳмонон дар болои кӯрпачаи нав нишастанд.

3. Абри си¸ҳ дар як дам осмонро фаро гирифт.

4. Мо дар ҳавои гарм оббозӣ карданро мехостем.

5. Рӯбоҳ зирак аст.

6. Ҳамсояи мо марди қадпаст аст.

7. Мо иморати ғиштин сохтем.

8. Модарам нони болаззат пухт.

9. Одил овози форам дорад.

10. Бачаҳо аз гули сияҳгӯш гулдастае ороста ҳавлӣ ба ҳавлӣ мегарданд.

11.Сурудҳо бо оҳанги фораму дилкаши халқӣ сароида мешаванд Диктанти луғат Хунук, сафед, сахт, хурд, кӯҳна, форам, торик, мулоим, турш, сабук, хушрӯй, нав, хом, вазнин, равшан, хуб, паст, хароб, сурх, баланд, наздик, калон, васеъ, хушбӯй, соф, худрӯй, дурахшон.

Диктанти эҷодӣ Ҳавои гарм. Дашти калон. Гелоси зард. Хирси си¸ҳтоб.

Девори ғиштин. Санги вазнин. Шаби торик. Зардолуи ширин.

Шаҳри зебо. Одами хушфеъл. Гови шохзан. Дарвозаи чӯбин.

Дарахти баланд. Ресмони ғафс.

Диктанти шунавоӣ Шағоли гуруснае аз роҳ мегузашт. Дид, ки як хурӯси фарбеҳ болои дарахт нишастааст. Ба хурӯс нигоҳ карда гуфт.

Хурӯси зебо аз гапи нав хабар дорӣ? Дар ми¸ни парранда ва даррандаҳо сулҳу оштӣ эълон шуд. Би¸ аз дарахт фуро, мо ҳам дӯст шавем ва мисли бародар гардем. Хурӯс гарданашро дароз карда, ба тарафе нигоҳ кардан гирифт.

– Чӣ гап? Чаро ба он тараф нигох карда истодаӣ? – пурсид шағол. Хурӯс гуфт: -Як тӯда сагҳо ба тарафи мо меоянд.

Шағол аз шунидани ин суханҳо роҳи гурезро пеш гирифт.

Диктанти таъкидӣ Аз кӯҳ баромад ақарангу тақаранг, Ба почаҳакош мӯзаҳои сурхранг, Пӯшад ба тан ҷомаи ҳафтранг. (Кабк) Чист он,шохи дарахтон ватанаш, Монанди кадуи хому ширин суханаш, Он куртасафеди, ҳар ду остинаш, Олуда ба хун ҳар ду пою даҳанаш.

(Лаклак) Диктанти санҷишӣ Борон Аз тарафи шимол абрҳои сафеди хокистарранг мисли ӯрдуи азими равоне намудор шуда, баъди як нафас қуллаи кӯҳҳоро печонда гирифтанд. Абрпораҳои бузург дар океани осмон бо суръати тез ба ҷануб шино мекарданд. Сояҳои бунафшаранги сиёҳтоб паси ҳамдигар рӯи кӯҳу кӯталу дараҳоро шитобкорона лесида мегузаштанд. Дар канори абрпораҳо шӯълаи нуқрагини дурахшанда бозӣ мекард. Шамоли сахте бархост ва аз паси он шуввас зада борони каҷ рехт. (64 калима) Сифатҳои муқобилмаъно Диктанти шунавоӣ Занбӯруғ ва навъҳои он Хорак, дили барра,сафедак, каллазанбӯруғ, гулзанбӯруғ, пуфаки дев, чатрак, кунда, чанбучи дарахт, бурмазанбӯруғ ном занбӯруғҳо занбӯруғҳои хӯрдашаванда, телпаки ғозӣ, морак, шампинони қалбакӣ, маргимагас, маргимагаси сурх ва маргимагаси сафед ном занбӯруғҳо занбӯруғҳои хӯрданашаванда ба шумор мераванд. Занбӯруғ растании маълуму машҳур аст.

Дар олам бештар аз 100 ҳазор намуди он маълум аст.

Занбӯруғро дар ҳар фасл хӯрдан аз фоида холӣ нест. Барои ин дар мавсими занбӯруғчинӣ онҳоро ҷамъ оварда мехушконанд ё дар намакоб мехобонанд.

Пешвандҳои сифатсоз Диктанти хомӯш (бесадо) 1. Ҷомаи ... маслиҳат кӯтоҳ намеояд.

2. Гови ... шир овози баланд дорад.

3. Дар ҳама кор машварат бояд, кори ... машварат некӯ н- ояд.

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳо пешвандҳои сифатсози мувофиқро ёфта гузоред.

Пасвандҳои сифатсоз Пасвандҳои -ак (-акак), -як (-якак) Диктанти худамро месанҷам Шутур, асп, камон, офтоб, маҳин, хунук, тоза, озода, абрӯй, кӯча, зард, ғафс, чуқур, кӯтоҳ, зебo, хушрӯ.

Супориш. Ба калимаҳо пасвандҳои -ак, якак -ро илова карда нависед.

-акак, -як, - Мардак, хурӯсак, пастак, мулоимак, гармак, гармакак, чароғак, сахтакак, сафедак, сурхак, хушрӯяк, дастшӯяк.

Супориш. Решаи калима ва пасвандҳоро ба аломатҳои шартиашон муайян кунед.

Диктанти шунавоӣ Даруни оби кӯлмак, Мегашт якто кафлесак.

Кафлесаки думдароз, Буд кори вай давутоз.

Сӯзанаки нағзи ман, Сабзакаку нағзи ман.

Рӯи кафам як дамак, Биё, бишин, сӯзанак.

Танга барин рӯякат, Нуқра барин мӯякат.

Аз борони файзовар, Барги ту шуд тозатар.

Гулаки хушрӯи ман, Гулаки худрӯи ман.

Диктанти таъкидӣ Мӯрчаи сиёҳак Рӯзе аз рӯзҳо як мӯрчаяк гандум ёфт. Вай зӯр зад - зӯр заду онро ҳеҷ бардошта натавонист. Мӯрчаи сиёҳак рафиқонашро ба ёрӣ даъват накард. Ӯ хост, ки худаш танҳо донаро кашонад.

Вале дар ин вақт як мӯрчаи калони зард омада, донаи гандумро бардошта гирифта рафт. Мӯрчаи сиёҳак пушаймон шуд.

Серанга Яку дую се танга, Чароғи раҳ-серанга.

Се рангро шиносам, Ман аз хатар халосам.

Сурхаш ранги хатар аст, Вақти мошингузар аст.

Гӯяд, ки ранги зардак:

Тоқат намо ту андак, Сабзаш бигӯяд, эй ҷон!

Ку, абҷирак қадам мон!

Манзараи баҳр Наримон Бақозода Киштӣ аз канори баҳр рафта истодааст. Манзараҳои баҳр аз кӯҳҳо яке аз дигаре хушрӯйтар, аҷоибтар менамуданд. Дар баҳри кушод шамол зӯртар ва сахттар мевазид. Вай ба андозаи ба канор наздик шудан сабуктар ва гармтар мешуд. Канораҳои баҳр яке аз дигаре тозатар, зеботар буданд.

Диктанти санҷишӣ Тобиши баргҳо Фасли тирамоҳ аз се моҳ иборат аст. Дар ин фасл анбори хоҷагии қишлоқ аз мева ва сабзавот пур мешавад. Барги дарахтон зард шуда ба замин мерезанд. Охирҳои моҳи ноябр ҳаво салқинтар мешавад. Баъзан борон борида шамол мешавад.

Дигаргунии ранги барги дарахтон зуд муайян карда мешавад. Ранги тиллогини барги дарахтон тобиши гуногуне дорад. (53 калима) Пасвандҳои сифатсози -ча, -тоб Диктанти эзоҳӣ Санг, гилем, сатил, коса, дафтар, мӯза, стул, шкаф, шиша, ситора, қошуқ, кӯл, қишлоқ, барра, ҷӯй, чомадон.

Супориш. Ба калимаҳо пасванди-ча илова карда нависед.

Диктанти таъкидӣ Чистон Гирд аст кӯзача Гирдомагирд аст кӯзача Донаҳазор аст кӯзача Кунгурадор аст кӯзача (Анор) Дар як хонача Шаст ходача (Гӯгирд) Аз ҳама нағзтар аст Дар як кӯчаи серодами шаҳр духтарчаи хурдтарак бо модараш мерафт. Духтарча дар назди магазини калони зочафурӯшӣ бозичаҳои гуногун, лӯхтак ва тӯбҳои рангорангро диду тамошо карда истод. Модараш дар ин вақт ба магазини дигар даромад. Духтарча модарашро ҷустуҷӯ карда, ба ҳар тараф давид. Вай модарашро ёфта натавонист ва гиря кард.

Одамон аз ӯ пурсиданд:

– Модари ту чӣ гуна аст?

– Духтарча гирякунон гуфт:

– Амак, наход ки шумо надонед? Модари ман аз ҳама нағзтар аст!

Пасвандҳои -тар, -тарин Шумора Диктанти интихобӣ Воҳимачӣ - Дада, дада, - Қаҳрамон баробари падарашро дидан ба арзи ҳол даромад, - Ҳозир аз наздам як мори калон баромад, ки дарозиаш қариб се метр буд.

– Наход? Дар ин ҷойҳо ин хел мор нест.

- Се метр набошад ҳам, аз як метр кам набуд.

- Не писарам ин қадар муҳобот накун.

- Не, дада, мори калон буд, як метр нею ним метр меомад.

Ана, ана дада боз баромад.

- Қаҳрамон ҷонваракеро, ки аз зери қулӯх берун мехазид, нишон дод.

- Ҳамин кирми лойхӯракро мегӯӣ? Э, боракалло, писари шердил! Дарозии забони воҳимачӣ чанд метр бошад?

Диктанти аз ёд навиштан Чистон Як дарахти пур аз гул, Чор барг, сесаду шаст гул.

(Сол, фаслҳои сол, рӯзҳо) Даҳон дораду забон надорад, Садто бизанӣ, фиғон надорад. (Моҳӣ) Дуто дорад осмонбӯс, Якто дорад заминрӯб.

Чорто дорад рӯғанӣ, Чорто дорад заминкӯб. (Модагов) Супориш. Ҷавоби чистонҳоро ёбед ва шумораҳоро номбар кунед.

Диктанти санҷишӣ Кит Кит ҳайвони обии калон аст. Вай дар баҳр ва океанҳо зиндагӣ мекунад. Дарозии кит бисту панҷ метр ва аз он ҳам зиёдтар мешавад. Вазни кит як саду бист ҳазор килограмм ва зиёда аз он мебошад. Ба даҳони кит як қаиқи чилкаса ҷой шуда метавонад. Китро барои равғанаш сайд мекунанд. Ҳар кит аз бисту ду ҳазор то сӣ ҳазор килограмм равған медиҳад. (62 калима) Феъл Диктанти луғат Медӯзад, борид, пухт, мехонад, мерақсад, шукуфтанд, дорем, хонд, мебинад, рехт, нишаст, сароид, даромад, иҷро шуд, коштем, бинишаст, сохтем, нафрат, хурсанд шуд, вазид, ҷаҳид, гузашт, мерасонад.

Диктанти эҷодӣ I Мерӯбад, ҳавлӣ, озода, қумрӣ, борид, офтоб, вазид, Зебо, баромад, борон, шуст, меояд, Тошканд, форам, дарахт, сабз, шикаст, аъло, мераванд, шамол, донишомӯзон, мехонанд, нарм, хурӯш, омад, боғ, баҳор, гулобӣ, майна.

II Ҳавлӣ, Қумрӣ, озода, мерӯбад. Ҷонибек, об, ба, дод, барра.

Аз, омад, мактаб, Шаҳзода. Рехтанд, дарахтон, баргҳо. Дониш, ба, китоб, медиҳад, мо. Менависад, ӯ, хушхат. Аз, полиз, чидем, мо, помидор. Хушхат, Гулмира, менависад.

Супориш. Калимаҳоро ҷо ба ҷо гузошта ҷумлаҳо тартиб диҳед. Ба зери феълҳо як хати рост кашед.

Намуна: Шамоли форам вазид.

III Шодӣ (чӣ кор кард?). Асп аз болои манораи баланд (чӣ кор кард?). Модар (чӣ кор мекунад?). Омўзгор (чӣ кор мекунад?).

Онҳо аз роҳи дур (чӣ кор мекунанд?). Рӯбоҳ (чӣ кор мекунад?).

Дарахтон (чӣ кор мекунанд?).

Супориш. Баъд аз саволҳо феълҳои мувофиқро ёфта гузоред.

IV 1. Ман ба дугонаам макутуб … . 2. Мо ба донишомӯзони сустхон …3. Вай дар завод …4.Воҳид ба мурғ он … . 5.

Нуриддин китобро ба ман … . 6. Хоҳарам куртаи зебо … . 7.

Борони найсон … . 8. Гулрӯ зочаи зебо … . 9. Мо ба боғ и ҳайвонот … . 10. Донишомӯзгон атрофи мактабро гулзор … . 11. Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво … . 12. Онҳо аз доманаи кӯҳ лола … . 13. Фирӯза расми бис¸р зебо … . 14.

Мо Ватани азизамонро … .

Супориш. Ба ҷои нуқтаҳои феълҳои мувофиқро ёфта гузоред.

Диктанти худро месанҷам Чистон Мепарраду болаш нест, Мегардаду пояш нест.

Ҷингиласар, мӯяш нест.

Ранг дораду бӯяш нест. (Абр) Як порча замин доштам, Тухми сиёҳ коштам.

Бо чашми худ бидидам, Бо аҳли худ шинохтам. (Китоб) Омаданаш тир барин, Шиштанаш мир барин, Сафедиаш шир барин. (Акка) Супориш. Ҷавоби чистонҳоро ёбед ва феълҳояшро муайян кунед.

пешина
аз 20
навбатӣ