Кӯзаи равған

Китоб аз латифаву ҳикоятҳои ҳаҷвии халқӣ иборат аст, ки бобҳо ва мазмуни хандовар доранд. Дар онҳо зиракӣ ва ҳозирҷавобии қаҳрамонон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 23 саҳифа
Шунида, яқин донист, ки «ӯ дуздро ёфтааст ва ба чӣ мулоҳизае бошад, аз дасти ӯ ситонда додани вайро фардо мавқуф гузоштааст».
Вақте ки раммол ба хонаи худ баргашт, канизак ҳам аз дунболи ӯ давида ва ба тарзе ки дар боло дидем, кори худро ислоҳ кард.
Фардои он рӯз раммол алмоси подшоҳро аз даруни мурғи марҷон ёфта дода, соҳиби инъом шуд.
Баъд аз як ҳафтаи ин ҳодиса дуздон хазинаи подшоҳиро заданд, тило, танға ва ҷавоҳири бисёреро гирифта бурданд.
Подшоҳ боз кас монда, раммоли навро оварда, ёфта додани чизҳои аз хазина гумшудаашро хоҳиш кард.
Раммол ба ҳоли душворе монда «ҳар чӣ қадар дер шавад, ҳамон қадар беҳтар аст» гӯён аз подшоҳ чил рӯз мӯҳлат гирифта ба хонаи худ омад ва бо зани худ маслиҳат мекард, аммо ҳеҷ тадбире ба хотирашон намерасид, ки хазинаи гумшударо пайдо кунад.
Раммол ба зани худ мегуфт:
— Баъд аз чил рӯз дурӯғ будани раммолии ман ба подшоҳ маълум хоҳад шуд, дар он вақт дур нест, ки подшоҳ ҳар чизеро ки ба ман додааст, талаб карда гирад, ҳатто аҷаб нест, ки бинобар дурӯғгӯиям маро кушад.
Шаб шуд раммол ба занаш гуфт:
— Аз чилрӯза умри боқимондаам як рӯзаш гузашт...
Шаби дуюм расид, раммол ғамгинона ба занаш гуфт:
— Акнун аз чил ду рафт...
Шаби сеюм расид, раммол гуфт:
— Аз чил се рафт...
Ба ҳамин тариқ аз мӯҳлати чилрӯза 39 рӯз гузашт, раммол ба зани худ гуфт:
— Имрӯз 39 шуд, танҳо як монд, фардо чил пур мешавад, кор тамом вассалом...
Дар ҳамин вақт аз бом касе ба рӯи ҳавлӣ фаромад. Занак фарёд кашид:
— Дузд омад!
— Ман барои сулҳ омадаам, натарсед! – гуфт он кас.
Раммол ба тарсу ларзи бисёр ӯро пешвоз гирифта пурсид:
— Чӣ гуна сулҳ мекунед?
— Ман ба шумо як халта тило оварда медиҳам. Аммо чизҳоеро, ки аз хазинаи подшоҳӣ дуздидаем, бе он ки як сӯзанашро кам кунем, бурда дар зери фалон ғор пинҳон мекунем. Шумо ба подшоҳ хабар диҳед, ки кас фиристода чизҳои дуздондаашро кашонда гирад. Аммо шумо моро дастгир накунонед ва ба куштан надиҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё