Зеҳн
Бозиҳои анъанавии бачагонаи тоҷикон

Дилшод Раҳимӣ. Маҷмӯаи бозиҳои суннатии бачагонаи тоҷикон, таърихи онҳо ва тарзи бозӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 12 саҳифа

ФарҳангКӯдаконВарзиш
Аз аввал хондан

Бахши II — Бозиҳои анъанавии бачагона (3)

Гӯштингирӣ аз қадимулайём яке аз машғулоти асосии ҷашни Наврӯзи тоҷикон ба шумор мерафт. Дар Сайли Тамошотеппаи Кӯлоб паҳлавонони беҳтарин аз бекигариҳои Ҳисору Қаротегин, Дарвоз, Муминобод, Ховалинг, Афғонистон ва дигар ҷойҳо ҷамъ мешуданд.

Баъзан шумораи гӯштингирон то 200-300 нафар мерасид. Ҳар кадом бо ҷомаҳои пахтагин, ё чакманҳои пашмин, шалвори калта, пойи луч ва миёнҳоро бо фӯтаҳо бастагӣ буданд. Мусобиқаро саркарда, яъне довар назорат мекард, ки он аз ҷониби бек таъйин мешуд. Рафти бозӣ ва натиҷаҳоро мунодӣ – ҷорчӣ эълон мекард, ки ки ӯ шахси шӯхтабъи дорои садои баланд буда, ӯро низ бек интихоб мекард.

Пеш саршавии гӯштин ҷорчӣ ба майдон баромада, бо овози баланд ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ эълон мекард, ки “касе агар хоҳиши гӯштингирӣ дорад, ба майдон барояд!” Мусобиқаро аввал “полвонои хурд” яъне наврасон сар мекарданд, сипас навбат ба “полвонои миёна” мерасид ва ниҳоят дар рӯзи сеюм ё чоруми сайри наврӯзӣ “полвонои калон” ба майдон мебаромаданд. Баъди эълони ҷорчӣ яке аз паҳлавонони хоҳишманд ба майдон баромада, дар рӯ ба рӯйи хаймаи ҳоким дар замин чорзону зада менишаст ва дасташро пеши бар намуда, ҳарифи худро интизор мешуд. Сипас паҳлавони дигаре омада, дар паҳлӯи ӯ ба ҳамон тарз менишаст. Ҷорчӣ ном ва маҳалли зисти ӯро пурсида, ба овози баланд эълон мекард. Мирзо – котиби ҳоким ном ва ҷойи зисти онҳоро навишта мегирифт. Гоҳе ҷорчиҳои сухандону шӯх баъзе хусусияту истеъдодҳои паҳлавононро тавсифу таъриф менамуданд (мас., фалонӣ сангҳои вазнинро мебардорад, ё ба як даст чанд пуд сангро бардошта метавонад ва ғ.).

Ҳоким ба онҳо дуо медод ва паҳлавонон як маротиба майдонро давр зада, ба мобайни он омада, рӯ ба рӯйи ҳам меистоданд. Аввал онҳо сари зону нишаста, аз мардум фотиҳа мегирифтанд, баъдан бархоста ба ҳам даст дода салом мекарданд. Баъзе паҳлавонон аз рӯйи одат заминро даст расонида, мебӯсиданд ва бовар доштанд, замин ба онҳо қувват мебахшад. Сипас паҳлавонон ба гӯштингирӣ шурӯъ мекарданд ва ҳар кадом кӯшиш менамуд, ки аз остин, гиребон ё камарбанди якдигар сахт дошта гиранд ва бо тарзу усулҳои муайян ҳарифро ба пушт хобонанд.

Барои пирӯз шудан бояд ҳарифро ба пушт чунон мехобониданд, ҳар ду шонааш ба замин расад ва худашон болои синаи ҳариф баромада нишинанд.

Паҳлавоне, ки се нафар ҳарифонро мағлуб кунад, аз тарафи ҳоким соҳиби туҳфа – ҷома мегашт.

Паҳлавонони машҳур соҳиби ҷомаҳои шоҳӣ мешуданд, ба дигар гӯштингирони ғолиб туҳфаҳои хурдтар медоданд.

Мусобиқаҳои наврӯзӣ ва ҷашнӣ барои ҳар як паҳлавон имтиҳоне буд, ки дар ҳузури мардум аз он мегузаштанд. Барои ҳамин паҳлавонон қаблан машқу тамрин намуда, қоидаву тартиби ғизохӯриро риоя мекарданд. Дар Кӯлоб гӯштингирони маҳаллӣ ва паҳлавонони аз дигар ҷойҳо омада, 15-20 рӯз пеш аз сайри Тамошотеппа машқ мекарданд ва барои ба майдон баромадан тайёрӣ медиданд.

Паҳлавонон дар гӯштингирӣ усулу шеваҳои гуногунро истифода мебурданд. Аз он ҷумла, тарзҳои “дастпеч”, “сурун”, “тоб”, “қоқӣ” (“қоқма”), “попеч”, “дӯк” ва ғайраҳо дар водиҳои Ҳисору Зарафшон маъмул буданд. Дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон паҳлаваонон усулҳои “ҳаллук”, “чиландозӣ”, “попечак”, “дастпеч”, “сари севҷӣ” ва амсоли инҳоро дар гӯштин ба кор мебурданд.

Паҳлавон дар байни халқ он шахсе ба ҳисоб мерафт, ки дар якчанд мусобиқаҳо иштирок карда, чандин нафар гӯштингиронро мағлуб карда бошад.

Мардум ҳамеша паҳлавононро эҳтиром ва дастгирӣ мекарданд ва бо онҳо ифтихор доштанд.

Ғанак Ин бозии анъанавӣ дар байни бачагони шаҳри Истаравшан (Ӯротеппа) ва деҳоти атрофи он маъмул буд. Ду сардор – мирҳо баъди қуръапартоӣ бо тоқӣ навбати бозиро муайян мекарданд. Мири навбатгирифта ба ёронаш, ки гирди ӯ ҷамъ омадаанд, рӯй меовард. Ёрон мепурсид:

– Чанд қадар ғанак?

– Ин қадар ғанак, - мир бо дастонаш шакли парандаеро тасвир менамуд.

– Сари ҳарфаш чӣ? – боз мепурсиданд ёрон.

– Сари ҳарфаш “Б”.

– Булбул, - мегуфтанд ёрон.

Агар номи парандаи пинҳонкардашуда, дар воқеъ, булбул бошад, ёрони мири дастаи дигар хеста мегурехтанд. Бозигарони дастаи якум онҳоро таъқиб карда, бо тоқиашон мезаданд. Ҳар вақте ки сардори онҳо «ҷавчӣ!» гуфта, онҳоро даъвати истодан мекард, бачаҳо сур карданро бас мекарданд. Агар ёрони ин мир номи парандаро наёбанд, навбати бозӣ ба мири дигар мегузашт.

Ғир-ғири майдон Ин бозиро бачаҳои Рашту Дарвоз дар майдони ҳамвор, баъзан дар болои бомҳо низ барпо мекарданд.

Бачаҳо дар замин даврае кашида, сипас қатор шуда тоқиҳои худро дар назди худ, дар як хат мегузоштанд, сипас ҳар кадом бо пой тоқиашро мезад. Тоқии ҳар касе, ки наздиктар афтад, ҳамон шахс дар давраи кашидашуда тоқиашро мегузошт. Дигарон кӯшиш мекарданд, ки тоқии ӯро бо пой зада, аз давра берун кунанд. Соҳиби тоқӣ дар даруни давра истода, тоқиашро ҳимоя менамуд. Дар ҳолате ки ӯ ба пойи яке аз ҳуҷумкунандагон бо пояш мезад, навбати даруни давра истодан ба он кас мерасид ва соҳиби тоқӣ ба қатори ҳуҷумкунандагон мегузашт. Ҳамин тариқ, бози идома меёфт.

Ғирғирбозӣ Ғирғирбозӣ (ғърбозӣ), ба бозии “ғир-ғири майдон” монанд буда, асосан дар фасли зимистон гузаронида мешавад. Дар ин бози як гурӯҳ наврасон ҷамъ омада, дар ибтидо дар болои барф як давра мекашанд. Сипас якеро аз байнашон интихоб мекунанд. Ӯ тоқии худро аз сараш гирифта дар дохили давра мегузорад ва дар атрофаш тоб мехӯрад ва тоқиашро ҳимоя мекунад, то касе онро зада аз давра берун накунад. Агар тоқиро бо пояшон зада, аз давра берун кунанд, он гоҳ соҳиби тоқӣ талош мекунад, ки тоқиашро аз пеши пои онҳо гирифта, бо тоқӣ яке аз онҳоро бизанад. Агар соҳиби тоқӣ тоқиашро бигирад, дигарон зуд ба дигар тарафи давра мегурезанд ва ба давра даромада, “ғр-ғр-ғр” мегӯянд. Агар соҳиби тоқӣ дар ин ҳол касеро бо тоқии худ зада натавонад, боз аз сари нав тоқиашро ба мобайни давра мегузорад. Агар касеро занад, пас навбати бозӣ ба ӯ мегузарад.

Давдавак Ин бозӣ дар байни писарону духтарони аксари минтақаҳои Тоҷикистон ва берун аз он паҳн шудааст.

Қоида ва равиши бозӣ чунин аст: якчанд нафар бачагон ҷамъ шуда, тибқи шуморидани анъанавӣ якеро барои дастгир кардани дигарон интихоб мекунанд.

Сипас бачаҳои дигар дар доираи муайяни майдонча ба ҳар тараф медаванд. Дастгиркунанда кӯшиш менамояд, ки яке аз онҳоро дастгир кунад. Ҳар кадомеро, ки ӯ нахуст дастгир кард, навбати думболагирӣ ба он кас мегузарад. Ҳамин тавр бозӣ батакрор давом меёбад.

Дар баъзе ҷойҳо бачагон ягон ҷисм, ба монанди дарахт, санги калон, симчӯб ва ғайраро ҳамчун нишонгаҳ ё пайгаҳ интихоб мекунанд ва бачаи дастгиркунанда дар айни замон ин нишонгаҳро муҳофизат менамояд. То ки дигар бачаҳо омада, онро тасарруф накунанд.

Гоҳҳо вобаста ба теъдоди бештари бачагон бозии давдавак ба таври гурӯҳӣ иҷро мешавад. Иштирокчиён ба ду даста тақсим шуда, як даста дастаи дигарро думболагирӣ мекунад.

Давранишинӣ Яку аз бозиҳои бачагона давранишинӣ ном дошта, дар байни бачагони Панҷакент маъмул аст.

Давранишинӣ ба ду тарз сурат мегирад. Бачаҳои 8-10сола дар майдоне ҷамъ шуда, ба тарзи давра паҳлуи ҳам дар замин чорзону зада менишинанд. Барои бозӣ як рӯймолча лозим аст. Онҳо як нафарро сардори бозӣ интихоб менамоянд. Тартиби бозӣ чунин мебошад: дар маркази давра санге ва ё ягон ашё ниҳода мешавад, ки бозигарон ҳама ба он нигоҳ карда меистанд. Бо сар шудани бозӣ сардор аз беруни давра, дар паси бозигарон пиҳон шуда, давр мезанад ва номаълум карда, рӯймолчаро ба пушти бозигаре партофта мегурезад.

Агар он бозигар зуд фаҳмида, ҳамон лаҳза ӯро дастгир кунад, ҷояшро ба вай надода, боз омада ба ҷойи худ чорзону зада мешинад. Бозӣ мисли пешина давом меёбад. Дар ҳолате ки бозигар ба пасаш партофта шудани рӯймолчаро набинад, сардор зуд ба пеш давида, гирди давра чарх мезанад. Бозигар аз ҷояш хеста, ӯро таъқиб мекунад ва кӯшиш менамояд, ки дастгир намояд.

Сардор саъй мекунад, ки зуд омада ҷойи бозигари давандаро бигирад. Тибқи қоидаи бозӣ, ҳангоми рӯймолчагузорӣ бозигарон ба сардор нигоҳ намекунанд, онҳо бояд аз ашёи дар марказ гузошта чашм накананд. Инчунин ба якдигар хабар додан мумкин нест.

Бозии давранишинӣ тарзи дигар низ дорад. Дар он бачаҳо айнан ба тарзи даврашакл дар рӯйи замин чорзону зада менишинанд. Барои бозӣ як халтачаи дарунпури вазнаш 3-4 кг ва тӯб лозим мешавад. Ба халтача метавонанд рег андозанд. Бо оғоз шудани бозӣ нишастагон халтача ё тӯбро даст ба дасти якдигар дода, аз сардор дур мебаранд. Сардор вазифадор аст, ки аз беруни давра истода ба халтача (ё тӯб) даст расонад, ё онро дошта гирад. Баробари доштани халтача сардор бо он бозигаре, ки халтаро аз даст додааст, ҷой иваз мекунанд.

Баранда барои ба мобайни давра даромадан ҳақ надорад. Халтачаро ба ҳар тараф даст ба даст додан мумкин аст. Аммо ба шахси дуртар партофтан иҷозат нест, бояд халтачаро ба бозигари паҳлуи худ диҳанд.

Ҳамин тавр бозӣ идома меёбад.

Далӣ Далӣ бозии анъанавии бачагони Лахш мебошад, ки бо сангчаҳо бозида мешавад. Барои бозӣ сангчаҳои даврашакли ҳамвори қутраш 3-4 см лозим аст. “Далӣ” номи санги нишона ё марра аст, ки он дар замин амудӣ гузошта мешавад. Дар замин дар масофаи 2-3 метр дуртар аз далӣ хат кашида, бачаҳо аз паси он меистанд ва ба сӯйи далӣ сангчаҳоро бо навбат ҳаво медиҳанд.

Сангчаи касе наздиктар ба далӣ афтад, ӯ бозиро оғоз мекунад. Аз ҳамон мақоми афтидани сангчааш бозигар далиро нишон гирифта, бо ангуштонаш сангачаашро мезанад. Агар сангаш ба далӣ расад, ғолиби ин давр мешавад, агар нарасад, бозигари дувум ин амалро такрор мекунад. Ғолиб санги далиро аз худ мекунад ва бозигари мағлуб аз ҳисоби худ як санги ҳамворро ба сифати далӣ дар ҷойи далии пештара мегузорад. Ҳамин тавр бозӣ давом меёбад.

Девбозӣ Девбозӣ ё дев-дев, як навъ бозии анъанавии бачагон мебошад, ки онро дар фаслҳои баҳору тобистон писарону духтарони 5-10 сола иҷро мекунанд.

Дар ягон боғча ё замини сабзазор бозигарон сангҳоро қатор чида, барои худ хона месозанд. Дар хона модари онҳо хӯрок пухтан мегирад ва бачаҳояшро ба алафчинӣ ба боғча равон мекунад.

Бачаҳо аз боғча алаф чида, ба бозию даводав ва сурудхонӣ машғул мешаванд. Дар як тарафи боғ деве хона дорад ва ин боғ аз они ӯ мебошад. Бачаҳо бо доду фарёд бозӣ карда, девро аз хобаш нороҳат намуда, бедор мекунанд. Дев ба боғча баромада, кӯдаконро таъқиб мекунад. Бачаҳо «очаҷон» гуфта, ба сӯйи хонаашон медаванд. Дев агар ягонтои онҳоро дастгир кунад, ба хонааш оварда, мегӯяд: «ягон вақт чизе хӯрданӣ наёбам, ҳаминро мехӯрам». Боз дев рафта дар хонааш хоб меравад. Бачаҳо алафҳои ҷамъ кардаашонро дар даст гирифта ба хонаашон мераванд. Модар ҳисоб мекунад, ки чанд бачааш нест. Ба дигар бачаҳо суоприш медиҳад, ки алафҳои чидаашонро ба дев баргардонанд ва бародарҳояшонро озод карда, биёранд.

Бачаҳо ба назди дев рафта, алафҳоро пас мегардонанд ва тавба мекунанд, ки дигар алафдуздӣ намекунем. Дев бачаҳои дастгирнамудаашро озод менамояд.

Ин бозӣ мазмуни тарбиявӣ дошта, бачаҳоро аз алафдуздӣ ва умуман, кирдори бад бозмедорад.

Долбозӣ Долбозиро дар ҷойи ҳамвор, майдонча ё роҳи васеъ 3-4 нафар писарони аз 8 то 14-сола бозӣ мекунанд. Бозигарон яктогӣ санги ҳамвори гирдро интихоб карда мегиранд. Инчунин барои бозӣ коғазҳои қанд лозим мешавад. Бачаҳо яктогӣ ё дутогӣ коғазҳои қандро дар масофаи 8-10 метр дуртар аз оғозгаҳи бозӣ дар замин ниҳода, аз болояш як сангро меузоранд.

Сипас аз масофаи муайяншуда бо навбат он сангу коғазҳоро ба нишон гирифта, бо санги дасташон мезананд. Санги ҳар касе, ки ба нишон расид, соҳиби он коғазҳои ҷамъшуда мегардад.

Тарзи дигари ин бозӣ чунин аст, ки бачаҳо дар замин як хат мекашанд ва дар паси он қатор меистанд.

Бозигари якум санги худро ба масофаи 5-6 метр ба пеш ҳаво медиҳад. Бозигари дуюм санги бозигари якумро ба нишон гирифта, мезанад. Агар ба нишон расонида тавонист, бозингари якум ба ӯ якто коғази қанд туҳфа медиҳад, агар ба нишон расонида натавонист, пас бозигари севум санги шахси аввалро ба нишон гирифта мезанад. Дар ҳоли муваффақ нашудани ӯ, шахси чорум ин амалро анҷом медиҳад. Агар ӯ ҳам сангро ба ҳадаф нарасонад, пас бозигари якум сангашро аз замин бардошта, бо он санги наздиктаринашро ба нишон гирифта мезанад. Пас аз комёб шудан соҳиби санги нишон қарор гирифта, ба бозигари комёб якто коғази қанд медиҳад. Дар ҳолати нокомӣ бозигари дуюм, сипас севуму чорум сангҳои наздиктаринашонро ба нишон гирифта мезананд. Ҳар бозигаре, ки сангашро задаанд ва ӯ як коғаз додааст, то навбати дигар аз бозӣ берун мешавад. Пас аз зада шудани ҳамаи сангҳо бозӣ аз сари нав шурӯъ мешавад.

Ин бозӣ дар байни бачагони ноҳияи Деваштич бо номҳои «гуллабозӣ» ва «ширбом» низ маъмул мебошад.

Донакбозӣ Донакбозӣ, дӯлбозӣ, кандакбозӣ, харакбозӣ, навъе аз бозии бачагон, ки бештар дар фасли тобистон, дар айёми зардолупаз ва низ дар тирамоҳ аз ҷониби писарбачаҳои 8-12 сола баргузор мешавад. Дар замин охурчаи умқаш 5-6 см ва бараш 10х10 см мекананд, ки номи он «дӯл» аст. Ашёи ин бозӣ чор адад донаки зардолу ё чорто сангчаи ба андозаи ҳамин донакҳо мебошад. Дар масофаи 1,5 метр аз дӯл дуртар хатте мекашанд ва аз паси он хат истода, бо навбат ҳар чор сангчаро ба дӯл мепартоянд. Агар 1 донак ё сангча ба дӯл афтад, партобкунандаи он «хар» номида мешавад, яъне нақши харро бозӣ мекунад; агар 2 донак ба дӯл ворид шавад, он партобкунанда «асп» ҳисоб мешавад.

Агар 3 донак ба он афтад, пас партобкунанда «вазир» аст ва ҳуқуқи ба «хар» нишастанро дорад. Агар бозигар тавонад, ки ҳар чори донакҳоро вориди дӯл кунад, унвони «шоҳ»-ро мегирад ва ба болои «асп» чанд лаҳза менишинад.

Ҳамин тавр, партобкунандаҳои 1 донак – «хар», 2 донак – «асп», 3 донак – «вазир» ва 4 донак «шоҳ» мешаванд. То вақте ки бозигари панҷум донакҳоро партоб мекунад, вазир ба «хар»-у шоҳ ба болои «асп» савор мешаванд. Агар ин бачаи панҷум ба дӯл 1 донак дохил кунад, пас «хар»-ро иваз мекунад, 2 донак ворид кунад «асп»-ро, 3 донак – «вазир»-ро ва 4 донак дохил кунад, ҷои «шоҳ»-ро мегирад. Агар ягон дона донак ба дӯл наафтанд, пас ин бозигар бори дигар донакҳоро ба дӯл мепартояд.

Шахси аз нақши ё хар, ё асп, ё вазиру шоҳ озодшуда боз донак партоб мекунад, то мақоми баландтаре гирад ва ба «хар» ё «асп» савор шуда, «роҳат» кунад.

Дар вақти бозӣ бачаҳои дигар, ки аз бозӣ берунанд, ҳазлу шӯхиҳо мекунанд, суханҳои хандаовар мегӯянд, ба хару асп алаф «мехӯронанд» ва ғайра.

Думтов Бо номи думтов дар байни мардуми водии Рашту Дарвоз як навъ бозии анъанавии бачагон маъмул мебошад. Бачаҳо ба шакли доира ё нимдоира ҷойгир шуда, якеро ҳамчун бозигари «думтов» интихоб мекунанд. Ӯ дар мобайн истода, кафи дастонашро ба ҳам зада, зуд дасташро ба ягон узви баданаш (чашм, бинӣ, гӯш...) мерасонад. Бозигарон бояд аз қафои ӯ ин амалро такрор кунанд. Ҳар касе ки дер кард, ё ба хатоӣ роҳ дод, ҷазо мегирад.

Дуррабозӣ Дуррабозӣ навъе аз бозиҳои бачагон ва наврасон, ки бо буҷул – қисме аз устухони пойи гӯсфанд ё буз аст, ки ба рақами ҳашт монанд аст, бозида мешавад. Бачаҳо давра нишаста, қаблан бо рӯймол ё латтапорае барои ҷазодиҳӣ «дурра» месозанд. Сипас бо навбат буҷулҳоро ба замин мепартоянд.

Тарзи истодани буҷулҳо бо ҳамчун персонажҳо ном доранд. Буҷули ҳар касе, ки дар ҳолати «асп» қарор гирад, ӯро подшоҳ меноманд. Буҷули шахсе, ки дар ҳолати «хар» истод, ӯ вазифаи вазирро иҷро мекунад. Буҷули ҳар бозигаре, ки дар ҳолати «чикка» қарор ёбад, ӯро «дузд» мешумориданд. Ҳолати дигар «пукка» буд, ки он ба ҳисоб гирифта намешуд.

Вақте ки нақшҳо муайян мешуданд, «подшоҳ» ба «вазир» фармон медод, ки «дузд»-ро дошта, бо дурра зананд. «Дузд»-ро бо дурра якчанд зарба мезаданд.

Баъд аз ин саҳнача бозӣ аз нав шурӯъ мешуд. Нақшҳои подшоҳу вазир дар навбати дигар иваз мешуданд. Аммо «дузд» то он вақте ки буҷули касе дар ҳолати «чикка» қарор нагирад, дар нақши дузд боқӣ мемонад.

«Дурра дар мех» «Дурра дар мех» дар байни бачагони водии Вахш ва Ёвон маъмул мебошад. Дар ин бозӣ писарону духтарони аз 9 то 15-сола иштирок мекунанд. Бозии «Дурра дар мех» дар майдонча гузаронида мешавад ва барои бозӣ як ресмон ё арғамчини 2-3 метра лозим аст. Бачаҳо дар майдон ба тарзи даврашакл саф мекашанд.

Довар ё сардори бачаҳо ду нафарро ба мобайни давра даъват мекунад. Яке дар маркази давра истода, вазифаи «мех»-ро иҷро мекнамояд, дуюмӣ муҳофизаткунандаи ӯ мебошад. Бозингари дар нақши «мех» буда, як нӯги арғамчинро дошта, нӯги дигарро ба рафиқаш медиҳад. Арғамчин «дурра» ба ҳисоб меравад. Шахси муҳофизатгар дуррадор мебошад.

Баробари фармони довар ё сардор бозигари муҳофизатгари «мех», яъне дуррадор дар атрофи «мех» чарх зада, бозигаронро намегузорад, ба даруни давра даромада, ба «мех» даст расонанд. Бозингарон баръакс кӯшиш мекунанд, ки ба даруни давра даромада, ба «мех» даст расонанд. Муҳофизатгар «дурра» дар даст ба дарозии ресмон дар атрофи «мех» гирд гашта, барои дастгир кардани бозигарон (гулдурҳо) мекӯшад. Агар якеро дастгир намояд, ӯро ба ҷойи «мех» мегузорад.

Агар бозигарон (гулдурҳо) ба «мех» ҳуҷум карда, ба он даст расонанд, муҳофизатгар ва «мех» мағлуб ҳисоб мешаванд, он гоҳ ду нафари дигар ҷойҳои муҳофизатгар ва «мех»-ро иваз мекунанд.

«Ёрон, ёрони мо» Ба ин бозӣ бачагони Рашту Дарвоз машғул мешуданд. Иштирокчиёни бозӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар масофаи 5-10 метр рӯ ба рӯйи ҳам меистоданд. Ду нафар сардор дар мобайни қаторҳо ҷой мегирифтанд.

Сардорҳо бо ҳам машварат карда, бо навбат аз дастаи худ номи ягон деҳаро мепурсиданд. Масалан, номи деҳаи Оҳангарон бо ҳарфи «О» сар мешавад ва сардорҳо сарҳарфи инро аз бачаҳо суол мекарданд: «Ёрон, ёрони мо, кадом деҳа аст, ки дар сар «О» дорад?

Бачаҳо ба фикр фурӯ рафта, номҳои деҳаҳои медонистаашонро ба хотир меоварданд. Агар дастае, ки онро дуруст ёбад, бозигарони дигар даста онҳоро ба пушти худ бардошта, то ба ҷойи худ оварда, боз пас бурда дар ҷояшон мегузоштанд. Ин манзара хеле ҷолибу шавқовар сурат мегирифт. Баъзе бачаҳои «савора» бо шӯхӣ ҳамдигарро тела дода, аз пушти мағлубшудагон афтонданӣ мешуданд. Ин лаҳзаи бозиро онҳо «бузкашак» меномиданд.

Дар баъзе ҷойҳо ин бозиро номёбак ва ё шаҳрёбак меномиданд.

Замингирӣ Яке аз бозиҳои бачаҳову наврасони шуғнонӣ (заминзехт), навъи бозии наврасон, ки дар фасли баҳор баргузор мегардад. Бозӣ дар майдонча ва ё ҷойҳои ҳамвор сурат гирифта, дар он 5–6 нафар ва гоҳе аз ин ҳам бештар бозигарон иштирок мекунанд. Онҳо тавассути сангчаи нишонадор қуръапартоӣ карда, як нафарро сардор таъйин мекунанд. Сардор дар рӯи замин давра, ки қутраш 2-4 метр мебошад. Як нафар бозигар мехи дарозиаш 15-20 см ё ба ҳамин андоза симро гирифта, ба дохили доира ҳаво медиҳад. Агар мех ё сим ба замин халида рост наистаду ба сӯе афтад, навбат ба шахси дигар мегузарад. Агар мех ба замин халад, вобаста ба мавқеи афтиши мех ё сими истода доира тақсим мешавад. Яъне, ин қисми замин аз они ӯ ҳисоб мешавад. Агар шахсе то охир заминро тақсим ва аз худ кунад, ғолиб дониста мешавад ва ҳар яке аз бозигарон ӯро бонавбат пуштора карда, гирди давра чарх мезананд.

Зоғобу Зоғобу навъе аз бозии бачагонаи қадима мебошад, ки дар ноҳияи Муъминобод ба қайд гирифта шудааст. Равиши бозӣ чунин аст: бачаҳо як нафарро сардор интихоб менамоянд ва се-чор нафар бозигар гирд истода, ҳар ду дастро мушт карда, ба байн дароз мекунанд. Онҳо ангуштони якуми худро боло намуда, муштҳоро аз болои мушти якдигар мегузоранд ва ангуштони якуми ҳамдигарро дошта меистанд. Сипас сардор таронаи «Зоғобу»-ро мехонад ва дигарон муштҳоро болои ҳам мисли тири ҷувоз дар мобайн тоб додан мегиранд. Таронаи «Зоғобу» чунин аст:

Зоғобу, Зоғобу.

Ай боло куланг омад, Пеши бузи ланг омад.

Ин тахта ба ун тахта, Шоҳони камарбаста.

Аспора куҷо бандем?

Харҳора куҷо бандем?

Дар боғ ҷаву гандум, Меҳнат ба сари мардум.

Торгина бикуч!

Вақте ки сардор мисраи охирро хонда, «торгина бикуч» гуфт, шахсе, ки дасташ аз ҳама боло аст, зуд дасташро қафо мекашад. Агар гӯянда «таҳгина бикуч» гӯяд, бозигари дасташ дар поён буда, зуд дасташро мекашад. Ҳамин тариқ, сардор таронаро батакрор хонда, гоҳе “торгина” ва гоҳе “таҳгина бикӯч” мегӯяд ва дастҳоро кашидан мегиранд ва охирин дасте, ки дар байн танҳо монд, шахси мағлуб ҳисоб мешавад. Шахси мағлубро сардор супориш медиҳад, ки дари хонаи дуздҳоро посбонӣ кунад ва ӯро як навъ ҷазо дода, дар назди ягон дар чанд муддат рост нигаҳ медоштанд.

Дар ноҳияи Дарвоз ин бозиро кучикуч меноманд, ки онро бештар хурдсолон дар дохили хона бозӣ мекунанд. Бачаҳо дар байни хона нишаста, дастони ҳамдигарро якеро болои дигар гузошта, аз байнашон як нафар ин шеъро мехонад:

Кучи куч, Кучмони куч.

Аз таҳ хабар.

Аз боло ҳуч.

Сипас кадоме, ки дасташ аз ҳама боло аст, дасташро мегирад. Боз ӯ ин шеъро мехонад ва дар мисраи охир “аз таҳ ҳуч” мегӯяд. Ин дафъа дасти касе аз поён аст, дасташро мегирад. Ҳамин хел ба навбат ин ду шеърро мехонанд. Дасти касе, ки охирон монд, ӯ сарашро ба замин мемонад ва рӯяшро мепӯшонад.

Бозингарони дигар, ки дар гирди ӯ мисли ҳалқа нишастаанд, ба тахтапушти ӯ бо ангушт мезананд. Ӯ сарашро бардошта, шахси якуми ангуштзадаро бояд ёбад ва ба тарафаш ишора кунад агар иштибоҳ кунад, аз сари нав сарашро дар замин мегузорад. Вале агар ёбад, он шахс дар навбати дигар “хоб мекунад”.

Зоғон-зоғон Як навъ бозии анъанавии бачагони деҳоти водии Ҳисор аст, ки одатан дар фаслҳои баҳору тобистон барпо мешавад. Дар ягон боғча ё майдони кушод 10-20 нафар писарон ва духтарони аз 10 то 15-сола ҷамъ омада, ба ду гурӯҳи баробар тақсим мешаванд. Гурӯҳи духтарон аз як тараф ва писарон аз тарафи дигар.

Бозигарон як нафарро барои иҷрои нақши гург аз байни худ интихоб мекунанд, ки ӯ берун аз саф дар мобайн меистад ва боқимонда ҳама нақши зоғҳоро бозӣ менамоянд. Дар байни зоғон ва гург чунин муколама сурат мегирад:

Як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар: зоғон, зоғон!

Гурӯҳи дуюм: қар-қар!

Гурӯҳи аввал: мо метарсем.

Гурӯҳи дуюм: аз чӣ?

Гурӯҳи аввал: аз гург.

Гурӯҳи дуюм: гург дар куҷост?

Гурӯҳи аввал: дар адир.

Гурӯҳи дуюм: чӣ кор карда истодааст?

Гурӯҳи аввал: алаф хӯрда истодааст.

Пас аз ин муколама зоғон ҷойҳои худро бо як чустиву чолокӣ иваз кунанд, то ки гург онҳоро дастгир накунад. Баробари ҷойивазкунии онҳо гург низ ба сӯйи зоғон медавад ва кӯшишии доштани онҳоро мекунад.

Гург кадомеро, ки дастгир кард, оварда дар як ҷо ҷамъ кардан мегирад. Бозӣ ҳамин тавр давом меёбад. Гург аз ҳама бештар зоғҳои кадом гурӯҳеро, ки дошта гирифт, он даста мағлуб ҳисоб меёбад.

Иштибозӣ Иштибозиро инчунин саққобозӣ меноманд, ки бо иштӣ бозида мешавад. Иштӣ саққочаест, ки аз санги кулӯла, ё аз гил ба шакли тӯбча месозанд. Баъзан он аз сурб сохта мешавад. Иштибозӣ бештар дар фаслҳои тобистону тирамоҳ дар майдончаву боғча ва ё дар ҷойҳои ҳамвор баргузор мешавад. Онро писарони аз 8 то 16-сола бозӣ мекунанд. Дар замин охурчае ба умқи ним ваҷаб канда, ҳар кадом бозигар миқдори муайяни чормағз ё донаки зардолуро ба гарав мегузорад. Сипас бо усули шуморак як нафарро интихоб мекунанд, ки иштиашро дар назди охурча мегузорад. Дар масофаи 56 қадам аз охурча хате кашида, дигарон бо навбат бо саққои худ иштии дар назди охурчаро ба нишон гирифта мезананд. Мақсади бозӣ ин аст, ки он иштиро зада, ба даруни охурча афтонанд. Бозигаре, ки иштиро зада, вориди охурча намуд, аз донак ё чормағзҳои ба гарав гузошташударо аз худ мекунад. Агар ба нишон нарасонид, даври ӯ месӯзад ва навбат ба дигар бозигарон мерасад.

Кадубозӣ Кадубозиро бачагон, ки одатан дар фаслҳои гарм ташкил мекунанд. Дар майдони кушод 7-12 нафар писарон ва духтарони аз 6 то 10-сола ҷамъ омада, қатор менишинанд. Бозигарон як нафарро барои иҷрои нақши деҳқон аз байни худ интихоб мекунанд ва дигарҳо нақши кадуро мебозанд. Кадуҳо ба ягон дарахт, симчӯб ё девор мечаспанд. Деҳқон ҳар рӯз, гӯё, кадуҳоро об медиҳад, ба танаи онҳо тап-тап зада, «каду қариб пухтаст» гуфта, таърифу тавсиф мекунад. Сипас аз байни кадуҳо як-як пухтаашонро канда, бурда анбор мегузорад. Анбор дар 4-5 метр масофа ҷойгир шудааст.

Кадуе, ки аз ҳама охир дар замин монд, онро «кадуи хом» мегӯянд. Кадуи хом аз ҷой хеста, аз пайи дастгир кардани дигарон мешавад. Бозигарон ба ҳар тараф мегурезанд. Кадуи хом ҳар киро, ки нахуст шуда дастгир кунад, ҳамон кас дар навбати дигари бозӣ нақши деҳқонро иҷро мекунад. Бозӣ ҳамин тавр давом меёбад.

пешина
аз 12
навбатӣ