Муомилоти пулӣ ва қарз

Шариф Раҳимзода. Китоби дарсӣ оид ба пайдоиш, вазифа ва муомилоти пул, қарз, таваррум ва муносибатҳои асъорию қарзии байналмилалӣ.
Барномасоз · 18 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Вазифа ва намудҳои пул — идома 2
Баробари зиёд шудани пулҳои ғайринақдӣ зарурати идоракунӣ ва таъмини самаранокии истифодаи онҳо ба миён омад. Бо мақсади нигаҳдошт ва баҳисобгирии пулҳои ғайринақдӣ бонкҳо барои мизоҷонашон ҳисобҳои алоҳида мекушоянд. Тартиби кушодани ҳисобҳо хеле одӣ буда, чанд дақиқаро талаб мекунад. Барои ин шахс (ҳуқуқӣ ё воқеӣ) ба бонк ариза ва ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод менамояд. Доштани рақами мушаххаси андозсупоранда ҳатмӣ аст.
Гузаронидани маблағҳо аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар, албатта, бе истифодаи шаклҳои алоҳидаи ҳисоббаробаркунӣ анҷом намеёбад. Барои таъмини ҳаракати мақсадноки пулҳои ғайринақдӣ вексел, чек, кортҳои бонкӣ ва намудҳои дигари ҳисоббаробаркунӣ васеъ истифода мешаванд.
Вексел — ин ӯҳдадории хаттии як шахс ба шахси дигар дар бораи ба ӯ ё шахси сеюм дар муҳлати муайян додани маблағи навишташуда аст.
Вобаста ба муносибатҳои байни фурӯшандаю харидор дар ҳисоббаробаркунӣ шаклҳои гуногуни векселҳо истифода мешаванд.
Векселе, ки аз ҷониби қарздор бароварда шуда, дар он ӯҳдадории хаттии ӯ дар хусуси дар мӯҳлати муайян додани маблағи навишташуда ба шахси дигар нишон дода шудааст, вексели одӣ ном дорад.
Дар ин ҷо мафҳумҳои истифодашуда маънои зеринро доранд:
-
қарздор — харидори мол, ки пули онро дарҳол дода наметавонад ва шахсе, ки ӯҳдадории худро ҳоло иҷро карда наметавонад, бинобар ин, векселро ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунӣ истифода мебарад;
-
қарздиҳанда — фурӯшандаи мол ё хизматрасон, ки ба пардохтпазирии қарздор дар оянда боварӣ дошта, ҳоло ба қабули вексел розӣ аст.
Векселе, ки аз ҷониби қарздиҳанда бароварда шуда, дар он ӯҳдадории қарздор дар хусуси дар мӯҳлати муайян ба шахси сеюм додани маблағи дар вексел навишташуда нишон дода шудааст, вексели таҳвилшаванда ном дорад. Ин намуди вексел аз тарафи се шахс — қарздиҳанда, қарздор ва пулгиранда имзо карда мешавад.
Дар якҷоягӣ ин ду намуди коғазҳои қиматнок векселҳои тиҷоратӣ ном доранд, зеро аслан дар соҳаи савдои яклухт истифода мешаванд.
Векселҳо бо тартиби аз ҷониби қонун муайяншуда бароварда мешаванд. Дар онҳо сабти нишондиҳандаҳои зерин ҳатмӣ аст:
-
номи он — вексел;
-
фармон оид ба бешарту шароит додани маблағи муайяни пул;
-
номи қарздор — пулдиҳанда;
-
ҷой ва мӯҳлати пардохт;
-
таърих ва ҷойи навишти вексел;
-
имзои соҳиби вексел.
Дар ҳолати набудани яке аз ин сабтҳо вексел ҳамчун воситаи пардохт қабул карда намешавад.
Хусусиятҳои хоси векселҳо инҳоянд:
-
дар онҳо объекти қарз, яъне мол ё чизи дигаре, ки ба ивази он қарздор пули муайян доданӣ ҳаст, нишон дода намешавад;
-
додани қарз ҳатмӣ буда, ҳатто истифодаи ташкилотҳои салоҳиятдор барои маҷбуран гирифтани пул пешбинӣ шудааст;
-
векселҳо бо роҳи навишта додани ҳаққи пулгирӣ дар пушташон ба шахси дигар таҳвил карда мешаванд.
Азбаски векселҳои таҳвилшаванда гарави пурраи пардохт надоштанд, дар ибтидо истифодаи васеъ наёфтанд. Бинобар ин, бонкҳо ҳамчун гарави додани пули векселҳои аз ҷониби мизоҷони бовариноки худ навишташуда баромад карданд, ки чунин намуди векселҳо номи векселҳои аксептшударо гирифтанд.
Аслан аксепт истилоҳест, ки маънои тарзи бе пули нақд баробар кардани ҳисоб дар байни идораҳо ва ҳамчунин розигӣ барои додани пул аз рӯи ҳуҷҷатҳоро дорад.
Сарфи назар аз чораҳои андешидашуда векселҳои тиҷоратӣ доираи танги гардиш доранд, зеро аслан онҳо ҳангоми ҳисобу китоб дар соҳаи савдо ва байни шахсони ба пардохтпазирии якдигар боваридошта истифода мешаванд.
Дар баробари векселҳои тиҷоратӣ дар муомилот намудҳои зерини векселҳо низ истифода мешаванд:
-
векселҳои хазинадорӣ, ки аз ҷониби ҳукумат ба мӯҳлати 3-6 моҳ бароварда шуда, бо нархи аз арзиши номиналиашон пасттар фурӯхта мешаванд;
-
векселҳои молиявӣ — коғазҳои қиматноки дарозмуддати ҳукуматӣ, ки дар онҳо ӯҳдадории ҳукумат оид ба баргардонидани маблағи навишташуда дар мӯҳлати муайян нишон дода шудааст;
-
векселҳои дӯстӣ — векселҳои аз ҷониби як шахс ба номи шахси дигар навишташуда, ки таъминоти молӣ надоранд. Сабаби мавҷудияти чунин векселҳо аз ҷониби бонк эътироф кардани онҳост, яъне соҳиби чунин вексел метавонад онро ба бонк супурда ба ивазаш қарз гирад.
Масалан, Қосим вазъи бади молиявии дӯсташ — Ҳайдарро дониста, мехоҳад ба ӯ ёрдам кунад, вале ҳоло худаш пул надорад, бинобар ин ба Ҳайдар вексел медиҳад, ки дар он ӯҳдадории Қосим дар хусуси дар мӯҳлати муайян додани маблағи вексел нишон дода шудааст. Ҳайдар бо мақсади қарзгирӣ ин векселро ба бонк пешниҳод мекунад.
Албатта, ба бонк додани ҳуқуқи гирифтани пул аз Қосим дар пушти вексел навишта мешавад. Бонк дар навбати худ ба Ҳайдар дар ҳолати боварӣ ба пардохтпазирии ӯ ё дӯсташ — Қосим қарз медиҳад.
Тавре ки зикр гардид, векселҳо аслан дар байни шахсони боваринок истифода шуда, дар онҳо асоси навишти вексел, яъне барои чӣ як шахс ба шахси дигар пул медиҳад, нишон дода намешавад.
Азбаски зарурати таъмини сирри тиҷоратӣ имкон намедиҳад, ки харидору фурӯшанда аз вазъи молиявии якдигар пурра хабардор бошанд, онҳо ба истифодаи шакли ҳисоббаробаркуние ҳавасманданд, ки дар он кафолати гирифтани пулашон дода мешавад. Ин аст, ки аз охирҳои асри XVII сар карда, дар баробари векселҳо тоҷирон ба истифодаи чекҳо шурӯъ намуданд.
Чекҳои аввалин дар Бритониёи Кабир соли 1683 ҳангоми ҳисобу китоб байни тоҷирон истифода шудаанд.
Чек — ин фармони хаттии соҳиби ҳисоби бонкӣ ба бонк дар хусуси аз ҳисоби ӯ пардохт кардани маблағи дар чек нишондодашуда ба шахси муайян — пешниҳодкунандаи чек ё ба ҳисоби бонкии дигар мебошад.
Шакл ва тартиби навиштани чек аз ҷониби бонк муайян карда мешавад.
Дар муомилот намудҳои гуногуни чекҳо истифода мешаванд:
-
номӣ — чеки ба номи шахси муайян навишташуда, ки ҳуқуқи таҳвили онро надорад;
-
фармоишӣ — чеки ба номи шахси муайян навишташуда, ки дар навбати худ имкон дорад бо роҳи навиштан дар пушти чек ҳуқуқи гирифтани пулро ба шахси сеюм диҳад;
-
пешниҳодӣ — мувофиқи он маблағи дар чек нишондодашуда ба пешниҳодкунандаи чек дода мешавад;
-
аксептшуда — мувофиқи он бонк гарави додани пули дар чек навишташударо додааст;
-
пардохтӣ — чекҳое, ки танҳо барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истифода мешаванд.
Истифодаи чекҳо дар мамлакатҳои пешрафта ба дараҷае равнақ ёфтааст, ки барои коркарди онҳо марказҳои махсус ташкил карда шуда, дар онҳо миқдори зиёди кормандон фаъолият доранд. Дар ин марказҳо ҳар рӯз чекҳои аз бонкҳо воридшуда ба гурӯҳҳо ва бонкҳои пардохткунанда ҷудо карда шуда, ҳисоббаробаркунӣ танҳо аз рӯи фарқияти маблағи онҳо гузаронида мешавад.
Истифодаи чекҳо ва коркарди онҳо харҷи зиёдро талаб мекард, аз ин рӯ бонкҳо бо истифода аз комёбиҳои илми электроника роҳҳо ва шаклҳои нави ҳисоббаробаркуниро ба роҳ монданд, ки он иборат аз кортҳои бонкӣ мебошад. Ин воситаи ҳозиразамони ҳисоббаробаркунӣ ба ҷои пулҳои нақду чекҳо истифода шуда, инчунин имкон медиҳад, ки соҳиби он бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз бонк қарзи кӯтоҳмуддат гирад. Дар адабиёти илмӣ пулҳои ба воситаи кортҳо истифодашавандаро пулҳои электронӣ номидаанд.
Дар муомилот намудҳои зерини кортҳо истифода мешаванд:
-
кортҳои дебетӣ, ки дорандаи он имкон дорад танҳо дар ҳаҷми маблағи дар корт доштааш ҳисобӣ кунад;
-
кортҳои кредитӣ, ки ба соҳибаш имкон медиҳад ҳангоми нарасидани маблағи дар корт буда, аз бонк қарзи кӯтоҳмуддат гирад. Дар ин ҳолат қарз бо тартиби роҳ додан ба овердрафт дода мешавад;
-
кортҳои савдо, ки аз ҷониби ширкатҳои калони савдо бароварда шуда, барои ҳисобу китоб бо мизоҷони онҳо истифода мешаванд.
Овердрафт — шакли қарздиҳии бонкиест, ки нисбати мизоҷони боваринок истифода мешавад. Агар ҳангоми хариди мол ё додани пули хизмати расонидашуда маблағи дар ҳисоби бонкии мизоҷ буда камӣ кунад, бонк пулдиҳиро манъ накарда, фарқашро аз ҳисоби қарз мепӯшонад. Барои мисол, Фарҳод дар ҳисобаш 200 сомонӣ дорад. Нархи мол бошад, 250 сомонӣ аст. Ҳангоми додани пули мол Фарҳод корти худро ба корманди савдо пешниҳод мекунад. Натиҷаи тафтиши корт бо воситаи терминали электронӣ дар чанд сония нишон медиҳад, ки Фарҳод дар ҳисобаш маблағи заруриро дорад. Зеро бонк аллакай қарор кардааст, ки Фарҳод ҳангоми пулдиҳӣ илова ба маблағи дар ҳисобаш буда метавонад 50 сомонӣ ё маблағи аз ин зиёдтарро ҳамчун қарзи кӯтоҳмуддат истифода барад.
Намудҳои кортҳо вобаста ба тартиби истифодаю имтиёзҳои аз ҷониби эмитентҳо додашуда хеле зиёданд: кортҳо барои додани пули сӯзишворӣ, телефон, ресторанҳои гурӯҳи муайян ва ғайра. Қисме аз ширкатҳо барои васеъ ҷорӣ кардани кортҳои худ ба мизоҷонашон имтиёз медиҳанд.
Масалан, агар шумо дар қисме аз ресторанҳо корти «Diners Club»-ро истифода баред, онҳо ҳатман нархи хӯроку хизматрасониашонро 5–10 фоиз кам мекунанд.
Ҳисоббаробаркунии телефонӣ намуди дигари хизматрасонии бонкӣ аст. Мутобиқ ба шартномаи байни бонку мизоҷ басташуда ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи телефон анҷом меёбад. Яъне мизоҷ ба бонк бо воситаи телефон дар хусуси аз ҳисоби ӯ ба ҳисоби каси дигар гузаронидани маблағи муайян супориш медиҳад ва бонк ин супоришро иҷро менамояд. Моҳияти ин намуди ҳисоббаробаркунӣ дар сарфи ками вақт ва тезонидани суръати пулгузаронӣ аст.
Истифодаи имкониятҳои алоқаи электронӣ ба бонку мизоҷон имкон медиҳад аз ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи компютер истифода баранд.
Агар шахс дар хонааш ё ҷои кораш компютер дошта бошад, метавонад ба воситаи он ба бонк супоришҳои заруриро диҳад. Албатта, чунин намуди ҳисоббаробаркунӣ баъди бастани шартномаи махсус ва муайян намудани рамз (код)-и мизоҷ истифода мешавад.
Суръати баланди пешрафти илму техника ва татбиқи комёбиҳои он дар соҳаи бонкдорӣ имкон медиҳад, ки бонкҳо пайваста ба мизоҷон шаклҳои нави хизматрасониро пешниҳод кунанд.
Ҳамин тариқ, зарурати таъмини гардиши самараноки пулҳои ғайринақдӣ бонкҳоро маҷбур месозад, ки роҳҳои самараноки ҳисоббаробаркуниро ҷустуҷӯ карда, дар амал татбиқ намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё