Зеҳн
Чашмаи донояк

Саидмурод Искандарӣ. Маҷмӯаи чаҳор ҳикоя барои кӯдакон: дӯстии Алию Валӣ, «Чӯҷаи кабк», «Чашмаи донояк» ва «Мусичаҳо».

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 4 саҳифа

ҲикояКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Чӯҷаи кабк

ЧӮҶАИ КАБК

Деҳаи Меҳробод талу теппаҳои баланд дорад. Ҳангоми баҳорон чашмаи он аз оби барфу борон бой гашта, ба поён мешорад.

Садояш гӯшнавоз. Бачаҳо барои тамошо ва обнӯшӣ мераванд. Дар атрофи он гулҳои сияҳгӯшу наврӯзӣ ҳам мерӯянд. Ана барои ҳамин, фасли баҳорон сайёҳони ин талу теппаҳо хеле зиёд мешаванд. Аслан, табиати он зебову назаррабо аст. Алафҳои гуногун мерӯянд, ки подаи деҳа рӯзи дароз машғули чаро аст. Мардум моли деҳаро бо навбат бонӣ мекунанд.

Як рӯз Асрору Ҳаким, ки ҳарду ҳам дар синфи ҳафтум мехонанд, ба тамошои талу теппаи деҳа баромаданд.

- Медонӣ чӣ, ҷӯра? - сухан оғоз кард Асрор.

- Чиро? - пурсид Ҳаким.

- Дар оғӯши ҳамин дара кабкҳо хона доштаанд. Ба ман падарам гуфт.

- Бале, рост мегӯйӣ. Инро ман ҳам медонам, - тасдиқ кард гуфтаи Асрорро Ҳаким. - Ман худам чандин маротиба, ҳангоми подабонӣ садову суруди кабконро шунидаам.

- Наход? Онҳо кадом вақт суруд мехонанд?

- Кадом вақте ки завқашон ояд.

Ҷӯраҳо суҳбаткунон теппаро часпида, акнун аз паҳлуи чашмаи кӯҳӣ гузаштанӣ буданд, ки садои хониши кабке ба гӯшашон расид.

- Ана, нагуфтам, гӯш кун, ҷӯра, - гуфт Ҳаким.

Ҷӯраҳо аз роҳгардӣ бозистода, бо тамоми ҳастӣ, гӯшу ҳуш шуда ба садо диққат доданд, ки ин овоз аз кадом тараф меомада бошад. Садои кабк дар оғӯши дара акс ёфта, боз ҳам дилкаштару форамтар ба гӯш мерасид.

- Чи хел садои форам, - иброз дошт Асрор, - кас мехоҳад, ки гӯш кунаду гӯш кунад.

- Эҳ, агар ман якто кабк медоштам, чӣ тавр хушбахт мешудам, - ҳамин вақт гуфт Ҳаким.

Боз роҳашонро идома доданд. То ба ин ҷо расидан, ҷӯраҳо андешаи гул чидану оби чашма хӯрдану тамошо карданро ҳавас доштанд. Акнун бошад, фикри дидану тамошои кабк дар майнаашон ҷо гирифт.

Ногоҳ аз таги буттае, назди пояшон кабке бо як суръати баланд парида, чанде дуртар рафта боз ба замин нишаст.

- Ана кабк! - аз шодӣ дод зад Ҳаким.

- Чаро нагурехт? Ё, ӯ кабки хонагӣ бошад? - савол дод Асрор.

- Надонам. Локин, ҳарчи бодо бод, биё, аз пасаш меравем. Ин ҷо чӣ гапе ҳаст.

Онҳо боз чанд қадами дигар монда буданд, ки чашмашон ба як села кабкчӯҷаҳо афтод. Онҳо хокистарранг буданду байни алафҳо чолокона давида, ҷойи пинҳоншавӣ мекофтанд.

- Ура-а! - дод зад Ҳаким ва шодона гуфт: - Худо дод. Биё, медорем.

Ҷӯраҳо аз пайи сайдони хурдакак шуданд. Чӯҷаҳо акнун се ва ё чоррӯза буданд, ки ҳанӯз парвоз карда наметавонистанд. Баъди хеле гиру мон ҷӯраҳо ҳамаи онро дастгир намуда ба бағал андохтанд. Ҳаким сето ва Асрор панҷто ҷӯҷа дастгир намуданд. Аз ин воқеа хеле хурсанд гашта, акнун ба хона омадан хостанд. Очакабк, ки ин лаҳзаро аз дур тамошо мекард, акнун ба фиғон омада, чанд маротиб аз болои сари ҷӯраҳо бошаст ин суву он сӯ парида, тарсонданӣ шуд, вале зӯраш нарасид. Ҷӯраҳо кабкчӯҷаҳо дар бағал сӯи деҳа шитофтанд. Шоду масрур.

Дар деҳа ҷӯраҳо аз ҳамдигар ҷудо гаштанд, ҳар кас ба хонаи худ.

Ҳаким бо маслиҳати падараш он се кабкчӯҷаро ба як марди кабкбоз фурӯхт.

Асрор бошад, аз модараш танбеҳ шунид:

- Кори хуб накардӣ, писарам.

Кабкчӯҷаҳо ҳанӯз хурданд. Онҳоро фақат модараш калон карда метавонад, ту онҳоро нигоҳубин карда наметавонӣ, баъд ҳамаи онҳо мемиранд.

- Не, ман онҳоро обу дона дода калон мекунам, - якравӣ кард Асрор.

Баъд аз куҷое қафас ҳам пайдо кард.

Барои кабкчӯҷаҳо тамоми шароитро фароҳам овард, вале бефоида. Онҳо даруни қафас ҷип-ҷип карда, чизеро ба даҳон намегирифтанд. Ба обу дона ҳатто назар намекарданд, гӯё обу донаро умуман намедонанд ва ё надидаанд, ки аҳамият намедоданд. Рӯзи дигар аҳволи кабкчӯҷаҳо бад шудан гирифт. Пажмурда гашта, аз роҳгардӣ монда, акнун нулашон овезон мегашт.

Асрор ин сӯ, он су давида, аз чанд марди кабкбозу парандашинос маслиҳат пурсид.

Ҳама мегуфтанд, ки тарбия ва нигоҳубини чӯҷаҳо осон не. Беҳтараш онҳоро ба ягон марди кабкбоз диҳад ва ё ба худи теппа бурда сар диҳад, вагарна ҳамаи онҳо нобуд мешаванд.

Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Пагоҳӣ аз хоб хеста дид, ки аллакай як кабкчӯҷа ҷон додааст. Асрор бо маслиҳати падар чӯҷаҳои боқимондаро боз ба бағал андохта, сӯйи теппа роҳ пеш гирифт. Ба ҳамон ҷойи дирӯза омад. Садои нолаи кабк ба гӯшаш расид. Акнун садои хониши кабк фарқ мекард. Ба назараш кабк акнун суруд намехонд, балки нола мекард. Сурудаш ғамангез буд. Асрор аз бағалаш чӯҷаҳоро бароварда намоишкорона болои баландие гузошт, то очакабк онҳоро бинад ва худ қадре поин фаромад. Баъд ба қафо назар кард, дид, ки очакабк парида назди чӯҷаҳояш рафт. Дилаш қарор гирифт, зеро очакабк акнун фарзандони хурдакаки худро албатта, бо обу таом таъмин мекунаду онҳо аз нав ҷон гирифта, тавоно хоҳанд гашт.

Асрор ба ин боварӣ дорад, зеро модарон аз уҳдаи ҳама кор мебароянд.

Зарур шавад ҷони худро медиҳанду ҷони фарзандро мехаранд. Ин ақидаро борҳо аз устодону волидонаш шунида буд, барои ҳамин модакабк, ки чӯҷаҳояшро ёфт, албатта илоҷашонро меравад. Бо меҳрубониву парастиш сиҳаташон мекунад.

Ва он рӯз дур нест, ки дар оғӯши дараи зебоманзар садои хондани селаи кабкон танинандоз мегардад.

пешина
аз 4
навбатӣ