Паи ситора

Баҳром Фирӯз. Маҷмӯаи ҳикояҳо дар бораи зиндагӣ, орзуву рафтори наврасону ҷавонон.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 7 саҳифа
Дар чарогоҳ
ДАР ЧАРОГОҲ
Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест.
Саъдӣ.
Офтоб акнун як қади найза баланд гашта буд.
Ромиш гӯсолаҳоро ба марғзори канори дарьёча овард. Ҳоло онҳо аз алафи тоза сар намебардоштанд.
Вай ба балои тахтасанге нишасту ба соҳили муқобил чашм андохт: болои талу теппаҳоро ҷангали анбӯҳ пӯшида буд. Фақат аз ҳар ҷо-ҳар ҷои ин махмали сабз шаху зовҳо сар бароварда буданд. Ана харгӯшаке аз ҷангал давида баромаду дар сабзамайдони соҳили рӯд лаҳзае бозистод, ба ду пои қафояш рост шуда ба атроф назар кард… Ларзидани пойҳои онро Ромиш равшан дид. Бозе худро ба дарахти канори рӯд заду дар чангаш гунҷишкеро чириққос занонда парида рафт.
Ромиш имрӯз танҳо аст. Субҳидам ҳамкораш Сабо хоҳиш кард:
«Имрӯз ман рафта наметавонам. Кори зарур дорам… Як худат ӯҳда мекунӣ?.. Ҳеҷ набошад, то пешин? А?» «Э, рафтан гир, хавотир нашав. Хурд нестам-ку!» — гуфт вай дар ҷавоби ӯ.
Сабои чашмсабз ва Ромиш дар мактаб ҳам ба якдигар меҳрубон ва наздик буданд. Баъзе бачаҳо мазоҳ мекарданд, духтарон таъна менамуданд, аммо ба дӯстии онҳо ҳеҷ чиз халал расонда наметавонист. Сабо духтари хушрӯй не, аммо бенур ҳам не. Лекин ба Ромиш ҳусни вай не, ҳамту худаш маъқул. Баъди ба омӯзишгоҳи наққошӣ рафтанаш Ромиш аҳд кард, ки ба Сабо мактуб навишта, рози қалбашро боз кунад, аммо ҳеҷ ҷуръат накард. Сонӣ тасмим гирифт, ки ба таътили тобистона меояду албатта розашро ба Сабо мегӯяд, дигар таъхир кардан мумкин не. Сабо аз вай ноумед гашта бо як ҷавони дигар қавлу қасам карданаш мумкин. Ана, таътилот ҳам шурӯъ шуду вай ба деҳа омад. Аммо ҳоло фурсати ин ҳарфҳо не — модараш маризанд. Сабо чӣ фикр мекунад: дар хона модараш бемору ин ҷавон чӣ хаёлҳо дорад! Сонӣ … ҳоло барвақт… вақти ин гапҳо не, — мегуфт вай худ ба худ. Ман акнун ҳабдаҳро пур кардам. Сабо аз ман як сол хурд… Эҳ, тезтар очаам сиҳат шуда, ба по мехестанд. Ҳозир апаам нигоҳубин мекунанду ман ба ҷои вай Сабо катӣ гӯсолабонӣ мекунам. Таътил ба охир расад, баъдан чӣ мешавад?
Уро дар деҳа ҳоло ҳамчун домпизишк мешинохтанд. Воқеае рух доду Ромишро ба ин касб муаррифӣ кард: Нағмагари думоҳа аз юнучқаи нав сер шуда, варам карду қариб, ки мурад. Ромиш ба тарафи молпарваришгоҳ давид, аммо дар он ҷо гуфтанд, ки байтор нест. «Гӯсола дар ҳоли мурдан аст, чӣ кор кунам?» гӯяд, мудир китф дарҳам кашида гуфт: «Аз дасти ман чӣ меояд, писар, ман духтур набошам».
Ромиш ба хунсардии вай ҳайрон шуд. Ба молу мулки колхоз баъзеҳо бепарвоӣ мекунанд, вале то ин ҳад фориғбол буданро надида буд. Баъдан вай шитобон ба сари гӯсола расид. Нағмагар дар дами ҳалок буд.
Ҳамроҳи Сабо зуд оташ равшан карду дами кордашро ба он дошта, аз уфунат пок сохт ва шиками варамидаи гӯсоларо шикоф кард. Бодро бароварду ҳам шикамба ва ҳам пӯсти Нағмагарро бо сӯзани ба алав доштаи Сабо бо риштаи оддӣ дӯхт. Сипас гӯсоларо то шом баста нигоҳ дошт, то ки такон нахурад. Ғайриимкон, вале гӯсола сиҳат ёфт. Ҳоло дар русто аз наққошии ӯ ҳарф занед, даст меафшонанд, аммо дар хусуси ҷарроҳии вай хурду бузург ба таҳсин лаб кушода, «дасташ сабук будаст, худо умраша диҳад» мегӯянд.
Ромиш баъди он ки нишаста, андаке нафас рост кард, бархосту марғзорро давр зада донистан хост, ки ҷару ҷӯи гӯсолаҳо ногаон афтода маъюб мешуда набошад. Дар пеш — сой, ду тараф бо шаху зов — қалъабанд. Гӯсолаҳо аз ин марғзор фақат қафо гашта берун рафта метавонанду бас. Вай ана ҳамин роҳи қафоро гирифта, дар сояи зарбед қарор гирифт. Асбобу анҷоми рассомиро кушода, бо сиёҳқалам ба кашидан шурӯъ кард. Ҳоло дар маҷмӯаи наққошиҳои ӯ хеле лаҳзаҳои дилчаспи чарогоҳ акс ёфтааст. Вай соли аввали омӯзишгоҳро ба итмом расонида, алъон донишомӯзи соли дуввум ҳаст. Албатта, тасвирҳояш ҳанӯз хом, мазмунан рангин ва амиқ не. Шояд замоне рассоми моҳир шавад, шӯхии ин гӯсолачаҳои шайтонро мукаммал тасвир мекунад. Чунон наққошӣ кунад, ки ҳар кас бинад, ба димоғаш бӯи марғзор ояд, баоси гӯсолаҳоро баръало шунавад.
Бо таҳдид ба Алмос пуфу куф кардани Майдаяки думсафедро тамошо кунед! Саг монанди баҳодуре, ки шӯхию густохии кӯдакро тамошо дорад, бо як ваҷоҳати аҷиб ба гӯсолача нигариста ғур-ғур мекунад. Ғурриши саг дар ин гуна мавридҳо таҳдидомез нест, балки мисли оҳанги лабханд ва ё ҳазлу навозиш дошта аст. Ана, Олуфта шабеҳи аспи пойга гирдогирди марғзор метозад.
Одати вай ҳамин тавр аст, баъзан худ аз худ бесабаб, баъзан ягон ғурмагас газад, аз аламаш ба тохтан сар мекунад. Олуфта ном гирифтани вай беасос нест: ҳамеша худро покиза нигоҳ медорад, танашро лесидагеш — лесидагӣ. Сағриҳояш ҳамеша шона задагӣ барин.
Наздики нисфирӯзӣ сояе рӯи қоғаз лағжиду Ромиш сар бардошта Саборо дар канораш дид.
— Оҳиста омада, тарсондан мехостӣ?
— Дилу гурдаата фаҳмам гуфтам… Уф-ф… Накофтагӣ ҷой намонд, — Сабо оҳиста ба рӯи харсанг нишаст. — Нохост ба ёдам расид, ки ҳамин ҷора таъриф мекардӣ. Ин қадар барвақт баровардӣ? Гуфтам-ку баъди дуртар рафтани пода барор, — мисли мошини чокдӯзӣ тез-тез ба ҳарф даромад Сабо.
— Ҳаво тасфад, гӯсолаҳо алаф намехӯранд.
— Ромиш, самбӯса мехӯрӣ? Гир, самбӯсаи кадугӣ, — Сабо як даста самбӯсаи қоғазпечро ба рӯи санг монду наздиктар омада, ба расми кашидаи ҷавон зеҳн монд.
— Сонӣ… — Ромиш бо лаҳне гуфт, ки мисле ба корам дахолат накун, буд.
Сабо гӯсолаҳоро аз офтоб ба соя, ба ҷониби бедҳои соҳили рӯд ронд.
— Тезтар! Ба соя гузар! Офтоб мезанаду мемурӣ! — бо гӯсолачаҳо гуфтугӯ мекард вай. Алмос хомӯш думболи вай мерафт.
— Меомадам, дар роҳ Зафара дидам, — баргашта омада ба сухан даромад Сабо. — Вай имсол мактаба тамом кард, акнун ба шаҳр рафта хонданӣ. Мегӯяд, ки кошки ба ҷои Ромиш бо ягон баҳонае ман ҳамроҳат кор мекардам. Гуфтам, ки Ромиш бо ягон баҳона не, ба кори зарурӣ банд аст. «Э, медонем, — мегӯяд, — кор — баҳона». Бачаи аҷоиб-а? Камтар худаша таъриф кард, росту дурӯғи шунидаашро ба худаш часпонда хеле гап зад, «ҳа-ҳа» гӯён гӯш кардам. — Сабо ба авзои писарак зимнан зеҳн монда, менигарист. У мехост бифаҳмад, ки ҳарфҳои ӯ ба Ромиш чи гуна таъсир дорад.
Ромиш чизе нагуфт. Ӯ тарҳи марғзор, кӯҳ ва гӯсолачаҳои бозингарро рӯи қоғаз меовард. Сабо гоҳ ба наққошии Ромиш ва гоҳе ба чеҳраи ҷавон нигариста, беист ҳарф мезад.
— Имтиҳони шумо ҳам сахт будагист-а? Ту аз ҳамааш аъло гирифтӣ ё чор ҳам дорӣ?
— Дорам, — аз кораш сар набардошта ғурунгос зад Ромиш.
— Ман ҳам дута чор дорам, — яктааш аз физика, дигараш аз нақшакашӣ… Ромиш, ту баъди омӯзишгоҳ ба Академияи рассомӣ меравӣ-а?
— Намедонам.
— Меравам гӯй, ин қадар хоксорӣ накун!
— Модарам — бемор… Дасттанҳо. Кор карданиам. Агар илоҷаш мебуд, ғоибона мехондам.
— Хайр, сиҳат мешаванд, нигарон набош, — монанди бузургсолон дилбардорӣ кард Сабо. Баъди сонияе аз ҷои дигар ҳарф шурӯъ кард: — Зафар ба институти политехникӣ ҳуҷҷат супоридаст. Як шиносашон будаст, ваъда кардаст, ки кумак мекунад.
— Шарм накарда ҳамин хел гуфт? — Ромиш бо таассуф сар ҷунбонд. Вале ин дам аз дилаш гузашт, ки мардум вақтҳои охир аз ин қабил корҳо хиҷил не, баръакс, ифтихор мекунанд.
«Агар ба Ромиш малол нашавад, гашти рӯз, тафси ҳаво гардад, чарх зада, ба наздатон меравам», гуфт. Ман гуфтам, ки биё, омадан гир.
— Аҷоиб, барои чӣ ман аз омадани вай малол мешудаам?!
— Намедонам. — Кӯтоҳ ҷавоб дод Сабо. Сипас зуд аз боби дигар сухан сар кард: — Ман ҳоло ба як қарор наомадаам. Намедонам ба хондан равам, ё дар парваришгоҳи мол кор кунам?.. Агар ту дар шаҳр бошӣ, ман ҳам рафтанӣ.
— Аҷоиб… — абрувонашро чин кард Ромиш, вале дигар ҳарфе назаду худ ба худ китф дарҳам кашид.
Ҳоло вай дар рӯи қоғаз бо сиёҳқалам акси сагро мекашид. Агарчи Алмос ин дам дар канори рӯд гаштугузор дошт, Ромиш сурати онро дар рӯи харсанг, чашму гӯшаш ба ҷониби гӯсолаҳо тасвир мекард. Саг гӯшҳои кӯтоҳ буридагиашро сих карда, гӯё хатареро эҳсос карда бошад, ба ҳамла омода буд. Аммо авзояш, хушҳол барин.
— Саги хатар пай бурда ин хел намешавад.
— Ҳа-а…— Ромиш як чашмашро нимкоф карда ба акси кашидааш бо диққат нигаристу сар такон дод.
Баъд ба ислоҳи тасвир шурӯъ намуд.
— Очаатро духтур дид охир? — пурсид духтар баъди шумурдани гӯсолаҳо.
— Чӣ гуфт? — баъди он, ки Ромиш бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд, боз савол кард Сабо.
— Ба қарибӣ аз ноҳия духтурҳои калон меомадаанд. Онҳо бинанд, сонӣ ба беморхонаи шаҳр мефиристонем, гуфтанд.
Ба миён сукут афтод. Абрувони борику теғдори духтар гиреҳ шуд, дар чашмонаш асари андӯҳ падидор гашту дилтангона оҳе кашид.
— Очама мебаранду таҳсили ман ҳам сар мешавад… Апаам, танҳо, — гуфт Ромиш.
— Шабҳо ман ба назадаш рафта хоб мекунам.
— Ба гуфтан осон. Додою очаат иҷозат медиҳанд- чӣ?
— Мемонанд.
Аммо аз оҳанги суханаш фаҳмидан душвор набуд, ки барои иҷозати волидайн мебояд хеле талош кунад.
Сабо бархосту гӯсолаҳоро аз назар кард.
Се гӯсолача ба болои шахи баланде баромада «мерақсиданд». Сумҳояшонро сахт-сахт ба санг кӯфта, думҳоро сих карда, гоҳ ба навбат, гоҳе ҳар се баробар ҷастухез кардани онҳоро дида, беихтиёр хандаи кас меомад. Ба таври худ гӯё мусобиқа мекарданду дар рақсу ҷастухез маҳорати худро намоиш медоданд. Боз саҳнаи ёфтаашонро бинед! Як шахи баланде, ки рӯяш ба қадри як суфа ҳаст ё не! «Ҳамин лаҳза яктоаш парида меафтаду маъюб мешавад», дар дил гуфт Сабо ва бархоста ба он сӯ рафт. Алмос ҳам хомӯш аз қафои вай равон гашт.
Сабо аз тарафи боло ба гӯсолаҳо наздик мешуд, ки ин дам Ромиш ӯро боздошт.
— Аз боло нарав! Аз ту рамида худаша ба поин меандозад. Аз поин ҳай кун, — маслиҳат дод вай.
Сабо ба таҳи зов рафту дастонашро афшонда “чу- чу” гуфт, Алмос бо таҳдид “ак-ак” карду гӯсолачаҳо бо раҳи баромадаашон аз шах фуромаданд.
Қурси офтоб рост ба фарқи сар меомад. Гармии рӯз ба авҷаш расида буд. Гӯсолаҳо тӯда-тӯда гашта, худро ба соя мезаданд. Шайтонаку Қашқа соя наёфта, сарашонро ба панаҳи санг ҷо карданд. Алмос бо даҳони бозу забони овезон ҳалқак мезад.
Ромиш ва Сабо гӯсолаҳоро ба тарафи болооби рӯд, ки дарахтони соя дошт, ронданд.
* * * Баъди пешин онҳо гӯсолаҳоро ба ангори назди Кафтархона бурданд. Азбаски замини ин ҷо обӣ аст, баъди дарави гандум ангор серпечак, воту лаби ҷӯйҳо алафзор буд.
— Сабо, ҳушьёр шав, — таъкид кард Ромиш, — поёни ин ангор нахӯдзор будаст. Нохудогоҳ гӯсолаҳо гузашта, нахӯди пухта расидаро ба замин яксон накунанд.
Сабо аз ӯ дуртар сари санг нишасту таронаеро бо овози паст тараннум мекард:
Дарьё, ки калон шавад, шинояш кӣ кунад?
Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш кӣ кунад?..
Насим мӯйҳои аз зери уребча ҳалқа зада баромадаи ӯро ларзонда бозӣ медоронд. Вай имрӯз кокулонашро ҷамъ карда, бо уребча ба пушти сараш баста буд, ки дар натиҷа рӯяш пурра бо тамоми латофат дар назар ҷилва мекард. «Пӯсти сафеди рӯяш дар офтоб ҳам сиёҳ намешавад, — худ ба худ гуфт Ромиш. — Аҷабо, чашмонаш шишаи сабз барин кап-кабуд. Умуман, дар деҳаи мо кабудчашмон бисьёранд. Мӯяшон хурмоию чашмонашон ё сабз, ё обӣ… Ҳафтаи гузашта, шаби ба осиё гандум бурданам, Сабо ба хона мо омада, ҳамроҳи апаам ҷомашӯӣ кардаст. Соатҳои дувоздаҳи шаб аз осиё омада, табъам хира шуд. Ҳаминаш кам буд! Бачаҳо фаҳманд, чӣ мегӯянд?! Зафар баринҳо шунаванд, «э, вай занаш барин, шабҳо рафта хоб ҳам мекунад», мегӯянд.
Шояд, барои ин кор аз додою очааш гап шунидагӣ барин… Ба ҷои апаам ман ба гӯсолабонӣ бароям, чӣ қадар ғур-ғур карданд, ҳатто ба молхона рафтанд… Кадом аз рӯзҳо аз дасташ пиёлаҳоро ба ҷӯй сар додаст, очаш ҷанг кардаанд, гуфтаанд, ки ҳуши ту духтар дар ҷояш не, бирав ба хонаи ҳамун бача дарою шин…» * * * — Ромиш, барои чӣ сурати мана намекашӣ? Фақат кӯҳу дарахт, сагу гӯсола… Ягон бор акси мана каш. Ё намехоҳӣ? А? ... Эҳ, агар ман рассом мебудам… — Чӣ кор мекардӣ?
— Сурати тую Алои Хаппака дар як ҷо мекашидам.
Ҳар ду ба ҳам монанд, дамдуздед.
— Ягон рӯз наққошӣ мекунам … Усто шавам, — Ромиш инро гуфту гӯё нафареро фиреб карда бошад, худ ба худ хиҷолат кашида сурх шуд. Сониян аз мавзӯи дигар ҳарф боз кард: — Момои Гулсум ҳоло ҳам танҳо зиндагӣ мекунанд-а?
— Ҳа. Колхоз ёрӣ мекунад. Худашон ҳам бақувват, рӯзаш катӣ дар полизашон ҷунбуҷӯл мекунанд. Ҳосили сабзию пиёзашон чунон нағз!
— Ҳазл не, модари Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ!
— Мардум ба шӯхӣ худи он каса қаҳрамон мегӯянд.
— Ман ягон бор рафта, сураташона кашиданӣ.
«Модари қаҳрамон» ном мемонам… Аммо шарм медорам.
— Ту аз ҳама чиз шарм медорӣ. Намедонам, агар ягон духтара дӯст дорӣ, чӣ кор мекунӣ? — Сабо аз сухани гуфтагиаш хиҷолат кашида, рӯяшро бо дастонаш пӯшида хандид.
— Агар нағз бинам, сураташа мекашам, — гуфт Ромиш рӯяшро аз вай гардонда, машғули рангомезӣ.
Баъд илова кард: — Шояд наққошӣ карда бошам… — Канӣ, ба ман як намой, — хоҳиш кард Сабо бо шӯхӣ. — Гӯй, вай кӣ худаш? А? Сурати кира кашидӣ?
— Инаш — сир… Ба ҳеҷ кас намегӯям.
— Хайр, гӯй, илтимос. То нагӯӣ, намемонам, — бархоста наздик омад Сабо.
— Э, рав-е! Шухӣ кардам! Ҳазлро намедонӣ?
— Қасам мехӯрам: ба ягон кас гӯям, ҳар чӣ шавам!
— Ҳеҷ кас не! Фаҳмидӣ? Сурати момои Гулсума мекашам.
— Не, росташа гӯй, боз кира? — Сабо ба асаби вай расида, мӯқаламро аз дасташ гирифт. — Аввал гӯй… — Бас кун, ман ҳазл кардам, — Ромиш зарфи шишаиро гирифту оби рангини онро холӣ кард ва барои оби тоза овардан ба тарафи рӯд равон шуд.
Сабо аз қафои вай нигариста, дар хаёл монд.
— Рӯзе сурати худата мекашам, — дуртар рафта гуфт Ромиш. Вай бо як табассуми шармгинона асроромез ба духтар нигаристу қадамашро қавитар гузошт.
— Ман рухсат надиҳам-чӣ? — гуфт Сабо ишваомез, аммо Ромиш сухани ӯро нашунид ва ё фаҳмида бошад ҳам, ҷавобе надода ба раҳаш идома дод.
Ӯ зарфи шишаиро шуста ба он оби тоза гирифту ангорро давр зада ба тарафи нахӯдзор гузашт. Се-чор гӯсолаи ба нахӯдзор наздик рафтаро қафо ронду худ ба тамошои нахӯди навпухта саргарм шуд.
Сабо ба саргармии ӯ нигариста, тааҷҷуб мекард:
«Гӯё нахӯдро дар умраш бори аввал медида бошад, зеҳн мондани уна нигаред», — тааҷҷуб мекард духтар.
Аз он тарафи сой ду нафар бачаи қад-қади об дар даву тозро дида, сараввал Сабо эътибор надод. Бачаҳо дар рӯ ба рӯи Сабо қарор гирифтанду ба болои харсанге баромада бо ҳар гуна ишораҳо фарьёд карданд:
— О-о-ми-и-н!
Чӣ гуфтани онҳоро фаҳмидан намешуд.
Баъди он ки чанд бор сайъ карда, матлаби худро фаҳмонда натавонистанд, бачаҳо маслиҳат карданду баробар фарьёд заданд:
— Ро-о-ми-ишш!
Ромиш бо изтироб пештар давида рафт.
— Ҳо-о-о!.. Чӣ гап?..
— Баландтар фарьёд кун, — саросема шуд Сабо.
— Чӣ-ӣ? — Ромиш боз пештар рафт.
— Очаат… данд… — бод ба гӯши онҳо чанд ҳиҷои нотамомро овард.
— Чӣ-и?
Бачаҳо бо маслиҳат «як-ду-се» гӯён, баробар фарьёд карданду матлаб равшан гашт.
— Биё-ё-ё!.. Очаатро мебаранд! — Бачаҳо ин се калимаро такрор ба такрор мегуфтанд.
— Сабо, аз гӯсолаҳо бохабар шав!
Ҳанӯз Сабо ба сухан даҳон боз накарда буд, ки Ромиш дур рафта буд. Вай аз сангу буттаҳо ҷаҳида, мисли бод ба ҷониби деҳа мерафт. Бачаҳо ҳанӯз ҳам фарьёд доштанд. Сабо муддате аз думболи вай нигариста истод. Сипас як оҳи сангине кашиду гӯсолаҳои ба ҳар тараф парешон гаштаро ғун кардан гирифт.
Гӯсолаҳоро ҷамъ карду ба соя рафта муддате ғамгин нишаста буд, ки Зафар пайдо шуд. Сабо аз омадани вай мамнун, мушкили ба сари Ромиш омадаро гуфт.
— Хеле ҳам ҷои хилватро ёфтед, — сухани Саборо аз хусуси бемории модари Ромиш ва имрӯз ба бемористони ноҳия бурданашонро бурид Зафар. — Сабо, ту, ба назарам, рӯз аз рӯз хушрӯтар мешавӣ!.. Ё ба чашми ман аз ҳама хушрӯй менамоӣ, намедонам… Ягон сир ҳаст… Ман худам ҳам ҳайрон… — Зафар бо ин суханон ба Сабо ҷафстар нишаст.
— Ин чӣ қилиқ?!.. Чӣ гап?.. Э-э… — ҳайрон шуд ва дасту по хӯрд Сабо. — Усунтар шин! Шарм намедорӣ?!
— Шармаш чӣ?.. Ҳиъ… Шарм дар бозори чарм… — Ҳой, маст-пастӣ-чӣ? — чашмони Сабо калон- калон гаштанд. — Хез, дуртар шин!.. Э-э, Шарм… — Сабо бархоста, аз ӯ дуртар нишастанӣ шуд, аммо Зафар аз дастӣ ӯ гирифт.
— Ромиш катӣ… Ромиш катӣ шарм намедорӣ?! Чӣ, ман аз вай камам?
— Ин чӣ гуфтагет?
— Э-э, худатро ба нодонӣ назан!.. Кӯр не ман, ҳамааша медонам.
— Чира медонӣ?! — ранги рӯи Сабо мисли дока сап-сафед шуд.
— Ҳа, хайр, мон… Ман ту катӣ ҷанг карданӣ наомадаам. Баръакс… Биё… аз ман наранҷ… Сабоҷони хушрӯ… — вай боз ба духтар наздик рафт.
— Ҳа-а… Ана, гап чӣ!... — чашмони Сабо кашида шуданд.
— Ба дилат нагир. Ман… тура нағз мебинам… Барои ҳамин… Худат медонӣ, — Зафар сари роҳи Саборо гирифту бо дастонаш аз ду дасти духтар маҳкам дошт.
— Сар те! — бо ғазаб теғ кашида, ба вай нигарист Сабо.
Зафар даҳонашро боз карда, табассум карду дасти ӯро сахттар фишурд.
— Сар те!.. Дод мегӯям! — Сабо худро такон дода, дасташро аз дасти ҷавон раҳо кардан хост.
— Дод гӯй… Худат шарманда мешавӣ, — хунсард табассум карда дасти ӯро раҳо намекард Зафар. — Хайр, биё мешинем, — ӯ Саборо оғӯш карданӣ шуд, аммо духтар ӯро тела дод.
— Алмос!.. Алмос! — фарьёд кард вай.
Саг дар як сония аз куҷое ҳозир шуду бо нигоҳи савол ба чашми духтар нигариста думашро такон медод ва гӯё гуфтан мехост: «Бифармо, чӣ хизмат?» Зафар аз тарс худро ба қафои Сабо гирифта буд. Ҳарчанд, ки саг ба вай беэътибор буд, ҷавон аз саги бузургҷусса ҳаросид ва дастони духтарро раҳо кард.
— Канӣ, тезтар! — Сабо ба вай амр кард. — Бо кадом раҳ омада бошӣ, ҳамон раҳ катӣ… думата хода кун!
Сабо баъди рафтани Зафар хеле вақт хомӯшу пакар ва бедимоғ нишаст. Қалбаш ноором ва авзояш хиратабъ буд, чӣ кор карданашро намедонист.
Вақте ки рӯз гашт карду вай чизу чораашро ғундошта, асбобҳои Ромишро ҷамъ мекард, лаҳзае наққошиҳои ӯ диққаташро кашид. Ногаҳон… Ин чӣ?
Дар байни наққошиҳо акси худи вай… Хандида менигарад… Як гесӯяш ба пеш афтодагӣ… Дар чашмони Сабо ашк таровид. «Дӯст медорад», гуфт вай зери лаб бо чашмони ашколуд табассум карда.
Солҳои 1973-78.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё