Паи ситора

Баҳром Фирӯз. Маҷмӯаи ҳикояҳо дар бораи зиндагӣ, орзуву рафтори наврасону ҷавонон.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 7 саҳифа
Падар ва писар
ПАДАР ВА ПИСАР
Амон бори аввал, ба ин тараф меомад. У аз автобус фуромаду аз нафарони дар истгоҳ истода роҳи деҳаи Осмонсойро пурсон гашт. Як марди навчаи хушбурут аз ҷояш бархесту «ин тараф биё, бародар», гуфта, ӯро ба сари чорроҳа бурда бо даст ба самти офтоббаро ишора карда гуфт:
— Ана, ҳу ҳамон дарахтони таҳи кӯҳ — Осмонсой аст. Агар ғайрат дорӣ, як қадам роҳ аст, арзиши ба мошин нигарон шудан не.
Амон ба вай ташаккур баён карду пиёда ба роҳ даромад. Каме дуртар рафта, эҳтиётан аз як мӯйсафеде, ки харсавор аз ҳамон тараф меомад, роҳро пурсид.
Пирамард бафурҷа сари харашро ба ақиб гардонда, бо халачӯбаш ишора карду гуфт:
— Ба ҳамин раҳ рост меравӣ, писар. Ҳу, ҳамон сабзазор — Осмонсой.
Амон ҷомадончаашро ба замин гузошт ва тугмаҳои гиребони куртаи сарбозиашро боз кард.
Табъаш хуб буд. Офтоб дар осмони обӣ ҳамчун киштии тиллоранг дар баҳри ором лангар андохтаст. Ба кадом сӯ назар накунад, баҳор! Баҳор дар сабзаҳои навхези сари роҳ, дар ҳавои киштзору боғу роғ, дар шоридани оби ҷӯйҳо нилии осмон назаррабоӣ мекард. “Дар ҷои хизмати ӯ ҳанӯз аз баҳор дараке нест. Акнун замин пойбардор шудагист?” Амон ба соаташ нигарист — чоряк кам дувоздаҳ. “Сағира ба чӣ кор овора бошад?” — Амон дӯсти ҳамхизматаш Ҷовидро «Сағира» мегуфт.
Ҳамаи бачаҳо ӯро Сағира мегӯянд, аксар номашро намедонанд. Хонаи падару модари рафиқаш дар ҳамин деҳаи Осмонсой аст. Онҳо ҳар ду, аз рӯзҳои аввали хизмати сарбозӣ дар як ҷо. Бо ҳам чунин унс гирифтаанд, ки агар як рӯз аз ҳамдигар ҷудо шаванд, сарриштаи корашон гум мешавад. Мегӯянд, ки одам фақат дар ҷавонӣ, вақти хизмати сарбозӣ ва ё таҳсил ба якдигар ин хел самимӣ дӯст мешавад.
“Сағира ҷавони кушодадил, ба қулфи қалби ҳама калид меёбад. Инсон одами хубро кам-кам бафурҷа мешиносад. Одами бад дар як рӯз ошкор мешавад.
Сағира бо ҳамаи бачаҳо дӯсту бародар аст. Ҷавони беғараз, каҷдилӣ надорад... Аз хона як қуттича меваҷоти хушк гирифту ҳамон дам рӯи мизи хобгоҳ монда, бачаҳоро даъват кард. Дар як нишаст хӯрда хестанд.
Баъзеҳо, гурба ахлоташа гӯр кардагӣ барин, чизашонро пинҳон карда, махфиёна мехӯранд. Сағира ҳамеша ба дигарон гузашт карда метавонад, мо наметавонем.
Шояд, рози обрӯи вай дар ҳамин аст. Мо барои майда- чуйда баъзан талош мекунем, вай не. «Бигзор, гуфти ту шавад» мегӯяд вай. Дар ҳама кор бо ҳамин усул ғолиб мебарояд. Лекин дар хусуси баъзе гапу кор ба ҳеҷ нафар тан намедиҳад.” Дар пеши назари Амон чеҳраи андешаманди Сағира ҷилвагар шуд, ки ҳангоми худоҳофизӣ ба ӯ мегуфт: «Аз ҳавопаймо фурою сари ду зону афтода, хоки Тоҷикистонро бӯса кун! Гаштаю баргашта бӯса зан, ба чашмонат мол! Майлаш, мардум ба сарат ғун шаванд.
Ин ҳам як гапе!» Ҳазл бо роҳи худаш, аммо инсон диёрашро пазмон мешавад. Хумори меҳри падару модар, дӯстону наздикон беқарор мекунанд.
Хушбахтона, ки бо Сағира дар як ҷо афтодам. Ба сари кас рӯзи сахт ояд, дар паҳлуяш вай барин дӯст бошад, ғам надорад. Ҳамеша кори вазнинро ба ӯҳдаи худ мегирад. Вақти хандақковӣ бачаҳо талош мекунанд, то ҷои осону дилхоҳашонро гиранд. Қитъаи боқӣ мондагӣ ба Сағира мерасад. Ё худ баъди машқ аксар сарбозон сарам-дилам асбобу аслиҳаро пок карда, ба тамокукашӣ мешинанд. Вале Сағира то табъи дил покиза шудани асбобҳо, дилгир нашуда ҷунбуҷӯл мекунад. Баъзеҳо бо тамасхур киноя мекунанд: «Афсӯс, агар ҷавон бо ҳамин ғайрат то ҳол дар колхоз кор мекард ё орден мегирифт, ё амалдор мешуд». Аммо аксар медонанд, ки вай ин корҳоро барои ба чашми сардорон намудан намекунад.
Ҳатто замоне буд, кори танҳо худаш анҷом додаро ҳам «мо дастиҷамъӣ кардем» гуфт.
Ба «Сағира» лақаб гирифтанаш ҳам худаш сабаб шуд. Вай сағираи бекас не, падару модар дорад. Рӯзҳои аввал ба ҳама «сағира» гӯён хитоб мекард: «Биё, сағира, ҳамин кор нотамом намонад, тамом кунем» ё «Чӣ хел, сағира, ҳолат зӯр аст, нома мегирӣ?» Сонитар бачаҳо ба худаш ин номро доданд».
Амон аслан саргардон нашуда, хонаи дӯсташро пайдо кард. Чаҳор нафар бачагоне, ки пои бараҳна чангу ғубори кӯчаи деҳаро ба осмон бароварда, даводав доштанд, зуд ӯро ба ҳавлии амаки Худойдод оварданд.
Бачаҳо якдигарро тела-тела карда, бо мағал ва ҳаёҳу дарвозаи ҳавлиро кушода, ба дарун тохтанд.
Амаки Худойдод марди навчаи газгӯшт, шонапаҳн ва мисли Сағира каллакалон буда, нисбат ба панҷоҳу ҳашт соли худ ҷавонтар ва қавитар менамуд. Ба ҳар ҳол, Амон ӯро бо падари худаш муқоиса карда, хеле зуд пир шудани падарашро эҳсос кард. Амаки Худойдод бо табассум омада, бо Амон мисли шиноси дерин вохӯрд:
— Саломат, саломат, э, бале-бале! Бахайр, канӣ гузар-е! — Вай бо ишораи даст меҳмонро ба сӯи хона таклиф карду ҷомадончаи ӯро аз дасташ гирифта, худаш пеш даромад.
Амак меҳмонро ба меҳмонхона дароварда, бо иззату икром аз пешгоҳ шинонд, худаш поинтар аз вай нишасту оҳиста ба рӯяш дасти фотиҳа бурд ва баъд «хуш омадӣ» гӯён, бо Амон ҳолпурсӣ кард.
— Ман аз пеши писаратон... — Амон фавран забон газиду иштибоҳи худро ислоҳ сохт: — Ҷовид хурсанд мешавад...
Вай гумон дошт, ки аз ин хабар мард бағоят хушҳол хоҳад шуд. Аммо авзои мизбон дигар ҳам нашуд, ҳатто каме рӯ турш карда, лаҳзае хомӯш ва пакар аз замин чашм набардошта нишаст. Баъд дар ҳамон вазъи сарафкандагӣ ба рӯи Амон нанигариста гуфт:
— Хуш омадӣ, додар. Ман шинохтам, акси бо Ҷовид ҳамроҳ гирифтаатон ҳаст. Гир, ба болин такя карда, бемалол бишин, кӯфти роҳа барор, — вай ду лӯлаболини махмалини аз рӯяш ҷилди сафед кашидагиро ба сӯи Амон тела дод.
Лаҳзаи хомӯшӣ ба миён афтод. Амон бесаранҷом шуд, чӣ кор карданашро намедонист. Амаки Худойдод ба дарёи андеша ғӯтавар гашт. Ниҳоят ӯ овоз бароварда худ ба худ «ё тавба!» гуфту сипас дар рӯ ба рӯи меҳмон нишастанашро ба хотир овард магар, музтарибона ба рӯи Амон нигариста, табассум кард.
— Азми тамошои ватан кардӣ-дия? Хеле хуб.
Нафаси ёру диёр дили каса мекушояд. Кай аз ҷои хизмат баромада будӣ?
— Қариб бист рӯз шуд. Мӯҳлати таътил ҳам ба охир мерасад.
Мизбон ва меҳмон ҳарду хомӯш ба чойхӯрӣ нишастанд. Амон гоҳ-гоҳ аз ин сӯю он сӯ савол карда, амакро ба гап меандохт, аммо сӯҳбат қӯр намегирифт.
Аз ларзидани мушакҳои рӯю ҷунбиши абрӯвонаш худ ба худ мунозира доштани ӯро пай бурдан душвор набуд.
«Аҷабо, ин одам табиатан ҳамин хел бошад ё ягон мушкиле дораду ман ноогоҳам?» аз дил гузаронд Амон.
Дилаш танг шуд. Пои ба кӯрпачанишинӣ одат накардааш хоб рафта, ӯро бефараҳ кард, аммо одоб нигоҳ дошта, аз ҷо наҷунбида хомӯш нишаст.
— Зиқ шудӣ? Канӣ, ба дастархон нигоҳ карда ист, гир, нону мавиз гир, — амаки Худойдод аз қайди фикру андеша ба худ омада меҳмонро ба суфра муроот кард. — Гап зан, ҳарчи Ҷовиди мо бесар намегардад? А? Бо ёру ошно соз аст ё номуросоӣ мекунад?
— Не-е, хотирҷамъ бошед, Ҷовид аз он хел ҷавонон не.
— Росташа гӯй, аз ҳамон тарафҳо ягон духтарро таги чашм кардагӣ-чӣ? — амак Амонро бо диққат нигариста, ба рӯи вай зеҳн монд.
Агар ин нигоҳи озмоишкор намебуд, Амон ин саволро шӯхӣ мепиндошт. У ҷиддӣ будани саволро фаҳмиду ба фикр афтод.
— Не-е! — Баъд аз эҳтиёт илова кард: — Ба ҳар ҳол, ман аз ин ҷиҳаташ бехабарам... Ҷовид, ба фикрам, гапи аз ман пинҳонӣ надорад.
Амаки Худойдод «аҷаб не» гуфтагӣ барин китф дарҳам кашид. Баъд чои сарди пиёлаашро дам кашиду «ман ҳозир» гӯён, чойникро гирифта берун баромад.
Амон аз тирезаи пастаки меҳмонхона рафтори ӯро дар ҳавлӣ мушоҳида кард. Вай дар ҳамон вазъи парешонӣ ба тарафи боғ рафта омаду офтобаро гирифта даст шуст.
Сипас рафта аз қуттии почтаи назди дарвоза рӯзнома гирифта ба самти хона рафт. Рӯзномаро ба ҷевони айвон партофту ҳезуми хурд кардаро ғундошта, ба сӯи ошхона бурд. Каланду белу табари дар рӯи ҳавлӣ парешон афтодаро ҷамъ карда гирифт. У боз ба ину он даст зада, дар рӯи ҳавлӣ хеле андармон гашт. Сонӣ чойники чой дар даст ба кафшкаши меҳмонхона даромаду ба ҳамсараш, ки дар ошхона ё хонаи дигар буд, таъинот дод:
— Ҳой, рафта ба Абдуҷаббор гӯй, ба ман нигарон нашавад.
Амаки Худойдод омада нишасту Амонро ба дастархон муроот кард.
— Хӯрдам, — миннатдорӣ кард Амон. — Амак, шумо аз кору боратон намонед. Агар хуб гӯед, ман то бегоҳ деҳаатонро давр зада тамошо кунам?
Соҳибхона гӯё ин суханро нашунида бошад, ҳарфе назад. Ин хомӯшӣ аломати ризоят аст ё рад, Амон нафаҳмид.
Амон аз ин гуна рафтор андаке мутаҳайир гашта бошад ҳам, ба дилаш нагирифт. «Бархе аз инсонҳо хислатҳои ғалатӣ дорад, бояд бубахшид. Чаро аҳволи писарашонро дуруст напурсиданд? Ё падару модари нотанӣ ҳастанду ман бехабарам?.. Ё Ҷовид ягон мушкиле бо падару модар дорад? — фикр мекард вай. — Аҷаб не, хислаташон ҳамин гуна бошад, ки медонад. Ҳар чӣ бошад-набошад як шаб ҳазор шаб не, фардо меравам», — мегуфт ӯ худ ба худ.
— Ку гап зан, аз куҷоӣ, падару модар дорӣ ё не, чӣ кораанд? — амак гӯё аз андешаҳои Амон огоҳ надошта бошад, якбора саволро қатор кард. Ҳоло вай аз зери абрӯвони борикаш теғ кашида ба меҳмон менигарист.
— Аз Қӯрғон... Дадаам дар идораи молия кор мекунанд. Ба қарибӣ бознишаст мешаванд. Модар ҳам, шукр, болои сар дорам.
— Падару модар давлати бебаҳо, ғаниматанд, додар. Ҳаракат кунед, дуои онҳоро гиред. Падару модар ҳаргиз ба шумо бадиро раво намебинанд. Ҷовид ҷӯраатон пеш аз хизмат як пешхезӣ карда, моро ранҷонд... — Амаки Худойдод муддате сукут варзид.
Давоми суханро гӯям ё нагӯям гӯён, дудила буданаш аён гашт. — Ана ҳамин кам набуд, ки боз... — амак ба таассуф сар ҷунбонд, сонӣ порае нонро шикаста ба даҳан андохт.
Амон чӣ гуфтанашро надониста хомӯш ба рӯи мизбон менигарист. Амак баъди хеле сукут боз ба ҳарф даромад: — Саркорамон қадре пахтаи зиёдатиро ба номи ину он, баъзе одамони дилаш об хӯрдагӣ навиштаст. «Пулаша гиред медиҳед, аз барои харҷи меҳмон —безабон» гуфта, як кори андаке хилофӣ карда монд. Аслан, кори вай ҳам аз ночорӣ. Рӯз дар миён меҳмон, комиссия болои комиссия меояд. Обу авқот даркор-ку, аз кисаи кӣ? Колхоз барои меҳмон пул надорад. Аз кисаи саркор... Пештар вакили ба колхоз омадагӣ — хоҳӣ калон, хоҳӣ хурд, аз зиёфатхӯрӣ ҳазар мекард... Ана, баъзе нотавонбинон, ана ҳамин гапа дафтар карда, навиштаанд. Барои тафтиш маъмур омад.
Як ба як ҳамаро пурсид. Ман тарафдории саркорро гирифта, гап задам. Саркор ба ману ҳамсарам пахта ҳам нанавиштааст, мо ба вай пул ҳам надодаем. Лекин ҳамин ҳам гап шуд, ки одам хабаркашӣ кунад?! Баъзе одамон ба ман чап шуданд. Писари мо ҳам ба сафи онҳо даромада, моро маломат кунад, мешавад? Хӯш, бигӯ муродат чӣ гуфтам. Саркорро зиндонӣ карданӣ ҳастӣ?
Баъд чӣ?.. Ба ту ҷояш даркор бошад, ман мегӯям, Абдусамад ҳамин тавр ба ту месупорад... Ана, акнун ба сарбозӣ рафта, ин нағмаро баровард.
Уро ба берун ҷеғ заданду сухан нотамом монд.
«Дилашон пур аз ҳасрат будаст, то гуфта холӣ накунанд, намешавад, — аз дил гузаронд Амон. — Эҳ, Сағираи хаппак-е!..» Пас аз зуҳр амаки Худойдод аз куҷое як гӯсфанди чорӣ оварду ба таги беди лаби ҷӯй бурда сар зад, ба шохи бед овехта пӯст канд. Ашӯра-хола ба таги деги калони ширпазиаш алав карда, қариб тамоми гӯшти гӯсфандро ба дег андохт.
Шом нафуромада хешу табор ва ҳамсояҳои ба назди меҳмон даъват гирифтагӣ як-як, ду-ду ба ҳавлии амаки Худойдод омада, меҳмонхонаи ӯро пур карданд.
Пиру ҷавон оғӯш кушода, бо Амон вохӯрӣ мекарданд, баъзе мухтасар, баъзе батафсил аҳволи Сағираро пурсида, баъд ба маҷрои асосии сӯҳбат — ҳаёти колхоз ё авзои ҷаҳон ҳамроҳ мешуданд. Онҳо ба қадри донишу фаҳмиш ва афкору ақидаи худ ҳар як гуноҳу савоб ва хубу бадро андозу баркаш карда месанҷиданд, муҳокима мекарданд. Ба назари Амон чунин намуд, ки онҳо ҳам аз ваҷҳи аҳволи Сағира ҳолпурсиро дароз накарда, бо ду-се саволи маъмул иктифо кардан мехоҳанд.
Меҳмонон ҳангоми хайру хуш ҳар кадоме алоҳида Амонро ба меҳмонӣ даъват карда, ин хоҳиши худро ба амаки Худойдод ҳам гӯшрас менамуданд.
Он шаб дигар дар бораи Сағира ҳарф боз нашуд ва Амон бо дили ноором сар ба болин монд. У дар тааҷҷуб буд, ки Сағира чӣ гуна ҷуръат кардаст, падару модар ва ин қадар хешу ақрабонашро ранҷонад? Ҳеҷ бовараш намеомад. «Баъзан одами нармдил дар ақидаи худ аз одами дурушту даҳансахт устувортар будаст» — мегуфт ӯ худ ба худ.
Субҳи рӯзи дигар, баъди ношто Амон аз амаки Худойдод рухсати бозгашт пурсид.
— Ин гапро нагӯй, — амак аз ин қарори ӯ норозӣ, хавотиромез ба рӯи вай нигарист. — Аз рӯи урфу одати мо, додар, меҳмона наздикони мизбон металабанд, иззаташро ба ҷо меоранд. Мо ҳам ба худ мувофиқ калу- кӯр — дӯсту бародар дорем, ҳақу ҳамсоя дорем. Туро ба ин зудӣ ҷавоб диҳем, аз мо меранҷанд, айб мекунанд.
— Замони таътил ба охир мерасад гуфт. Расида рафтанам даркор. Интизоми ҳарбӣ сахт аст. Ҳоло боз як- ду ҷои мерафтагӣ ҳаст.
Баъди он ки Амон ду пояшро ба як мӯза карда, меравам гуфт, амак ноилоҷ розӣ гашт.
— Хайр, ин хел бошад, чӣ гӯям... Роҳи сафед, додар. Сиҳат-саломат ба хизматат расида рав. Ба Ҷовид... гапи мегуфтагӣ надорам. Худаш медонанад...
Очаш каме савғотӣ бастаст, агар борат вазнин набошад, бигир, набошад...
— Э, ташвиш накашед, ҳар чизе, ки ман мебарам, ҳамаамон якҷоя ба ҳам мебинем. Байни мо аз они ману аз они ту нест, амак.
— Албатта... То мусофир нашавӣ, мусулмон нашавӣ, гуфтаанд. Дар мусофират одам неку бадро санҷида, қадршинос мешавад, одаму одамгариро ёд мегирад, чашмаш кушода мегардад. Ба ҷавонони имрӯза хизмати сарбозӣ манфиати зиёд дорад, додар... Аммо ба Ҷовиди мо нафорид, — амаки Худойдод ҳамин ки писарро ёдовар шуд, боз мушавваш ва пакар гашт.
— Писаратон ҷавони бад нест, амак, — гуфт Амон бо як навъ оҳанги пурэътимод. — Бачаи нағз. Байни шумоён нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст. Хайр, аз ростӣ, Ҷовид адолат гуфта ҷон меканад, ҷавони якқавл. Шумо барои ин аз вай наранҷед. — Сарбозвор, савганди низомӣ мехонда бошад, тез-тез гуфт Амон.
— Дӯсти ҷонӣ бошӣ ҳам, Ҷовид ба ту гап назадааст.
Дар дарунаш гов мепазад, аҳмақ дарундор аст, — аламашро пинҳон дошта натавонист амак. Сипас оҳиста гап сар кард: — Ана, дида истодаӣ, додар, соли ману модараш ба як ҷо расидагӣ. Ба болои ин дасттанҳоем.
Вай ба сарбозӣ равад, ҳоламон чӣ мешавад гӯён, дари хонаша кушода будем. Хешбачаи худамон, духтари як хонаводаи баобрӯро арӯс кардем. Арӯсӣ кардему се моҳ аз байн нагузашта Ҷовид ба сарбозӣ рафт. Сонитар фаҳмидем, ки худаш аризаи довталабӣ навиштааст. Ин ҳам кам набуд, ки баъди се моҳи рафтанаш, аз занам ҷудо кунед гуфта, ба идораи ҷамоа дархости талоқ фиристодаст. Инро фаҳмида, арӯс баромада ба хонаи падараш рафт... ҳа, да зоту зурриёти ин хел фарзанд... — фиғон баровард ӯ ва хеле вақт бо сари хам сукут кард.
Амон акнун андаке ба ин печу гиреҳи хонаводагӣ сарфаҳм рафту зери лаб «аҷоиб» гуфта монд. «Сағира бало будаст-ку! Дар дарунаш гов мепазад, гуфтани падараш бесабаб не. Наход, ки як сол боз ҳамроҳ бошему як даҳан бӯяшро набарорад! Ана, барои чӣ «ташвиш кашида нарав, вақтат кам, роҳи деҳаамон чап» мегуфтаст!» — худ ба худ ёдовар мегашт Амон.
— Ё аз ҳамон ҷойҳо ягонтааша ёфта бошад? А? — Боз савол кард амак. — Агар ҳеҷ гап набошад, чаро аз зани ҷавон ҷудоӣ мехост?
— Ба фикрам, амак, писаратон аз он хел ҷавонҳои кӯтоҳандеш не... Аммо дар бобати издивоҷаш, ростӣ, ҳайронам. Ба майли худаш мемондед, шояд... Ҷавонони имрӯза...
— Э, гап-дия! — сухани Амонро бурида, даст афшонд амак. — Ҳамаамон занамонро дар шаби тӯй даруни парда дида дилёб шуда рафтем. Акнун ин ошиқбозӣ карда зан мегирифтаст-чӣ?!
— Охир... амак вай замонҳо дигар...
— Э-э, монед, ҳамин ҳам гап шуд!.. Одаму одамгарӣ ҳам кӯҳна мешудаст-чӣ?!
Амон мутаваҷҷеҳ гашт, ки ба амаки Худойдод ҳарф фаҳмонидан кори осон не. Вай худаш ҳам аз ин ҳарфҳо дар тааҷҷуб буд ва фаҳмидан мехост, ки дар ин моҷаро кӣ ҳақу кӣ ноҳақ аст. Агар бо чашми одамони деҳа нигаред — Сағира гунаҳгор, аммо бо чашми ҳамхизматони ӯ нигаред — амаки Худойдод сад дар сад ноҳақ мебарояд. Сипас, кӣ ҳакам хоҳад буд?
Солҳои 1972–79.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё