Зеҳн
Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа

ФарҳангКӯдаконВарзиш
Аз аввал хондан

Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (8)

Ҳангоми ба охир расидани ин ҷумла ҳама бояд чолок бошанд, яъне мир вақте калимаи “расид”-ро талаффуз кард, бояд бачаҳо зуд ангуштони худро кашида гиранд, то ин ки мир бо панҷааш ангушти онҳоро надорад. Агар ангушти дасти яке аз бозингарон дошта шуд, мувофиқи супориши мир ҳамчун ҷазо мерақсад ё ин ки бо як пой рост меистад. Баъзан мири бозӣ латта ва ё сачоқро гиреҳ намуда, бо он шахси мағлубшударо як маротиба мезанад.

Тухмбозӣ Тухмбозӣ ё тухмҷанг, яке аз бозиҳои машҳури анъанавии бачагон мебошад, ки дар идҳои Наврӯз, Қурбон ва Фитр бо тухми пухтаи мурғ бозида мешавад.

Бачаҳо дар идҳо идгардак карда, тухмҳои гуногун ҷамъ мекарданд ва сипас дар майдонача ё кӯчаи калоне гирд омада, тухмҷангро ташкил менамуданд. Онҳо тухмҳоро бо даст маҳкам дошта, нӯг ба нӯг мезаданд, тухми кадоме, ки тухми дигареро шикаст, он тухми шикастаро моли худ мекард.

Ҳамин тариқ, бачаҳое, ки тухмашон ғолиб омадааст, бозиро идома дода, онҳое, ки ҳамаи тухмҳояшонро бохтаанд ва ё шикастааст, ҳамчун тамошобин бозиҳоро наззора мекарданд. Дар охир он бачае пирӯз мешуд, ки ҳамаи тухмҳои дигаронро бо тухмаш зада шиканад. Баъд аз анҷоми бозӣ шахси ғолиб тухмҳои бурдаашро боз бо дӯстону рафиқонаш тақсим карда, бо ҳам мехӯрданд.

Дар гузашта бачаҳо барои тухмбозӣ қаблан тайёрӣ медиданд ва тухмҳоро махсус таҳия мекарданд.

Чунончи, тухми мурғи кулангро як-ду ҳафта дар латтае баста нӯг ба поён овезон нигоҳ медоштанд. Бо ин усул, гӯё, зардии он ба тарафи нӯги тухм мефуромадааст.

Сипас он тухмро сахт меҷӯшониданд. Дар натиҷа тухм сахту мустаҳакам мегашт. Баъзеҳо дар арафаи идҳо ба мурғҳояшон бештар оҳаку пӯстлохи тухм мехӯронданд, то ки тухми навбатии он мурғро пӯстлохаш сахт шавад.

Тӯббозӣ Дар баъзе ҷойҳо тӯббозиро ҳаппакбозӣ низ меноманд. Тӯббозӣ навъҳои гуногун дорад, махсусан, дар даҳсолаҳои охир бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва чанде дигар хеле густариш ёфтаанд ва аз машғулиятҳои дӯстдоштаи бачаҳо гаштаанд. Аммо дар гузашта низ ба намудҳои анъанавии тӯббозӣ роиҷ буданд, ки баъзе мардумшиносон дар асарҳои худ ба онҳо ишораҳо кардаанд. Чунончи, бозиҳои мурғобишикорчӣ ё ҷонгирак, дулупия, калтуф, давранишинӣ, обаш, панҷсанг, чавгонбозӣ ё гӯйбозӣ ва чанде дигар бо тӯб бозида мешаванд.

Дар водии Хуфи ноҳияи Рӯшон тӯббозиро “путбехт” меномиданд, ки бештар духтарон ба он машғул мешуданд. Онҳо тӯбро аз риштаҳои пашмӣ тобида, тайёр мекарданд, ки диаметри он 6-8 см мешуд.

Духтарон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, як гурӯҳ дар мобайн меистоданд ва бозигарони дастаи дигар онҳоро бо тӯб мезаданд. Духтароне, ки мобайн буданд, баъди гузашта рафтани тӯб, як бор дар ҷояшон чарх мезаданд ва мӯйҳои худро алвонҷ медоданд.

Дар Яғноб “калтуф” ном як навъ бозии бачагон роиҷ буд, ки онро ҳам писарон ва ҳам духтарони хурдсол, асосан, фасли баҳор дар болои боми хонаҳо ва боғчаву майдонҳо мебозиданд. Барои бозӣ аз пашми гову гӯсфанд ё буз ба андозаи чормағз тӯбча месохтанд, ки онро «кал» меномиданд. Духтаракони солашон калонтар бо тӯбчаҳои аз риштаҳо бофтаи худ бозӣ мекарданд.

Тӯббозии бачагони Ӯротеппа (Истаравшан) ба бозии бейсбол шабоҳат дошт. Бачаҳо майдони фарохеро барои бозӣ интихоб карда, ба ду даста тақсим мешуданд. Барои бозӣ тӯбчаи резинӣ ва лоф – чӯбдастаи болояш ҳамвору паҳн истифода мешуд. Дар майдон нахуст нуқтаи муайяне, масалан, дарахтеро ҳамчун марра қарор медоданд.

Бозигарони дастаи якум тӯбро ба сӯйи дастаи ҳариф партофта, худашон ба тарафи марра метохтанд.

Тӯбзанӣ бо тарзи махсус анҷом дода мешуд. Сардори даста ё бозигари пурқуввати чолок лофро дар даст гирифта ба тӯбзанӣ омода мешуд. Яке аз шарикони ӯ тӯбчаро оҳиста ба ҳаво мепартофт ва сардор тӯбро бо лоф сахт зада, ба сӯйи дастаи ҳариф партоб мекард.

Бозигарони дастаи ҳариф кӯшиш мекарданд, ки тӯбро дошта гиранд ва дар ҷавоб бозигарони дастаи якумро ба нишон гирифта, ҳаво диҳанд. Агар тӯб дар тани яке аз бозигарон мерасид, он гурӯҳ мағлуб шуда, навбати тӯбпартоӣ ба дастаи ҳариф мегузашт.

Бозиҳои зиёде бо тӯб иҷро карда мешаванд, ки бештарашон дар даҳсолаҳои охир аз фарҳанги халқҳои дигар ба тоҷикон гузаштаанд.

Фирфирак Фирфирак, фракбозӣ, бодфирак, бозбарик номи бозича ва бозии марбути он аст, дар аксари манотиқи тоҷикнишин маъмул мебошад. Фирфиракро одатан дар фаслҳои тобистону тирамоҳ, дар вақтҳои вазидани шамол бозӣ мекунанд.

Бачаҳо онро аз ду порча коғази мураббаъ ва пораи най (қамиш) месозанд. Аз миёнаи найпора сӯрох карда, фирфиракро бо сим ё мехча ба чӯбдастаи дарозиаш тақрибан 20 см тавре устувор мекунанд, ки он бо таъсири андаки бод тоб мехӯрад. Бачаҳо фирфирак дар даст дар кӯчаҳо медаванд ва бо ҳам мусобиқа менамоянд, ки фирфираки кӣ хубтару босуръат тоб мехӯрад.

Харгирак Бачаҳо дар майдонча ҷамъ омада, як нафар писари пурқувватро ҳамчун «хар» ва ду бозигари дигарро ҳимоякунандаи хар интихоб мекунанд.

Бачаҳои дигар аз ҳар тараф омада, кӯшиш мекунанд, ки ба болои хар савор шаванд. Ҳимояткунандаҳо ба онҳо намегузоранд, ки ба «хар» савор шаванд, онҳоро аз болои «хар» тела дода, меафтонанд.

Ҳар касе ки дар болои хар часпида, як муддат савор шавад, ҳамон ғолиб дониста мешавад, ки ӯро «соҳиби хар» меноманд. «Хар» ӯро ба пушташ савор карда, то ҷойи дилхоҳаш мебарад. Сипас бозӣ аз нав оғоз мешавад. Ин бозӣ айни ҳол дар байни бачагони дар ноҳияи Ашт боқӣ мондааст.

Харгӯшбозӣ Бо номи “Харгӯшбозӣ”, яке аз бозиҳои бачагони хурдсол низ дар навоҳии водии Рашт маъмул будааст.

Бачаҳо дар майдончае ҷамъ омада, яке нақши харгӯшро бозӣ мекард. Ӯ дуто тоқиро тобида, бо рӯймолча ба сараш мебаст, ки он гӯшҳои харгӯш буданд. Бачаҳои дигар нақши сагро иҷро мекарданд.

Харгӯш дар паси дарахтон пинҳон мешуд ва сагҳо ӯро ҷустуҷӯ менамуданд. Харгӯш мегурехт ва сагҳо ӯро таъқиб мекарданд. Ҳар кадоме аз бачаҳо, ки харгӯшро дастгир мекард, дар навбати дигари бозӣ нақши харгӯшро мебозид.

«Харгӯшакҷон, харгӯшак» Ин бозӣ инчунин харгӯшакбозӣ ном дошта, асосан, кӯдакони синни томактабӣ ба он машғул мешаванд.

Харгӯшакбозӣ чунин равиш дорад: бачаҳо даст ба дасти ҳам гирифта давра меистанд ва як нафар бозингарро аз миёни худ барои бозидани нақши харгӯшакро интихоб менамоянд. Ӯ дар бозӣ нақши харгӯшаки беморро бозӣ мекунад. Дигарон дар атрофи ӯ чархзанон чунин мисраъҳоро мехонанд.

Харгӯшакҷон, харгӯшак, Чаро ту касал шудӣ?

Канӣ аз ҷоят бихез, Дасту рӯятро бишӯӣ.

Ба ойнача нигоҳ кун, Мӯйҳоятро шона кун.

Аз мобайни духтарон Якеро интихоб кун.

Ҳангоме ки ин шеърро мехонанд, шахсе, ки нақши харгӯшро мебозад, аз рӯи мазмуни ҳар як мисраъ ҳаракатҳои аҷиб карда, диққати дигаронро ба худ ҷалб мекунад. Вақте ки шеър ба охир мерасад, харгӯшак як нафарро ишора мекунад. Дар натиҷа шахси интихобгардида ба ҷои ӯ нақши харгӯшакро такроран мебозад. Ҳамин тавр, бозингарон навбат ба навбат то ба охир расидани шумораи иштирокчиёни бозидани нақши харгӯшакро давом медиҳанд.

Хари дароз Хари дароз яке аз бозиҳои анъанавии хосси писарон буда, дар фаслҳои гарм ташкил мешавад.

Бачаҳои 10-15 сола дар майдоне ҷамъ шуда, аз байни худ як нафарро “ченакчӣ” ва як нафари дигарро “сутун” интихоб мекунанд, бозигарони боқимонда ба ду даста тақсим мешаванд.

Ченакчӣ қуръапартоӣ карда, сангчаеро дар яке аз муштонаш пинҳон мекунад, намояндаи кадом гурӯҳе, ки онро ёфт, аъзои дастаи ӯ савора мешаванд.

Бозигарони дастаи дувумӣ нақши харро иҷро мекунанд.

Ченакчӣ каме дуртар рафта, дар замин нишонае мекунад ва “сутун”-ро дар ҳамон ҷо устувор карда мемонад. “Харҳо” бачаҳои дастаи дигарро ба пушти худ савор карда, то ба назди сутун мебаранд. Дар роҳ “харҳо” кӯшиш мекунанд, ки савораҳоро аз пушти худ афтонанд. Агар савора аз пушти “хар” афтад, ё пойҳояш ба замин расад, ӯ мағлуб ҳисоб ёфта, худаш нақши харро иҷро мекунад. Ӯ аз ҳамон ҷойи афтидааш ҳарифашро, ки то ин дам “хар”-и ӯ буд, ба пушташ савор карда, то назди сутун мебарад.

Дар навбати дигари бозӣ нақшҳо иваз мешаванд, савораҳо нақши харро бозида, ченакчӣ нақши “сутун”ро иҷро менамояд.

Дар ноҳияи Варзоб муҳаққиқон бозии ба ин монандро бо номи хармурд ба қайд гирифтаанд. Як гурӯҳ бачаҳо рафиқонашонро хар карда, ҳама болои ҳамдигар савор мешаванд. Бачаҳо ин бозиро баҳорон дар майсазор, ҷойҳои сералаф бозӣ мекарданд.

Харкашак Харкашак яке аз бозиҳои маъруфи бачагон буда, ба тақлиди мусобиқаи бузкашӣ баргузор мешуд. Онро дар Тавилдара – “бузихарӣ”, дар Рашт – “харбуз”, Дарвоз – “харбузкашак”, дар Балҷувону Ховалинг, Сари Хосор ва Кӯлоб – “харкашак” ва дар Самарқанд – “кӯпкарибозӣ” меномиданд. Харкашак бештар дар фасли зимистон, дар маъракаҳои хурди оилавӣ барпо мегашт. Бачаҳо дар ягон майдони васеъ харсавор ҷамъ омада, ягон чизеро, масалан, ҷома ё пӯстакро ба миён мепартофтанд ва мисли чапандозҳо ба он дармеафтоданд. Ҳар касе, ки пӯстакро аз байн гирифта, ба марра расонад, ғолиб ба шумор мерафт. Ба ғолибон соҳиби маърака рӯймолак, тоқӣ, собун ва монанди инҳо туҳфа медод.

Дар деҳоти атрофи Самарқанд харкашак яке аз бозиҳои маъмулии бачаҳо буд ва новобаста аз будану набудани маърака, онҳо зуд-зуд онро ташкил мекарданд. Агар аксари бачаҳо пиёда бошанд, ин гуна бозиро пиёда ташкил мекарданд, ки онро пиёдакашак меномиданд. Дар он вақт ин бозӣ ба гӯшкашак монанд мегашт.

Хартозӣ Хартозӣ ё харпайга, мусобиқаи хардавонӣ мебошад, ки одатан дар деҳаҳо ташкил мешуд. Хартозӣ дар иди Наврӯз, сайрҳои оммавӣ ва ҷашни арӯсию хатнасур баргузор мегашт, ки дар он наврасони 12-16 сола иштирок мекарданд. Ҳар як иштирокчӣ бо хари худ дар хатти муайяни майдон ё кӯчаи калон меистод ва бо фармони довар ҳама ба сӯйи марра метохтанд.

Кадом харсаворе, ки нахуст омада мерасид, бо туҳфаҳое чун рӯймолча, собун, каллақанд, ё каме пул, қадрдонӣ мешуд.

Ба шаҳодати устод С. Айнӣ, дар сайри Дарвешобод ҳар сол дар баробари бозию мусобиқаҳои гуногун инчунин хартозӣ барпо мешудааст ва мардуми зиёде онро тамошо мекардаанд.

Хар-хари ру Бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, дар ҳар даста якеро сардор интихоб мекарданд. Бозигарони як даста дар фосилаи як метр пайиҳам мисли “хар” чорпо меистоданд. Иштирокчиёни гурӯҳи дигар аз болои онҳо ҷаҳида мегузаштанд. Пеш аз ҳама бозигари чолоку ҷасур ва пас аз ҳама бозигари нисбатан сусту заиф меҷаҳид.

Бозигари заиф аз болои ҳамаи бачаҳои дастаи ҳариф парида, дар охир ба пушти сардори он даста, ки дар пеш меистод, савор мешуд ва ӯро мепурсид: “чанд ман?”. Сардор ягон шумораи муайянро мегуфт (масалан, 10, 20, 30 ман). Он гоҳ бозигарони дастаи дуюм ба пушти бачаҳои гурӯҳи якум савор мешуданд ва сардор то шумораи интихоб кардааш мешуморид. То шумораи даркорӣ ҳисоб карда, рақами охирон бо садои баландтар “даҳ (бист) ман шакарак!” мегуфт. Шакарак гуфта, онҳо тарбуз, харбуза ва ангурро дар назар медоштанд.

Дар ин муддати ҳисобкунӣ “харҳо” ҳар тараф ҷунбида, ба саворшудагон халал меоварданд ва онҳоро аз пушти афтониданӣ мешуданд. Он бозигароне, ки аз пушти “хар” намеафтиданд, ғолиб ба шумор мерафтанд.

Хирманбозӣ Барои ин бозӣ 6-8 нафар писарбачаҳо якеро аз байни худ барои «хирман» шудан интихоб менамуданд.

Шахси нақши «хирман»-ро иҷрокунанда дар мобайни майдонча чорпо шуда, меистод. Бачаҳо яктаку ҷомаҳои худро кашида, ба болои «хирман» мепартофтанд. Як бозигари дигар «хирман»-ро посбонӣ мекард. Дигарон ба «хирман» ҳамла менамуданд ва шахси чорпо истодаро бо пояшон лагад мезаданд.

Посбон ду рӯймолро ба якдигар баста, як нӯгашро ба дасти шахси «хирман»-шуда медод ва аз нӯги дигараш худаш гирифта, гирд-гирди «хирман» давр задан мегирифт. Шарт ин буд, ки посбон набояд нӯги рӯймолро сар диҳад.

Посбон намегузошт, ки ҳуҷумкунандагон ба «хирман» пояшонро расонанд ва худи ӯ наздикшудагонро бо пояш зада дур мекард. Лагади посбон ба кадом бозигаре, ки расид, ҳамон кас дар навбати дигари бозӣ «хирман» мешуд.

Ин бозӣ дар замонҳои пеш дар Истаравшан дар болои бомҳо ташкил мешудааст.

Хола-хола Яке аз бозиҳои бачагони кӯҳистон, ки онро баҳорон дар болои бомҳо бозӣ мекарданд, хола-хола ном дошт. Ба он писарону духтарони 6-8 сола машғул мешуданд. Яке аз бачаҳо нақши “уқоб”-ро бозӣ мекард, дигаре нақши “мурғ”-ро ва боқимондаи бачаҳо “чӯҷаҳо” мешуданд.

Чӯҷаҳо дар атрофи мурғ дон хӯрда истода буданд, ки ногоҳ уқоб пайдо мешавад. Уқоб бол афшонда, ба чӯҷаҳо ҳамла мекунад. Чӯҷаҳо ба тарафи мурғ мегурезанд ва дар пушти модар пинҳон мешаванд.

Мурғ ба уқоб мегӯяд: “чуҷаҳакои худам, худум калон кардам”.

Уқоб ба суханони мурғ гӯш надода, дар атрофи ӯ чарх мезанад ва чӯҷаҳоро як-як рабудан мегирад. Мурғ “қут-қут”-гӯён ба ҳар тараф мегурезад, чӯҷаҳо низ “чичи-чӣ” гуфта, аз чанголи уқоб мегурезанд.

Дар охир мурғ танҳо монда, заминро бо панҷааш кофта, “ту-ту-ту…” гуфта фарёд мекунад ва чӯҷаҳо боз аз ҳар куҷо давида омада, дар атрофи мурғ ҷамъ мешаванд. Бозӣ ҳамин тавр давом меёбад, дар навбати дигар бозигаре, ки аз ҳама охир ба дасти уқоб афтода буд, нақши уқобро бозӣ мекунад.

Хурат маҳтоб Маънои хурат маҳтоб «офтобу моҳтоб» буда, як навъ бозии бачагони кӯҳистони Яғноб мебошад. Ин бозиро бачаҳои калонтар дар вақтҳои гарми сол, сар карда аз баҳорон то тирамоҳ ташкил мекарданд. Пеш аз ҳама “подшоҳ” ва “вазир”-ро аз байни бачаҳои қадбаландтар интихоб менамуданд. Ду нафари дигар “ноиб” мешуданд, ки дар рафти бозӣ супоришҳои подшоҳро иҷро мекарданд.

Ҳамаи бачаҳо ҷомаҳои худро кашида, дар болои бом рӯ ба рӯ монда, “тахт” месохтанд, ки подшоҳу вазир болои он баромада менишастанд. Як нафар хизматгори шоҳ шуда, аз кӯзача ба шоҳу вазир чой рехта медод. Дар кӯза ба ҷойи чой бачаҳо об меандохтанд. Ба тариқи рамзӣ дастархоне ҳам назди шоҳу вазир густарда буданд, ки дар он ба ҷойи нон кулӯху алаф ва дигар чизҳои табиӣ гузошта мешуд.

Бачаҳои дигар ба ҷуфтҳо тақсим мешуданд. Бо навбат як ҷуфти бачаҳоро ба майдон меоварданд. Ноиб ду то тоқиро, ки яке “хур” ном дошту дигаре “маҳтоб” ба замин мепартофт, сипас бо фармони шоҳ чашми якеро бо рӯймол мебаст ва аз ӯ мепурсид, ки кадом тоқӣ “хур” асту, кадомаш “маҳтоб”. Шарики бачаи чашмабаста, ӯро ба назди тоқиҳо мебурд. Агар бозигар тоқиҳоро дуруст меёфт, рӯймолчаро аз чашми ӯро боз карда, ҳар ду ҳам ба “озодӣ” мебаромаданд. Агар ӯ хато мекард, бо фармони подшоҳ рӯймолро кушода, ҳар дуро ба зиндон бурда, “ҳабс” мекарданд.

Зиндон оғили яке аз хонаҳои наздики он майдони бозӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тавр ҳар як ҷуфти бачаҳо аз имтиҳон мегузаштанд. Сипас подшоҳ фармон медод, ки гунаҳкоронро аз зиндон як-як оварда, ҷазо диҳанд.

Яке аз хидматгорон дар замин чорпоя истода, бачаи “гунаҳкор”-ро ба пушташ мегирифт ва дастҳои ӯро аз зери шиками худ дошта меистод. Вазир бо дурра, ки аз латтаи муқаррарӣ иборат буд, гунаҳкорро чанд зарба мезад. Ба ҳамин гунаҳкор озод мешуд ва хидматгор боз бачаи дигареро аз “зиндон” оварда ҷазо медод.

Дар охир бозӣ бо маросими обпошӣ ба анҷом мерасид.

Бачаҳо ба сари подшоҳу вазир аз кӯза ҳафт маротибагӣ кам-кам об мепошиданд.

Ин бозӣ тақлиди ҳукумат ва сиёсати подшоҳӣ нисбат ба раият буда, обпошӣ аз анҷоми неки он дарак медод.

Хурӯсҷанг Хурӯсҷанг дар шакли намоишӣ ва мусобиқавӣ дар ҷашнҳои Наврӯз, сайрҳои баҳорӣ ва баъзе маъракаҳои халқӣ баргузор мегардад. Ҷавононе, ки ба парвариши хурӯси ҷангӣ шуғл доранд, онҳоро “хурӯсбоз” меноманд. Онҳо хурӯсҳоро муддатҳои дароз дар шароити хона тарбия карда, ба мусобиқа тайёр мекунанд.

Мусобиқаи хурӯсҷанг дар майдонҳои кушод мегузарад. Дар ҷашни Наврӯз хурӯсҷанг дар майдони гӯштингирӣ, ки гирдогирд бо тамошобинон иҳота шудааст, барпо мешавад. Ду нафар довталаб хурӯсҳои худро дар майдон сар медиҳанд. Хурӯсҳо ба якдигар бархӯрда, ба қафаси синаашон якдигарро мезананд.

Ҳамон хурӯсе мағлуб шуморида мешавад, ки рӯ ба гурез ниҳад.

Баъзан қувваи хурӯсҳо баробар буда, мусобиқа ба таври мусовӣ анҷом меёбад. Ба соҳиби хурӯси ғолиб туҳфа дода мешавад. Дар байни ҷавонон хурӯсҷанг берун аз ҷашну маъракаҳо барои дилхушӣ ба тарзи гаравбандӣ низ сурат мегирад. Ҷавонон бо ҳам шарт карда, ба ин ё он хурӯс гарав мегузоранд.

Бо номи “хурӯсҷанг” як навъ бозии бачагон низ маъмул аст, ки бачаҳо дар даруни доираи дар замин кашидашуда, якпоя истода бо китф ҳамдигарро зада аз доира берун мекунанд, ё ҳарифро ночор мекунанд, пойи бардоштаашро ба замин гузорад. Ин бозиро китфҷанг низ меноманд.

«Ҳа, тела» Як навъ бозии бачагони кӯҳистон, ки онро дар майдонҳои кушод бозӣ мекарданд, «Ҳа, тела» ном дошт. Ба он писарону духтарони аз 6 то 12-сола машғул мешуданд. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар масофаи 8-10 метр рӯ ба рӯи ҳам дастони ҳамдигарро дошта, занҷираеро ба вуҷуд оварда, қатор меистанд.

Сардори гурӯҳи якум аз дастаи дигар мепурсад:

Ҳа тела?

Буз-бузи кабуд тела.

Ай ёрои мо кадомуш тела?

Раҳим.

Бозигаре бо номи Раҳим башаст давида, кӯшиш мекунанд, ки занҷираи дасти ҳарифонро бурида гузарад. Агар ӯ дастони ба ҳам сахтдоштаи бозигарони ҳарифро бурида гузашта тавонад, он гоҳ як нафар бачае, ки дасташро кушодааст, гирифта, ба гурӯҳи худ меорад. Агар ин корро карда натавонад, навбати бозӣ ба дастаи дувум мегузарад. Дастае, ки аз гурӯҳи ҳариф занҷираро бурида, шумораи бештари бозигаронро соҳиб мешавад, ғолиб дониста мешавад. Бозии «Ҳа, тела» ба сафедорбозӣ хеле монанд мебошад.

Ҳавзак-ҳавзак Ҳавзак-ҳавзак, як навъ бозиест, ки онро калонсолон бо мақсади хушҳол кардан бо кӯдакони хурдсол мебозанд. Дар хона падар, модар, модаркалон ё яке аз аъзои оила кафи дасти кӯдаки 1-2 соларо боз намуда, ангушти ишоратиашро дар кафи кӯдак чарх занонида, таронаи зерини «Ҳавзак»-ро мехонад ва ангуштакони ӯро ба кафаш як-як қат кардан мегирад.

Ҳавзак, ҳавзак, Гирдакош сабзак.

Ору биёд, об хӯрад, Оҳу биёд, об хӯрад.

Инаш гав кушад, Инаш пӯст кунад, Инак пазаду соз кунад, Инак хӯраду ноз кунад Вақте ки навбат ба ангушти хурдӣ расид, падар номи кӯдакро гирифта, бо овози баландтар: «Эй ба ин майдаҳак шӯрбо нарасид» - гӯён дасташро ба ҳаво бардошта, «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду», «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду» – гӯён ҳамин ибораро се бор такрор мекунад. Кӯдак аз ин ҳолат завқ бурда механдад.

Дар баъзе деҳоти Самарқанд ҳангоми хондани қисми аввали таронаи «Ҳавзак» ангуштони бачаро аввал қат карда, сипас дар давоми тарона ангуштони муштшударо як-як мекушоянд. Таронаи онҳо чунин аст:

Ҳавзак, ҳавзак, Гирди вайба савзак.

Ин леле (ангушти хурд), Ин додари леле (ангушти беном), Ин ҳавзи боломпочо (ангушти миёна), Ин ҳофизи қуръонхон (ангушти ишоратӣ), Ин турки шавушкуш (сарангушт).

Турки шавушкуш гуфтай: намерем?

Ин гуфтай: куҷо мерем?

Ин гуфтай: дузӣ мерем.

Ин гуфтай: ай Худои олам наметарсӣ?

Ин гуфтай: калити подшоя мегирему мегурезем!

Дар Кӯлоб ин бозиро «Додари додарон» меноманд ва суруди он ба тариқи зайл аст:

Чилики якум: – Додари додарон!

Чилики дувум: – Лаббай, ҷони додарон!

Чилики севум: – Биёен, равем харбузадуздон!

Чилики чорум: – Ай Худои олам наметарсетон!

Чилики панҷум: – Каллаша меканему мегурезем!

Дар байни тоҷикони водии Хуфи Рӯшон ва Шуғнон низ ин бозӣ маъруф мебошад. Дар Рӯшон чунин матнро мехонданд:

Қақар, қақар!

Бобо Сафар, Чодар ба бар.

Нихтай’дум, нихтай’дум, нихтай’дум (рафтам, рафтам, рафтам).

Унде чухма (Он ҷо чашма).

Ум кино:ра (дар канори он) Зареце:н хац бире:зан (кабкҳои кӯҳӣ об мехӯранд).

Мумак пӯ:т дӯ:д (инак паронд), Мумак рут чо (инка пар канд), Мумак похт (инак пухт), Мумак хо (инак хӯрд).

Имак сат пес чебе:н (инаш ба сари қошуқ рафт), То: ом йат, тар ум на райст (то он омада, чизе намонд).

Дар ноҳияи Панҷ ҳангоми гиряи кӯдак калонсоли оила, аслан модар, модаркалон ва ё бобои тифл як дасти кӯдакро гирифта, дар кафи дасти он нӯги ангушти ишоратиашро чарх занонда, матни суруди “Лулак, лулаки хокӣ”-ро мехонад.

Лулак, лулаки хокӣ.

Дашти кураки боқӣ, Аз боло санг омад.

Пеши бузи ланг омад, Деворака кофтем.

Сӯзанака ёфтем, Пеши подшоҳ партофтем.

Аз ин даста бар он даста, Шоҳони камарбаста.

Аспҳоро дар куҷо бандем?

Дар бедҳои қатор.

Чӣ бихӯранд?

Сангу сафол!

Чӣ ..............?

Донаи анор!

Баъдан навбат ба ангуштакони кӯдак, ки расид, аз ангушти хурдиаш то ангушти ишоратии ӯ як-як дар болои кафаш қат карда, чунин мегӯяд:

Инаш мегӯяд: рафтем ба дуздӣ.

Дигараш мегӯяд: аз Худои олам наметарсӣ!

Сеюмаш мегӯяд: мегирему мегурезем.

Чорумаш мегӯяд: мебинанмон!

Дар анҷом ангушти охир, яъне сарангушти ӯро ба пушти гарданаш расонида, матни охири бозиро мехонад:

Панҷумиаш мегӯяд, чулулулу, барги каду, Пушти каллаи Шоҳина (номи кӯдакро зикр мекунанд).

Кӯдак ин ҳолатро дида, ба завқ меояду механдад .

Бозии Ҳавзак ё лӯлак дар дигар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ ба тағйироти ҷузъӣ дар матни таронааш аз тарафи мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин бозӣ барои саргармӣ ва забономӯзии кӯдакон воситаи хуб мебошад.

Ҳандалакчӯб Ҳандалакчӯб як навъ саргармии бачагон буда, дар фасли тобистон сурат мегирифт. Онро водии Зарафшон «Ҳандалакчӯби Бойназар» ва дар Ҳисор «Алачӯби Бойназар» меномиданд. Бачаҳо дар болои ягон санги калон кундачӯби дарозиаш 4-5 метраро тавре мегузоштанд, ки вазни ду паллаи он баробар мешуд. Сипас якнафарӣ ё дунафарӣ аз ду канор ба болои кунда менишастанд ва кундаро мисли пасту баландшавии тарозу ба ҳаракат медароварданд. Онҳо дар вақти болои чӯб нишаста бозӣ кардан таронаи зеринро мехонданд:

Ҳандалаке чуб, мандалаке чуб.

Бойназар, додош авов, Худойназар.

Номи Бойназар дар аксари ҷойҳо дар ин бозӣ садо медод, аммо кӣ будани он шахсро касе намедонист.

Тарзи дигари бозии ҳандалакчӯб чунин буд: бачаҳо дунафарӣ тақсим мешуданд ва яке аз онҳо ба тахтапушташ дар замин хобида пойҳояшро ба боло мебардошт. Бозигари дувум шикамашро ба болои кафи пойҳои шарикаш гузошта, аз дастони ҳамдигар медоштанд. Бачаи хобида бо пойҳояш ӯро бардошта, алвонҷ медод. Онҳо дар вақти алвонҷхӯрӣ таронаи мазкурро мехонданд. Сипас бачаҳо ҷойҳои якдигарро иваз мекарданд ва бозиро давом медоданд.

Ҳафтранга Ҳафтранга бозии маъмулии духтарона буда, барои ташкили он беш аз 5 нафар бозигар лозим аст. Як нафар бо арғамчинро гирифта, дар рӯйи замин тоб медиҳад, дигарон аз болои банд меҷаҳанд. Агар дар раванди бозӣ як нафар бандро бо пой зер кунад, бозӣ қатъ шуда, он шахс давр гардонидани арғамчинро ба уҳда мегирад. Дар вақти ҷаҳидан ҳама баробар таронаи зеринро мехонанд:

Рангобарангӣ, Либоси фарангӣ.

Зард, сурх, зангорӣ.

Кадомашро мехоҳӣ?

Иштирокчиён пас хондани шеър як навъи ранг, масалан, сурхро ном мегиранд. Сипас бозигарон бояд ашёе, ки дар он ранги сурх ҳаст, зуд онро даст расонанд. Ҳар касе ранги матлубро пайдо накард, ё фурсати дастрасонӣ наёбад, дар даври навбатӣ арҷамчинро ӯ тоб медиҳад.

Ҳафтсанг Ҳафтсанг аз бозиҳои нисбатан навтари духтарон мебошад. Дар майдонча 6-8 нафар духтарон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Онҳо дар замин як давра мекашанд ва дар он ҳафт адад сангҳои андозаашон баробари себро болои ҳам мегузоранд. Аз бозигарони гурӯҳи якум як нафар аз масофаи муайян сангҳоро ба нишон гирифта бо тӯб мезанад. Бозигарони дигари ин гурӯҳ баъд аз ин ки бо тӯб сангҳоро афтонданд, ба ҳар тараф мегурезанд. Бозигарони дастаи дуюм тӯбро дошта, дар атрофи хатти давра чарх зада меистанд ва бозигарони дастаи аввалро пеш карда, намегузоранд, ки ба давра наздик шаванд. Аъзои дастаи якум саъй мекунанд, ки бо фиребу уреб омада, сангҳоро зуд-зуд болои ҳам чинанд. Аммо духтарони дастаи ҳариф онҳоро бо тӯб як-як ба нишон гирифта мезананд.

Ба касе, ки тӯб расид, аз бозӣ хориҷ мешавад.

Дастаи ғолиб ҳамоне аст, ки бо тӯб ҳамаи бозигарони ҳарифро зада тавонад. Агар духтарони дастаи якум сангҳои афтидаро бо чолокӣ болои ҳам чида тавонанд, онгоҳ ғолиб мебароянд. Ҳафтсанг ба бозии панҷсанг хеле шабоҳат дорад.

Ҳупӣ-ҳупӣ Ин бозиро бачагони Рашту Дарвоз зимистону баҳорон дар болои бомҳо ва дар вақти гармо дар боғу майдончаҳо ташкил мекарданд. Бачаҳо гирди ҳам сари зону дар замин менишастанд ва тоқиҳои худро дар пешашон рӯ ба боло мегузоштанд. Сипас як нафарро сардор интихоб мекарданд ва ӯ нахуст шуда амали тоқибардориро сар мекард. Сардор дастҳояшро ба пушташ бурда, тоқияшро аввал, лабҳо, сипас бо дандон ва ниҳоят бо сараш аз замин мебардошт.

Дигарон ҳама аз қафои ӯ ин амалҳоро такрор мекарданд. Дар вақти хам шуда, тоқиро бардоштан сардор ба бачаҳо нигоҳ карда мегуфт: “ҳупӣ-ҳупӣ, ана ита ҳупӣ”.

Ҳар касе, ки дер монад, ё тоқиро бардошта наметавонист, мағлуб ба ҳисоб мерафт ва ҷарима мешуд.

Ҳуштакбозӣ Як навъ машғулияти анъанавии бачагон, ки аз ҳар гуна ашё, растаниҳо, бозичаҳо ва инчунин тавассути лабону ангуштони даст садои ҳуштак мебароранд.

Кулолон ҳуштакҳоро аз гили хом ва пухташуда ба сурати паррандагону ҳайвоноти хонагӣ ва махлуқони дигар, масалан, аждаҳо, месохтанд ва баъд аз пухтан дар оташ онҳоро рангубор медоданд, инчунин баъзеашонро сир медавонданд. Ин гуна ҳуштакҳоро “аъҷуба” меномиданд.

пешина
аз 12
навбатӣ