Зеҳн
Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.

Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа

МолияТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Пайдоиши пул, зарурат ва моҳияти он

Заминаҳои пайдоиши пул ва хосиятҳои зарурии он Пул ин моли махсусест, ки бо мурури замон аз молҳои дигар ҷудо шуда, ҳамчун ченаки арзиш ва воситаи хариду фурӯш амал мекунад.

Таърихи тамаддуни башар аз пайдоиши одам, оила, қабилаҳо, халқиятҳо оғоз меёбад. Тараққиёти ҷамъият, маданият, истеҳсолот, гуногунии шароити зист, муносибу манфиатовар будани мавзеъҳои алоҳида барои истеҳсоли молҳои ҷудогона, пайдоишу пешрафти касби ҳунармандӣ зарурати тақсимоти ҷамъиятии меҳнатро ба миён овард.

Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар навбати худ зарурати мубодилаи маҳсули меҳнат, яъне молро талаб кард, зеро сарфи назар аз истеҳсоли як ё якчанд намуди маҳсулот аз тарафи шахси алоҳида ҳар як фард ба садҳо намуди маҳсулот эҳтиёҷ дорад ва он пурра ё қисман бояд қонеъ гардонида шавад.

Ҳамин тариқ, зарурати мубодилаи мол байни шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, мавзеъҳо ба миён омад.

Ин мубодилот аз шакли одӣ - ивази як намуди маҳсулот ба дигар намуди он то ба дараҷаи олии муомилот - истифодаи пул омада расид.

Дар зинаи аввали муомилот як мол ба моли дигар иваз карда мешуд. Масалан, мӯзадӯз мӯзаашро ба миқдори муайяни гандум иваз мекард. Бо мурури замон аз байни молҳо моли барои муомилот мувофикқтаре ҷудо шуда, чанд муддах ба сифати воситаи муомилот истифода шуд. Барои мисол дар баъзе мамлакатҳо ба сифати воситаи муомилот дар марҳалаҳои аввали тараққиёти ҷамъият табар истифода шудааст, дар дигаре - биринҷ, дар сеюмӣ - пашм ва ғайра.

Мардум бо мақсади дарёфти моли муносиб аз истифодаи як намуди мол ҳамчун воситаи муомилот ба истифодаи моли дигар мегузаштанд.

Барои мардум зарур буд, ки ин моли махсус хосиятҳои зеринро доро бошад:

- аз тарафи ҷамъият эътироф шавад.

Эътирофи моли дилхоҳ аз тарафи ҳама шарти асосии истифодаи он ҳамчун пул мебошад. Қарори як гурӯҳи алоҳида дар бораи ҳамчун пул истифода шудани ягон моле, ки хосиятҳои заруриро доро нест, барои ҷамъият аҳамияте надорад. Ҳатто қарори сохтори олии давлат шахси алоҳидаро маҷбур карда наметавонад, ки молеро ҳамчун пул эътироф кунад, зеро шахс дар аввал он молро ба ивази меҳнаташ гирад ҳам, баъдан дар кадом шакле, ки хоҳад, онро дар ҳамон шакл нигоҳ медорад. Сарфи назар аз сахтии қонунҳо дар баъзе аз мамлакатҳо имрӯз мардум ҳаракат мекунанд пулҳои ёфтаашонро дарҳол ба доллару евро ё молҳои қиматбаҳо иваз кунанд, зеро пастшавии қурби пули миллии ин мамлакатҳо ба онҳо зарар меорад.

- барои истифода дар хариду фуруш одию боварибахлш бошад. Моҳияти ин хосият аз он иборат аст, ки мардум воҳиди пулии ба шакл (стандарт)-и муайян надаровардаро ба ивази мол қабул намекунад. Масалан, агар чорворо ба сифати пул истифода кунем, азбаски бо гузашти вақт вазни он дигар мешавад, истифодаи он мувофиқи мақсад нест. Илова бар ин, фурӯшанда бовар дорад, ки харидор ба Ӯ ба сифати воситаи пардохт чорвои солимро медиҳад, вале харидор барои додани чунин чорво ба ивази мол ҳавасманд нест, бинобар ин ҳаракат мекунад аз ҳисоби ба фурӯшанда додани чорвои носолиму хароб бурд кунад.

- сабуку камҳаҷм бошад. Зарур аст, ки моли ҳамчун пул истифодашаванда сабуку камҳаҷм бошад, то одамон тавонанд онро ба осонӣ бо худ гардонанд ё дар хона нигоҳ доранд. Масалан, ба сифати пул истифода кардани ангишт номуносиб аст, зеро барои хариди як гов чандин тоннаи онро бо харҷи зиёд ба бозор баровардан лозим меояд.

- дорои арзиши устувор бошад. Устувории арзиши моли ба сифати пул интихобшуда яке аз омилҳои асосии қобили қабул шуморидани он аз тарафи ҷамъият аст. Сарфи назар аз сабабҳои дигари мавҷуда мардум аз истифодаи пуле, ки арзишашро пайваста гум мекунад, даст мекашанд.

Одамон кӯшиш мекунанд, ки пулҳояшонро ба молҳои пурарзиш, қиматбаҳо ва ғайра иваз кунанд. Масалан, дар давраи аввали ворид кардани пули миллии тоҷикӣ (соли 1995) нобоварии мардум ба устувории қурби он боиси дарҳол ба доллар ё молҳои дигар иваз кардани он гардид. Дар қисме аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳамин сабаб мардум пули русиро васеъ истифода мекард, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарари калон дошт.

Пулҳои имрӯза аломату нишонаҳои гуногуни кимиёвӣ доранд, ки аз тарафи мардум ба осонӣ санҷида мешаванд. Дар давраи истифодаи тилло ҳамчун пул аслӣ будани он аз рӯи аломати мулоимиаш санҷида мешуд, масалан, бо дандон.

«Тилло то дараҷае мулоим аст, ки аз як грамми он ресмони дарозиаш 3 км-ро танидан мумкин аст.

Моли ба сифати пул истифодашаванда бояд тақсимшаванда бошад, то одамон тавонанд андозаи пули ба арзиши мол баробарро пардохт намуда, бақияи онро бозпас бигиранд. Сабаби истифода нашудани қисми зиёди молҳо ба сифати пул хосияти тақсимнашавандагии онҳо буд. Баъзе аз онҳо тақсимшаванда бошанд ҳам, баъди ба қисмҳо ҷудо шудан арзиши умумии қисмҳои алоҳида аз арзиши онҳо дар ҳоли якҷояғӣ камтар буд. Масалан, агар табар ба сифати пул истифода шавад, дар ҳолати ба қисмҳо ҷудо кардани он арзишашро гум мекунад.

Мӯҳлати истифодаи мол ҳамчун пул ба устувории арзиши он таъсир мерасонад. Агар мол дар натиҷаи истифода ба зудӣ хӯрда шавад ё шиканад, арзиши худро гум мекунад. Бинобар ин, истифодаи чунин мол ба сифати пул ба мақсад мувофиқ нест. Масалан, агар нонро ҳамчун пул^ истифода барем, бешак ба зудӣ шикаста, майда мешавад ва агар роҳи пешгирӣ кардани ин нуқсонро ёбем ҳам, бо гузашти вақт он хушк шуда пӯпанак мезанад ва маҷбур мешавем аз истифодаи он ҳамчун пул даст кашем.

«Дар аввалҳои асри XI дар Бағдод нони чапотӣ чанд муддате ба сифати пул истифода шудааст.

Доштани ҳамаи хосиятҳои дар боло зикршуда шарти асосии истифодаи моли муайян ҳамчун пул буд. Ин аст, ки молҳои гуногуни як ё якчанд хосиятҳои дар боло зикршударо дошта наси ҳам ҳамчун воситаи хариду фурӯш истифода мешуданд ва ҳар бор моли нави истифодашаванда ба талаботи мардум бештар мувофиқат мекард. Зарурати ёфтани моле, ки дорои хосиятҳои дар боло зикршуда бошад, мамлакатҳоро маҷбур сохт паси ҳам ба истифодаи тангаҳои мисин, нуқрагин ва баъдан тиллоӣ ҳамчун воситаи муомилот гузаранд.

12. Таърихи пайдоиши пулҳои филиззӣ ва коғазӣ То ҷое ки маълум аст, аввалин бор дар Осиёи Марказӣ тангаҳои тиллоии Ҳахоманишиён (асри УӢ пеш аз милод) ба муомилот бароварда шудаанд.

Истилои Искандари Мақдунӣ ва арабҳо боиси аз номи онҳо ба муомилот баровардани тангаҳои тиллоӣ, нуқрагин ва мисин гардид. Дар давраи ҳукмронии Сомониён тангаҳо бо номҳои динору дирам ва фулус (шакли танҳои он фалс, яъне тангаи мисин) дар муомилот истифода мешуданд.

Набудани сиёсати ягонаи пулӣ ва идораи мутамаркази он боиси аз тарафи ҳокимони Хатлон, Бадахшон, Хуҷанд, Истаравшану Рашт баровардани тангаҳои худӣ гардида буд. Истифодаи тангаҳо ҳамчун воситаи муомилот дар Осиёи Марказӣ то аввали асри ХХ давом кард. Ғалабаи Инқилоби Октябр дар Бухорою қисматҳои дигари Осиёи Марказӣ боиси ба сохтори нави муомилоти пулӣ ворид гаштани ин минтақа гардид.

(Барои ошноии пурратар ба таърихи пули миллӣ ба замимаи 25 нигаред).

Русия ва кишварҳои дигари аврупоию осиёӣ вобаста ба пешрафти иқтисодиёташон чанд аср пештар ба сатҳи баланди ташкили муомилоти пулӣ - истифодаи пулҳои коғазӣ гузашта буданд.

Асоси то як давраи муайян ҳамчун пул истифода шудани тангаҳои мисин, нуқрагин ва тиллоӣ ба талаботи мардум мувофиқ будани онҳо будааст. Вале баъдтар маълум шуд, ки ин се филизи қиматбаҳо низ ҷиҳати истифода ҳамчун воситаи муомилот аз камбудиҳо холӣ набудаанд.

Тангаҳои нуқрагину тиллоӣ бо қиматҳои гуногун аз тарафи давлатҳо бароварда мешуданд. Аз сабаби он, ки нуқраю тилло филизҳои мулоиманд, оҳиста-оҳиста набаҳрасозонеӣ пайдо шуданд, ки бо роҳи кам кардани вазни онҳо даромади иловагӣ ба даст меоварданд. Набаҳрасозон инчунин бо роҳи барориши тангаҳо аз тиллои пастсифат (масалан, ба ҷои истифодаи маҳаки 995 истеҳсоли тангаҳо аз тиллои маҳаки 585) даромади зиёд мегирифтанд.

Ҳатто гоҳо баъзе ҳукуматҳо низ ба ин гуна амалҳо даст задаанд. Бинобар ин, вазни тангаҳо ба қимати дар онҳо сабтшуда мувофиқат намекард ва ин раванд боиси паст шудани боварии мардум ба тангаҳои тиллоӣ ҳамчун воситаи муомилот гардид.

«Набаҳрасоз - касе, ки тангаҳои қалбакӣ месозад.

Маҳак дар миёни мардуми Тоҷикистон бештар бо номи русиаш - «проба» маъруф аст.

Илова бар ин, азбаски тангаҳо аз филизи қиматбаҳо буданд, аз як тараф, бо худ доштани онҳо хатарнок буд ва аз тарафи дигар, шароити махсуси нигоҳдориро талаб мекард. Бинобар ин, мардум дар ҳолати ногувор монда, роҳҳои беҳтари нигаҳдошти филизҳои қиматбаҳои худро меҷустанд. Ин буд, ки рафта-рафта ба ҳунармандони ҷавоҳирсоз, ки барои нигоҳ доштани тилло ва маҳсулоти тиллоиашон сандуқҳои оҳанини махсус (сейф) доштанд, муроҷиат кардан гирифтанд.

Мардум тилловориҳои худро ба ин ҳунармандон барои нигоҳдорӣ супурда, ба ивазашон забонхат мегирифтанд. Ва ҳар бор вақти хариди маҳсулот забонхатро ба ҳунарманд дода, тиллояшонро гирифта ба фурӯшанда медоданд, ки он дар навбати худ тиллоро барои нигохдошт боз ба назди ҳунармандони сейфдор меовард. Бо мурури замон тарзи навишти ин забонхатҳо ба он мувофиқат кард, ки мардум онҳоро ба ҷои миқдори тиллои дар он нишондодашуда ҳамчун воситаи муомилот - пул қабул мекарданд. Албатта, ин амал дар сурате ба вуқӯъ мепайваст, ки агар ҳунарманди ин тиллоро нигоҳдоранда шахси номдору боварибахш мебуд.

Ҳамин тариқ, оҳиста-оҳиста ҷои нуқраю тиллоро забонхатҳо ё шаҳодатномаҳои ба таври муайян чошшпуда гирифтанд ва азбаски нигоҳ доштани тиллою дигар филизҳои қиматнок фоидаи зиёд меовард, шахсоне пайдо шуданд, ки ин корро касби худ ихтиёр намуданд ва бо ҳам пайваста бунёди бонкҳои аввалинро асос гузоштанд.

Минбаъд забонхатҳои аз ҷониби бонкҳо баровардашуда вексел ном гирифтанд. Вексел ба гурӯҳи коғазҳои қиматноке дохил мешавад, ки соҳибаш бо роҳи навиштан дар пушти он ҳуқуқи гирифтани пулро ба каси дигар медиҳад. Векселҳо асосан барои ҳисобу китоби байниҳамдигарии одамон дар ҳолати хариди маҳсулоти нисбатан арзишашон баланд истифода мешаванд.

Пешрафти муомилоти молӣ зарурати барориши пулҳои арзиши номиналиашон гуногунро ба миён овард. Дар баробари векселҳо бонкҳо ба баровардани шаҳодатномаҳое шурӯъ карданд, ки мардум ба онҳо «бонкнота» ном гузоштанд. Бонкнотаҳо когазҳои қиматноки аз тарафи бонк баровардашудае буданд, ки бо талаби аввалин ба миқдори муайяни тилло иваз карда мешуданд.

Аввалин бор пулҳои коғазӣ (бонкнотаҳо) дар мамлакати Чин (соли 1273), баъдан дар сарзамини тоҷикон ва сипас дар Аврупою Амрико ба чоп расиданд.

Дар хусуси чоп ва истифодаи пулҳои коғазӣ дар мамлакати Ҷин сайёҳи номдори итолиёвӣ Марко Поло, ки дар он ҷо 17 сол умр ба сар бурда буд, маълумот медиҳад.

Ҳангоми ҳукмронии сулолаи Юан (1271-1368) пулҳои коғазӣ ба миқдори зиёд чоп ва ҳамчун воситаи асосии муомилоти пулӣ дар мамлакати Чин истифода шудаанд. ғЖБинобар хабари Рашидуддини Фазлуллоҳ дар сарзамини тоҷикон нас аз он ки Гайхоту -- хони муғулии Элхонӣ (охири асри ХИ тамоми дороии хазинаҳои мамлакатро ба боди фано дод, Садруддини Занҷонӣ мулаққаб ба Садриҷаҳони тоҷикро сарвазири мамлакат эълон кард. Ба ӯ ҳуқуқу имтиёзҳоеро дод, ки то ин дам дар ҳукуматҳои муғулии Осиёи Марказӣ ба ягон сарвазири тоҷик надода буданд ва аз ӯ дархост, то барои нигаҳдории хазинаи мамлакат аз харобшавӣ чорае ҷӯяд. Пас, Садриҷаҳон пули коғазиро, ки дар Чин бо номи «чов» маъруф буд, ҷорӣ кард. Вале ба сабаби ниҳоят харобу холӣ будани хазинаи мамлакат муомилоти пули коғазӣ дер давом накард.

Дар Русия аввалин пулҳои коғазиро соли 1769 дар давраи подшоҳии Екатеринаи II аз чоп баровардаанд.

Қадимтарин пули коғазии то имрӯз расида дар давраи ҳукмронии сулолаи Минг (солҳои 1368-1439) аз чоп бароварда шудааст.

Дар ҳудуди Тоҷикистони муосир пулҳои коғазӣ соли 1920 дар Бухорои шариф аз чоп барома- Даанд, ки дар рӯяшон ба забони тоҷикӣ ибораҳои зарурӣ навишта шуда буданд.

Доллари ИМА, ки имрӯз дар аксари ҳолатҳо ба сифати пули ҷаҳонӣ истифода мешавад, таърихи пайдоиши аҷибе дорад.

Дар давраи аввал пулҳои коғазӣ аз тарафи бонкҳои тиҷоратӣ бароварда мешуданд ва он бонкҳо кафолати таъмин будани ин пулҳоро бо тилло ва дигар филизҳои қиматбаҳо медоданд. Вале баъдан дар натиҷаи муфлисшавӣ баъзе аз ин бонкҳо қобилияти пардохтпазирии худро гум карданд ва пулҳои аз тарафи онҳо ба муомилот баровардашуда беқурО шуданд, ки боиси зарар дидани қисме аз мардум ва паст шудани боварии онҳо ба ҳукумату бонкҳо гардид, Бинобар ин, зарурати мутамарказонидани барориши пулҳои коғазӣ ва таъмини арзиши онҳо бо филизҳои қиматбаҳо, назорати гардиши пул ва таъмини устувории қурби он ба миён омад. Вобаста ба ин, мамлакатҳо пай дар пай ба ташкили бонкҳои эмиссионӣ гузаштанд, ки онҳо бо мурури замон номи «бонки марказӣ» ё «бонки миллӣ»^-ро гирифтанд. Дар Иттиҳоди Аврупо баъди ташкили Бонки марказии Аврупо (соли 1998) бонкҳои миллии мамлакатҳои аъзои он «бонкҳои марказии миллӣ» номида шуданд.

«Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ мафҳуми «бонки марказӣ» бештар истифода мешавад, зеро мафҳуми «бонки миллӣ» маънои бопки давлатиро дорад. Ин мафҳум метавонад нисбат ба ҳама бонкҳои давлатӣ истифода шавад, зеро онҳо моликияти миллианд, вале нисбат ба онҳо истифода кардани мафҳуми «бонки марказӣ» ғайриимкон аст. Бонки марказӣ сохтори ягона буда, ба он чунин ҳуқуқ аз ҷониби парламент дода мешавад.

Зарурат ва моҳияти пул Асоси пайдоиш ва зарурати пул тараққиёти истеҳсолоти молӣ ва муомилоти молии ба он вобаста мебошад. Ташкили дурусту одилонаи муомилоти молӣ бе моли махсус - пул, ки ифодакунандаи меҳнати барои истеҳсоли моли муайян сарфшуда мебошад.

Минтақаҳои гуногун ба сифати пул молҳои гуногунро истифода мебурданд. Бо мурури замон дар натиҷаи болоравии махсусгардонии истеҳсолот зарурати додугирифти байни минтақаҳо пайдо шуд.

Шакли кӯҳнаи додугирифт, ки ба ивазкунии як мол ба моли дигар (бартер) асос ёфта буд, талаботи тоҷиронро қонеъ гардонида наметавонист, зеро, аз як тараф, ёфт шудани мизоҷоне, ки моли онҳо ба якдигар лозим бошад, мушкил буда, аз тарафи дигар, ҳангоми иваз намудани молҳо бо сабаби вуҷуд надоштани ченаки умумӣ яке аз тарафҳо зарар медид. Ташкили одилонаи хариду фурӯш талаб мекунад, ки андозаи харҷи меҳнати барои истеҳсоли мол сарфшуда дуруст ба ҳисоб гирифта шавад. Чунин баҳисобгирӣ бо ду роҳ мумкин аст: вақти корӣ ва пул.

Истифодаи вақти корӣ ҳамчун ченаки арзиш имконнопазир аст, зеро барои истеҳсоли молҳои якхела вобаста ба гуногунии таҷҳизоти истифодашаванда, малакаи коргарон, арзиши ашёи хом ва коркарди он вақти кории гуногун сарф мешавад.

Бинобар ин, зарурати истифодаи роҳи дуюм, яъне истифодаи пул барои дуруст ба ҳисоб гирифтани харҷи меҳнат ба миён омад.

Пул ин моли махсуси дорои хусусиятҳои хосест, ки бо мурури замон аз молҳои дигар ҷудо шуда ҳамчун ҳамарзиш (эквивалент)-и умумӣ эътибор пайдо кардааст.

Моҳияти пул дар ягонагии 3 хусусияти он зоҳир мешавад:

- пул ҳамчун олоти бевоситаи мубодълаи умуми;

- тул ҳамчун олоти мустақили мубодтъла;

- тул ҳамчун олоти беручии ченаки меҳнат.

Муайянкунии арзиши мол ба воситаи пул шароити ивазшавии онро ба ҳамаи молҳои дигар фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки пул ҳамчун олоти бевоситаи мубодилаи умумӣ истифода шавад. Дар вақти иҷрои ин хусусияти худ пул бевосита ба хариду фурӯши маҳсулот алоқаманд аст, яъне амали пул-мол ба вуқӯъ мепайвандад.

Ҳамин тариқ, пул ҳамчун воситаи баҳамоӣ ё пайвадгари истеҳсолкунандагону истеъмолкунандагон баромад мекунад.

Дар ҳолати дуюм (пул ҳамчун олоти мустақили мубодила) он ба фурӯши мол алоқаманд набуда, аз як даст ба дасти дигар барои истифодаи мақсаднок мегузарад. Масалан, аз тарафи бонк додани қарз ба мизоҷон, додани андоз аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо ба буҷет, иҷрои ӯҳдадориҳои мизоҷон дар назди бонк ва ғайра.

Хусусияти сеюми ифодагари моҳияти пул ин ҳамчун олоти берунии ченаки меҳнат зуҳур кардани он аст. Тавре ки зикр гардид, ченаки дохилии меҳнат вақти корӣ буда, барои истифода дар шароити истеҳсолоти молӣ мувофиқ нест. Маълум аст, ки ҳамаи молҳо дар бозор аз рӯи арзишашон фурӯхта мешаванд, бинобар ин муқоисаи арзиши онҳо ба арзиши моли махсус зарур аст. Агар шахси алоҳида барои қонеъ гардонидани талаботаш аз дигарон молеро гирифтанӣ бошад, пас ӯ бояд ба ивазаш моли махсус - ҳамарзиши умумиро пешниҳод кунад. Моли махсус - пул ба ивази меҳнат дода мешавад, аз ин рӯ, зарур аст, ки арзиши меҳнати ин шахс ба воситаи ҳамин моли махсус - пул муайян карда шавад.

Бо дарназардошти хусусиятҳои зикршуда, метавон хулоса кард, ки пул ҳамчун воситаи тақсим ва азнавтақсимшавии даромади миллӣ, ифодагари алоқаҳои иқтисодии байни корхонаҳо дар рафти истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, муносибатҳои иқтисодии корхонаҳою шахсони алоҳида бо давлат амал мекунад.

пешина
аз 29
навбатӣ