Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт

Муқаддима

МУОМИЛОТИ ПУЛӢ ВА ҚАРЗ

Шариф Раҳимзода

Пул, қарз, бонк барои қисми зиёди ҷаҳониён унсурҳо (атрибутҳо)-и ҳамарӯзаи зиндагӣ гардидаанд. Ҳаёти ҳаррӯзаро бе доштани миқдори муайяни пул дар ҳамён тасаввур кардан мушкил аст. Дар кишварҳои пешрафта аз сабаби истифодаи ками пули нақд ва гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ одамон ҳамарӯза бо бонк сару кор доранд.

Акнун пас аз падид омадани бонкдории компютерӣ (pc-banking) ҳамкорӣ бо бонк ба ҳадде расидааст, ки одамон дар давоми шабонарӯз метавонанд аз хона набаромада пайваста амалиёти бонкӣ гузаронанд.

Мавҷудияти пул, қарз ва бонк имкон медиҳад, ки яке аз шартҳои асосии самаранокии иқтисодиёт, яъне пайвастагии доимии истеҳсолот, муомилот ва истеъмолот таъмин карда шавад. Ба шарофати истифодаи пул ҳисоббаробаркуниҳо миёни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон сари вақт амалӣ гардида, маблағҳои воридшуда барои додани музди меҳнат ва пӯшонидани хароҷотҳои дигар истифода мешаванд.

Ҳангоми нарасидани маблағҳои худӣ барои таъмини истеҳсоли пайвастаи молҳо ва хизматрасонӣ ширкату корхонаҳо аз қарз истифода мекунанд, ки ба ин восита ҳам кормандон бекор намемонанду ҳам истеъмолкунандагон молро сари вақт мегиранд.

Бонк муассисаест, ки ба масъалаҳои ҷалб намудани маблағҳои муваққатан озоди мардуму ширкатҳо ва истифодаи онҳо барои қарздиҳӣ, ташкили ҳисоббаробаркунии байни корхонаҳо, одамони алоҳида, нигоҳдории молҳои қиматбаҳои одамон ва ғайра сару кор дорад.

Ин китоб ба масъалаҳои назариявию амалии пулу қарз аз қабили зарурат, пайдоиш, вазифаҳо ва шаклҳои мухталифи онҳо, сохтори асъорӣ ва тартиби идоракунии муомилоти пулӣ бахшида шудааст. Дар равшан намудани масъалаҳои мазкур дар баробари омӯзиши васеи адабиёти илмӣ, инчунин аз асарҳои ба мавзӯи пул, қарз, бонку бонкдорӣ бахшидашудаи донишмандони маъруф, академикҳо Т. Назаров, Р. Раҳимов, профессорон Л. Лаврушин, Ё. Жуков, Н. Титова, В. Усов, В. Иванова, Б.

Исоматов, Н. Ашуров ва дигарон, ки аксари онҳо устодони муаллифи ин китоб маҳсуб мешаванд, истифода шудааст. Аз ин рӯ, муаллиф миннатдории худро аз донишмандони мазкур бо камоли ихлос баён медорад.

Ҳангоми таҳияи китоб муаллиф ба таҷрибаи 24-солаи устодию бонкдорӣ ва ҳисобдориаш такя намуда, қисман амалиёти бонкиеро мисол овардааст, ки дар таҷрибаи худ бевосита ба иҷро расонидааст, вале илму амалияи бонкдорӣ чизи карахтшуда нест ва ин навиштаҳо низ бо мурури замон бояд таҷдиди назар шаванд. Аз ин рӯ, муаллиф ба ҳамаи онҳое, ки доир ба беҳтар кардани мазмуну сохтори китоб пешниҳодҳои худро ирсол медоранд, қаблан изҳори миннатдорӣ мекунад ва ният дорад, ки онҳоро дар нашрҳои оянда мавриди омӯзишу истифода қарор диҳад.

Тарзи истифодаи китоб.

Ин китоб аз дигар китобҳои дарсӣ бо баъзе хусусиятҳояш фарқ мекунад. Дар он на танҳо масъалаҳои марбут ба пулу қарз ва бонкдорӣ шарҳ дода шудаанд, балки барои мустаҳкам кардани дониши хонанда дар охири китоб мисолҳои ба ҳар мавзӯъ дахлдор замима шудаанд. Бинобар ин, ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои алоҳида хондани замимаҳо низ ба мақсад мувофиқ аст. Вале зарур аст, ки замимаҳо танҳо ҳангоми омӯзиши мавзӯъҳои дахлдор хонда шаванд, вагарна фаҳмидани мазмуни онҳо мушкил мегардад.

Хусусияти дуюми китоб ин аст, ки дар он тартиби муомилоти пулию қарзӣ ва бонкдории кишварҳои пешрафтаи дунё низ тавсиф шудааст. Дар Тоҷикистони имрӯза қисме аз амалҳои дарҷёфта вуҷуд доранд, қисми дигар омодаи татбиқанд.

Донишҷӯй, ки баъди чанд сол ба кори амалӣ шурӯъ мекунад, бояд аз ибтидо ба он омода бошад.

аз 29
навбатӣ