Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа
Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (2)
Бодбаракро аз коғази сахти 45х65 см, парахаҳои чӯби дарозшакл, ришта ва навори аз матоъ буридашуда месозанд. Парахаҳоро аз чор тарафи коғаз ва инчунин ба тарзи диагонал бо ширеш ба коғаз мечаспонанд. Сипас аз ду гӯшаи чӯби болоӣ ва маркази коғаз бо ресмон ба таври секунҷа ба ҳам мепайванданд ва нӯги онро ба риштаи асосӣ мебанданд. Аз ду гӯшаи чӯбҳои поёни коғаз низ бо ресмон ба навори матоъгин пайваст мекунанд. Дарозии навори матоъгин, ки онро «дум» меноманд, вобаста ба мувозанати бодбарак то 23м мешавад. Бодбаракро ҳангоми вазидани боди мусоид парвоз медиҳанд. Яке аз бачагон онро ба болои сараш бардошта меистад, писарбачаи дигар нӯги риштаро ба даст гирифта, ба муқобили вазиши бод медавад.
Ҳамин ки бодбарак 100-200 м боло баромад, дигар ҳоҷат ба давидан нест, он дар осмон мавҷзанон меистад.
Дар гузашта бачагон бодбаракро аз коғаз ва чӯби тунуки най месохтанд. Аз миёнаҷойи коғаз ба дарозии он миённай, аз болои он ба бари коғаз сарнай ва миённайи диагарро мечаспонданд. Баъд аз як гӯша ба дигар гӯша ду найи нисбатан дарозро чилликшакл ба тарзе ширеш мекарданд, ки дар боло ду шох ҳосил мешуд. Ба шохҳо коғази ранга ё латтаи нафисро ба шакли парчам мечаспониданд. Сипас миённайро бо ресмон сахт кашида, ба сарнай ба тарзи камоншакл мебастанд. Аз ду шох ба маркази миённай ришта гузаронида, нӯгҳои риштаро ба таври секунҷамонанд пайванд мекарданд.
Ба ду нӯги поёнии он шилшила ё дум мебастанд, ки мувозанатро дар ҳаво нигоҳ дорад.
Навъи дигари бодбарак лалак ном дорад, ки бештар дар шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон маъмул аст. Номи лалак шакли тағйирёфтаи “лаклак” мебошад ва лалакпаронӣ айнан ҳамон бодбаракбозӣ аст.
Лалакро аз чӯбу коғази сахт ё пленка, латта ва ресмон месозанд ва дар рӯзҳои шамолӣ ба осмон парвоз медиҳанд. Анъанаи лалакпаронӣ дар баҳору тобистон дар шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд хеле зиёд ба назар мерасад. Дар Истаравшан дар айёми Наврӯз мусобиқаи лалакпаронӣ дар болои қалъаи Муғ баргузор мешавад, ки дар он наврасону ҷавонон аз деҳоти атроф ва ҳатто аз ноҳияҳои ҳамсоя барои қувваозмоӣ меоянд. Мусобиқаро шуъбаи фарҳанги шаҳри Истаравшан назорат ва доварӣ намуда, ба ғолибон ҷоизаҳо месупорад.
Дар Хуҷанд лалакро “лайлак” меноманд. Бинобар маълумоти санъатшиноси маъруф, шодравон Наим Ҳакимов, “лайлак ё бодбаракпаронӣ ин рамзи баҳор ва фарорасии Наврӯз аст. Лаклак бинобар боварҳои мардуми тоҷик, навъ парандаи муқаддас ба ҳисоб рафта, расидану лона гузоштан, чӯҷа баровардан ва дар парвоз даромадани лаклак нишоне аз файзу баракат ва сафою амн дар соли фарорасида аст. Дар давраҳои пеш дар арафаи ҷашни Наврӯз ба бодбарак чароғ баста, шабона ба осмон сар медоданд ва замоне, ки ҳавопаймо набуд, ин манзара тамошои ҷолибе дошт.” Бачагони шаҳри Самарқанд бодбаракро бозбарак меномиданд ва дар деҳаи Торинҷак бинобар ду шохи чӯбинаш онро “шохдор” мегуфтанд Шохдорро дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ бозӣ мекарданд. Сохти шохдор чунин буд: ба варақи сахти коғаз, ки андозааш 30х50 см мебошад, ба таври салиб ва диагонал чӯбҳои маҳину ҳамвор ё пораҳои чӯби най (қамиш)-ро часпонида, аз се ҷойи он бо ресмон мебастанд. Шохдор инчунин ду дардарак ва як дум дошт. Онро дар вақти вазидани бод ба ҳаво сар медоданд ва он ба самти вазиши шамол ба осмон мепарид. Аз қоғази маҳин дардарак месохтанд ва ба гӯшаҳои болоии шохдор мебастанд, ки он ба таъсири бошиддати шамол садои ҷолибе мебаровард. Агар шохдор дур рафта бошад, бачаҳо риштаро ба гӯшашон наздик оварда тавассути он овози дардаракро шунида, завқ мебурданд.
Бачаҳои самарқандӣ агар шохдор баланд парвоз кунад, ба завқ омада мегуфтанд:
Ҳай, ҳай, болет-ба, Чашмакои холет-ба, Дум биёр, ки бандам, Кандир биёр, сар тиям!
Ин мисраъҳоро бачаҳо ба мазоҳи якдигар мегуфтанд, ки шохдори яке аз болои шохдори дигарӣ гузашта парвоз карда бошад. Ё аз болои хонаи холаи ҳариф мегузарад. Бояд ҳариф дум ва кандир (ресмон) биёрад ва шохдори ӯро хизмат кунад.
Ба шохдор монанд бачаҳои Самарқанд навъҳои дигари бодбарак доштанд, ки онҳоро “лайлак” ва “булбул” меномиданд. Булбулро аз як варақи коғаз бо роҳи қат кардан месохтанд ва ба он дум илова мекарданд. Булбулро “бозбарак” низ мегуфтанд. Лайлак шаклан ба ромб монанд буда, аз мобайн чӯберо ба таври нимдоира қат мекарданд. Дар нуги камонак ва думи лайлак аз латта пӯпак месохтанд.
Болиштҷанг Болиштҷанг, бозии шавқоварест, ки дар байни наврасон ва ҷавонон маъмул мебошад. Матои сахти калонеро пур аз пахта намуда, онро ҳамчун болишт медӯзанд, сипас барои бозӣ истифода мекунанд. Баъзан ба ҷойи он халтаеро аз хасу коҳ пур карда, даҳонашро бо ресмон мебанданд ва ба мисли болишт дар бозӣ ба кор мебаранд. Барои бозӣ харак лозим аст. Харакро одатан дар саҳни ҳавлӣ, майдонча ё худ дохили бино мегузоранд. Баландии харак тахминан 1 м мебошад. Ду нафар болои харак баромада, муқобили якдигар болишт ба даст ба ҳамдигар наздик мешаванд. Бо ишораи сармир ё довари бозӣ бачаҳо бо зарби болишт кӯшиш мекунанд, ки ҳарифашонро аз мувозанат бароварда, аз харак афтонанд. Бозигаре, ки ҳарифашро аз харак афтонд, ғолиб дониста мешавад ва бозиро бо ҳарифи навбатӣ давом медиҳад. Дар хотимаи бозӣ шахсе пирӯз шумурда мешавад, аз ҳама бештар бозигаронро аз харак афтонад.
«Бузи танагирак» Ин бозӣ дар байни мардуми водии Рашту Дарвоз маъмул будааст. Онро баҳорон дар болои боми хонаҳо ва дар фаслҳои дигар дар боғчаву майдонҳо барпо мекарданд. “Бузи танагирак”-ро одатан бачаҳои хурд ва наврасон ташкил мекарданд, вале баъзан ҷавонон ҳам ба онҳо ҳамроҳ мешуданд.
Бачаҳо ҷамъ шуда, яке аз бозигаронро ҳамчун «бузи танагирак», яъне бузе, ки ҳаққи дигаронро гирифта аз худ мекунад, интихоб мекарданд. Ӯ каме дуртар аз гурӯҳи бачагон истода мегуфт: «Ай ин чиндум, ай ун чиндум, ҳамаш дар худум» ва ба сӯйи марра медавид. Дигарон ӯро таъқиб менамуданд. «Бузи танагирак» агар то марра – «ҳалолгаҳ» рафта мерасид, ғолиб дониста мешуд ва бозиро аз сари нав шурӯъ мекарданд. Агар касе аз бозигарон ӯро дар вақти давидан дарёб карда, бо дасташ занад, ин навбати бозӣ қатъ мешуд ва шахси дастгиркунанда нақши «бузи танагирак» бозида, навбати дигари бозиро сар мекарданд.
Буҷулбозӣ Буҷулбозӣ яке аз қадимтарин бозиҳо дар тамоми дунё ба шумор меравад. Ҳанӯз дар Мисри Қадим ва Бобул дар ҳазорсолаи IV пеш аз мелод буҷулҳоро барои фолбинӣ ва пешгӯйӣ истифода мебурданд. Дар Ҳинди бостон буҷулбозӣ дар гимнҳои Ригведа ишора шудааст. Дар Маҳабҳарата навъи дигари он бо номи устухонбозӣ зикр гаштааст. Дар Аврупо буҷулҳо аз аҳди энеолит инҷониб ҳамчун афзори этиқодӣ ва парастишӣ корбурд дошт. Қабилаҳои кӯчии турк буҷулро ҳамчун рамзи чорподорӣ медонистанд. Барои онҳо буҷул ҳам афзори бозӣ ва ҳам воситаи фолгирӣ буда, аз он тӯморҳои муҳофизатӣ тайёр мекарданд.
Румиҳо бори нахуст усутхонро тарошида мукааб карда, дар шаш тарафи он ҳарфу рақамҳо навишта буданд.
Дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон ин буҷулбозӣ то ба солҳои 1970-ум бозии оммавии наврасону ҷавонон буд.
Мардони миёнсол бо буҷулҳо қиморбозӣ мекарданд.
Имрӯзҳо низ буҷулбозӣ дар деҳоти кӯҳистони ин минтақа маъмул аст.
Дар байни мардуми тоҷик, ки ниёгони онҳо – ориёиҳо аз даврони қадим ба чорподорӣ машғул буданд, буҷулбозӣ вуҷуд доштааст. Буҷулҳоро ҳатто аз гӯрҳо пайдо намудаанд. Дар баъзе афсонаҳои тоҷикӣ буҷулбозӣ ба ҳайси як бозии маъмули бачагон ишора шудааст. Ба шаҳодати устод С. Айнӣ, дар базму идҳои халқӣ, ба мисли Сайри Дарвешобод, дар қатори дигар бозиву дилхушиҳо буҷулбозӣ ҳам баргузор мешудааст.
Бозиҳои саққобозӣ ва чормағзбозӣ низ ба буҷулбозӣ монанд мебошанд.
Буҷулбозӣ бо буҷул – шитолинг, қисме аз устухони пойи гӯсфанд ё буз аст, ки ба рақами ҳашт монанд аст, бозида мешавад.
Буҷулбозӣ навъҳои гуногун дорад. Яке аз бозиҳои машҳури он «чиккаю пукка» мебошад. Пас аз ба замин партофта шудани буҷулҳои бозингарон, вобаста ба тарзи истодани онҳо, ки асп, хар, пукка ва чикка меноманд, яке аз бозигарон ҳуқуқи шурӯъ кардани бозиро ба даст меорад ва ба нишон гирифта, задани буҷули ҳарифон мекӯшад. Шахси мағлуб ё буҷули худро ба ғолиб медиҳад ва ё ӯро ба пушташ савор карда, як масофаи кӯтоҳро тай мезанад.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Ӯзбекистон тарзҳои дигари буҷулбозӣ маъмуланд. Тарзи истодани буҷулҳо бо ҳамчун персонажҳо ном доранд. Буҷули ҳар бозигаре, ки чикка меистад, онро «дузд» меномиданду «қозӣ» бо амри «подшоҳ» ӯро ҷазое медод. Ҷазо чунин буд, ки «дузд» шахси ғолибро пуштора карда, то ба ҷойи муайяншуда бурда мемонд.
Як навъ буҷулбозӣ, ки дар байни бачагони Зарафшон маъмул буд, харкуш ном дошт. Бачаҳо дар ин бозӣ пиллаҷое доштанд, ки дар он буҷулҳои зиёдеро ғарам карда мемонданд. Масалан, дар Яғноб ҳар як бозигар 30 адад буҷулро ба пиллаҷо мегузошт ва 18тои дигарро барои додани ҳаққи ҳисобкунанда нигоҳ медошт. Як нафар бозигар ҷамъу тарҳи буҷулҳоро ҳисоб мекард, ки ӯро “арбоб” меномиданд. Ӯ барои ин корҳояш дар охир 18 адад аз шахси мағлуб ва 9-то аз бозигари ғолиб буҷул мегирифт. Бозии харкуш аз охирҳои фасли баҳор сар шуда, дар тобистону тирамоҳ давом мекард.
Ваҷабпарак Ваҷабпарак, номи дигараш – ҳамваҷаб, дар байни бачагони водии Зарафшон, Хуҷанду Истравшан, Исфараю Конибодом, Ашт ва дигар ҷойҳо маъмул аст.
Бозии ваҷабпарак дар майдончаҳо, заминҳои ҳамвор, толори варзиш ва ғайра гузаронида мешавад. Барои бозӣ инчунин регреза ва ё аррамайда лозим аст. Ба ин бозӣ бачагони синну соли гуногун машғул мешаванд.
Бозӣ барои бачагони 5-8 сола осон буда, барои бачагони калонсолтар усули мушкилтари он вуҷуд дорад.
Бачагон ду нафарро ҳамчун ёвар интихоб мекунанд. Онҳо дар масофаи муайян ба замин рӯбарӯ нишаста, пойҳои худро каме мекушоянд ва кафи пойҳояшонро ба кафи якдигар ҷафс карда мерасонанд. Бачагони дигар бо навбат давида омада, аз болои пойҳои ёварон ба дарозӣ меҷаҳанд. Дар ҷое, ки баъди ҷаҳидан пой мегузоранд, рег ё аррамайда рехта мешавад, то ки пойҳои бозигарон озор наёбад. Вақте ки ҳама ҷаҳида, ин даврро бехато иҷро карданд, бозӣ аз сари нав оғоз мешавад. Ин дафъа ёварҳо поёҳояшонро каме кушодтар мекунанд. Агар пойи ягон бозигар ба пойи ёварҳо расад, ё ки бозигар аз ҷойи нишонашуда наҷаҳад, мағлуб ҳисоб мешавад ва ӯ яке аз ёваронро иваз менамояд.
Варианти дигари бозӣ аз ҷониби бачагони 8-12 сола бозӣ карда мешавад. Иштирокчиён дар ин тарзи бозӣ ба баландӣ меҷаҳанд. Ёварҳо ҳамон гуна рӯбарӯ ба замин нишаста, кафи пойҳояшонро ба кафи якдигар ҷафс карда, зонуҳояшонро андаке қат мекунанд.
Бозигарон бо навбат давида, аз болои пойҳои онҳо ҷаҳида мегузаранд. Пас анҷоми давраи якум ёварҳо ваҷабҳои худро ба болои пойҳояшон мегузоранд ва «монеа»-ро баландтар месозанд. Бачаҳо боз ба ҷаҳидан шурӯъ мекунанд.
Давраи сеюми бозӣ боз ҳам мушкилтар мешавад.
Ёварон ресмонеро аз ду тараф дошта меистанд. Иштирокчиён аз болои ресмон ҷаҳида мегузаранд. Дафъаи дигар ёварон ресмонро баландтар мекунанд. Ҳар кас, ки аз болои он ҷаҳида натавонад, аз бозӣ берун мешавад. Бозигаре, ки бехато аз болои ресмон дар баландиҳои гуногун меҷаҳад, ғолиб шуморида мешавад.
Гачабозӣ Гачабозиро инчунин каҷабозӣ, кача ва кечабозӣ низ меноманд, ки аз шумори бозиҳои қадимаи мардуми тоҷик мебошад. Иштирокчиёни гачабозӣ паҳлӯи ҳам гирд истода, як нафарро сардор интихоб мекунанд. Дар гачабозӣ сангча ё тукмае лозим мешавад, ки онро ''гача'' меноманд. Сардор дар байни ҳалқаи бозигарон истода, гачаро ба дасти як аз бачаҳо медиҳад. Сипас сардор ба бачаҳо «Дастҳоро боло!» – гуфта фармон медиҳад. Бачаҳо дастҳоро боло мебардоранд. Боз сардор фармон медиҳад, ки дастонашонро ба қафо баранд.
Ҳама дастҳоро бо шумурдани «Як!», «Ду!» аввал ба паҳлӯ, сипас ба пушти худ бурда, пинҳон мекунанд.
Сардор аз онҳо мепурсад: «Гача дар дасти кист?».
Бачаҳо бо як овоз: «Гача дар дасти ман аст! Дар кадом дасти ман аст?» – гуфта ҷавоб медиҳанд. Бачаҳо дар ин лаҳза ба ҳам зич истода, гачаро даст ба даст мегузаронанд. Бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки сардор дар дасти кӣ будани гачаро пай набарад. Бозӣ ҳамин тариқ то гачаро пайдо кардани сардор давом меёбад. Иштирокчие, ки гачаро аз даст афтонад, аз бозӣ хориҷ мешавад. Сардор гачаро аз дасти кадом бачае, ки ёбад, ӯ ба ҷойи сардор мегузарад ва бозӣ аз нав шурӯъ мешавад.
Гачабозӣ ба ҳушёриву зиракӣ ва саргармии бачагон мусоидат мекунад.
Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» шакли пурраи ин бозиро дар байни ҷавонони Бухорои охири садаи 19 тасвир кардаанд, ки андаке аз тасвири боло тафовут дорад.
«Гачабозӣ ҳамин буд, ки аҳли маҷлис ду тақсим шуда, рӯ ба рӯи ҳам менишастанд, як сангча ё шабаро гача ном медоданд, одамҳои як тарафи муқобил гачаро дар байни худ гирифта, дастонашонро дар зери кӯрпаи сандалӣ медароварданд, яке аз он одамҳо гачаро дар мушти худ пинҳон мекард, аммо ҳамагӣ муштҳошонро гиреҳ карда, аз зери кӯрпа бароварда, ба тарафи муқобил дастҳояшонро дароз карда бо як овоз фарёд кардан мегирифтанд:
Гача дар дасти ман аст!
Ба кадом дасти ман аст?
Одамҳои тарафи муқобил дастҳои дарозшударо ягон-ягон гирифта дошта, ба чеҳраи онҳо бо диққат чашм медӯхтанд. Дар охир яке аз онҳо ба кадом даст будани гачаро тахмин кунад, он дастро маҳкам дошта фарёд мекард:
Гача дар дасти ту аст!
Ба ҳамин дасти ту аст!
Ин одам агар ҳақиқатан гачаро ёфта бошад, тарафи ӯ бурдагӣ, вагарна бой додагӣ ба шумор мерафт.
Агар шумораи бурди як тараф ба сад расад, марра пурра ва бозӣ тамом мешуд».
Кечабозӣ, навъи дигари гачабозӣ мебошад, ба он наврасону ҷавонони кӯҳистон дар фасли зимистон дар назди сандалӣ машғул мешуданд. Онро баъзан мардҳои калонсол ҳам мебозиданд. Бозӣ аз пинҳон кардан ва ёфтани «кеча» – тугма ё тангае иборат буд. Иштирокдорон ба ду дастаи хурд 2-3 нафарӣ тақсим шуда, аз ду тарафи рӯ ба рӯ ҷой мегирифтанд. Аъзои дастаи якум кечаро дар зери кӯрпаи сандалӣ даст ба даст карда, дар мушти яке аз бозигарон пинҳон мекарданд. Сипас муштҳоро ҳама аз зери кӯрпа бароварда, ба болои сандалӣ мегузоштанд ва аз дастаи дигар ёфтани онро талаб менамуданд. Ба дастаи ҳариф фурсати кам дода мешуд ва то шумораи бист ҳисоб мекарданд. Агар дастаи дуюм кечаи пинҳоншударо наёбад, ҷарима меандохтанд. Ҷарима одатан аз ягон чизи хӯрданӣ иборат буд.
«Гул чӣ ранг?» «Гул чӣ ранг?» – як навъ бозии анъанавии бачагон, ки дар байни мардуми водии Рашту Дарвоз маъмул буда, одатан дар фасли тирамоҳ барпо мешавад. Бачаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда, каме дуртар аз ҳамдигар дар замин менишинанд. Ҳар гурӯҳ сардори худро дорад. Сардорҳо берун аз гурӯҳ номи ягон гулро муаммо қарор медиҳанд. Сипас яке аз сардорҳо ба назди гурӯҳаш омада мегӯяд:
Ёрако, гул чӣ ранг?
Бачаҳо: Гулҳо ба ранг.
Сардор: Як чизи хушбӯй, ки бисёр бӯйи хуб дорад?
Бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки номи гулро пайдо кунанд. Агар онро ёфта натавонистанд, он гоҳ навбат ба гурӯҳи дигар мегузарад. Сардори гурӯҳи дуюм низ ҳамин гуна савол медиҳад. Ниҳоят касе аз гурӯҳ ҷавоб медиҳад: «гули садбарг».
Шахси ҷавобдода аз ҷояш мехезад ва рӯймолакеро гирифта, тоб дода дурра месозад ва гирди сар чарх занонида, аз болои сараш ба қафо ҳаво медиҳад.
Сипас чанд қадам ба пеш омада, ба замин нишаста, рӯяшро бо дастонаш мепӯшонад. Яке аз бозигарони гурӯҳи дигар дурраро аз замин бардошта, ба сардораш медиҳад ва омада чашмони бачаи нишастаро бо дастонаш аз мепӯшонад. Дурраро бо ду тарз мебаранд: «бодобод» яъне бардошта ва «хокохок» – ба замин кашонида.
Сардори дастаи дуюм дурраро ба пушти яке аз бозингарон пинҳон карда, ишора мекунад, ки чашмони шахси ҷавобдодаро кушоянд. Ӯ ба назди он сардорҳо омада муколама мекунад:
Сардорҳо: Куҷо будӣ?
Бозигар: Толиқон.
Сардорҳо: Чӣ овардӣ?
Бозигар: Тушаву талқон.
Сардорҳо: Барои кӣ?
Бозигар: Ба набераҳоям.
Сардорҳо: Набераат чӣ ном дорад?
Бозигар: Чақон, Пақон.
Сардорҳо: Чашмота кӣ қапид? Дурраро кӣ овард?
Дурраро бодобод оварданд, ё хокохок? Дурра дар пушти кист?
Агар бозигар ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоби дуруст диҳад, ӯро беҷазо озод мекунанд. Агар як қисми саволҳоро посух диҳад, бо дурра ба миқдори саволҳои наёфтааш ӯро мезананд. Пас аз ин бозӣ аз нав шурӯъ мешавад.
Ба ин монанд дар байни бачагони деҳоти Рашт бо номи ҷавлон-ҷавлон бозии дигаре роиҷ аст, аммо он бозӣ бо баъзе унсурҳо аз бозии «Гул чӣ ранг?» тафовут дорад.
Гурбабозӣ Ин бозиро одатан дар фаслҳои гарм духтарон барпо мекунанд. Дар майдони кушод 7-12 нафар духтарони аз 8 то 14-сола ҷамъ омада, ба таври нимдоира қатор меистанд. Духтарон як нафарро барои иҷрои нақши «гурба» аз байни худ интихоб мекунанд. «Гурба» дар рӯ ба рӯйи духтарон истода, бо онҳо муколама мекунад:
Духтарон: пиш-пиш!
Гурба: мияв-мияв.
Духтарон: чи хел ранг?
Гурба: сурх (гурба номи ягон рангро мегӯяд).
Дар ҳамин вақт гурба номи ягон рангро интихоб карда, мегӯяду ба сӯйи духтарон медавад. Духтарон ба ҳар тараф мегурезанд, то ки ҳар чи зудтар ранги интихобкардаи гурбаро, ёфта ба он даст расонанд. Кадом духтаре, ки он рангро наёбад, ё ба он даст расонида натавонад, гурба ӯро дастгир мекунад ва бо ҳамин ин навбати бозӣ ба поён мерасад. Шахси дастгиршуда дар навбати дигари бозӣ «гурба» мешавад. Бозӣ ҳамин тавр давом меёбад.
Гургбозӣ Гургбозӣ ҳамчун бозии анъанавии бачагона дар байни мардуми водии Рашту Дарвоз, Яғноб ва навоҳии Бадахшон маъмул будааст. Бозӣ дар фасли зимистон дар болои боми хонаҳо ва дар фаслҳои дигар дар боғчаву майдонҳо барпо мешуд. Сардори бачаҳо як нафарро дар нақши гург қарор дода, ду нафари дигарро – саг ва боқимондаҳоро – гӯсфанд таъйин мекард. «Гург» ба ду чаккаи сараш ду тоқии печонидашударо мебаст, ки онҳо ба гӯш монанд мешуданд. Ӯ ҷомаеро пӯшида, доманҳояшро қат карда, ба қафо мебурд ва бо ин тарз думи гургро тасвир мекард. Гӯсфандон ба ҳамдигар ҷафс нишаста, гоҳ-гоҳ маос мезаданд. Каме дуртар аз гӯсфандон рамабон мехобид, ки нақши онро худи сардор иҷро менамуд.
Мувофиқи тартиби бозӣ, «сагҳо» аккос зада, ба ҷустуҷӯи қути худ баромада, ҳар сӯй мераванд. Ҳамин вақт «гург» пайдо шуда, гӯсфандонро як-як бурдан мегирад. Гӯсфандони дигар ноором шуда, баланд маос мезананд. Чӯпон бедор шуда, сагҳоро ҷеғ мезанад, сагҳо аккосзанон тохта меоянд ва чун ҳама ҷо ором шуд, чӯпон боз ба хоб меравад. Сагҳо ҳушёрона рамаро посбонӣ мекунанд. Боз гург пайдо мешавад. Ин дафъа шикори вай нобарор мегардад: чӯпон бедор шуда, гургро таъқиб мекунад ва бо чӯб ӯро мезанад.
Сагҳо низ ба гург дармеафтанд.
Ин бозӣ бо номҳо ва навъҳои гуногун дар байни мардуми кӯҳистон маъмул аст. Онро дар деҳаи баъзе деҳоти Ғарму Тавилдара бо номҳои «даҳмардабозӣ», «галабозӣ», дар Ванҷу Ишкошим ва Вахон онро «гургакбозӣ» меномиданд. Дар нусхаи гургбозии бачагони Ванҷ, «гург» гӯсфандонро як-як дуздида мебарад ва гӯсфандони рабудашуда ба гург табдил меёбанд. Дар Тавилдара ба ҷойи «гург» гӯсфандҳоро «дузд» мерабояд. Вақте ки чӯпон дуздро медорад, ба рӯяш туф мекунад.
Дар нусхаи гургакбозии мардуми Ишкошиму Вахон «гург» гӯсфандонро ба хонааш бурда, пинҳон мекунад. «Гӯсфандон» бо даст ишораи чархаи ресандагиро карда, мегӯянд: «бофам, бофам, ба гург кафан мебофам». Чӯпон гӯсфандонро ҷустуҷӯ карда, ба хонаи гург меравад ва нишони гӯсфандонро мепурсад.
Гург ба вай ҷойҳои гуногунро нишон медиҳад ва чӯпон чи қадар гӯсфанде, ки дошт, ҳамон қадар сангчаҳоро аз ҳамон ҷойҳо меорад ва гург гӯсфандҳоро бозпас медиҳад.
Гӯсолакашак Гӯсолакашак дар минтақаи Кӯлоб маъмул буда, номи дигари он «Кӣ зӯртар?» мебошад. Онро одатан наврасони 12-18 сола бозӣ мекунанд. Барои бозии мазкур майдонча, ё саҳнаи васеъ ва арғамчини 2,5-3 метра лозим аст. Бачаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ҳар гурӯҳ дар масофаи 10-12 метр рӯй ба рӯйи ҳам саф мекашанд. Довар аз ин гурӯҳҳо якнафариро ба майдон даъват мекунад. Ҳар дуи ин бозингароне, ки ба майдон мебароянд, пушт ба пушт дар масофаи 1-1,5 метр ба замин чорзону зада менишинанд. Сардор арғамчинро нӯг ба нӯг баста, ҳалқаи калоне месозад ва онро аз миён боло, аз зери каши бозигарон мегузаронад.
Бозигарон ҳалқаро ба даст сахт медоранд. Бо фармони довар бозигарон баробар якдигарро ба самти худ мекашанд. Кадом бозигаре, ки ба қафо афтод, мағлуб ҳисоб меёбад. Баъд аз ин боз ду нафари дигар аз дастаҳо ба майдон мебароянд ва ба ҳамин тарз бозиро давом медиҳанд. Бозиро гурӯҳе мабарад, ки холи бештар гирифтааст.
Қоидаи бозӣ чунин аст, ки бозигарон бояд ҳамдигарро якбора силтав дода накашанд, балки аввал оҳиста-оҳиста, баъд сахттар кашидан лозим аст. Вақти якдигарро кашидан бо даст ба замин такя кардан мумкин нест.
Гӯшмолак Ин бозиро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо номҳои зерин гӯшмолак, гӯшкашак, гӯштобак, гӯшталобак, гӯши гургак низ ном мебаранд. Он як навъ бозии суннатии бачагонаи тоҷик буда, дар байни бачаҳои синни 10-15 сола роиҷ аст. Замону макони баргузории гӯшмолак маҳдуд нест, аммо он бештар дар ҷашнҳои арӯсиву маъракаҳои дигари хурсандӣ ва ҷашни Наврӯз барпо мешавад. Ин бозиро як нафар ҷавон ё шахси калонсол ташкил намуда, худ низ иштирок мекунад.
Шахси калонсол дар латтапорае як-ду танга ё тугма ва ё ягон ашёи хурдро мебандад ва онро ба дурӣ ҳаво дода, худаш пинҳон мешавад. Ӯ эълон мекунад, ки ҳар бозигаре, агар бастаи тангаро ёфта, ба ӯ оварда супорад, соҳиби туҳфаи пулӣ ё молӣ (рӯймолча, тоқӣ, миёнбанд ва ғ.) мешавад. Бачаҳо барқосо ба сӯйи он латтаи баста мешитобанд ва ҳар кас кӯшиш мекунад, ки онро ёфта, давида омада, шахси калонсолро дастгир кунад ва латтаи бастаро ба ӯ супорад.
Вақте ки як нафар латтаро ёфта, ба сӯйи шахси калонсол давад, дигарҳо ба ӯ монеъ шуда, намегузоранд, ки комёб шавад. Ӯро маҳкам дошта, гӯшҳояшро мекашанд ва ё сахт молиш медиҳанд.
Гӯшмолӣ то он вақт давом мекунад, ки он бозигар мушташро боз карда, латтаи бастаро аз даст диҳад.
Ҳамин ки ӯ латтаро партофт, бачаҳои дигар талош карда, онро мегиранд ва шахси ба дастоварда ба сӯйи шахси калонсол медавад. Боз бачаҳо ӯро монеъ шуда, дастгираш мекунанд ва гӯшҳояшро сахт мемоланд.
Бозӣ ҳамин тариқ идома меёбад. Шахси ғолиб ҳамон касе ҳисоб мешавад, ки бастаро ба шахси калонсол расонад. Ба ғолиб дар ҳузури бачаҳо ва дигар иштирокчиёни ҷашн туҳфаи ваъдашуда супорида мешавад.
Гӯштингирӣ Гӯштин яке аз навъҳои варзишии машҳури миллӣ буда, таърихи якчандасра дорад. Номи он аз калимаи “кӯштӣ” – камарбанди маросимии зартуштиён гирифта шудааст. Дар байни мардуми тоҷик ду навъи гӯштингирии анъанавӣ маъмул мебошад: гӯштини тарзи озод (дар ноҳияҳои ҷанубию шарқӣ) ва гӯштини тарзи миллӣ. Гӯштини навъи дуюмро баъзан кураш ё гӯштини тарзи Фарғона ҳам меноманд. Дар гузашта барои паҳлавонон мактаби махсуси гӯштингирӣ набуд, ҷавонони боистеъдод дар назди устодони худ машқ мекарданд ва усулҳои гӯштингириро ёд мегирифтанд.
Баъд аз поёни силсилаи машқҳо шогирдпаҳлавон дастархони зиёфат ороста, устоди худро меҳмондорӣ мекард, ҷомаю тоқӣ мепӯшонид ва дуои фотиҳа мегирифт, ки ин маросимро камарбандон меномиданд.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик гӯштин ҳамчун мусобиқаи варзишии суннатӣ мавқеи хосса дорад. Дар гузашта сабқати гӯштингириро дар ҷашнҳои арусию хатнасур, Наврӯз, идҳои Рамазону Қурбон, хурсандиҳои оммавию сайрҳои баҳорӣ дар майдонҳои васеъ бо иштироки паҳлавонони зиёд аз гӯшаву канори шаҳру вилоят барпо менамуданд. Дар Ӯротеппа (Истаравшани кунунӣ) як рӯз пеш аз маъракаи гӯшингирӣ мунодӣ (ҷорчӣ) дар кӯчаҳои сераҳолии шаҳру деҳот гашта, паҳлавононро ба майдон чунин даъват мекард: “Полвоне, ки бошад, рӯймолаша маҳкам баста, худаша чоқ карда, маърака-ба фурояд”.
Мусобиқаҳо бо тарзу усулҳои анъанавӣ баргузор мешуданд. Дар Қаротегину Дарвоз, дар тӯю сур паҳлавонон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, гирди майдонро як мартиба чарх мезаданд ва сипас ба ҷойҳои худ рафта менишастанд. Бо ин амал онҳо иштироки худро дар мусобиқа муаррифӣ менамуданд. Паҳлавони неруманде ба майдон баромада, дар замин чорзону зада менишаст. Ба назди ӯ дар табақе оши палав меоварданд, ки онро табақи паҳлавонӣ меномиданд.
Ҳар касе аз доваталабон, агар бо ӯ гӯштин гирифтан хоҳад, ба майдон меомад ва аз табақи ӯ таом мехӯрд.
Пас аз таомро бо ҳам хӯрдан ҳар ду аз ҷой хеста, ба ҳам даст дода салом мекарданд ва пири маърака ба онҳо дуо медод.
Дар Ӯротеппа паҳлавонон бо рӯймоли миёнбанд камарашонро баста, ба майдон баромада, менишастанд ва бо ин тарз ҳарифи худро мехостанд. Довар (“оқсақол”) бо хоҳиши онҳо паҳлавононро дунафарӣ ба паҳлӯи ҳам менишонд ва дуо медод.
Дар маъракаҳо паҳлавонон аз маҳаллаву гузарҳои гуногун ба ҳам мубориза мебурданд. Паҳлавонон дастҳоро ба ҳар тараф алвонҷ дода, рақс карда, гирди майдонро як маротиба давр мезаданд, сипас ба мобайни майдон омада, ба гӯштингирӣ шурӯъ мекарданд. Ҳар кадоме, ки ҳарифашро пушт ба замин афтонад, ғолиб ҳисоб мешуд ва соҳиби туҳфаҳо мегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё