Саройи чорпоён (Молхона)

Қиссаи ҳаҷвии Ҷорҷ Оруэлл дар тарҷумаи Усмоналӣ Латифӣ. Асар тавассути саргузашти ҳайвоноти як ферма таъсири қудратро ба баробарӣ ва озодӣ нишон медиҳад.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 11 саҳифа
Боби VIII
Боби VIII
Чанд рӯз баъд аз он ки рӯзи қатлу хунрезӣ то андозае фаромӯш шуд, баъзе ҳайвонҳо Принсипи шашумро ба хотир оварданд ва ё ҳадди ақал дар бораи он фикр карданд, ки чунин фармуда шуда буд: “Дигар ҳеҷ ҳайвон ҳайвони дигарро намекушад”.
Гарчанде аз тарси хукҳо ва сагҳо касе дар ин бора чизе гуфта наметавонист, аммо эҳсос мешуд, ки қатлу кушторҳои содиршуда ба ин мувофиқат намекунанд. Кловер аз Бенҷамин хоҳиш кард, ки Принсипи шашумро барои ӯ бихонад, аммо Бенҷамин чун одат гуфт, ки ӯ ба ин гуна корҳо дахолат намекунад, баъдан Кловер Муриелро барои хондани он даъват кард. Муриел барои ӯ Принсипи шашумро хонд: “Ҳеҷ ҳайвон ҳеҷ як ҳайвони дигарро бе сабаб кушта наметавонад”. Тааҷҷубовар он буд, ки ду калимаи охирини Принсипро ягон ҳайвон дар хотир надошт. Дар асл ба назар чунин мерасид, ки моҳияти асосии Принсип вайрон нашуда буд, зеро маълум гардид, ки барои нест кардани ҷосусони махфии Барфаки кулӯла ҳамаи асос вуҷуд дорад.
Дар давоми он сол ҳайвонот назар ба соли гузашта боз ҳам сахттар меҳнат карданд.
Аз нав сохтани Нерӯгоҳи барқии бодӣ, ки деворҳояш назар ба пештара ду баробар ғафстар буд ва то муҳлати муайянгардида сохтмони он бояд ба охир расонида мешуд ва дар баробари ин мунтазам кор кардан дар заминҳои Саройи чорпоён ин як заҳмати сахту сангин буд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки ба назари ҳайвонҳо чунин мерасид, ки онҳо нисбатан ба замонҳои Ҷонс соатҳои зиёдтар кор мекунанду ғизоҳои камтар мехӯранд. Яке аз рӯзҳои якшанбе Вингосӣ коғази дарозеро дар паллаҳои ангушташ нигоҳ дошта, ба ҳайвонҳо рақамҳоеро хонда дод, ки гӯё истеҳсоли ҳар як намуди маҳсулот дусад фоиз, сесад фоиз ва ё ҳатто панҷсад фоиз нисбат ба солҳои гузашта, зиёд шудааст. Ҳайвонҳо ягон далел барои бовар накардан надоштанд, бахусус онҳо дигар ба таври равшан дар хотирашон набуд, ки пеш аз шӯриш чӣ гуна шароит доштанд. Бо вуҷуди ин, баъзе рӯзҳо онҳо ҳис мекарданд, ки ба наздикӣ онҳо камтар кор мекунанду бештар ғизо мехӯранд.
Тамоми супоришҳо ҳоло тавассути Вингосӣ ё яке аз хукҳои дигар дода мешуданд.
Худи Наполеон бошад дар ду ҳафта як маротиба ба назди ҳайвонот мебаромад. Акнун ӯ натанҳо дар иҳотаи сагҳои муҳофизаш, балки бо як хурӯси сиёҳе, ки пешопеши ӯ мерафт ва ҳамчун як карнайчӣ карнай зада, пеш аз суханронии Наполеон садои баланде мебаровард, пайдо мешуд. Ҳатто гуфта мешуд, ки дар хонаҳои истиқоматии Саройи чорпоён, Наполеон дар ҳуҷраҳои алоҳида зиндагӣ мекунад. Акнун ӯ ҳамеша дар ҳузури ду саг, ки онҳо дар бараш менишастанд, танҳо хӯрок хӯрда, аз зарфҳои ширкати “Кровн Дерби”, ки дар ҷевони шишагини меҳмонхона нигоҳдорӣ мешуданд, истифода мебарад. Инчунин, ботантана эълон карда шуд, ки илова ба рӯзҳои ду ҷашн дар рӯзи таваллуди Наполеон ҳам аз яроқ тир парронда шавад.
Ҳоло дигар ҳеҷ гоҳ ӯро бо исми танҳо “Наполеон” ном намегирифтанд. Ӯро ҳамеша ба таври расмӣ, “Доҳии мо, рафиқ Наполеон” муроҷиат мекарданд ва хукҳо барои вай ихтироъ кардани ҳар гуна унвон, аз қабили Падари тамоми ҳайвонот, даҳшати одамият, муҳоффизи оғилҳо, дӯсти ғозҳо ва ғайраро дӯст медоштанд. Вингосӣ дар баромадҳои худ, бо ашкҳои резон дар бораи хирадмандии Наполеон, некию муҳаббати амиқи ӯ нисбат ба ҳамаи намуди ҳайвонот, алалхусус ҳайвонҳои бадбахт, ки ҳанӯз ҳам дар дигар фермаҳо зери асорату ҷаҳолат ва ғуломӣ зиндагӣ мекарданд, сухан мекард. Таърифу тавсифи Наполеон барои ҳар як муваффақияти ба дастомада ва ҳар як комёбӣ одат шуда буд. Баъзан мешунидед, ки як мурғ ба мурғи дигар мегуфт, “Таҳти роҳбарии доҳии мо, рафиқ Наполеон дар зарфи шаш рӯз панҷ дона тухм супурдам ва ё ду модагов, ки дар назди ҳавзи оби нӯшокӣ об менӯшиданд, хитоб мекарданд: “Ба шарофати роҳбарии рафиқ Наполеон, ин об чӣ қадар бомазза шудааст!” Ҳиссиёти умумии бошандагони Саройи чорпоён дар шеър таҳти унвони “Рафиқ Наполеон”, ки онро Минимус эҷод карда буд, чунин ифода ёфта буд:
Муаллиму пешвои мо, Мураббии бачаҳои мо, Посбони ҷангалу саҳро!
Фасли сармо, фасли гармо Баҳравар аз гармии ту, Эй чароғи раҳнамо, Эй хуки хукон Нест дар анбор камёб Ҳам ҷаву гандуму ордоб, Ҳам аспу бедона серанд, Мон, ҳама ҳамсоя донанд Подабону бонувон ҳам, Мекунад пирӯз моро Эй хуки хукон!
Ҳар яке аз хукча озод, Карда дар гаҳвора фарёд:
“Мерасад даврони хукон!
Зинда бодо тоза даврон!
Зинда бодо Кабанеро, Эй Хуки хукон!” Наполеон ин шеърро маъкул донист ва супориш дод, ки он дар девори дигари анбори калон, дар муқобили Ҳафт принсип навишта шавад. Дар болои он портрети Наполеонро овезон карда буданд, ки чорчӯби онро Вингосӣ ранги сафед карда буд.
тавассути миёнаравии Ваймпер, Наполеон бо Фредерик ва Пилкингтон ба гуфтушунидҳои Дар ҳамин вақт, мураккаб машғул шуда буд. Тӯдаи чӯбу тахта ҳанӯз ҳам фурӯхта нашуда буд. Аз ин ду нафар, Фредерик барои гирифтани он бештар мароқ зоҳир намуда буд, аммо ӯ нархи мувофиқ пешниҳод намекард. Дар ҳамон замонҳо овозаҳое паҳн шуданд, ки Фредерик ва коргаронаш қасди ҳамла кардан ба Саройи чорпоён ва хароб кардани Нерӯгоҳи барқии бодиро доранд, ки сохтмони он дар дили ӯ рашку ҳасудро ба вуҷуд оварда буд. Маълум буд, ки Барфаки кулӯла дар фермаи Пинчфилд то ҳол паноҳ мебурд. Дар миёнаҳои фасли тобистон ҳайвонҳо шуниданд, ки се мурғ ба назди Наполеон омада, иқрор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Барфаки кулӯла нақшаи куштори Наполеонро кашидаанд. Онҳоро фавран ба қатл расониданд ва барои бехатарии Наполеон чораҳои муассир андешида шуданд. Чор саг шабона - ҳар яке дар пеши ҳар як пояи кати хоб истода - бистари ӯро посбонӣ мекарданд ва як хуки ҷавон бо номи Пинки барои чашидани тамоми ғизои ӯ, ки мабодо заҳролуд набошад, вазифадор карда шуда буд.
Дар баробари ин тахминан маълум шуд, ки Наполеон барои фурӯхтани тӯдаи чӯбу тахта ба ҷаноби Пилкингтон омода аст ва ӯ барои мубодилаи баъзе маҳсулот низ байни Саройи чорпоён ва Фоксвуд шартномаи доимӣ бастанӣ буд. Муносибат байни Наполеон ва Пилкингтон, гарчанде ки онҳо фақат тавассути Ваймпер сурат мегирифтанд, ҳоло қариб ки дӯстона буд. Ҳайвонот ба Пилкингтон бинобар одам буданаш боварӣ надоштанд, аммо ӯро аз Фредерик, ки аз ӯ ҳам метарсиданд ва ҳам ба вай нафрат доштанд, хеле афзалтар медонистанд. Бо фарорасии фасли тобистон кори сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ ба анҷом мерасид ва овозаҳо дар бораи ҳамлаи хоинонае, ки дар пеш истода буд, бештару бештар паҳн мешуданд. Гуфта мешуд, ки Фредерик қасд дорад ба муқобили онҳо бист нафари силоҳдорро фиристад, ӯ аллакай ба додситонҳо ва милисаҳо ришва дода буд, то ин ки агар Саройи чорпоёнро аз худ кунад, ба ӯ чизе нагӯянд. Гузашта аз ин, аз фермаи Пинчфилд дар бораи бераҳмие, ки Фредерик дар ҳаққи ҳайвоноти худ мекард, хабарҳо паҳн мешуданд. Ӯ яке аз аспони пирро тозиёна зада кушт, говҳояшро гурусна нигоҳ медошт, сагро ба оташи танӯр партофта сӯзонд, барои хушҳолии худ шомгоҳҳон ба панҷаҳои хурӯсҳо пораҳои теғро баста, онҳоро бо ҳам ҷанг меандохт. Аз хашм хуни ҳайвонҳо ҳангоми шунидани ин суханҳо ба ҷӯш меомад ва баъзан онҳо талаб мекарданд, ки ба онҳо иҷозат дода шавад, то ин ки ба фермаи Пинчфилд ба одамон ҳамла карда, ҳайвонҳоро аз он ҷо озод кунанд. Аммо Вингосӣ аз онҳо даъват кард, ки ба эҳсосот дода нашаванд ва аз ин кирдори дағалона худдорӣ карда, ба стратегияи хирадмандонаи рафиқ Наполеон бовар кунанд.
Бо вуҷуди ин, ҳиссиёти бадбинӣ нисбат ба Фредерик беҳад баланд буд. Як субҳи рӯзи якшанбе Наполеон дар анбор пайдо шуд ва ба аҳли маҷлис фаҳмонд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар бораи ба Фредерик фурӯхтани тӯдаи чӯбу тахта фикр накардааст, вай ин корро аз шаъну эътибори худ пасттар мешуморад ва бо разилон муомила намекунад. Ба Фоксвуд рафтани кабӯтаронеро, ки то ҳол барои паҳн кардани хабари шӯриш ба ин тарафу он тараф фиристода мешуданд, манъ карда, шиори пешинаи “Марг ба одамҳо”-ро ба ибораи “Марг ба Фредерик” иваз намуданд. Дар охири фасли тобистон боз як найранги Барфаки кулӯла ошкор карда шуд.
Заминҳои гандумкошташуда пур аз алафҳои бегона буд ва маълум карда шуд, ки Барфаки кулӯла дар яке аз ташрифҳои пинҳонии шабонааш тухми алафҳои бегонаро бо тухми гандум омехта кардааст. Гусак, ки дар ин кор нақши худро дошт, ба гуноҳи худ дар назди Вингосӣ иқрор шуд ва дарҳол меваҳои заҳрдори ангури сагакро хӯрда, худкушӣ кард.
Ҳайвонҳо акнун баръало фаҳмиданд, ки Барфаки кулӯла - чуноне ки бисёре аз онҳо то ҳол бовар доштанд - унвони “Қаҳрамони ҳайвонот, дараҷаи якум”-ро ҳеҷ гоҳ нагирифта будааст. Ин танҳо як афсонае буд, ки чанде пас аз Муҳорибаи назди Оғили говҳо худи Барфаки кулӯла паҳн карда будааст. Ӯ на танҳо унвон нагирифта буд, балки, баръакс барои нишон додани тарсончакӣ дар ҷанг ӯро мазаммат карда буданд. Бори дигар баъзе ҳайвонҳо инро тааҷҷубовар фаҳмиданд, аммо Вингосӣ ба зудӣ тавонист онҳоро бовар кунонад, ки фикрашон дар ин бора хатост.
Фасли тирамоҳ ҳамчун фасли меҳнати вазнини пурмашаққат дар хотираҳо боқӣ монд:
ду кор якҷоя - аз як тараф, ҷамъоварии ҳосил - аз тарафи дигар, сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ буд, ки онро ба охир расониданд. Акнун сохтмони Нерӯгоҳи барқии бодӣ ба анҷом расид ва замони насби мошин олот пеш омад, ки дар ин самт барои гуфтушунид оид ба харидорӣ намудани таҷҳизот Ваймпер муваззаф гардида буд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда ва сарфи назар аз бетаҷрибагӣ, насбу истифодаи таҷҳизот, ноомадиҳои кор ва хиёнати Барфаки кулӯла, кор тибқи вақти муқарраршуда анҷом ёфт! Ҳайвоноти хасташуда, бо як ғуруру сарфарозӣ гирду атрофи ин сохтмони боҳашамат давр мезаданд, ки он дар назарашон назар ба Нерӯгоҳи барқии бодии қаблан сохташуда боз ҳам зеботар менамуд. Зиёда аз ин, деворҳо назар ба деворҳои пештара ду баробар ғафстар бардошта шуда буданд. Ин дафъа ба ҷуз ягон маводи тарканда дигар ҳеҷ чиз онҳоро хароб карда наметавонист! Ва ҳангоме, ки онҳо дар бораи он ки чӣ гуна заҳматҳо кашиданд, чӣ тавр далерона мушкилотро паси сар намуданд ва дигаргуниҳои азиме дар ҳаёти онҳо ҳангоми ба гардиш даровардани парвонаи (теғаи) чархзанандаи генератор ба вуҷуд меояд, фикр мекарданд, хастагиашон бартараф мешуд ва бо нидоҳои зафар дар гирду атрофи Нерӯгоҳи барқии бодӣ чарх мезаданд. Худи Наполеон бо ҳамроҳии сагҳо ва хурӯсаш барои аз назар гузарондани кори анҷомёфта ба он ҷо омад ва шахсан ҳайвонотро бо ин муваффақияташон табрику муборакбод карда, эълон кард, ки ба Нерӯгоҳи барқии бодӣ номи Нерӯгоҳи Наполеон дода мешавад.
Пас аз ду рӯз ҳайвонотро ба ҷамъомади махсус ба анбор даъват карданд. Вақте ки Наполеон гуфт, ки тӯдаи чӯбу тахтаро ба Фредерик фурӯхтааст, ҳама ба ҳайрат афтоданд. Фардо мошинҳои боркаши Фредерик меоянд ва ба кашонидани тӯдаи чӯбу тахта шурӯъ мекунанд.
Дар тамоми давраи дӯстии зоҳирии худ бо Пилкингтон, Наполеон дар ҳақиқат бо Фредерик муносибатҳои пинҳонӣ дошт. Ҳама гуна муносибатҳо бо Фоксвуд канда шуда, ба Пилкингтон хабарҳои таҳқиркунанда фиристода мешуданд. Ба кабӯтарон супориш доданд, ки аз фермаи Пинчфилд канорагирӣ кунанд ва шиори “Марг ба Фредерик”-ро ба “Марг ба Пилкингтон” иваз кунанд. Баъдтар Наполеон ҳайвонотро бовар кунонд, ки овозаҳо дар бораи ҳамлаи дар пешистода ба Саройи чорпоён комилан дурӯғ аст ва афсонаҳо роҷеъ ба бераҳмии Фредерик нисбат ба ҳайвоноти худ муболиға мебошад. Ҳамаи ин овозаҳо бо эҳтимоли зиёд аз Барфаки кулӯла ва ҷосусони ӯ маншаъ мегиранд. Ғайр аз ин маълум шуд, ки Барфаки кулӯла натанҳо ҳеҷ вақт дар фермаи Пинчфилд пинҳон нашудааст балки дар умраш ба он ҷо нарафтааст: тавре ки мегуфтанд, вай бо айшу ишрат дар Фоксвуд зиндагӣ мекунад, аммо дар асл бошад, ӯ дар давоми солҳои дароз аз Пилкингтон нафақа мегирифтааст.
Хукҳо аз макри Наполеон ба ваҷд омада буданд. Наполеон дӯстиро бо Пилкингтон нишон дода, Фредерикро маҷбур сохт, ки нархи тӯдаи чӯбу тахтаро ба дувоздаҳ фунт
баланд бардорад. “Тафаккуру хиради беандозаи Наполеон,” - гуфт Вингосӣ,- “дар он аст, ки вай ба касе, ҳатто ба Фредерик бовар намекунад. Фредерик мехост тӯдаи чӯбу тахтаро бо чизе ба монанди чек пардохт кунад, аммо ин коғазест, ки дар он ваъдаи пардохт навишта шудааст. Аммо Наполеон аз ӯ дида, хеле донотар аст. Вай пардохтро бо пули ҳақиқии панҷфунта талаб кард, ки бояд пеш аз бурдани тӯдаи чӯбу тахта супурда шавад”.
Фредерик аллакай маблағро пардохт кард, он барои харидани таҷҳизоти Нерӯгоҳи барқии бодӣ басанда буд.
Ғ" воҳиди асъори Британияи Кабир, Фунт Стерлинг Дар ин вақт тӯдаи чӯбу тахтаро саросемавор кашонида бурданд. Вақте ки корҳо ба итмом расиданд, бори дигар ҳамаи ҳайвонотро дар анбор барои баргузор намудани маҷлиси махсус ҷиҳати тафтиши маблағҳои Фредерик баргузор карданд.
Наполеон ҳарду мукофоти худро ба бар карда, бо табъи хӯш дар баландии суфаи анбор дар болои гандумпоя нишаста, дар паҳлуяш рӯи лаълии чинӣ, ки аз ошхонаи хонаи истиқоматии Саройи чорпоён гирифта буданд, асъори гирифтаашро гузошта буд. Ҳайвонот оҳиста-оҳиста ба пеш ҳаракат карда, ҳар кадоми онҳо ин бойигариро ба серӣ нигоҳ мекарданд. Боксёр бинии худро ба назди лаълии асъор бурд ва пулҳои сафеди қоғазӣ аз дами нафасаш пошхӯрда, ба парешон шуданд.
Пас аз се рӯз як садои даҳшатнок шунида шуд. Ваймпер бо ранги рӯи парида, бо дучархаи худ аз пайраҳа давида даромад ва дучархаашро ба саҳни ҳавлӣ партофта, рост ба сӯи хонаи истиқоматии Саройи чорпоён шитофт. Лаҳзаи дигаре аз дохили ҳуҷраҳои Наполеон ғурриши дардноке баланд шуд.
Хабари ҳодисаи рӯйдода дар гирду атрофи Саройи чорпоён мисли сӯхтор зуд паҳн гардид.
Қоғазҳои асъор қалбакӣ буданд! Фредерик тӯдаи чӯбу тахтаро муфт аз худ кард!
Наполеон ҳайвонҳоро дарҳол ҷамъ кард ва бо овози баланд ба Фредерик ҳукми қатлро эълон кард. “Баъд аз дастгир шуданаш,” - гуфт ӯ, - “Фредерик бояд зинда дар об ҷӯшонида шавад”. Дар баробари ин ҳамаро ҳушдор дод, ки пас аз чунин амали хоинона, аз ӯ ҳар амали бадтаринро интизор шудан мумкин аст.
Фредерик ва коргаронаш ҳамлаи ба нақша гирифтаашонро метавонанд дар ҳар лаҳза анҷом диҳанд. Дар тамоми роҳҳои Саройи чорпоён посбонҳо гузошта шуданд. Илова бар ин, чор кабӯтарро ба Фоксвуд бо паёми мусолиҳаомез фиристоданд, бо ин роҳ мехостанд бо Пилкингтон муносибатҳои хуб барқарор кунанд.
Субҳи рӯзи дигар онҳо ҳамла карданд.
Ҳайвонҳот дар вақти ғизои субҳона хӯрданашон аз посбонон хабари Фредерик ва пайравонашро оварданд, ки тавассути дарвозаи калони панҷарагии Саройи чорпоён ворид шуда буданд. Ҳайвонҳо далерона ба муқобили онҳо баромаданд, аммо онҳо ин дафъа мисли Муҳорибаи назди Оғили говҳо ба осонӣ пирӯзиро ба даст наоварданд. Понздаҳ нафар одам, ки ними онҳо яроқ доштанд, дар фосилаи панҷоҳ метр оташ кушоданд. Сарфи назар аз кӯшишҳои Наполеон ва Боксёр, ки онҳоро рӯҳбаланд мекарданд, ҳайвонот ба муқобили тирҳои ҷонсӯз ва таркишҳои даҳшатовар истода натавонистанд ва зуд ақибнишинӣ карданд. Як қисмашон аллакай захмӣ шуда буданд. Онҳо ба биноҳои Саройи чорпоён паноҳ бурда, тариқи сӯрохиҳо ба берун эҳтиёткорона чашм медӯхтанд. Душман тамоми чарогоҳи калон, аз он ҷумла Нерӯгоҳи барқии бодиро забт карда, гирифт. Ҳатто Наполеон гумроҳ шуда буд. Вай бидуни сухан гуфтан ба поин ва боло думашро фишурдаву такон дода, қадам мезад. Бо нигоҳи ғамгин ба тарафи фермаи Фоксвуд менигарист. Агар Пилкингтон ва коргаронаш ба онҳо кӯмак мекарданд, шояд он рӯз онҳо ғолиб меомаданд.
Дар ин лаҳза, чор кабӯтаре, ки як рӯз қабл фиристода шуда буданд, баргаштанд ва яке аз онҳо хатчае аз Пилкингтон оварданд. Дар он чунин калимаҳо навишта шуда буд: “Шуморо кори хуб карданд”.
Дар ин замон, Фредерик ва коргаронаш дар назди Нерӯгоҳи барқии бодӣ истода буданд. Ҳайвонот ба онҳо бо ҳарос нигариста, ғавғо мекарданд. Ду нафар одам, ки як мисрон ва як путк (болғаи калон) истеҳсол карда буданд, хостанд, осиёби бодиро ба хок яксон кунанд. “Бефоида ин корро накунед!” - хитоб кард Наполеон. “Мо деворҳои хеле ғафс сохтаем. Шумо онҳоро дар давоми як ҳафта наметавонед вайрон кунед, рафиқони далер!” Аммо Бенҷамин бодиққат ба ҳаракатҳои одамон нигоҳ мекард. Ду нафар бо путк ва мисрон дар наздикии пойдевори Нерӯгоҳи барқии бодӣ сӯрохӣ мекофтанд. Бенҷамин хеле оҳиста ва маъюсона сари дарозашро ҷунбонд.
“Ман чунин фикр доштам,” - гуфт ӯ. “Оё намебинед, ки онҳо чӣ кор карда истодаанд?
Баъди лаҳзае онҳо моддаи таркандаро ба он сӯрох рехтанд”.
Ҳайвонҳо бо ҳарос интизор шуданд.
Ҳоло аз паноҳгоҳи худ баромадан хатарнок буд. Баъди чанд лаҳза одамон аз назди Нерӯгоҳи барқии бодӣ ба ҳар тараф давиданд ва садои таркиш баланд шуд. Кабӯтарҳо ба ҳаво чархзанон париданд ва ҳама ҳайвонҳо, ба ҷуз Наполеон, худро ба шикам партофта, рӯи худро пинҳон карданд. Вақте ки дубора аз ҷой бархостанд, диданд, ки аз болои Нерӯгоҳи барқии бодӣ дуди сиёҳ мебаромад. Шамол дудро оҳиста-оҳиста аз он ҷо дур мекард.
Нерӯгоҳи барқии бодӣ тамоман хароб шуда, аз байн рафта буд!
Ин манзараи мудҳиш ҷасорати ҳайвонотро баланд кард. Тарсу ҳарос ва ноумедие, ки лаҳзае қабл ҳайвонот эҳсос мекарданд, акнун ба хашму ғазаби онҳо алайҳи ин амали зишт ва нафратангез мубаддал гардид. Доду фарёд барои гирифтани интиқом баланд шуд ва онҳо дигар мунтазири фармон нашуда, тан ба тан якбора ба сӯи душман ҳуҷум карданд. Ин дафъа ҳайвонот ба тирзаниҳои бераҳмонаи одамон, ки мисли жола ба сари онҳо меборид, аҳамият надоданд.
Ин задухӯрди сахту хунин буд. Одамон гаштаю баргашта тир мепарронданд ва ҳангоме ки ҳайвонҳо ба онҳо наздик мешуданд, бо калтакҳо ва мӯзаҳои вазнини худ онҳоро мезаданд. Як гов, се гӯсфанд ва ду ғоз дар майдони ҷанг далерона мурданд ва қариб ҳамаи ҳайвоноти дигар захмӣ гардиданд.
Ҳатто ба нӯги думи Наполеон, ки аз қафо амалиётро роҳбарӣ мекард, тир расида буд.
Аммо одамон низ безарар намонданд.
Сари се нафари онҳоро зарбаи суми пойи Боксёр кафонида, шиками дигариро шохи гов даронда буд, Ҷессӣ ва Блубелл бошанд, шими дигареро дар танаш пора-пора карда буданд.
Бо фармони Наполеон нуҳ саги муҳофизаш аз тариқи канори парчини сабз роҳи гардишро тай карда, ногаҳон аккосзанон аз пушти одамон баромаданд, ки аз ин ҳамаи онҳоро воҳима фаро гирифт. Одамон ҳис карданд, ки хатари дар иҳота мондан онҳоро таҳдид мекунад. Фредерик ба одамони худ фарёд зад, ки феълан торумор нагардидаанд, ақибнишинӣ кунанд ва лаҳзаи дигар душмани тарсончак рӯй ба гурез ниҳоданд. Ҳайвонот онҳоро то поёни саҳро таъқиб карда, то гузаштан тавассути парчини сабз чанд зарбаи дигар ба онҳо заданд.
Ҳайвонот хаставу ғарқи хун гашта бошанд ҳам, ғолиб омаданд. Онҳо оҳистаоҳиста, лангида-лангида ба сӯи Саройи чорпоён омаданд. Бисёриҳо аз дидани рафиқони худ, ки мурда болои алаф ғалтида буданд, ашк мерехтанд. Ва онҳо дар он ҷое, ки як замон Нерӯгоҳи барқии бодӣ қомат афрохта буд, хомӯшу ғамгинона рост истода буданд. Бале, аз он Нерӯгоҳи барқии бодӣ осоре намонда, қариб ҳамаи меҳнаташон барбод рафта буд! Ҳатто таҳкурсии бинои Нерӯгоҳи барқии бодӣ қисман хароб шуда буд.
Барои аз нав сохтани он ин дафъа мисли пештара аз сангҳои чаппашуда, истифода бурда намешуд. Чун ки ин бор сангҳо дигар вуҷуд надоштанд. Қувваи таркиш онҳоро ба масофаи садҳо метр дур партофта буд. Гӯё ки ҳеҷ гоҳ дар ин ҷо Нерӯгоҳи барқии бодӣ вуҷуд надошт.
Вақте ки онҳо ба макони худ наздик шуданд, Вингосӣ аз куҷое ҷаста ба сӯи онҳо, бо қаноатмандию хурсандӣ думашро ҷунбонда давида омад. Ҳайвонот ботантана тирпаронии яроқро, ки аз тарафи бинои асосии Саройи чорпоён меомад, шуниданд.
“Ҳайвонот барои чӣ аз яроқ тир меандозанд?” - гуфт Боксёр.
“Ба шарафи ғалабаи мо!” - хитоб кард Вингосӣ.
“Чӣ гуна ғалаба?” - гуфт Боксёр. Аз зонуҳояш хун мерафт, инчунин наълашро гум карда, суми пояш пора-пора гардида, ба пойи қафояш даҳҳо дона тир расида буд.
“Чӣ хел ғалаба, рафиқ? Оё мо душмани худро аз хоки худ -- аз хоки муқаддаси Саройи чорпоён пеш накардаем?” “Аммо онҳо Нерӯгоҳи барқии бодиро вайрон карданд. Мо дар давоми ду сол онро сохта будем!” “Баъд чӣ? Мо боз як Нерӯгоҳи барқии бодии дигар месозем. Агар лозим шавад, боз даҳ Нерӯгоҳи барқии бодии дигар месозем”.
“Шумо, рафик, он кори бузургеро, ки мо анҷом додем, кадр намекунед. Душман ҳамин заминеро, ки мо дар он истодаем, ишғол карда буд. Акнун ба шарофати роҳбарии рафиқ Наполеон мо ҳар як ваҷаби онро боз ба даст овардем!” “Пас мо он чизеро, ки қаблан доштем, бозпас гирифтем,” - гуфт Боксёр.
“Ин ғалабаи мост,” - гуфт Вингосӣ.
Онҳо лангида-лангида ба ҳавлӣ даромаданд. Тирҳое, ки зери пусти пойи Боксёр монда буданд, сахт дард мекарданд.
Вай дар пеш меҳнати вазнини аз таҳкурсӣ барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии бодиро медид ва аллакай барои иҷрои ин кор рӯҳан тайёр буд. Аммо бори аввал ба фикраш омад, ки ӯ акнун ёздаҳсола аст ва шояд мушакҳои бузургаш он гунае набошанд, ки қаблан буданд.
Аммо вақте ки ҳайвонҳо алвонҷ задани парчами сабзро диданд ва садои тирпаронии яроқро шуниданд - дар маҷмӯъ ҳафт маротиба тир холӣ карда шуд - ва нутқи табрикотии Наполеонро оид ба шуҷоат ва мардонагии онҳо дар ҷанг шуниданд, дар ҳақиқат бовар карданд, ки онҳо ғалабаи калон ба даст овардаанд. Ҳайвоноти дар ҷанг кушташударо тантанавор дафн карданд. Боксёр ва Кловер аробаеро, ки барои бурдани тобут истифода мешуд, мекашиданд ва худи Наполеон маросимро идора мекард. Ду рӯзи пурра ғалабаро ҷашн гирифтанд. Ҳайвонот сурудхонӣ мекарданд, сухан меронданд ва боз аз яроқ тирпарронӣ менамуданд, ба ҳар як ҳайвон як себ ҳадяи хосе намуда, ба паррандагон ду донаи ҷуворимакка ва ба ҳар саг се бисквит дода мешуд. Эълон карда шуд, ки ин ҷангро Муҳорибаи назди Нерӯгоҳи барқии бодӣ номанд ва Наполеон унвони нав -- ордени Парчами Сабзро таъсис дода, онро ба худаш тақдим кард. Ҳамзамон, ин ҷашнҳои бошукӯҳ сабаби фаромӯш кардани моҷарои асъори қалбакӣ шуданд.
Пас аз чанд рӯзе хукҳо дар таҳхонаи бинои истиқоматии Саройи чорпоён як қуттии вискиро пайдо намуданд. Вақте ки онҳо хонаи истиқоматии Саройи чорпоёнро бори аввал ишғол намуданд, ба он қуттӣ таваҷҷуҳ накарда буданд. Он шаб аз хонаи истиқоматии Саройи чорпоён садои омехтаи хондани суруди “Ҳайвоноти Англия” баланд шуд, ки он ҳамаро ба тааҷҷуб овард. Тақрибан соати нуҳу ним Наполеон бо кулоҳи куҳнаи ҷаноби Ҷонс - ба таври возеҳ дида мешуд - аз дари қафои хона баромада, як бор гирди ҳавлӣ давиду зуд ба хона даромада, ғайб зад. Субҳи рӯзи дигар тамоми Саройи чорпоёнро хомӯшии амиқ фаро гирифта буд. Хукҳо аз хона ба берун набаромаданд. Соат қариб нуҳ шуда буд, ки Вингосӣ оҳиста ва ғамгинона қадамзанон бо чашмони варам, бо думи лоғару овезон ба берун баромад. Аз намуди зоҳирияш маълум буд, ки мариз аст. Вай ҳайвонҳоро даъват карда, гуфт, ки хабари нохуше дорад. Рафиқ Наполеон мурда истодааст!
Садои нола дар Саройи чорпоён баланд шуд. Дар назди дари Саройи чорпоён гандумпоя гузошта, ҳайвонот бо нӯги пой қадам мезаданд. Бо чашмони гирён онҳо аз якдигар мепурсиданд, ки агар доҳӣ мурад онҳо чӣ кор мекунанд? Овозае паҳн шуд, ки - новобаста аз чораҳои эҳтиётӣ - гӯё Барфаки кулӯла ба ғизои Наполеон заҳр андохтааст.
Соати ёздаҳ Вингосӣ боз як хабари дигар овард. Дар охирин амали ҳаёти заминиаш рафиқ Наполеон чунин фармон дод: минбаъд барои нӯшидани машрубот ҳукми қатл дода мешавад.
Бо вуҷуди ин, вазъи Наполеон то бегоҳ андаке беҳтар шуд ва субҳи рӯзи дигар Вингосӣ ба ҳайвонот гуфт, ки саломатии ӯ барқарор шуда истодааст. Бегоҳии ҳамон рӯз Наполеон ба кораш баргашт ва рӯзи дигар маълум шуд, ки ӯ ба Ваймпер дастур додааст, ки дар Виллингдон чанд китоб оид ба технологияи оби дҷавпазӣ ва дистилятсияро харидорӣ намояд. Баъд аз як ҳафта Наполеон барои шудгор кардани замини хурде, ки ҳамчун чарогоҳ дар боғи ҳавлӣ воқеъ буд ва барои ҳайвоноти нафақахӯр бояд ҷудо мегардид, фармон дод. Гуфтанд, ки замини чарогоҳ беқувват шудаасту онро аз нав кишт кардан лозим аст: вале дере нагузашта маълум шуд, ки Наполеон мехоҳад онро ҷав корад. Тақрибан дар ин вақт як ҳодисаи аҷибе рӯй дод, ки базӯр кас онро бовар мекунад. Як шаб, тахминан соати дувоздаҳ, дар саҳни ҳавлӣ садои баланде ба гӯш расид ва ҳайвонҳо аз оғилҳояшон ба берун шитофтанд. Он шаб шаби моҳтобёӣ буд.
Дар поёни девори охири анбори калон, ки дар он Ҳафт принсип навишта шуда буд, нардбони шикаста меистод. Вингосӣ ҳайрон буд ва дар паҳлуи он бо фонус, чӯткаи рангкунӣ ва қуттии чаппашудаи ранги сафед меистод. Сагон дарҳол Вингосиро дар ҳалқаи худ гирифта, дар баробари дар пойҳояш рост истодан ӯро ба хонаи истиқоматии Саройи чорпоён гусел карданд. Ҳеҷ кадоме аз ҳайвонҳо - ба истиснои Бенҷамини калонсол, ки сарашро ҷунбонида, гӯё ҳама чизро мефаҳмаду аммо чизе намегӯяд, - маънои онро нафаҳмиданд.
Аммо пас аз чанд рӯз Муриел “Ҳафт принсип”-ро бо худ мутолиа карда, пай бурд, ки ҳайвонҳо боз як чизи дигарро нодуруст дар ёд доштаанд. Онҳо фикр мекарданд, ки Принсипи панҷум “Ҳеҷ ҳайвон машрубот наменӯшад”? аст, аммо ду калимае буданд, ки онҳо онро фаромӯш кардаанд. Воқеан дар Принсипи панҷум навишта шудааст: “Ҳеҷ ҳайвон набояд аз ҳад зиёд машрубот бинӯшад”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё