Зеҳн
Чашмаи донояк

Саидмурод Искандарӣ. Маҷмӯаи чаҳор ҳикоя барои кӯдакон: дӯстии Алию Валӣ, «Чӯҷаи кабк», «Чашмаи донояк» ва «Мусичаҳо».

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 4 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт

Дӯстии Алию Валӣ

ДӮСТИИ АЛИЮ ВАЛӢ

Алию Валӣ дар як синф мехонданд. Бо ҳам ҷӯра. Хонданашон ҳам бад не. Ҳарду аълохон, вале феълашон фарқ мекард. Алӣ бачаи орому камгап. Ҳар супорише, ки муаллим медод, ӯ сари вақт иҷро мекард ва аз ҳамаи фанҳо баҳои «5» мегирифт. Валӣ бошад, андаке айёру гарданғафс. Аз иҷрои баъзе супоришҳои муаллимон саркашӣ мекард. Ӯро бачаи якрав мегуфтанд. Ҷӯраҳо ҳар чанд дар як синф хондаву дар як кӯча истиқомат доштанд, вале гоҳ-гоҳе ба ҳамдигар бахилӣ мекарданд. Ин хислат дар ботини Валӣ бештар ҷой дошт. Касе агар ҷӯраҳоро мушоҳида мекард, зуд хислаташонро пай мебурд. Алӣ ба касе кордор набуд, таҳсилу рафту омади худро медонисту халос. Вале Валӣ ба ҳар ош қатиқ мешуд. Айби касонро меҷуст. Баъзан ба баҳоҳои гирифтаи Алӣ ҳам эрод мегирифт:

- Дарсро пурра ҷавоб надодӣ, вале муаллим ба ту баҳои аъло гузошт. Алӣ бошад лабханде намуда, зуд ҷавоб медод: - Устод, ба хислати инсон ҳам баҳо мегузорад. Яъне як бали ман, ин феъли ман аст.

Аз ин посух Валӣ ба андеша мерафт.

Шояд он лаҳза феълу атвори худро пеши назар меовард, вале боз ҳам хомӯш будан нахоста, мегуфт: - Ҳа, ту моҳи осмонӣ.

Валӣ танҳо дар дарсҳои тарбияи ҷисмониву меҳнат ба Алӣ баробар шуда наметавонист. Алӣ дар тавоноӣ ва чусту чолокӣ бартарӣ дошт, вале худнамоӣ намекард.

Як рӯз муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ эълон дошт, ки пагоҳ дар давидан ба масофаи 1 километр мусобиқа ороста мешавад ва ғолиб мукофоти арзанда мегирад.

Эълон Валиро безобита кард ва ба андеша рафт: давиданам бад не, аз уҳдааш мебароям, вале Алӣ аз ҳама чақон. Ӯ ҳатман ҷойи аввалро мегирад. Чӣ бояд кард, ки ин мукофот насиби ман гардад? Фикр карду ба хулосае омад, ки ҳангоми дав ӯро пешпо дода меафтонад. Ва ба қарори қатъӣ ҳам омад, ки ҳатман ҳамин тавр мекунад!

Қариби шом аз назди дарвоза овози Алӣ баромад, ки ӯ Валиро ҷеғ мезад.

Валӣ овозро шунидаву шинохта берун баромад:

- Ҳа, чӣ мегӯйӣ?

- Ҷӯраҷон, медонӣ чӣ, ман имрӯз аз мактаб баргашта, дидам, ки меваи тути боғамон пухтааст. Чанд дона хӯрдаму баъд ту ба хотирам расидӣ. Биё, гуфтам, ки ҷӯраамро низ даъват кунам. Барои ҳамин омадам, биё рафтем.

Валӣ чизеро баҳона кардани шуда:

- Не, он қадар иштиёям не.

- Э, биё равем, иштиё ба тут чӣ робита дорад. Меваи ширини тут хоҳу нохоҳ иштиёятро меорад, - гӯён аз дасташ дошта, Валиро ба сӯйи ҳавлиашон кашид. - Пухта чунон ширин шудааст, ки...

Баъди ин суханон гӯё тут дар даҳони Валӣ об мешуда бошад, ки оби даҳонашро қулт карду пойҳояш ғайри ихтиёр аз паси ҷӯрааш равона гашт. Баъд ба боғ расида болои дарахти тут баромаданд. Ҷӯраҳо суҳбаткунон хеле тут хӯрданд.

- Агар хоҳӣ, каме чида ба хонаатон ҳам бар, - маслиҳат дод Алӣ. Ва ҳарду дар косае қариб ним кило тут чиданд. Шомгоҳи Валӣ бо косаи пури тут ба хонаашон баргашт ва ба падару модар аз бомаззагии тути ҷӯрааш ҳарф зад. Аҳли хона аз тут чашиданд. Сари дастурхон падар ҳикояте кард, ки он дар бораи пос доштани дӯстӣ ва намак нақл мекард. Яъне ҳар инсоне, ки аз касе ва ё хонае чизе хӯрд, бояд ба қадри он расад, яъне намакро пос дорад, намакро хӯрда дар намакдон туф накунад.

Рӯзи дигар, дар соати муайяншуда мусобиқаи дав барпо гашт. Тамоми бачаҳои синф қатор шуда, интизори ҳуштаки муаллим шуданд. Дар сари Валӣ боз ҳамон андешаи дирӯз кардааш ҷавлон мезад. Вале акнун дудила буд. Ба қарори қатъӣ омада наметавонист. Зеро ӯ, аллакай меваи ҳавлии ҷӯрааш - тутро чашида буд.

Гуфтаҳои падараш ба хотираш расид, ки носипосӣ оқибати нек надорад. Охир ӯ аз хонаи ҳамсинфаш тут хӯрд, ки он аз нон камӣ надорад. Шарт нест, ки нону хӯрок бошаду намак дошта бошад.

Ҳуштак андешаҳояшро як сӯ гузошт ва ӯ ба давидан оғоз кард. Ҳама медавиданд, барои ғолибият. Вале Алӣ боз ҳам пешопеши ҳама дар тоз буд. Валӣ аз қафои ӯ. Ба марра ҳам пайи ҳам расиданд, вале ҳарду ҳам шод буданд, зеро ҷӯраҳо дар байни бист нафар ҷойи якуму дуюмро ба касе надоданд.

Ва Валӣ, амали намакхӯрдаро риоя кард, ба дӯсташ осебе нарасонд. Андешаи нек ғолиб омад. Дӯстиашон қавӣ гашт.

аз 4
навбатӣ