Зеҳн
Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Боби IV

Боби IV

Дар охири фасли тобистон хабари он чӣ ки дар Саройи чорпоён рӯй дода буд, дар нисфи кишвар паҳн шуд. Ҳар рӯз Барфаки кулӯла ва Наполеон барои расонидани дастурҳо роҷеъ ба ташкил намудани шӯриш ва омӯзиши суруди Ҳайвоноти Англия кабутарҳои парвозиро ба фермаҳои ҳамсоя мефиристоданд.

Ҷаноби Ҷонс бошад бештари вақташро дар қаҳвахонаи “Пери Сурх” дар Виллингдон мегузаронид ва ба умеде, ки касе нишаста, ба шикоятҳои Ӯ гӯш диҳад, вай дар бораи беадолатии ҳайвоноти беақл, ки ӯро аз моликияташ маҳрум сохта буданд, нақл мекард. Дигар хоҷагидорон бо ӯ ҳамфикр буданд, вале ягон нафари онҳо барои ёрӣ расонидан чандон ҳозир набуд. Дар қалби ҳар яки онҳо фикрҳое меомаданд, ки оё бадбахтии Ҷонс ба онҳо низ намерасида бошад?

Хушбахтона, соҳибони ду фермаи ҳамшафат ба таври доимӣ бо Саройи чорпоён муносибатҳои бад доштанд. Яке аз ин фермаҳо Фоксвуд ном дошт, он калону куҳна буд ва аз беэътиноии соҳибаш ба бешазору ҷангал мубаддал гардида, тамоми чарогоҳҳояш лучу беалаф шуда, деворҳои гирду атрофаш дар ҳолати вайронӣ қарор доштанд. Соҳиби он ҷаноби Пилкингтон як марди бепарво буд, ки бештари вақти худро тибқи фасли сол дар моҳидорӣ ё шикор сарф мекард. Фермаи дигар бо номи Пинчфилд хурдтар буду дар ҳолати беҳтар қарор дошт. Соҳиби он ҷаноби Фредерик як марди сахтгиру зираке, ки ҳамеша гирифтори даъвоҳои ҳуқуқиву судӣ буд ва бо номи муомилотгари сахт маъруфият дошт. Ин ду нафар нисбат ба ҳамдигар чунон ҳиси бадбинӣ доштанд, ки ҳатто дар ҳифзи манфиати худашон байни ҳамдигар ба ягон созиш намеомаданд.

Бо вуҷуди ин, ҳардуи онҳо аз шӯриши Саройи чорпоён сахт тарсида буданд ва нигарон аз он буданд, ки шӯриши Саройи чорпоён барои ҳайвоноти фермаи онҳо боз намунаи ибрат нашуда бошад. Дар аввал онҳо қарор доданд, ки худи усули идоракунии мустақили ҳайвониро масхара кунанд. “Дар давоми ду ҳафта ҳамаашон шикаст мехӯранд,” - мегуфтанд онҳо. Инчунин, ҳардуи онҳо мегуфтанд, ки ҳайвоноти Саройи чорпоёни Манор (онҳо исрор мекарданд, ки онро Саройи чорпоёни Манор номанд, зеро номи “Саройи чорпоён”-ро тамоман қабул надоштанд) ҳамеша байни худ меҷанганду зуд аз гуруснагӣ мемиранд. Баъди чанд муддате диданд, ки ҳайвонот дар Саройи чорпоёни Манор аз гуруснагӣ намурданд, Фредерик ва Пилкингтон оҳанги суханронӣ ва рафтори худро иваз карда, дар бораи Саройи чорпоёни Манор гӯё ки дар байни ҳайвонот бадиҳои зиёд, зулму бераҳмӣ ривоҷ ёфтааст, суҳбат мекарданд. Гуфта мешуд, ки ҳайвонҳо дар он ҷо ҳамдигарро хӯрда, якдигарро бо наълҳои сурхи оташӣ шиканҷа медиҳанд, ҳамаи модинаҳояшон умумӣ мебошанд. Фредерик ва Пилкингтон мегуфтанд, ки ин шӯриш бар зидди қонунҳои табиат мебошад.

Бо вуҷуди ин, суханони онҳоро ба пуррагӣ ҳеҷ гоҳ бовар намекарданд. Овозаҳо дар бораи Саройи чорпоёни аҷиб, ки одамонро аз он ҷо ронда ва худи ҳайвонҳо корҳои худро идора мекарданд, дар шакли нимравшан чарх мезад ва дар тули он сол мавҷи шӯриш дар минтақаҳо паҳн мешуд. Дар фермаҳои минтақа, ки барзаговҳо ҳамеша ҷонварони аҳл ба шумор мерафтанд, ногаҳон чун ваҳшӣ шуданд, гӯсфандон парчинҳоро шикаста, юнучқаро поймол карда, модаговҳо сатили ширро чаппа намуда, аспони тозӣ девонавор фармони саворони худро иҷро накарда, онҳоро аз болои худ ба замин мепартофтанд.

23 Даванд (аспи тозӣ, саги тозӣ ва ғ.), спринтер Ҳамзамон, оҳанг ва калимаҳои суруди Ҳайвоноти Англия ба ҳар тараф паҳн мешуд.

Маъруфияти суруд бо як суръати баланд паҳн мегардид. Одамон ин сурудро шунида, хашмашон меафзуд, вале худро чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онро танҳо барои хандаовар буданаш гӯш мекунанд. Онҳо мегуфтанд, ки намефаҳманд чаро ҳайвонҳо чунин суруди бемаъниро мехонанд. Агар ҳар ҳайвоне, ки ин сурудро мехонд, дар ҷояш тозиёна мехӯрд.

Аммо ин усули тозиёна задан ба суруд хондан таъсир намерасонид. Онро дурроҷҳо дар парчинҳо нишаста ҳуштакзанон, кабӯтарон дар дарахтон онро қум-қумкунон мехонданд, оҳанги ин суруд дар зарбаи болғаи оҳангарон ва дар садои зангӯлаҳои калисо шунида мешуд.

Одамон онро шунида, ботинан ба ларзидан медаромаданд, чунки онҳо дар ин суруд хабари азоби ояндаашонро медиданд.

Аввалҳои моҳи октябр, вақте ки ғалладонаро ҷамъоварӣ намуда, онро захира карданд ва як қисмашро аллакай кӯфта буданд, кабӯтарҳо парвозкунон дар ҳаво давр зада, бо ҳаяҷони зиёд хабари мудҳишеро ба Саройи чорпоён оварданд. Ҷонс ва коргаронаш, 23 парандаи хушнамуде аз ҷинси кабк, дарроҷ инчунин даҳҳо нафари дигар аз Фоксвуд ва Пинчфилд тавассути дарвозаи калон ба Саройи чорпоён ҳаракат карда, тариқи пайроҳаи аробае, ки ба Саройи чорпоён мебурд, ворид мешуданд. Ба истиснои Ҷонс, ки яроқ дошт, дигар ҳамаашон дар дастонашон калтак доштанд. Маълум буд, ки онҳо мехостанд Саройи чорпоёнро дубора ба даст дароранд.

Ҳайвонот ин амалро чашмдор будаву кайҳо боз ба он омодагӣ гирифта буданд.

Барфаки кулӯла китобҳои куҳнаи маъракаҳои ҷангии Юлий Сезарро, ки онҳоро дар утоқи Саройи чорпоён ёфта буд, омӯхта, масъули амалиёти дифоъ шуд. Ҳайвонот супоришро зуд иҷро карда, дар тӯли як-ду дақиқа ҳамаи онҳо дар сари камингоҳҳои худ сангар гирифтанд.

Ҳамин ки одамон ба биноҳои Саройи чорпоён наздик шуданд, Барфаки кулӯла аввалин шуда, ҳамла кард. Ҳамаи сию панҷ кабутар якбора аз болои сари одамон пасу пеш парида, пеши чашмонашонро гирифтанд ва ҳангоме ки одамон онҳоро ба ин тарафу он тараф заданӣ мешуданд, ғозҳо, ки дар паси девор пинҳон шуда буданд, шитофта, соқи пойҳои онҳоро бераҳмона нӯл мезаданд. Аммо ин фақат як найранги соддаи ҷангӣ барои эҷод кардани каме бетартибӣ буд ва одамон бо калтакҳои худ ғозҳоро ба осонӣ ронданд. Баъд аз ин, Барфаки кулӯла ба амалиёти дуюми ҳамлаи худ оғоз кард. Муриел, Бенҷамин ва тамоми гӯсфандон, ки онҳоро Барфаки кулӯла роҳбарӣ мекард, ба пеш шитофтанд ва одамонро аз ҳар тараф бо сару шохҳояшон мезаданду мекӯфтанд ва дар ин лаҳзаҳо Бенҷамин бошад, даврзанон бо сумҳои пойи хурди худ ба онҳо зарба мезад. Аммо одамон бо калтак ва мӯзаҳои мехдорашон нисбат ба ҷонварон зӯртар баромаданд ва ногаҳон Барфаки кулӯла бо садои ҷарангосии худ, ки маънои ақибнишиниро дошт, ҳамаи ҳайвонотро баргардонида, ба ҳавлии Саройи чорпоён гурехтанд.

Аз ҷониби одамон нидоҳои ғолибият шунида мешуд. Онҳо тасаввур мекарданд, ки бар ҳайвонот ғолиб омаданд ва онҳоро бетартибона пайгирӣ карда, аз пасашон медавиданд. Ин маҳз ҳамон чизе буд, ки Барфаки кулӯла онро мехост. Ҳамин ки одамон пурра ба даруни ҳавлӣ даромаданд, се асп, се гов ва боқимондаи хукҳо, ки дар буттазори пушти оғили говҳо камин гирифта буданд, ногаҳон баромада, бо фармони Барфаки кулӯла якбора ба онҳо ҳуҷум карданд. Худи Барфаки кулӯла ба Ҷонс дарафтод. Ҷонс дарафтодани ӯро ба сӯяш дида, яроқашро ба боло бардошту ба тарафи Барфаки кулӯла тир холӣ кард. Тир ба пушти Барфаки кулӯла бархӯрда, рахи хунинро ба вуҷуд овард ва баъдан ба гусфанде бархурд ва ӯ афтида мурд.

Барфаки кулӯла лаҳзае бознаистода, бо вазни сангини худ Ҷонсро аз пой афтонд. Ҷонс ба рӯи як тӯдаи пору ғалтида, яроқаш аз дасташ парида рафт. Аммо аз ҳама даҳшатноктарин манзараи задухӯрдро Боксёр нишон дод - ӯ рӯи пойҳои қафои худ истода, мисли аспи айғири ҷавон бо сумҳои пойи азими наълдораш ба одамон зарба мезад. Аввалин зарбаи ӯ ба косахонаи сари яке аз аспбонони фермаи Фоксвуд бархӯрда, ӯро дар даруни лойю гил беҷон карда партофт. Дар ин ҳолат, чанд тан аз одамон калтакҳои худро партофта, гурехтанӣ шуданд. Ҳуҷумкунандагонро ваҳму воҳима фаро гирифт ва баъди лаҳзае тамоми ҳайвонҳо якҷоя онҳоро дар гирду атрофи ҳавлӣ таъқиб мекарданд. Онҳоро мезаданд, лагадкӯб мекарданд, мегазиданд ва поймол менамуданд.

Дигар дар Саройи чорпоён ягон ҳайвоне набуд, ки қасди худро нагирифта бошад. Ҳатто гурба ногаҳон аз болои бом ба китфи подабони говҳо ҷаҳида, бо нохунҳояш гардани ӯро чунон сахт харошид, ки вай аз сӯзиши дард ба доду фарёд омад. Ҳамин ки роҳи гурези одамон боз шуд, онҳо бо тамоми қувва аз ҳавлӣ ба сӯи роҳи асосӣ фирор карданд. Ҳамин тариқ, дар муддати панҷ дақиқа ҳамаи онҳо бо ҳамон роҳе, ки омада буданд, ақибнишинӣ карданд ва тӯдаи ғозҳо аз паси онҳо ҷирҷиркунон давида, пойҳояшонро нӯл мезаданд.

Ба ҷуз як нафар, дигар ҳамаи одамон гурехта рафтанд,. Боксёр ба ҳавлӣ баргашта, бо суми пойи худ ҷавони аспбонро, ки бо шикам рӯи лойю гил хобида буд, ба паҳлу гардонданӣ шуд. Писарак аз ҷояш наҷунбид.

“Вай мурдааст,” - гуфт бо алам Боксёр.

“Ман инро қасдан накардам. Фаромӯш кардаам, ки сумҳоям наъл доранд. Аммо, кӣ бовар мекунад, ки ман ин корро қасдан накардаам?” “Ба ҳеҷ гуна эҳсосот дода нашавед, рафик!” -- хитоб кард Барфаки кулӯла, ки аз захмҳояш ҳанӯз ҳам хун мечакид. “Ҷанг ҷанг аст. Ягона одами хуб ин одами мурда аст”.

“Ман намехоҳам, ки зомини ҷони касе бошам, ҳатто аз одам,” - такрор кард Боксёр бо чашмони пур аз ашк.

“Моллӣ дар куҷост?” - хитоб кард касе.

Моллӣ воқеан ҳам бедарак буд. Баъди лаҳзае бонги изтироб баланд шуд, ҳайвонҳо аз он метарсиданд, ки мабодо ба ӯ зараре расида бошад ва ё ӯро одамон бо худ бурда бошанд.

Дар ниҳоят, Моллиро дар оғили худ пайдо карданд, ки аз тарс сарашро дар дохили алафҳои охур пинҳон карда буд. Вай дар баробари шунидани овози тир ба парвоз ба он ҷо даромада буд. Ҳангоме ки ҳайвонҳо аз ҷустуҷӯи Моллӣ ба саҳни ҳавлӣ баргаштанд, диданд, ки ҷавони аспбон - маълум шуд, ки фақат беҳуш будааст - аллакай аз он ҷо гурехта, рафта буд.

Ҳоло ҳайвонҳо бо як ҳаяҷони ваҳшиёна ҷамъ шуда, ҳар яке дар бораи корнамоиҳои худ бо овози баланд нақл мекард. Дарҳол ғалабаро бо тантана ҷашн гирифтанӣ шуданд. Онҳо парчамро барафрохтанд ва суруди “Ҳайвоноти Англия”-ро борҳо хонда, гӯсфанди кушташударо бо тамоми ифтихорот ва бо тантана дафн карда, дар сари қабраш ниҳоли дулона шинониданд. Дар сари қабри ӯ Барфаки кулӯла каме суханронӣ карда, таъкид кард, ки тамоми ҳайвонҳо - агар чунин зарурат пеш ояд - барои Саройи чорпоён ба мурдан бояд омода бошанд.

Ҳайвонҳо якдилона дар бораи мукофотҳои ҳарбӣ қарор қабул карданд.

“Қаҳрамони ҳайвоноти дараҷаи якум,” ба Барфаки кулӯла ва Боксёр дода шуд. Ин мукофотҳо медалҳои биринҷӣ буданд, ки (онҳо дар асл аз ороишоти куҳнаи аспҳо дар утоқи асбобу анҷом ва афзорҳо пайдо шуда буданд) рӯзҳои ид ва якшанбе истифода мешуданд.

Инчунин, “Қаҳрамони ҳайвоноти дараҷаи дуюм” баъд аз марг ба гӯсфанди мурда дода шуд.

Дар бораи чӣ гуна номидани ҷанг баҳсҳои зиёд ба вуҷуд омад. Дар ниҳоят, онро Муҳорибаи назди Оғили говҳо номиданд, зеро камингоҳи асосӣ дар он ҷо буд. Яроқи ҷаноби Ҷонс, ки дар зери лойю гил монда буд, пайдо карда шуд ва инчунин маълум гардид, ки дар хонаҳои истиқоматии Саройи чорпоён захираи тир вуҷуд дорад. Ҳамзамон, қарор дода шуд, ки яроқ дар зери пояи парчам, чун мавзеи тӯпхона гузошта шавад ва аз он соле ду маротиба -- бори аввал дар рӯзи дувоздаҳуми октябр, дар рӯзи Муҳорибаи назди Оғили говҳо ва бори дигар дар нимаи тобистон дар рӯзи солгарди шӯриш тир холӣ карда шавад.

пешина
аз 11
навбатӣ